Асосҳои ташкили чорабиниҳои ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусиятҳои табиӣ ва техногенӣ

Саволҳои таълимӣ:

  1. Иншоотҳои  муҳофизатии мудофиаи гражданӣ;
  2. Эвакуасияи аҳолӣ аз минтақаҳои хатарнок ва ҷойгиркунии онҳо дар минтақаҳои бехавф;
  3. Истифодаи воситаҳои ҳифзи инфиродӣ ва воситаҳои тиббӣ; 4. Принсипи афзалиятноки давлатӣ.

                                    Адабиёт:

  1. Қонуни ҶТ «Дар бораи мудофиаи гражданӣ » Душанбе, 2004с.
  2. Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табӣ ва техногенӣ» Душанбе, 2004с.
  3. «Курси мухтасари МГ» Ғафуров Ф. Г. Малахов Ф. А. Душанбе, 2007с.
  4. «Мудофиаи гражданӣ» нашриёти «Ирфон» Душанбе, 1964с.
  5. «Мудофиаи гражданӣ» нашриёти «Ирфон» Душанбе, 1970с

        Иншоотҳои муҳофизати- иншоотҳои махсусан, ки барои ҳифзи аҳолӣ, ҳайати қувваҳои мудофиаи гражданӣ, инчунин техника ва амволи МГ пешбини шудаанд. Онҳо ҳифзи аҳолиро аз моддаҳои заҳрноки пуртаъсир, воситаҳои бактериологӣ ва аз офатҳои табии таъмин менамоянд. Ғайр аз ин одамони дар иншоотҳои муҳофизати буда аз осебҳое, ки дар натиҷаи гаштани дару деворҳо ва  аз таъсири ҳароратҳои баланд ва заҳролуд шудан бо моддаҳои оташангез ҳангоми сухторҳои калон эминанд. 

Иншоотҳои муҳофизати ба навҳои зерин ҷудо мешаванд:

   1. Аз рӯи ҷойгиршавӣ:

  • алоҳида сохташуда;
    • дар дохили бино сохташуда;
    • дар конҳо ва нақбҳои кӯҳӣ ҷойгиркардашуда;

   2. Аз рӯи таъинот;

  • барои ҳифзи аҳолӣ;
    • барои ҷойгир кардани нуқтаҳои идоракунӣ;    3.  Аз рӯи сохтмон:
    • пешаки сохташуда;
    • зуд бунёдшаванда (паногоҳҳои оддӣ).

   4. Аз рӯи таъминот бо таҷҳизотҳои ҳавотозакунӣ:

  • таъминот бо таҷҳизотҳои ҳавотозакунии истеҳсолӣ-саноат;    –  таъминот бо таҷҳизотҳои ҳавотозакунии оиддӣ, ки аз маводи         мавҷудбуда тайёр карда шудааст.

   5. Аз рӯи ғунҷоиш:

  • хурд – 150 то 300 нафар;    –  миёна – 300 то 600 нафар;
    • калон зиёда аз 600 нафар.

        Мувофиқи талаботҳои чорабиниҳои муҳандисӣ-техникии мудофиаи гражданӣ ҳамаи иншоотҳои муҳофизатӣ дар замони осоишта барои иқтисодиёт ва хизматрасонии аҳолӣ истифода мешаванд. Ин имкон медиҳад, ки паноҳгоҳҳо дар ҳолати хуб нигоҳ дошта шуда, барои қабул намудани одамон омода бошанд.

         Паногоҳҳо барои муҳофизати аҳолӣ аз таъсири омилҳои яроқи ядроӣ ва яроқи кимиёвӣ муайян шудаанд. Онҳоро дар тагхонаҳои иморатҳо (падвалы зданий) танзимшуда ва ҷудогона сохтан мумкин аст. Паногоҳҳо одатан аз утоқҳои асоси, ки барои одамон зарур аст ва утоқҳои ёрирасон иборат ҳастанд.

Ба утоқҳои ёрирасон инҳо дохил мешаванд:

  • утоқҳои даромадгоҳҳо;  –  утоқҳои тозакунӣ;
    • утоқҳои ёрирасон.

