Ҳолатҳои фавқуллода дорои хусусиятҳои табиӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони рух додан доранд

                  Саволхои таълимӣ:

  1. Хусусиятҳои заминларза ва оқибатҳои он;
  2. Хусусиятҳои сел ва оқибатҳои он;
  3. Хусуситяҳои эпидемияҳо ва оқибатҳои он;
  4. Хусусиятҳои тарнадо ва сунами ва оқибатҳои он.

                                    Адабиёт:

  1. Қонуни ҶТ «Дар бораи мудофиаи гражданӣ » Душанбе, 2004с.
  2. Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табӣ ва техногенӣ» Душанбе, 2004с.
  3. «Курси мухтасари МГ» Ғафуров Ф. Г. Малахов Ф. А. Душанбе, 2007с.
  4. «Мудофиаи гражданӣ» нашриёти «Ирфон» Душанбе, 1964с.
  5. «Мудофиаи гражданӣ» нашриёти «Ирфон» Душанбе, 1970с
  6. Қарори  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи таснифи ҳолатҳои фавқуллода » аз 1 августи соли 2006 № 367
  7. Таснифи мухтасари ҳолатҳои фавқуллодае, ки эҳтимолияти рух додани онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон дорад

1. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи таснифи ҳолатҳои фавқулодда» аз 1 августи соли 2006 № 367.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи соли 2006  №367 чунин таснифи ҳолатҳои фавқулодда тасдиқ шудааст.

Таснифи мазкур, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» таҳия шуда, барои муайян намудани нуқтаи назари ягона ба баҳодиҳии ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ (минбаъд – ҳолатҳои фавқулодда), муайян намудани сарҳади минтақаҳои ҳолатҳои фавқулодда ва вобаста ба он амал намудан муқаррар гардидааст. Ҳолатҳои фавқулодда вобаста аз миқдори одамони дар ин ҳолат зарардида, вайрон шудани шароити фаъолияти ҳаётии онҳо, андозаи зарари моддӣ, инчунин сарҳади минтақаҳои паҳншавии омилҳои зараровари ҳолатҳои фавқулодда гурӯҳбандӣ карда мешаванд.

Ба ҳолатҳои фавқулоддаи маҳдуд ҳолатҳои фавқулоддае, ки бар асари онҳо на бештар аз 10 нафар зарар дида, ё шароити фаъолияти ҳаётии на зиёда аз 100 нафар вайрон шуда, ё зарари моддӣ то андозаи 1 ҳазор музди меҳнатӣ ҳадди ақалро дар рӯзи ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда ташкил мекунад ва минтақаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳудуди иншооти таъиноти истеҳсолӣ иҷтимоӣ дошта намебарояд, тааллуқ доранд.

Ба ҳолатҳои фавқулоддаи маҳаллӣ ҳолатҳои фавқулоддае, ки бар асари онҳо беш аз 10 нафар, вале на зиёда аз 50 нафар зарар дида, ё шароити фаъолияти ҳаётии зиёда аз 100 нафар, вале на зиёда аз 300 нафар вайрон мешавад, ё зарари моддӣ беш аз 1 ҳазор, вале на зиёда аз 5 ҳазор музди ҳадди ақалро дар рӯзи ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда ташкил мекунад ва минтақаи ҳолати фавқулодда аз ҳудуди шаҳрак ё деҳот берун намебарояд, тааллуқ доранд. Ба ҳолатҳои фавқулоддаи ҳудудӣ ҳолатҳои фавқулоддае, ки бар асари онҳо зиёда аз 50 нафар, вале на беш аз 500 нафар зарар дидаанд, ё шароити фаъолияти ҳайётии беш аз 300 нафар, вале на зиёда аз 500 нафар вайрон шудааст, ё зарари моддӣ беш аз 5 ҳазор, вале на беш аз 0,5 миллион музди меҳнати ҳадди ақалро дар рӯзи ба амал омадани ҳолати фавқулодда ташкил медиҳад ва минтақаи ҳолати фавқулодда аз ҳудуди шаҳр, ноҳия берун намебарояд, тааллуқ доранд.

