Ҳолатҳои фавқуллода дорои хусусиятҳои техногенӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони рух доданро доранд
Саволҳои таълимӣ:
- Усули пешгӯии оқибати имконпазир ва муайян намудани зараре, ки бар асари офатҳои табиӣ, садама ва фалокатҳо ба миён меоянд;
- Масъулияти шахсони мансабдор дар ташкили чорабиниҳо оид ба пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда;
- Ташкили чорабиниҳо ҷиҳати бартараф намудани оқибатҳои ҳолатҳои фавқулодда.
Адабиёт:
- Қонуни ҶТ «Дар бораи мудофиаи гражданӣ » Душанбе, 2004с.
- Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табӣ ва техногенӣ» Душанбе, 2004с.
- «Курси мухтасари МГ» Ғафуров Ф. Г. Малахов Ф. А. Душанбе, 2007с.
- «Мудофиаи гражданӣ» нашриёти «Ирфон» Душанбе, 1964с.
- «Мудофиаи гражданӣ» нашриёти «Ирфон» Душанбе, 1970с
3. Ҳолатҳои фавқулодаи техногенӣ (сунъи).
Ҳолатҳои фавқулоддаи техногенӣ- он ҳолатҳое, мебошанд ки бавуҷудоии онҳо ба кирдори нодурусти гурeҳи одамон ё амалиёту сиёсати нодурусти ташкилоту давлатҳо вобастагӣ дорад, ба гурӯҳҳои ҳолатҳои фавқулоддаи техногенӣ дохил мешавад:
-таркиши аслиҳаҳои ҳарбӣ; (ядерное оружия)
-садамаҳои бузурги истеҳсолӣ; (вайрон шудани заводи химиявӣ)
-боришоте, ки бо моддаҳои радиоактивӣ олуда;
-заҳролудшавии манбаҳои обҳои нушокӣ;(обҳои дар таркибаш мазут ё ғайра)
-сохтани обанборҳои номустаҳкам.(дамбаҳо)
Сӯхтор – ин раванди идоранашавандаи сӯзише, ки бар асари он талафоти ҷонӣ ва хисороти моддӣ ба амал меояд, мебошад.
Оташ ҳануз аз асрҳои ибтидои хамсафари доими инсон буда, на танҳо фоидаовар аст, балки дар бисёр маврид ҳангоми беназорат мондани e ба инсон зарарҳои калон меорад. Оташ то ҳозир ҳам аз рeйи беэтиноии инсон ба шаҳру қишлоқ ,ҷангалзорҳо бутазорҳо ва дигар макон зарари ҷуброннопазир меорад. Сол аз сол бехатарии зидди сухтор руз аз руз меафзояд, чунки дар сохтумону саноат беш аз пеш маводу таҷҳизотҳои тез даргиранда истифода бурда мешавад. Дар ҳаҷми зиёд нефт ва моддаҳои нефтӣ, инчунин гази табии истифода бурда мешавад.
Сабабҳои пайдоиши сухтор.
- пур шудани худуди ҷойгиршуда аз партовҳои даргиранда (зарфҳои полиетиленӣ, қоғазҳо, пласмаса, хасу хошок, латапора ва ғайра); – дар роҳравҳо ва байни ошёнаҳо, пештоқу айвонҳо, болохонаҳо ҷойгир намудани асбобу анҷомҳои тездаргиранда;
- дар дохили биноҳо мавҷуд набудани воситаҳои аввалини сухторхомушкунӣ;
- дар сохтмон истифода бурдани маводхои тездаргиранда;
- мавҷуд набудани роҳравҳои озод ба қубурҳои сухторхомушкунӣ ва манбаҳои обтаъминкунӣ;
- вайрон будани системаҳои автоматии огоҳкунӣ ва хомуш кардани сухтор;
- нигоҳдории маводҳои тездаргиранда дар ҷойҳои ба ин ҷавобгу набуда;
- носоз будани таҷҳизоти газӣ.
Дар мавҳуми ҳолатҳои фавқулодда мавқеи асосиро «садама», «фалокат» ва «офат» ишғол менамояд.