Вазифаҳои асосии звенаҳо аз инҳо иборатанд:

а) – Назорат аз болои дуруст истифода бурдан ва таъмину тайёрии          доимии паногоҳҳо барои қабули одамон;

б) _ Қабул ва ҷо баҷо гузоштани паноҳшавандагон дар ӯтоқҳо;

в) _ Мушоҳида кардан аз болои 

г) _ Хизматрасони ба таҷҳизоти ҳаводиҳи ва дигар таҷҳизотҳои дохили          паногоҳ.

          Ҳайти шахсии гурӯҳҳо, донистани тартиби таҷҳизот ва кори дохилии паногоҳҳоро донанд. Инчунин онҳо бояд тартиби даромадгоҳ ва баромадгоҳои эҳтиётӣ, қубурҳои обгузар, қубурҳои обпарто, шабакахои гармдиҳанда ва ҷойҳои қаът гардонидани хусусиятҳои кори онҳоро донанд.

         Ҳайати шахсӣ вазифадоранд, ки аз асбобҳои вояченкунӣ (дозиметрӣ барои он, ки ҷойҳои заҳролуд шудаанд) истифода карданро донанд. Тартиби пур кардани иншоотҳои паноҳбариро аз зарардидагон ва ҳамаи супоришҳои сардорони худор пурра иҷро кунанд. Аз ҳисоби ҳайати шахсӣ бояд на камтар аз 2 одам тарзи истифода бурдан аз асбобҳои вояченкуни ва кимиёвии разветкаро донанд. Хизматрасонии паногоҳ бар души хадамотҳои паногоҳ ва иншоотҳои паноҳбарии мудофиаи гражданӣ гузашта шудаанд. Ба ҳар як паноғоҳ звенаҳои хизматрасони ҷудо карда мешавад. Сардори звена сардори паногоҳ ба ҳисоб меравад. Коменданти паногоҳ бо ҳамроҳии ҳайати шахсӣ паногоҳро қабул мекунад, ҳангоми бонги изтироб ӯ бо ҳамроҳии зердастонаш фавран ба паногоҳ омада ҳама ба иҷрои уҳдадориҳои вазифавии худ шуруъ менамоянд. 

          Дар вақти пур кардани иншоотҳои паноҳбариӣ аз одамон мумкин аст, ки дар лаҳзаҳои ҷудогардонӣ, бесарусомонӣ ба амал ояд, ки аз ҳайати шахсӣ чораҳои фаврӣ дида мешавад. Сабаби бесарусомонӣ мумкин аст, ки нарасидани ахбороти дақиқ аз ҳолатҳои ба амаломада гардид ва аз ҳайати шахсӣ талаб карда мешавад, ки дар чунин мавридҳо худашонро аз даст надиҳанд. Сабаби дигари бесарусомонӣ ин набудани фармонҳои дақиқ хасташавӣ ва шидатнокии системаи асаби ҳайати шахсӣ шуда метавонад.

Дар таҳти назорати звенаҳои хизматрасонӣ 3 қарор дорад:

  1. Дар даромадгоҳи паногоҳ мавҷуд карда шудааст, ки др мавриди пур кардани паногоҳҳо бо бонги хатари (хатари ҳавои) як нафар назоратчӣ, ки дар даромадгоҳи асосӣ ҷойгир шудааст. одамонро ба паногоҳ дароварда ва тартиботро назорат мебаранд.
  2. Назоратчии дуюм дар даромадгоҳ аз дарун  истода одамонро баробар ба ҳуҷраҳо тақсим мекунад. Дар вақти гирифтани супориш дар бораи махкам кардани даромадгоҳҳо дидбонгарон онҳоро махкам карда, якумаш дар дари даромадгоҳ истода, дуюмаш барои ҷо ба ҷо кардани одамон ва риоя кардани тартиботи дохилӣ ёри мерасонанд. Ба души дидбонгарони дуюм тафтиши тайёрии таҷҳизоти ёрирасонӣ ҳаводиҳанда гузошта мешавад.
  3. Дидбонгарои сеюм барои равшани додан махкам кардани баромадгоҳҳои садамавӣ ва муайянкунакҳои таҷҳизотҳои ҳавокаш ва инчунин назорат бурдан оиди ҷобаҷо кунии одамонро бар души худ мегиранд.

