Нақш ва вазифаҳои МГ дар замони муосир

                                         Саволхои таълимӣ:

  1. Заминахои таъсисёбии МГ.
    1. Вазифаҳои асосии мудофиаи гражданӣ дар давраи осоишта ва ҷанг
    1. Асосҳои ташкил ва ҷорӣ намудани мудофиаи гражданӣ.                                    

                                          Адабиёт:

  1. Қонуни ҶТ «Дар бораи мудофиаи гражданӣ » Душанбе, 2004с.
  2. Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табӣ ва техногенӣ» Душанбе, 2004с.
  3. «Курси мухтасари МГ» Ғафуров Ф. Г. Малахов Ф. А. Душанбе, 2007с.
  4. «Мудофиаи гражданӣ» нашриёти «Ирфон» Душанбе, 1964с.
  5. «Мудофиаи гражданӣ» нашриёти «Ирфон» Душанбе, 1970с
  6. Дар солхои чангӣ якуми чаҳон 1914-1918 ки ҳавопаймоҳои немис шаҳри Петроград, ҳозира Санкт-Петербургро бомбаборон мекарданд. Аҳолии гирдомада ба якдигар ёрӣ расониданд, зарардидагон ва ашёҳои заруриро аз хонаҳо мебароварданд. Баъди тамом шудани ҷанг якум чорабинии МУДОФИАИ ЗИДДИ ҲАВОИИ МАҲАЛ (МЗҲМ) ки ин номи аввалинаш буд, 2-марти соли 1918 гузаронида шуд ва гуруҳҳои Мудофиаи зидди ҳавоии маҳал таъсис дода шуд.

4-октябри соли 1932 низомномаи МЗҲМ қабул шуд ва қушунҳои харбии МЗҲМ ташкил дода шуд, ки ин рӯз, рӯзи ташкилёбии МЗҲМ буда баъдан ҳамчун рӯзи ташкилёбии МЗҲМ қайд карда мешавад.

Солҳои 40-60 асри гузашта истифодаи авиатсияи дурпарвоз,  ракетаҳои баллистикӣ,  истеҳсоли яроқҳои қатли ом босуръат авҷ ёфта буд,  аз ин сабаб моҳи июли соли 1961 номи МЗҲМ ба Мудофиаи гражданӣ (МГ ) табдил дода шуд. Сохтори таркибии он мувофик бо талаботи замон тағйир дода шуд .        Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон 17—августи соли 1994 Кумитаи Ҳолатхои Фавқулодда ва Мудофиаи Граждании назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.

Соли 1995 4 ноябр дар Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» қабул шуд ва аз 6-марти соли 1996 дар амал ҷорӣ карда шуд. Соли 2004 28-феврал дар Сессияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун дар «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» ба имзо расид. Қонуни аз нав қабул кардашуда бо       тағйиру      иловаҳои   зиёде          пешкаши    аҳолӣ гардид ва то давраи ҳозира мавриди истифода қарор дорад.

Вазифаҳои асосии мудофиаи гражданӣ дар давраи осоишта ва ҷанг.

Қонуни ҶТ «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» 28.02.2004 с. қабул гардидааст ва 9 бобу 30 модда иборат аст  Дар моддаи 3 –и  Қонуни ҶТ «Дар бораи мудофиаи гражданӣ » 24-вазифаи мудофиаи гражданӣдар давраи осоишта ва ҷанг  чунин оварда шудаанд:

1.Пешакӣ дар замони осоишта ба нақша гирифтан ва гузаронидани чорабиниҳои мудофиаи гражданӣ оид ба омода сохтани аҳолӣ дар қаламрави Тоҷикистон баҳри ҳимоя ҳангоми сар задани амалиётҳои ҷангӣ ва баланд бардоштани устувории фаъолияти соҳаҳои иқтисодӣ дар замони ҷанг.

2.Таъсис додан ва дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани мақомотҳои идора қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ, системаи идора, алоқа ва огоҳкунӣ. Барои иҷрои вазифаҳо дар замони ҷанг.

