Роли асбобҳо дар тадқиқоти илмӣ

 

Олимон ҷисму воқеаҳоро дар асоси ахбори узвҳои ҳисси худ мушоҳида карда, таҷрибае пеш мегиранд, вале имконияту қудрати узвҳои ҳис бузург бошад ҳам беинтиҳо нест. Бинобар ҳамин мутафақирон аз қадимулайём асбобу воситаҳоеро беш аз пеш истифода мекарданд, ки имконияту қудрати узвҳои ҳисро давом дода ва чандин баробар зиёд мекунанд. Чунончӣ, микрофон назар ба гӯши инсон беҳтар «мешунавонад», фотоэлемент назар ба чашм беҳтар ва масоҳати калонтарро «мебинад». Телескопи ҳозира ба одам имкон медиҳад ба чунин кунҷҳои дури олам назар андозад, ки нури онҳо ба замин баъди 140миллион соли нур омада мерасад.

Ба воситаи асбоб робитаҳои мухталифе муқарар мешавад, ки барои ирсоли ахбор заруранд; ҳоло забони муқарарӣ аз ӯҳдаи ҳазм кардани селаи ахбор набебарояд, бинобар ин илм аз телефону телеграф сар карда то радиолокатор ва асбобҳои дигари сигналдиҳӣ миқдори азими воситаҳои техникии ахборро офаридааст. Ин хели асбобҳо замин ҳосил кардан, хоста гирифтан, нигоҳ доштан ва дар рафти худи таҳлили ахбор вақтро сарфа менамояд.

Асбобҳо қабл аз ҳама асбобҳои омӯзиши ҳодисаҳои микроолам дар рафти тадқиқоти илми дастёри бебаҳо буда, ин ҳодисаҳоро ногузир ошуфта мекунанд (ҳолати онҳоро тағйир медиҳанд), яъне онҳоро дигаргун мекунанд. Дар ин ҳол таҷрибакор на фақат дар худи шайъ, балки бо амали ошуфта бахши худ ҳам сарукор дорад, яъне вай бо як навъ омили натиҷа бахше қарор мешавад, на ин ки бо объекти аввалӣ. Ин душворӣ баъзан касро моил мекунад то даъво намояд, ки худи хосиятҳои объект дар таъсири мутақобил бо асбоб зуҳур намеёбанд, балки маҳсули ин таъсири мутақобил мебошан ду ин имконияти содир шудани хатои ҷаҳонбинонаро хоҳад дашт.

Факт чит?

Муқарар намудани факт шарти зарурии тадқиқоти илмист. Факт чист? Оё умуман худи фактҳо ба сари худ вуҷуд доранд, онҳо бидуни муносибаташон ба субъекти маърифат мавҷуд бошанд. Албатта, фактҳо берун аз субъект вуҷуд доранд. Агар ин тавр бошад, ин воқеияти объективист. Калимаи «факт» лотинӣ faktum буда, маънояш иҷрошуда, ба вуқӯъ пайваста аст. Он мано воқеияти хаёли не, балки ҳодисаи ҳақиқии табиат, таърих, ҳаёти ҳаррӯза, соҳаи манавиро дорад Хаёли худсарона ҳам факт аст, вале ин факти шуур, яъне факти шуурест, ки факти хаёли буданро собит менамояд. Факт ҷузъи ҳастӣ аст, ки ба назари афкори субъект, ба системаи дониш афтодааст. Ба ибораи дигар гӯем, факт ин ҳодисаи олами моддӣ ё маънавист, ки дастраси шуури мо шудааст, ҳолати (бо мушоҳида таҷриба) сабт шудаи ягон предмет, ҳодиса, хосият ё муносибат аст. Факт дар илм аҳамияти фавқулода азим дорад; факти саҳеҳ асоси ҳар кадом тадқиқоти илмӣ мебошад, зеро ҳар кадом илм бо омӯзиш, баён кардан ва шарҳ додани фақат фактҳо машғул аст.

 «Факт ҳавои олим аст», – мегуфт И.П. Павлов. Вале беэҳтиётӣ ва беэътиноӣ кардан нисбат ба фактҳо ҳатман боиси таҳриф шудани воқеият мегардад. Меъёри дурустию саҳеҳии нишондоди шоҳидонро хотиррасон мекунем; баъзан нишондоди шоҳидон бағоят мухталиф мешавад. Гарчанде одамон дар бораи худи ҳамон як ҳодиса гап заданд ҳам, фикрҳои тамоман дигар-дигарро баён мекунанд. Вале ҳамаашон, қасам ёд мекунанд, ки чизи дидаю гапи шунидаашон саҳеҳ аст. Ба ҳамин тариқ, яқининият ҳаргиз гарави пурраи саҳеҳии воқеии факт намебошад.

Чунонки худи масолеҳи бинокорӣ ҳанӯз худи бино нест,айнан ҳамин тавр худи факт ҳам худ ба худ ҳанӯз илм нест фактҳо фақат вақте ба матои илм дохил мешаванд, ки агар онҳо хоста гирифта, таснифу ҷамъбаст ва лоақал тахминӣ шарҳ дода шаванд. Кашфи фактҳои нав барои равнақи маърифати илмӣ аҳамияти махсусан калон дорад.

Факт бисёр унсурони тасодуфӣ дорад. Илм бошад, қабл аз ҳама ба ҷиҳати куллию қонунӣ эътибор медиҳад. Аз ин рӯ, аз байни фактҳои фаровон бояд баъзеашон оқилона хоста гирифта шаванд, ки барои фаҳмидани моҳияти масъала заруранд. Вале баъзе хирадмандон аз рӯи факти ҷудогона ҳам моҳияти масъаларо муайян карда метавонанд.

Фактҳо фақат дар сурати робитаи ҳамдигар ва томият асоси ҷамъбасти назариявӣ шуда метавонанд. Вале фактҳои бо ҳам новобаста ва тасодуфан гирифтаю аз ҳаёт кандашуда фикрро асоснок карда наметавонанд.

 «Дар соҳаи ҳодисаҳои ҷамъиятӣ аз доштагирифтани фактҳои ҷудогона, аз мисолбозӣ маълумтар ва бемаънитар усуле нест. Мисолҳоро умуман чида гирифтан – хеҷ душвор нест, аммо ин кор ҳеҷ аҳамияте ҳам надорад… Фактҳо, агар пурра, ба ҳам вобаста карда гирифта шаванд, на танҳо чизи «якрав», балки бе шубҳа исботкунанда ҳам мебошанд.

Агар назарияе бошад, ки фактҳоро шарҳ диҳад, фактҳо қимати илмӣ пайдо мекунанд, вале факте қимати боз ҳам зиёди илмӣ дорад, ки дар илм ҳанӯз шарҳ наёфтааст. Вақте фактҳое маълум шаванд, ки онҳоро аз рӯи назарияи мавҷуда шарҳ додан мумкин набошад. Афкори илм маҷбур аст, ки тавзеҳоти нав ҷӯяд.

Ба қавли А.М. Бутлеров, фактҳое, ки аз рӯи назарияҳои мавҷуда ташреҳ намешаванд, барои илм, ки инкишофи илм умед бастан мумкин аст. Дар чунин мавридҳо «дониши фактҳо» ба набудани «назарияи калон» дучор меояд. Дар он сурат «бозори» тахминҳои мухталиф авҷ гирифта, баъзан фарзияҳои аҷоибу ғароиб баён мешаванд. Тавре ҳам мешавад, ки собит кардан ҳам душвору рад кардан имкон надорад.

test

Добавить комментарий