      Диққати асосӣ ба он равона карда мешавад, ки паногоҳҳо ҳарчи зудтар аз паноҳшавандагон пур карда шаванд. Барои онҳо (паноҳшавандагон) бояд пешаки самти ҳаракат муайян карда шуда. Инчунин самти  паногоҳҳо бо лавҳаҳои лозими навишта шуда дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон гузошта, дар вақти шабона ба навиштаҷотҳо бояд равшани дода шавад.

     Пуркунии паногоҳҳо бояд муташакилона гузаронида шавад. Ҷо ба ҷо кардани одамон дар паногоҳҳо ба души ҳайати шахсии гурӯҳҳои хизматрасони гузошта шудааст. Шахсони кудакдор дар ҳуҷраҳо алоҳида (хонаи модару кӯдак) ҷой дода мешаванд.

     Баъди пур шудани паногоҳҳо ҳамаи таҷҳизоти обтаъминкунӣ ва гарми диҳи маҳкам карда мешаванд. Дар паногоҳҳо ғавғо бардоштан, даргирондани чароғҳо, шамъҳо, тамоку кашидан, овардани моддаҳои зуддаргиранда, ҳайвонот ва парандаҳо қатъиян маън аст. Ӯҳдадориҳои звенаҳои хизматрасонӣ, тарз ва амали рафтори паноҳшавандагон дар паногоҳҳо.

     Истифодаи паногоҳҳо дар таҳти роҳбарии звенаҳои хизматрасонӣ гузошта мешаванд. Звенаҳои хизматрасонӣ сари вақт ва бармаҳал тайёр кардани паногоҳҳоро барои қабули аҳолӣ, дуруст ҷобаҷо кардани онҳо, риоя кардани тартиби дохилӣ онҳо ва кори таҷҳизоти дохилӣ паногоҳҳоро ба вуҷуд оварда таъмин намояд. Бо мақсади ҳарчи зудтар пур кардани паногоҳо самти ҳаракат ба суи онҳо нишон дода мешавад.

Мисол: навиштаҷот ба самти паногоҳ.

Баъди он, ки нишондод тайёр шуд вай бо ранги сафед ранг карда шуда бо ранги сиёҳ навишта карда мешавад.

     Роҳравҳо дар самти паногоҳҳо бояд тоза карда шуда бошанд. Тартиби пур кардани онҳо барвақтар нишон дода мешавад. Пур кардан аз одамон фақат бо супориши сардори паногоҳ (комендант) ташкил карда мешавад. Кӯдакон бо падару модарашон бошад дар ҳуҷайраҳои алоҳида ҷой дода мешаванд. Бо паногоҳ овардани моддаҳои заҳролуди пуртаъсир, моддаҳои химикатии буй дошта, газ асбобу анҷоми калонҳаҷмро даровардан маън аст. Ва инчунин овардани ҳайвонот, ҳашарот, парандаҳоро дар паногоҳҳо нагузоред. Дар вақти фармони «Паногоҳҳо пушида шаванд» ҳайати шахсии звенаҳои хизатрасони даровардани одамонро ба паногоҳҳо қатъ мегардонанд, ва даромадгоҳҳо махкам карда мешаванд. Иншоотҳои паноҳбарие, ки дар минтақаҳои заҳролудшудаи кимиёвӣ, бактериологӣ ва радиатсиони мондаанд, вале аз таркиши яроқ зарар надиданд, то он вақт бояд қарор гирифт, ки фармони сардори гурӯҳҳо ногирифта бошад. То он муддате, ки дар вақти пуркунии иншоотҳои муҳофизати, таркиши яроқи ядрои то ҳол ба амал наомадааст системаи ҳавотозакунакҳо дар реҷаи «ҳавои тоза додан» кор мекунад. 