Ба ҳолатҳои фавқулоддаи минтақавӣ ҳолатҳои фавқулоддае, ки бар асари онҳо 50 нафар, аммо на зиёда аз 500 нафар зарар дида, ё шароити фаъолияти ҳаётии беш аз 500, аммо на зиёда аз 1000 нафар вайрон шуда, ё зарари моддӣ зиёда аз 0,5 миллион, аммо на зиёда аз 1 миллион музди меҳнати ҳадди ақалро дар рӯзи ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда ташкил мекунад ва минтақаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳудуди вилоят берун намебарояд, тааллуқ доранд.

Ба ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳуриявӣ, ҳолатҳои фавқулоддае, ки бар асари онҳо беш аз 500 нафар зарар дида, ё фаъолияти ҳаётии зиёда аз 1000 нафар вайрон шуда, ё зарари модди зиёда 1 миллион музди меҳнати ҳадди ақалро дар рӯзи ба амал омадани ҳолатҳои фавқулодда ташкил мекунад ва минтақаи ҳолатҳои фавқулодда аз ҳудуди як ва ё якчанд вилоят, ё беш аз се ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ мебарояд, тааллуқ доранд. 

Ба ҳолатҳои фавқулоддаи байнисарҳадӣ ҳолатҳои фавқулоддае, ки бар асари онҳо оқибати зарар аз ҳудуди кишвар баромада, ё ҳолатҳои фавқулодда дар хориҷи мамлакат ба амал омада, таъсири онҳо ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасад, дохил мешаванд.

Ø Ҳолатҳои фавкулодда ба шаклҳои зерин тақсим мешаванд:

1.Ҳолатҳои фавқулода вобаста ба офатҳои табии (заминҷунбӣ, боришоти зиёд, омадани сел, лағшиш, фуруғалти, тарма ва дигар ҳолатҳои фавқулодае, ки аз тарафи табиат сар мезананд).

  • Ҳолатҳои фавқулода вобаста ба садама дар корхонаю ташкилотҳое, ки аз моддаҳои заҳролуди пуртаъсир истифода мебаранд, истеҳсол мекунанд, ё нигоҳдорӣ мекунанд (хлор, аммиак, кислотаи сулфат ва дигар намудҳои моддаҳои заҳролуд). 
  • Ҳолатҳои фавқулода вобаста ба вуҷуд омадани сӯхтор ва таркиш дар корхонаю ташкилотҳо.
  • Ҳолатҳои фавқулодае, ки дар натиҷаи ҳаракати ду гурӯҳи ба ҳам муқобил ба амал меоянд (ҷанг байни ду давлат, ҷанги гражданӣ).

Ҳолатҳои фавқулодда бо назардошти гуногунии зухуроташон ба ду гурӯҳ ҷудо мешавад:

  1. Ҳолатҳои фавқулодаи техногенӣ (сунъи).

 Ҳолатҳои фавқулоддаи техногенӣ- он ҳолатҳое, мебошанд ки бавуҷудоии онҳо ба кирдори нодурусти гурeҳи одамон ё амалиёту сиёсати нодурусти ташкилоту давлатҳо вобастагӣ дорад, ба гурӯҳҳои ҳолатҳои фавқулоддаи техногенӣ дохил мешавад:

-таркиши аслиҳаҳои ҳарбӣ; (ядерное оружия)

-садамаҳои бузурги истеҳсолӣ; (вайрон шудани заводи химиявӣ)

-боришоте, ки бо моддаҳои радиоактивӣ олуда;

-заҳролудшавии манбаҳои обҳои нушокӣ;(обҳои дар таркибаш мазут ё ғайра)

-сохтани обанборҳои номустаҳкам.(дамбаҳо)

  • Ҳолатҳои фавқулоддаи табиӣ. 