- «САДАМА» – вазъияти фавқулоддаи хусусияти техногенӣ дошта мебошад, ки бо сабабҳои истехсолӣ, иқтисодӣ, конструктивӣ, технологӣ, истифодабарӣ ё ин, ки дар натиҷаи сар задании таъсири беруна ба амал омада аз кор баромадани таҷҳизотҳо, вайроншавии техникӣ ва иншоот гардидааст.
Садамаи истеҳсоли – ин ногаҳон аз кор мондан ё хароб гаштани процесси истеҳсолӣ дар корхонаи саноатӣ, дар нақлиёт ё дигар корхонаҳои хоҷагии халқ мебошад, ки ба вайроншави ё аз байн рафтани модиёт, шикаст ё марги инсон мерасонад.
Яке аз садамаҳои хусусиятнок, ки оқибатҳои хеле вазнин доранд, ин таркишҳо, сухторҳо, заҳролудшавии боду ҳаво, муҳит, маҳаллҳо, гирду атроф бо моддаҳои заҳролуди пуртаъсир ва радиоактивӣ мебошад. Садамаҳои калони истеҳсолии азим оқибатҳои чиддии зарарнок ба бор меорад, аз ин сабаб барои тез ва бо самар бартараф намудани он, қувва ва таҷҳизоти зиёд зарур аст. Кумаки аввалия ба шахсони зарардида ба зуди бояд расонида шавад, корҳои наҷотдиҳи ва кумак ба осебдидагон аз тарафи сардори мудофиаи гражданӣ ин корхона бояд сурат гирад. Баъдан кумаки тиббии аввалияро ба осебдидагон ҳайати тиббии корхона ва дружинаи санитарии мерасонад ва сипас ба муассисаҳои табобатии системаи тандурусти мерасонад.
Садамаи нақлиётӣ аз ҷониби ронандагони камтаҷриба ҳангоми бо нақлиёт роҳгардӣ рух медиҳанд.
- «Фалокати нақлиётӣ ва истеҳсолӣ» – ин садамаи бузурге мебошад, ки ба инсон хатарнок аст ва боиси ҳисороти зиёд ва марги одамон гардидааст.
- «ОФАТ»- зери мафҳуми офат зуҳуроти табииест,ки дар натиҷаи сар задании онҳо ҳолатҳои фалокатовар сар мезанад ва боиси ногаҳон халалдор гаштани ҳайёти осоиштаи аҳолии аз байн рафтани молу мавод ва ҳалокати одамон мегардад.
Дар баъзе ҳолатҳо фаъолияти нодурусти хоҷагидории инсон низ сабаби сар задании офатҳои табии мегардад. Масалан: ҳангоми ба назар нагирифтани шароити геологӣ – географии маҳал сар задании лағжиши замин ва ё омадани сел аз эҳтимол дур нест.
Офатҳои табии ва садамаҳои истеҳсоли дар аксар вақт бе маврид ва ногаҳонӣ сар мезанад ва ин хусусият онҳоро боз ҳам хатарнок мегардонад. Вале агар мо пешаки чораҳои огоҳкуниро андешида бароем, метавонем, ки офатро пешгирӣ кунем ва ё сатҳи ҳисороти воридкардаи онро то андозае кам гардонем.
Албатта зарари расонидаи офатҳои табии аз рӯи ҳаҷму хусусият аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Аз ин рӯ барои бартараф кардани оқибатҳои онҳо низ усулҳои гуногуни ҳимояро ба кор бурда аз қувва ва воситаҳои мувофиқ истифода бурдан ба манфиати кор аст.
Дар рафъи оқибатҳои офатҳои табии ва садамаҳои истеҳсолӣ қисмҳои мудофиаи гражданӣ неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, неруҳои махсуси Вазорату идораҳо ва аҳолии қобили кор ҷалб карда мешавад. Ба хусусиятҳои гуногунии ҳолатҳои фавқулодда нигоҳ накарда, ба хулоса омадан мумкин аст, ки ҳамаи онҳо як хусусияти умумӣ низ доранд.
«ОФАТҲОИ ТАБИИ ХАТАРНОК» – ҳодисаҳои ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табии дошта аст, ки аз рӯи масоҳат ва мудати гирифторшавандааш боиси таҳдиди ҳайёт, саломатӣ ва моликияти инсон, иқтисодиёт ва муҳити атроф мебошад.