     Баъди таркиш ин системаро ба муддати 1 соат аз кор боз монанд, баъд онро дар реҷаи лозими ба кор омода месозанд.

    Баъди таркиши яроқи ядори барои вазъияти берунаро муайян намудан бояд, ки гурӯҳи разветка бо баромадгоҳи эҳтиёти (агар, ки баромадгоҳҳои асоси зери хок монда бошанд) ба берун баромада вазъиятро муайян созанд.

   Бо ин мақсад дар таъминоти гурӯҳҳои хизматрасонии паногоҳ 2-3 теъдод воситаҳои сабуки муҳофизатӣ ва ниқобҳои зиддигазии полоиши қарор доранд. Бо мақсади бехатарӣ ах иншоот дар ин маврид набояд аз  2 – одам ба берун бароянд ва фақат бо либосҳои махсуси муҳофизатӣ.    Дар берун онҳо бояд дараҷаи харобиҳои биноҳо, вайронаҳо ва вазъияти сухторҳои ба амал омада меъёри заҳролудшавии радиатсиони ва кимиёвиро муайян созанд. Дар ҳолати вайронаҳои бузург онҳо бояд, ки самти эҳтимолии хароҷотҳои одамонро баъди баромадан аз паногоҳҳо муайян кунанд.

    Самти ҳаракатро бояд чунин муайян кард, ки маркази таркиш муқобил бошад  ва аз маҳалҳои хонаҳои якошиёна гузарад.

     Самти ҳаракатро ба тарафи соҳилҳои дарёҳо, боғҳо, обгузаргоҳҳо ва дигар маҳалҳои бехатар муайян созанд. Одамон иншоотро баъди тамом шудани бонги хатар тарк мекунанд. Тарк кардани иншоотҳои паноҳбарӣ аз сабаби дигар низ вобастаги дорад.

Ин сабабҳо чунинанд:

  • Вақте, ки иншоотҳои муҳофизати имконияти додани ҳавои тоза ба мушкилиҳо мубадал мегардад.
  • Вақте, ки дар иншоотҳои муҳофизати хатари сухтор таҳдид мекунад.
  • Дар ҳолате, ки иншоотҳои муҳофизати зери об монданашон аз имкон берун нест. 

Ба ҳамаи чорабиниҳои оиди муҳофизати одамон сардори мудофиаи гражданӣ иншоотроҳбари мекунад. Роҳбари аз нуқтаҳо ба воститаҳои алоқа ҷиҳозонидашуда ба амал меояд.

           Чун, ки ин нуқтаҳои роҳбарикунанда воситаҳои алоқа ба дигар иншоотҳои муҳофизати пайвастагӣ доранд. Дар вақти дар паногоҳҳо будани одамон диқати махсус ба он равона карда мешавад, ки назоратро оиди таҷҳизоти ҳаводиҳанда, ҳарорати дохилии иншоот, намноки ва газнокии он қатъ намоянд 

     Дар шароите, ки то вақти пешбинишуда оиди истифодаи паногоҳҳо, ҳодисаҳои фавқулодда ба монанд таги об мондан, вайрону валангоршудани паногоҳҳо, сухторҳо ва дигар офатҳо руй медиҳанд зарур аст, ки одамон аз он бароварда шаванд.

Дар ин ҳолат одамонро ба дигар паногоҳҳо ё ин, ки таҳхонаҳҳои биноҳо

ва берун аз маҳалаҳҳои заҳролудшуда кучонанд.                                                          

              Паногоҳҳо барои муҳофизати одамон аз таъсири ҳамагуна моддаҳои пуртаъсир ва яроқи кимиёвӣ бунёд шудаанд. Иншоотҳои паноҳбариро низ барои биноҳои маъдани-санитарии хизматрасони барои мардум (синфхонаҳо, ҳамом ва ғайра) истифода кард.