Ҳолатҳои фавқулоддаи табии ва иштироки одамон тавасути омилҳои табии ба миён омада хусусияти рафънопазиррӣ дорад, ба  гурӯҳҳои ҳолатҳои фавқулоддаи табии дохил мешавад:

  • заминларза;
    • лағжиши замин;
    • фаромадани тарма;
    • обхезӣ;
    • сел;
    • боришоти сел;
    • шамолҳои сахт;
    • сӯхтор;

2. Ба гуруҳҳои ҳолатҳои фавқулоддае, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон рух медиҳанд дохил мешаванд:

  1. Заминларза
  2. Лағжиш 
  3. Обхезӣ
  4. Тармафароӣ
  5. Сел

 Заминларза –аслан тоҷикист ва моҳияти он аз номаш бар меояд, яъне, ҷунбиши замин аст. Дурустар ва боз ҳам дақиқтар –ин лаппиши сатҳи болоии қабати замин ҳангоми гузаштани мавҷҳо аз сарчашмаи энергияи зеризаминист.

Заминҷунбӣ – такон ва ҷунбиши сатҳи замин буда, бо сабабҳои геотабии ба амал меояд. Дар қишри Замин ба таври доимӣ ҷараёнҳои мураккаби қаъри Замин ба амал меояд. Ин ҷараёнҳо аз таъсири ҳаракати қувваҳои тектоникии Замин ба вуҷуд омада дар натиҷа дар қабатҳои Замин кафишҳо пайдо мешаванд.

Сабабҳои асосии заминҷунбиҳо ин берун баромадани шиддати қувваҳои дохилии Замин мебошад. Ин гуна мавзеъҳои фаъолро минтақаҳои сейсмикӣ меноманд.

ЛАҒЖИШҲО-аз руйи ҳаракат намудани Ҷинсҳои куҳӣ кандашавӣ, афтидан, ҷойивазкунии ҷинсҳои, лағжиш ва селҳо ба амал меояд. Аз ҳама намуди ҳодисаҳои геологие, ки оқибатҳои ҳузнангез дорад ин лағжиш ба шумор меравад.

Ярч ҳам яке аз офатҳои табииест, ҳамасола дар фасли баҳор ва тобистон ба вуқуъ меояд.

Аксар вақт ин ҳолат дар минтақаҳои баландкуҳ ба назар мерасад. Таъсуроти сар задани ин ҳодисаи харобиовар вайрон шудани таваҷуҳи ҷинсҳои куҳӣ дар натиҷаи ҷаъмшавии миқдори зиёди об ва сустшавии хок ба ҳисоб меравад. Дар баъзе ҳолатҳои боришоти аз меъёр зиёд ва таконҳои зеризаминӣ низ боиси ярҷ шуда метавонанд. Чорабиниҳое, ки барои лағжиши замин заруранд:

-пешгирӣ кардани хавфи лағжиши замин ва назорати мунтазами он; -аз болои ширкати сохтмонӣ барои риояи талаботи хуҷатҳои меъёрӣ назорат кардани ситодҳои ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ; -кандани обпартоҳо дар шафати замини лағжанда, чуқурии обпартоҳо дар шафати замини лағжанда (чуқурии обпарто бояд 0,6-2,5 м ва паҳноии он то се маротиба аз чуқуриаш васеътар бошанд); -дарахтзор кардани нишебихо.

Ин чорабиниҳоро хадамоти зидди сел ва корҳои соҳил мустаҳкамкунии ноҳия ва ё шаҳр бояд ташкил кунад.

Дар сурати сар задании офат, аҳолӣ сари вақт ба ҷои бехатар эвакуатсия карда мешавад ва агар имкон бошад молу ашёи қиматбаҳои онҳо низ аз минтақаи офат берун бароварда шаванд.

