Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ

Саволҳои таълимӣ:

  1. Таърихи ташаккули мудофиаи гражданӣ
  2. Қонуни ҶТ «Дар бораи МГ-мудофиаи гражданӣ;
  3. Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ»;  
  4. Қонуни ҶТ «Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон»;
  5. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ».

                                          Адабиёт:

  1. Қонуни ҶТ «Дар бораи мудофиаи гражданӣ » Душанбе, 2004с.
  2. Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» Душанбе, 2004с.
  3. «Курси мухтасари МГ» Ғафуров Ф. Г. Малахов Ф. А. Душанбе, 2007с.
  4. «Мудофиаи гражданӣ» нашриёти «Ирфон» Душанбе, 1964с.
  5. «Мудофиаи гражданӣ» нашриёти «Ирфон» Душанбе, 1970с

Таърихи ташаккули мудофиаи гражданӣ

       Агар мо ба таърих назар афканем аз ҳодисаҳои рух дода  ва нақли пирон андеша намоем хулоса мебарорем, ки мудофиаи гражданӣ аз замонҳои қадим вуҷуд доштааст.

      Дар солҳои ҷанги якуми ҷаҳон 1914-1918 ки ҳавопаймоҳои немис шаҳри Петроград ҳозира Санкт-Петербургро бомбаборон мекарданд. Аҳолии гирд омада ба якдигар ёрӣ расониданд, зарардидагон ва ашёҳои заруриро аз хонаҳо мебароварданд. Баъди тамом шудани ҷанг якумин чорабинии МУДОФИАИ ЗИДДИ ҲАВОИИ МАҲАЛ (МЗҲМ), ки ин номи аввалинаш буд, 2-марти соли 1918 гузаронида шуд ва гурӯҳҳои Мудофиаи зидди ҳавоии маҳал таъсис дода шуд.

      4-октябри соли 1932 низомномаи МЗҲМ қабул шуд ва қӯшунҳои ҳарбии МЗҲМ ташкил дода шуд, ки имрӯз рӯзи ташкилёбии МЗҲМ буда баъдан ҳамчун рӯзи ташкилёбии МЗҲМ қайд карда мешавад.

     Солҳои 40-60 асри гузашта истифодаи авиатсияи дурпарвоз ракетаҳои балистикӣ истеҳсолияроқҳои қатли умум босурат ривоҷ ёфта  буд аз ин сабаб моҳи июли соли 1961 номи МЗҲМ ба Мудофиаи гражданӣ (МГ) иваз карда шуд. Сохтори таркибии он таъғир дода шуд мувофиқ бо талаботи замон.

Баъд аз пош хӯрдани иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 17августи соли 1994 Кумитаи Ҳолатҳои Фавқулодда ва Мудофиаи Гражданӣ дар назди Ҳукумати Ҷуиҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Дар давоми давраи истиқлолият чунин санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи МГ ва ҲФ қабул шуданд:

  1. Қонуни ҶТ «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» 28.02.2004с. 
  2. Қонуни ҶТ «Дар бораи хифзи аҳоли ва худуд аз ҳолатҳои фавкулоддаи дорои хусусиятхои табиӣ ва техногенӣ»
  3. Қонуни ҶТ «Дар бораи хадамоти садамавию наҷотдиҳӣ, сохторҳои садамавию наҷотдиҳӣ ва вазъи ҳуқуқии наҷотдиҳандагон»

Қарорҳои Ҳукумати ҶТ доир ба соҳаи МГ ва ҲФ:

  1. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи комиссияи эвакуатсионии ҶТ» аз 21- сентябри соли 2000 №384;
    1. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чорабиниҳо оид ба барқароркунӣ, ташкил ва такмили системаи алоқа ва хабардорсозии мудофиаи гражданӣ» аз 5- июли соли 2002 №296;
    1. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Низомномаи хадамотҳои мудофиаи гражднӣ»  аз 3-июни соли 2006 №229;
    1. Қарори Ҳукумати ҶТ «Дар бораи таснифи ҳолатҳои фавқулодда» аз 1 августи соли 2006 №367;
    1. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби таъсис додани нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 30-июни соли 2007 №335;
    1. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои омодасозии аҳолӣ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусиятҳои табиӣ ва техногенӣ» аз 31-августи соли 2009 №490;

Соли 2004 28-феврал дар Сессияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун  «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» ба имзо расид. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» ва «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз холатҳои фавқулодаи хусусияти табиӣ ва техногенӣ» аз ҷумлаи конунҳоеанд, ки соҳаи мазкурро ба низом дароварда, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз рӯи ҳамин қонунҳо ва низоми дар онҳо муайяншуда фаъолияти худро ба роҳ мемонад.

      Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ »  28-феврали соли 2004 таҳти рақами  қабул  шудааст. Қонуни мазкур вазифаҳо, ҳуқуқҳои ташкил ва пешбурди мудофиаи гражданӣ дар қаламрави Тоҷикистон, салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаю ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилӣ ва ҳуқуқиашон, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон, инчунин қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданиро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ муайян месозад.      Қонуни мазкур аз 9 – боб ва 30 модда иборат мебошад. Дар боби 1 мафҳуми мудофиаи гражданӣ шарҳ дода шудааст, ки он чунин аст:      Мудофиаи гражданӣ- маҷмӯи чорабиниҳои умумидавлатии мудофиавӣ ва муҳофизатие мебошад, ки баҳри ҳимояи аҳолӣ, иқтисодиёт ва қаламрави Тоҷикистон то оғоз ва ҳангоми сар задани амалиётҳои ҷангӣ равона шудаанд.

Дар боби 2. Ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, яъне аз моддаи 6 то моддаи 11 – оиди ваколатҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ, (м.6) ваколатҳои ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои ВҲФ ва МГ –и Ҷумҳурии Тоҷикистон (м.8), ваколатҳои Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (м.9), ваколатҳои вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (м.10), ва ваколатҳои мақомоти ҳокимияти иҷроя дар маҳалҳо (м.11), дар соҳаи МГ ба танзим дароварда шудааст. Аз он ҷумла, дар моддаи 6 оиди ваколатҳои Президенти ҶТ чунин гуфта шудааст: Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – сиёсати давлатиро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ (минбаъд

-МГ) муайян месозанд; нақшаи мудофиаи гражданӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамоянд; сохтор, ҳайати кумитаҳои МГ, воҳидҳои штатӣ, низомномаи қонунҳои МГ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

     Дар моддаи 2 оиди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи мудофиаи гражданӣ гуфта шудааст, ки соҳаи мудофиаи гражданӣ ба Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмиллалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад.

      Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиӣ ва техногенӣ», 15 июли соли 2004 таҳти рақами 53 қабул  шудааст., ки аз 29 модда ва 7 боб иборат аст .      Қонуни мазкур меъёрҳои ташкилию ҳуқуқиро дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиӣ ва техногенӣ доштаро муайян меномояд. Дар боби 1 моддаи 1 муқарароти умумӣ оварда шудааст: яъне муносибатҳои ҷамъиятӣ оид ба пешгирӣ кардани ҳолатҳои фавқулода ва кам кардани ҳаҷми зарар ва талафот аз ҳолатҳои фавқулода, рафъи ҳолатҳои фавқулода ва сари вақт огоҳ намудани аҳолии дар минтақаҳои хавфнок ҷойгиршуда аз ҳолатҳои фавқулодаи ҳусусияти табиӣ ва техногенӣ доштаро ба танзим медарорад.      Дар моддаи 2-и ин Конун мафхуми «Холатхои фавкулодда» ин тавр шарх дода шудааст:

  • {олати фавқулодда – вазъиятест, ки дар ҳудуди муайян дар натиҷаи садамаҳо,    зухуроти  табиии хатарнок, фалокатҳо,  офатҳои табиӣ  ва дигар офатҳо ба вуқӯъ омада, ба талафоти  ҷонӣ, зарар ба сиҳатии одамон ё муҳити табиии атроф  хисороти назарраси моддӣ  ва халалдор намудани зиндагии одамон оварда расонидааст ё оварда мерасонад.

    Инчунин дар ин конун мафхумхои зерин шарх дода шудаанд:

  • Ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодда – системаи чорабиниҳо, тарзу воситаҳо, маҷмӯи фаъолиятҳо ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулодда;
  • Пешгирии ҳолатҳои фавқулодда – системаи чорабиниҳои сари вақт ба роҳ мондашудаест, ки барои ҳар чӣ камтар кардани хатари рух додани ҳолатҳои фавқулодда, инчунин барои ҳифзи сиҳати омма, кам кардани миқдори зараи муҳити зист ва талафоти моддӣ дар ҳолати рух додани онҳо, нигаронида шудааст.
  • Рафъи ҳолатҳои фавқулодда– корҳои наҷотдиҳӣ аз садама ва дигар корҳои таъхирнопазир, ки ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда анҷом дода мешаванд ва ба наҷотдиҳии ҳаёт ва ҳифзи сиҳатии одамон, кам кардани ҳаҷм ва зараи муҳити табиии атроф ва талафоти моддӣ, инчунин барои маҳдуд кардани мавзеъҳои ҳолатҳои фавқулодда, қатъ намудани фаъолияти омилҳои барои ин мавзеъҳо хатарнок нигаронида шудаанд. 
  • Минтақаи ҳолатҳои фавқулодда – ҳудуде, ки дар он ҳолатҳои фавқулодда рух додаанд.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.