 Тарзи истифодабари ва хизматрасонии иншоотҳои паноҳбарӣ дар дохили иншоот тарзу тозагиро риоя намудан ба души сардори қисм гузошта шудааст.

Дар звенаҳои хизматрасони 3 дидбонгоҳ ба ҳисоб меравад.       А)  Дар даромадгоҳи асосӣ.

      Б)  Тафтиши тайёрии кори ҳавотозакунакҳо.

      В)  Дар ҳолати таги об мондани паногоҳҳо дар ҳама ҳуҷраҳои паногоҳҳо қуваи барқро қатъ карда даромадгоҳҳои саддамавӣ ва танзимкунакҳои ҳаводиҳиро маҳкам мекунанд.

         Тартиби пур кардани паноҳбарон дар чунин самт қарор дорад: кӯдакон, муйсафедон ва шахсони касалмандро дар ҳуҷраи тибби ё ин, ки дар назди деворҳои эмингардони наздиктар ба воститаҳои ҳавокашакҳо ҷой дода мешавад.

          Дар вақти пур кардани одамон дар паногоҳҳо мумки аст, ки ҳарорати дохили онҳо баланд шуда, газҳои бутикунанда хориҷ шаванд. Дар ин маврид вақти истодан дар дохили паногоҳҳо аз 2 соат то 4 соатро ташкил медиҳад. Ин аз он сабаб ба амал меояд, ки таҷҳизоти ҳавотозакунанда аз кор набаромада бошад.

Баландшавии ҳарорати дохили иншоотҳои муҳофизатӣ, ки дар натиҷаи ба организми одам моддаҳои заҳролуд дохил мешаванд аз сабаби дар вақти гармии тобистон пур будани иншоотҳои муҳофизатӣ мебошад. Барои ҳамин зарур аст, ки як қатор чорабиниҳо оиди кам кардани зарар дида шаванд. 

  1. Кӯдакон, занон, пиронсолон ва шахсони касалимандро дар ҳуҷраҳои алоҳида, ё ин, ки дар ҷойҳои пешбинишуда ҷой додан лозим.
  2. Бобаландшавии ҳарорати дохили лозим аст, ки либосҳои гарм аз тан кашида шаванд. 
  3. Барои иваз кардани либос ба паноҳшавандагон лозим, аст, ки як теъдод либоси дигаро бо худ гиранд. 
  4. Дар ҳолати муддати зиёд дар паногоҳ мондани одамон ҳамаи шароитҳоро оиди истироҳати онҳо муайян сохтан лозим аст.
  5. Коргарон ва хизматчиён бояд, ки қобилияти кории худро гумм накунанд. 

           Барои ин ҳама чорабиниҳо ташкил кардани ҷоиҳои дамгирии онҳоро муайян кардан лозим аст. Барои таъмин кардани истироҳати хубтар ба одамон лозим аст, ки бо худ болиштҳои майда ва дигар лавозимотҳоро гиранд. 

Дар паногоҳҳо чунин маводҳо заруранд.

  1. Ҳуҷатҳои шахсӣ (паспорт, билети ҳарби, диплом, шаҳодатнома дар бораи таваллуди кӯдауон).
  2. Воситаҳои муҳофизатӣ роҳҳои нафаскашӣ, дорумонакҳо ва воситаҳои муҳофизатии зиддикимиёвӣ.
  3. Хурокворӣ ба муддати 2-3 шабонарӯз.
  4. Ба қдри имкон либоса, пойафзол, либоси таг ва лавозимоти шустушуи. 5) Аз хурокворӣ бошад, аз рӯи шумораи оила лозим аст, ки инҳо гирифта шаванд. (консерваҳо, сухари, хасибҳо, печение, шакар) ва дигар хӯроквориҳое, ки дертар вайрон мешаванд.

Инчунин бо худ дар зарфҳои махсус оби нушоки гирифтан лозим аст. Дар ҳолатҳои алоҳида лозим меояд, ки чунин воситаҳо ба монанди (корд, фонуси қисагӣ, гугирд ва хуштак) гирифтан лозим.