МИСОЛ: Ходисае, ки дар вақти заминҷунбии лағжиши замин ба вуҷуд омад, ин дар соли 1989—23- январ соати 5-02 дақиқа дар ноҳияи Ҳисор дар «Шарора»- Окули боло ва пойён ба вуҷуд омад, ки боиси лағжиши қитъаи теппаи баланд гашт, ки дар натиҷа Оқули боло пурра зери хоку лой монд, қисми деҳаи Оқули поён зери маҳлули ғажди лойдор монд. Дар ин маврид аз ин се деҳа 261 хона вайрон шуда ва 279 нафар одамон ба ҳалокат расидан, ки боиси ин 73 нафари дигар захм бардоштанд.

– сатхи лағжиши замин дарозиаш 4,5км –ро дар бар мегирифт,барии лағжиш 2 км, баландии лағжиши замин то 30 метрро дар бар мегирифт.

Омилҳои лағжиши замин.

-Ҷойгиршавии минтақаҳои аҳолинишин дар наздикии фарозиҳо, қисми

мулоимии қабати замин ва қисмҳои болоии қӯҳпораю фарозиҳо;

-ҷойгиршавии маҳаллаҳои аҳолинишин новобаста дар зери кӯҳ;

-роҳҳо ва комуникатсияҳо дар минтақаҳои кӯҳӣ;

-сохтмони таҳкурсиаш суст ва номустаҳкам;

-мавҷудияти қубурҳои калон ва беқувват шудани онҳо.

Лағжишро ҳамчун фаромадани ҷинсҳои куҳӣ аз баландии на камтар аз 45 градус номидан мумкин аст. Чӣ қадаре, ки ҷойгиршавии ҷинсҳои куҳӣ зиёдтар бошад лағжиш ҳамон қадар тезтар буда, ҳангоми рух додани он овози раъду барқ, чангу ғубор ва инчунин фишори баланди ҳаво дида мешавад.

 Лағжиш бошад дар бисёр маврид беовоз ба амал меояд. Лағжишҳо мунтазам дар ҳудуди Ҷумҳури аз ҷумла: дар вилояти Суғд, кӯҳҳои Қаротегин, вилояти Хатлон, Дарвоз ва дар Помири шарқи низ рух медиҳанд. Лағжишҳо пеши роҳи води ва дараҳоро гирифта обанборҳо ва сарбаландҳои сунъиро ташкил медиҳанд ва ҳангоми кандашавии онҳо селҳоро ба вуҷуд меоранд, ки қисми асосии онҳоро ҷинсҳои куҳӣ мекунад. Сабабҳои лағжиши замин

  1. Зиёд шудани миқдори нами дар хок;
  2. Шусташавии нишебӣ аз боронҳои бардавом;
  3. Пайдо шудани обҳои зеризаминӣ (чашма);
  4. Заминларза (табии ё сунъи );
  5. Харобшавии таркиби хок дар натиҷаи шамолзанӣ;
  6. Даҳолати одамон (чорабиниҳои обтаъминкунӣ, сохтани иншоотҳо);
  7. Буридани дарахтҳо дар нишебиҳо;

Обхезӣ – ин зериобмонии маҳал мебошад, ки бар асари зуд обшудани барф ва пиряхҳо, баланд шудани сатҳи оби дарё, рахнашавии кӯлу обанборҳо ба амал меояд.

Обхезӣ- ин ҳодисае мебошад, ки ҳангоми обҳои дарё, ҷуйҳо ва обанборҳо аз соҳилҳои худ баромадан ба вуҷуд меояд ва муҳити гирду атрофро, ки дар он ҷойҳо одамон зиндагӣ мекунанд, зери об мемонанд. Сабабҳои пайдошавии обхезӣ.