«ОФАТИ ТАБИИ» ҳодисаи фавқулоддаи табии ё равандест, ки боиси марги инсон, ҳисороти зиёди иқтисодӣ, моддӣ ва дигар оқибатҳои хунаангез гардидааст.
«ОФАТХОИ ЭКОЛОГӢ» – ҳодисаи фавқулоддаи ҳудудаш калон мебошад, ки дар натиҷаи таъсири он (таъсири антропогенӣ) ҳолаткунунии хушки, атмосфера, гидросфера, биосфера таъғир ёфта ба ҳаёт, саломатӣ, муҳити зист, иқтисодиёт ва генофонди миллат таъсири калон расонида, боиси дигаргун шудани муҳити табии мегардад. мумкин аст.
«ХАТАР» – ро ҳолати фавқулодда ҳолатеро меноманд, ки дар натиҷаи он таҳдиди пайдоиши омилҳои таъсиркунанда ва манбаи таҳдиди он ба аҳолӣ, иншоотхҳи иқтисодӣ ва муҳити атрофро дар ҳудуди ҳолатҳои фавқулодда ба амал омаданаш азэҳтимол дур нест. Ҳама намуди хатаро аз рӯи сарчашмаи пайдоиши он ба ду гуруҳ, «хатари табии» ва «антропогенӣ» ҷудо намудан мумкин аст, хатари табии дар натиҷаи сар задании офати табии дар биосфера ба амал меояд. Барои корҳои амали таснифи умумии ҳолатҳои фавқулоддаро аз рӯи намуд ва навъҳо, ки асоси тамоми ҳодисаҳои фавқулоддаро ташкил мекунад, ба назар гирифтан зарур аст. Ин омил шакли пураи ҳолатҳои фавқулодаро нишон медиҳад, чунки ҳамаи ҳодисаҳое, ки дар натиҷаи сар задании ҳолатҳои фавқулода ба амал меоянд пурра ба инобат гирифта мешаванд ва бо ин тарз оқибати онро муайян кардан
Таснифоти ҳолатҳои фавқулодда, ки аз рӯи ҳудуди паҳншавии ҳолатҳои фавқулодда ба назар гирифта шудааст, дар ин маврид асоси ҳисоб карда мешавад. Лекин чизи дигареро, ки мо бояд ҳангоми сар задании ҳолатҳои фавқулодда ба назар гирем ин бояд на танҳо ҳудуди офати табии ба амаломада, балки омилҳои дигаре, ки дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда пайдо шудаанд ба назар гирем: масалан вайрон шудани механизми алоқаи иқтисодӣ, маишӣ, маданӣ ва ташкилӣ, инчунин дар ҳудуди ниҳоят калон тул кашидани офати табии яке ин омилҳо мебошад. Аз дигар тараф, ин омил бояд ба назар гирифта шавад, ки ҳангоми дар ҳудуди хурд сар задани офати табии табиист, ки оқибатҳои хунаангез ва калон дошта бошад. (ба монанди чапа шудани бинои серошёнаи истиқомати, ки боиси фавти миқдори зиёди одамон гардидааст). Таснифоти ҳолатҳои фавқулодда аз рӯи ҳудуди пайдоиш, таъсир ва оқибатҳои вазнини худ ба чунин гурӯҳҳо тақсим мешавад:
-миқдори одамоне, ки дар ин хҳлат зарар дидаанд;
-миқдори одамоне, ки дар натиҷаи ҳолати фавқулодда муҳити зисти онҳо халалдор карда шудааст;
-миқдори ҳисороти воридгардида;
-ҳудуди паҳншавии омилҳои таъсиркунандаи ҳолатҳои фавқулодда.
Чунин сабабҳои ҳолатҳои фавқулоддаро номбар кардан мумкин аст: -Иҷтимоӣ (низоҳои шаҳрвандӣ, бухрони иқтисодӣ, каҷравиҳои демографӣ).
-Табии-иқлимӣ (боронҳои сел, жола, хушксолӣ, туфонҳо, хунукиҳои сахт ва ғайра.
-Табии-геологӣ (заминҷунбӣ, обхезӣ, лағжиш, сел, тармафароӣ ва ғайра). -Экологӣ (ифлосшавии муҳит, тағирёбии ногаҳонии сатҳи обҳои зеризаминӣ ва ҳама равандҳои геологии хусусиятҳои техногенӣ дошта).