Хусусан дар гирифтани либосҳо диқати махсус додан лохим аст. Дар ин ҳолат фасли сол мавқеи минтақаи ҷойгиршударо ба назар мегиранд. Дар вақти эвакуатсия кардан бо воситаи техника вазни умумии лавозимот на бояд аз 50  килло бошад. Дар вақти эвакуатсия бо шакли пои пиёда ҳар шахс бояд он қадар бор гирад, ки ӯ бардошта тавонад. 

          Паноҳшавандагон бояд ба реҷаи дохили тартиб, рафтор, ки аз тарафи ситоди маҳаллии мудофиаи гражданӣ муайян шудааст риоя намоянд. Худсарона аз дохили паноҳгоҳ баромадан қатъиян маън аст. Дар ин ҳолат ба ин қоидаҳо, бояд катъиян риоя кард.

  • Даромадгоҳ ва пардае, ки дар он вуҷуд дорад, инчунин таркишҳои воситаҳои ҳаводиҳанда бояд, ки баъди 3 соати дар дохили бино будан маҳкам карда шавад. Баъдтар барои тоза кардани ҳавои дохили бино сарпуши ҳавокашакро кушодан лозим. 
  • Дар вақти шамоли сахт, агар ки шамол аз тарафи даромадгоҳ вазида истода бошад, дар даромадгоҳҳоро қатъиян кушодан маън аст.
  • Фарши биноро бояд, ки ҳатман тар кардан лозим аст.  
  • Дар ҳолати зарур будан баромадан ба берун ба маҳалаҳои заҳролудшуда лозим меояд, ки воситаҳои муҳофизатии фарди пушида шавад ва дар вақти бозгаштан чангу ғубор афшонда шуда, оҳиста онҳоро кашида дар даромадгоҳ нигоҳ доштан лозим аст.
  • Дари баромадгоҳҳоро дар ҳолати кӯшода будани ҳавокашак кушодан мумкин аст. Ҳавокашакро фақат ҳангоми ба берун баромадан баъди 1015 дақиқа кӯшодан мумкин. Ин ҳам бошад баъди чангу ғубор паст шудан. 

Баъди 2-3 рӯзи дар паноҳгоҳ будан лавозимотҳои дохили иншоотро бо латаи тар тоза кардан мумкин аст. 

  • Дар вақти хурок хурдан ва об нушидан даромадгоҳҳо бояд маҳкам бошад. 

Хуроквори ва об бояд, ки дар ҷойҳои лозими ва бехатар ҷойгир карда шаванд.

  • Дар паногоҳҳо сигор кашидан маън аст.
  • Дар вақти аз лавозимотҳои даргиранда (лампаҳои карасинӣ, шамъ) истифода кардан лозим меояд, ки онҳо дар наздикии ҳавокашакҳо ҷойгир шаванд.
  • Дар фасли зимистон дар ҳолати истифода дар тафдонҳо дар ҳолати маҳкам будани ҳавокашаки онҳо ба кор бурда мегардад.
  • Дар ҳолати ба садама гирифтор шудани иншоотҳои паноҳбарии коменданти паногоҳ ёрии таъҷилиро интизор нашуда аз ҳисоби паноҳшавандагон гурӯҳи фаври ташкил карда, ба берун баромаданро ташкил мекунанд. 

Яъне: Кушодани роҳравҳои дар таги чангу хок мондашуда.