  1. Обхезӣ дар натиҷаи сар задани офатҳои табии;
  2. Ҳангоми боришоти зиёд ва бардавом;
  3. Ҳангоми об шудани барфу пиряхҳо дар масоҳати калон;
  4. Кандашавии обанбор ва кулҳо;
  5. Баландшавии оби дарё ва кулҳо;
  6. Ба амалиёти нодурусти инсон вобастагӣ дошта метавонад.

Намудҳои обхезӣ.

  1. Обхезиҳои ногаҳонӣ. Обхезиҳои ногаҳонӣ. Сабаби он боришоти сел, кандашавии сарбандҳо (кул, обанбор, дамбаҳо ва монеаҳо).
  2. Обхезиҳои дарёӣ. Обхезии дарёӣ аслан хусусияти дарё дошта, дар баланд шудани сатҳи об, ки маҷрои он на он қадар сахт дорад, зоҳир мегардад.
  3. Обхезӣ дар соҳилҳо. Обхезӣ дар соҳил. Бо сиклонҳои тропикӣ, заминларзаҳо ва сунами нооромии баҳр, баландшавии сатҳи баҳр вобаста аст.

Сел– Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои хатари селдоштаи ҷаҳон мебошад, чунки дар ин ҷо тамоми шароитҳо барои пайдошавии селобаҳо ҷойгир ҳастанд.

Сел- яке аз офатҳои табиист, ки дар натиҷаи боришоти зиёду кандашавии сарбанди кӯлу обанборҳое, ки дар баландиҳо ҷойгиранд ба амал меояд.

Сабаби асосии пайдошавии селҳо инҳоянд:

  1. Боронгарии давомнок ва боронҳои сел.
  2. Обшавии барфҳо, пиряхҳо дар масоҳати калон.
  3. Рахна шудани кӯлҳо ё обанборҳо.

Барои пайдошавии селобҳо чунин омилҳо сабабгор мешаванд:

  1. Бо суръат ҷамъшавии миқдори калони об.
  2. Нишебиҳои рости кӯҳӣ.
  3. Фуру хамидани маҷрои дарёҳо ё пастхамиҳо.
  4. Миқдори зиёди моддаҳои ковок (гил, хок,рег).

Аз руйи таркиб селҳоро ба се гурӯҳ ҷудо кардаанд:

  1. Лоию сангин.
  2. Лоию обӣ.
  3. Обию сангин.

Селҳои лоию сангин аз ҳама вайронкунанда ба ҳисоб мераванд.

Саршавии селобҳо ба якчанд ҳазор метри мураккаб дар як сония мерасад, ҳаҷми сангҳо, қум ва гиле, ки сел меорад ба якчанд миллион метри мураккаб мерасад.

Дар равишҳои оби дарёҳои Вахш ва Панҷ ба ҳисоби миёна ҳар сол аз моҳи август то моҳи май 71 сел пайдо мешаванд, дар водии Зарафшон бошад, аз моҳи феврал то октябр ба ҳисоби миёна 105 сел, дар қаторкуҳҳои Помири ғарбӣ аз июн то сентябр ҳамагӣ 9 сел мушоҳида шудаанд.

Аз ҳама моҳҳои селовар дар Ҷумҳурии мо моҳҳо апрел-май ба ҳисоб меравад. Селҳое, ки дар натиҷаи рахнашавии кулҳо ё обанборҳо пайдо мешавад дар давоми сол ба вуҷуд омаданашон мумкин, аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки ин намуди селҳо асосан дар фасли баҳор ба амал меоянд. Дар қатори селҳое, ки сабабҳои пайдоиши онҳо дар боло зикр карда шуда буд, боз дигар селҳое ҳастанд, ки дар баландкуҳҳо, дар ҷои пиряҳҳо ва барфҳои доимӣ пайдо мешаванд. Ин селҳо хусусияти ногаҳон пайдо шуданро дошта, бисёр хатарнок мебошанд. Онҳо ба боришот вобаста набуда, дар натиҷаи бисёр гарм шудани ҳаво дар фасли тобистон пайдо мешаванд. Селҳои яхин кам пайдо мешаванд. Ба ин намуди селҳо селобаҳое дохил мешаванд, ки дар натиҷаи ҷунбиши пиряхҳои ҳаракаткунанда, ё рахнашавии кулҳои яхбаста ва пуршавии обанборҳо ба вуҷуд меоянд.