3.Ташкил, омода сохтан ва дар ҳолати омодагии доимӣ нигоҳ доштани қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои зудамали қӯшунҳои мудофиаи гражданӣ, сохторҳои наҷотдиҳӣ ва нерӯҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ баҳри иҷрои вазифаҳо оид ба ҳифзи аҳолӣ, иқтисодиёт ва ҳудуди Тоҷикистон дар замони ҷанг.

4.Ташкили захираҳои эҳтиётии сафарбарсозии амволи махсуси мудофиаи гражданӣ.

5.Ташкили фонди зарурии иншоотҳои муҳофизатии (паноҳгоҳҳо) мудофиаи гражданӣ.

6.Ташкили захираҳои эҳтиётии озуқа ва доруворӣ.

7.Ташкили тайёрии ҳайати роҳбарикунанда ва фармондеҳӣ- сардорони мақомоти идора ва қувваҳои мудофиаи гражданӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳояшон дар замони ҷанг.

8.Ташкили омӯзиши аҳолӣ оид ба мудофиаи гражданӣ.

  • Анҷом додани назорати давлатӣ ба риоя намудани талаботҳои муҳандисӣ-техникии мудофиаи гражданӣ ҳангоми таҳияи лоиҳаҳои сохтмони иншоотҳо, биноҳои маъмурӣ, истиқоматӣ ва ба истифода додани онҳо.
  • Ташкили шабакаҳои дидбонӣ ва назорати лаборатории мудофиаи гражданӣ.
  • Сари вақт огоҳонидани аҳолӣ аз таҳдиди сар задани амалиётҳои ҷангӣ, хатари ҳавоӣ. Радиатсионӣ, кимиёвӣ, биологӣ (бактереологӣ) ва хатари дигар.
  • Ҷойгиронӣ ва эвакуатсияи аҳолӣ аз шаҳрҳои ба гурӯҳи мудофиаи гражданӣ мансубдонисташуда ва дигар маҳалҳои аҳолинишини дорои иншоотҳои махсусан муҳим, инчунин аз минтақаҳои таҳти таҳдиди зери обмонӣ қарордошта ва ноҳияҳои наздисарҳадӣ ба маҳалҳои бехатар. 13.Ташкили паноҳ намудани аҳолӣ дар иншоотҳои муҳофизатӣ ва таъмини онҳо бо воситаҳои ҳифзи инфиродӣ ва доруворӣ.
  • Гузаронидани чорабиниҳои рӯшноипинҳонкунӣ дар маҳалҳои аҳолинишин ва иншоотҳои иқтисодиёт.
  • Анҷом додани корҳои наҷотдиҳӣ ва таъхирнопазир.

16.Таъминоти аавалиндараҷаи аҳолии дар натиҷаи амалиётҳои ҷангӣ зарардида аз он ҷумла ба хизматрасонии ҳамчунин расонидани ёрии аввалиндараҷаи тиббӣ, таъминот ба ҷои зист ва дидани чораҳои дигари зарурӣ.

  1. Мубориза бар зидди сӯхторҳое, ки дар натиҷаи амалиётҳои ҷангӣ ба вуқӯъ меоянд.
    1. Муайян намудан ва нишон додани маҳалҳое, ки дучори заҳролудшавии радиоактивӣ, кимиёвӣ, биологӣ ва дигарҳо гаштаанд. 19. Безараргардонии аҳолӣ, техника, биноҳо, ҳудуд ва гузаронидани чорабиниҳои дигари зарурӣ.
    1. Барқарор кардан ва нигоҳ доштани тартибот дар маҳалҳое, ки дар натиҷаи амалиётҳои ҷангӣ зарар дидаанд.
    1. Таъмини фаъолияти хадамоти мудофиаи гражданӣ дар замони ҷангӣ.
    1. Дафн намудани ҷасадҳо ҳангоми ҷанг.

23.Таҳия ва амалӣ намудани чораҳо баҳри нигоҳ доштани иншоотҳое, ки барои фаъолияти устувории иқтисодиёт ва зисту зиндагонии аҳолӣ, ки дар ҳолати ҷангӣ заруранд.

24.Таъмини омодагии доимии қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданӣ.

          3.Роҳбарӣ ва идораи мудофиаи гражданӣ.