  • Дар ҳолате, ки ҳамин баромадгоҳҳо дар зери хок мондашуда бошанд паногоҳшавандагонро фақат баъди роҳравҳоро кӯшодан ба берун мебароранд. Баъде, ки аз зери чангу хок баромадан ба берун фақат аз 1 нафар то 3 нафар одам баромада, барои тоза кардани баромадгоҳҳо аз садама ё дар зери хок мондашуда ягон имконияте набошад лозим аст, ки деворро сурох карда одамонро ба ҷойҳои камзарардида кӯчонда баъд барои баромадан чораҳои зарури андешида шаванд.
  • Дар паногоҳҳои ҳозиразамон, ки онҳоро ах оҳану бетон сохта шуданд  дар вақти садама руйдодан фақат як роҳи баромадан аст. Ин ҳам бошад тоза намудани баромадгоҳҳо эҳтиёти аз дохили паногоҳ.
  • Паноҳгоҳҳое, ки баромадгоҳҳои эҳтиёти надоранд дар зери вайронаҳо монданашон мумкин аст. Ва барои ҳамин барои ёрирасонидан ба онҳо дар вақти садама фақат гурӯҳҳои наҷодиҳандагон равона кардан лозим аст.  Хизматрасонии тибби бо ёрии худи дружинаҳои санитарӣ бурда мешавад, ки онҳо бо таҷҳизотҳои зарурӣ доруҳо таъмин шудаанд. Ёрии аввалини тиббӣ расонидан ба шахсони заҳролудшуда ва беморон, назорат бурдан аз болои тақсимоти хӯрока ва об вазифаи асосии дружинаҳои санитарии ба ҳисоб меравад. 
  • Таъмини об миқдор ва ченаки худро дорад. Ин ҳам бошад ба як одам дар як соат ба миқдори 2-литр об сарф мешавад ва 25-литро дар як шабонарӯз ташкил медиҳад. Дар ҳолате, ки об аз қубурҳои обгард таъмин мегардад обро бояд ба банкаҳои махсус гирифта эҳтиётона нигоҳ доштан зарур аст. Дар вақти вуҷуд надоштани қубурҳои обгузар миқдори таъминоти об ба як одам 2-литр дар як шабонарӯз ташкил мегардад.
  • Аз дохили паногоҳ эвакуатсия кардани одамон ба чунин тарз гузронида мешавад. Аввал ба берун якчанд одам вазъиятро аз назар мегузаронанд. Баъдан онҳо барои баромадан  аз паноҳгоҳ ба шахсоне, ки худашон қобилияти берун баромаданро надоран ёрӣ медиҳанд. 

Баъди онҳо ба берун зарардидагон, муйсафедон ва кудакон мебароянд. Дигарон бошанд баъди ҳама ба берун бароварда мешаванд. Вазифаҳои асосии звенаҳо ин назорат аз болои дуруст истифода бурдан ва тайёрии ҳаматарафа доштани иншоотҳо барои қабули одамон, қабул ва ҷобаҷокунии паноҳшавандагон дар утоқҳо ба ҳисоб меравад.

  • Хадамотҳои паноҳбари дар асоси хадамотҳои манзилии вилояти (райони, шаҳрӣ) ташкил мегарданд. Дар назди хадамотҳои хизматрасони чунин вазифаҳо гузошта шудааст.
  • Ба ҳисобгирии фонди паноҳгоҳҳо новобаста ба ҷойгиршавии корхонавӣ ва назорат аз болои тайёр будани паноҳгоҳҳо барои қабули одамон.
  • Назорати қатъи барои дуруст нигоҳ доштани иншоотҳои паноҳбарӣ сохти таркиби онҳо таҷҳизоти муҳандисӣ-техникӣ, ки сохтомни онҳо ба охир расидааст бурда мешавад.
  • Коркарди нақшаи ҷамъшавии фондҳои иншоотҳои паноҳбариро дар давраи осоишта ташкил тайёрии гурӯҳҳо оиди хизматрасонии паноҳгоҳҳо дида мебароянд.

Корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳое, ки иншоотҳои паноҳбариро дар давраи осоишта истифода мебаранд, баъди қабули онҳо шахсони мутасаддиро таъмин менамоянд, ки онҳо назоратро аз болои дуруст нигоҳ доштан, нигоҳубини таҷҳизот ва таҷҳизоти муҳандисӣ-техникӣ мустаҳкам кунанд. Дар вақти истифода бурдан аз иншоотҳои муҳофизатӣ дар замони осоишта ба ҳамаи талаботҳо риоя кардан лозим аст, чунки онҳо барои гузоштан дар муҳлати муайяншуда барои реҷаи паноҳшавӣ тайёр бошанд.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.