         Маълумот дар бораи ин намуди      селҳо дар Тоҷикистон кам аст.

Селҳои антропогенӣ– селҳоеро мегӯянд, ки тавассути фаъолияти нодурусти инсон ва зарари ба табиат расонидаи он пайдо мегардад.

Селхои антропогенӣ-ин селҳое ҳастанд, ки ба фаъолияти худи одамон вобастагӣ дорад, азсабаби ба хатоги рох додани лоиҳакашхон, хатогии сохтимончиён, ё ба ягон сабаби дигар.

Барои мардуми мо садамаи калони фаромушнашаванда ин обанбори

Саргазон, ки барои аз худкунии водӣ Данғара сохта буданд. Обанборе, ки диаметри ним километтро ташкил медод, 2,5 милион метрии куби об дошт, сарбанди обанбор аз хок сохта шуда буд. Аввали моҳи Марти соли 1987 сербориш буд, дар натиҷа обанбор аз об пур шуд ва сарбанд ба фишори об тоққат наоварда рахна шуд. Ин ҳодиса 16 март байни соатҳои 4-5-и саҳар руй дода буд. Миқдори калони об бо суръати баланд ҳаракат намуда, ба сел мубадал шуд, ки сарфи об дар он зиёда аз 1000 куб метр дар як сонияро ташкил медод. Дар пеши ин сел ду қишлоқ буданд. Аз қишлоқи болои Саргазон одамон тавонистанд, ки ба теппаҳо бароянд, вале истиқоматкунандагони қишлоқи дигари Саргазон таги селоб монданд, ин сел бисёр зарари калон расонид, зиёда аз 53 хонаи истиқоматӣ вайрон ва қисман

нест шуданд. Фермае, ки дар он зиёда аз 486 ҳазор ҳайвони калони шохдор буд, фермаи парандапарварӣ бо 1800 паранда, купруки калони автомобилгард, роҳи оҳан ва зиёда, 30 нафар ба ҳалокат расид.

Тарма – ин  аз нишебиҳои кӯҳ бо таъсири қувваи вазнинӣ фаромадани миқдори зиёди барф мебошад.   Барфе, ки дар нишебиҳои кӯҳҳо ҷамъ мешавад, бо таъсири вазнинӣ ва сустии пайвандҳои сохтории дохили ғафсии барф аз нишебӣ мелағжад ё фурӯ мерезад. Ҳаракати худро оғоз карда, он зуд суръат мегирад ва дар роҳи худ тӯдаҳои нави барф, санг ва ашёҳои дигарро бо худ гирифта мебарад. Ҳаракат то қитъаҳои бештар нишебдор ё умқи  водӣ давом меёбад, ки дар он ҷо боз меистад.

Чунин тармаҳо аксар вақт ба нуқтаҳои аҳолинишин, маҷмӯъҳои фароғатӣосоишгоҳ ва роҳҳои мошингард, хатҳои интиқоли барқ, иншоотҳои саноати саноати коркарди маъдан ва дигар иншоотҳои хоҷагӣ таҳдид мекунанд.

Ба вуҷуд омадани тарма дар ҳудуди манбаи тарма сар мезанад.

Манбаъи тарма – ин қитъаи нишебӣ ё доманаи он мебошад, ки дар ҳудуди он тарма ҳаракат мекунад. Ҳар як манбаъ аз се минтақа иборат аст: – пайдоиш (ҷамъшавии тарма);

  • транзит (фуромадани тарма);
  • бозистодани тарма (маҳрути (конуси) тарма оварда).

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.