Масъалаҳо марбут ба роҳбарӣ ва идораи мудофиаи гражданӣ дар ҶТ дар

асоси моддаи 14- и Қонуни ҶТ «Дар бораи мудофиаи гражданӣ»  оварда шудаанд.                                                                                                                                

       Рохбарии мудофиаи гражданиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сардори мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Муовини аввали Сардори мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон –

Раиси кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Роҳбарии ҳамарӯзаи мудофиаи гражданиро дар асоси нишондодҳои Сардори мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ сохта, фармондеҳи қӯшунҳои мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Роҳбарӣ ва идораи мудофиаи гражданӣ дар вазорату идораҳо ва ташкилотҳо аз ҷониби вазирон, роҳбарони идораҳо ва ташкилотхо, ки мутобиқан сардорони мудофиаи граждании вазорату идорахо ва ташкилотхо  мебошанд, амалӣ карда мешавад.

Роҳбарӣ ва идораи МГ дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо аз ҷониби раисони вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо, ки мутобиқан сардорони МГ-ии вилоятҳо шаҳрҳо ва ноҳияҳо мебошанд, амалӣ карда мешаванд. Сардорони ситодҳо оид ба Ҳолатҳои фавқулода ва МГ вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бошанд, муовини аввали сардорони МГ-ии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо мебошанд. Муовинони аввали сардорони мудофиаи граждании вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо роҳбарии ҳамарӯза ва ба роҳ мондани мудофиаи гражданиро дар қаламрави вилоят ва шаҳру ноҳияҳо амалӣ месозад.

Ба ситодҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо хизматчиёни ҳарбие аз ҷониби Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба вазифа таъин мешаванд, роҳбарӣ менамоянд.

Сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вазоратҳо идораҳо ва ташкилотҳо-муовини аввали сардори корхона мебошад.

Роҳбарони вазоратҳо ва ташкилотҳое, ки ба гурӯҳҳои мудофиаи гражданӣ мансуб дониста шудааст ё ин ки дар базаи онҳо хадамоти мудофиаи гражданӣ таъсис дода шудааст, инчунин дар таъмини фаъолияти ҳаёти мамлакат аҳамияти бағоят муҳим дорад, онҳо вазифадоранд, ки дар ҷадвали штати корманди масъул, сармутахасис оид ба мудофиаи гражданӣ дар доираи ҳуқуқҳои сардори шӯъба бо иҷрои вазифаҳои муовини сардори ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дошта бошанд.

     4.Принсипхои умумии  ташкилёби ва сохтори МГ

Асосҳои ташкил ва ҷорӣ намудани мудофиаи гражданӣ  дар  ҶТ дар асоси моддаи 4 – Қонуни ҶТ «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» амалӣ карда мешавад. 

     Ташкил ва ба роҳ мондани  мудофиаи гражданӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини давлат, қисми таркибии сохтмони мудофиавӣ, таъмини бехатарии давлат ба шумор меравад.

Мудофиаи гражданӣ дар тамоми қаламрави ҶТ аз рӯи принсипи худудию истеҳсолӣ ва бо назардошти хусусиятҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва дигар маҳалҳои аҳолинишин, инчунин ташкиллотҳо новобаста аз шакли ташкилӣ ва ҳуқуқиашон ташкил карда мешавад.

Тайёрии давлат ба мудофиаи гражданӣ пешакӣ дар замони осоишта бо дарназардошти тараққиёти яроқу аслиҳа, техникаи ҳарбӣ ва воситаҳои ҳифзи аҳолӣ аз воситаҳои ҳозиразамони ҳуҷум ва хатарҳое, ки дар натиҷаи амалиётҳои ҷангӣ ба вуқуъ меоянд, амалӣ карда мешавад. Ба роҳ мондани мудофиаи гражданӣ дар қаламрави ҶТ ё дар маҳалҳои алоҳидаи он аз лаҳзаи эълон шудани ҳолати ҷангӣ, амалан оғоз ёфтани амалиётҳои ҳарбӣ ё аз ҷониби Президенти ҶТ эълон намудани вазъияти ҳарбӣ дар қаламрави ҶТ ё дар маҳалҳои алоҳидаи он оғоз меёбад.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.