Хатарҳои нав, вобаста ба амалҳои террористӣ

                                  Саволҳои таълимӣ:

  1. Маълумот дар бораи терроризм;
    1. Тартиби риояи чорабиниҳои эҳтиёти оид ба пешгирии амалҳои террористӣ.

                                    Адабиёт:

  1. Қонуни ҶТ «Дар бораи мудофиаи гражданӣ » Душанбе, 2004с.
  2. Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табӣ ва техногенӣ» Душанбе, 2004с.
  3. «Курси мухтасари МГ» Ғафуров Ф. Г. Малахов Ф. А. Душанбе, 2007с.
  4. «Мудофиаи гражданӣ» нашриёти «Ирфон» Душанбе, 1964с.
  5. «Мудофиаи гражданӣ» нашриёти «Ирфон» Душанбе, 1970с

Терроризм – ин амали зӯригарии ғайри легалии муташаккил буда, бар зидди сохти сиёсӣ равона гардида, мақсади тарсонидан, ноумед кардани одамон ва ба худ муттаваҷҷеҳ гардонидани онҳо мебошад.  Терроризм мазҳаб, дин, миллат, давлат ва сарҳад надорад. 

   Терроризм аз калимаи лотинии  “Terror» – тарс, воҳима, ваҳшоният гирифта шудааст ва истифодаи зуровари ё таҳдиди истифодаи онро нисбати шахсони алоҳида ё гурӯҳи одамон ё иншоотҳои гуногун бо мақсади ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳи сиёсӣ, иқтисодӣ, ғоявӣ ё дигар мақсади террористон фаҳмида мешавад.  Терроризм – мачмӯи аломатҳоест, ки ба фаъолияти ҷинои мансуб мебошад. 

Якум- аломати фарқкунандаи терроризм ин он аст, ки хатари баланди ҷамъиятиро дар натиҷаи ба вуҷуд овардани амалҳои умумии хатарнок  ба вуқӯъ меоранд, дар ин ҳолат ақидаи террорист ба марг расонидани шахсоне, ки ба гарав гирифта мешаванд, мебошад.

Дуюм- терроризм амалҳои худро ба тарзи намоиши ҷамъияти ба иҷро мерасонад.

 Сеюм – он ин пешаки  фароҳам овардани вазъияти муташаннич,  вохима, тарс аст. Тарс , воҳимаро террористон  барои ба мақсадҳои гаразноки худ  ноил шудан  истифода мебаранд. 

Чорум-ҳангоми амалҳои терриристи зуроварии умумихатарнок, ки   нисбати баъзе шахсон амали карда мешавад, барои таъсирбахши ва ибрат барои дигарон нишон дода мешавад ва бо ҳамин тарз барои ба амалҳои муайян ҷалб кардани дигар шахсон истифода карда мешавад.  

Яъне терроризм – ин ҷиноятест, ки нисбати гурӯҳи одамоне барои ноил шудан ба ҳадафҳои гаразноки  муайяне  амали карда мешавад.           Тибқи моддаи 179-и Кодекси ҷиноии Ҷумҳурии Тоҷикистон терроризм яъне содир намудани таркиш, сӯхтор, тирпаронӣ аз яроқи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷамъият хавфнок мегардад. Ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ва расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор, инчунин таҳдиди анҷом додани кирдорҳои зикршуда бо ҳамин мақсадҳо мебошад. Барои ин амал аз озодӣ ба мӯҳлати аз 5 то 10 сол маҳрум сохта мешавад. Агар ин кирдор:

  • Аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳаим пешакӣ;
  • Такроран содир шуда бошад, бо маҳрум сохтан аз озодӣ аз 8 то 15 сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад. Агар кирдори пешбининамудаи зикргардида:
  • Аз ҷониби гурӯҳи мутташакил;
  • Дар алоқамандӣ бо таҳдиди истифодаи яроқи қатли ом, маводи радиоактивӣ ё иҷрои дигар кирдоре, ки ба ҳалокати оммавии одамон оварда мерасонад;
  • Дар ҳолати ретсидивии махсусан хавфнок содир шуда бошад; – Аз беэҳтиётӣ боиси марги инсон ё дигар оқибатҳои вазнин гардида бошад, бо маҳрум сохтани аз озодӣ ба мӯҳлати аз 15 то 25 сол бо мусодираи амвол ё якумра аз озодӣ маҳрум сохтан ҷазо дода мешавад. Тибқи моддаи 180-и Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон барои паҳн кардани иттилооти баръало бардурӯғ оид ба рух додани таркиш, сухтор ё дигар кирдоре,ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба амвол ё ба рух додани оқибатҳои дигари барои ҷомеа ҳавфнок меорад, бо корҳои ислоҳӣ ба муддати то 2 сол ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба ҳамин мӯҳлат ҷазо дода мешавад.

     Терроризм -зуҳуроти вазнин ва хатарноки замони хозира мебошад, ки ба ти бештари молию ҷонӣ оварда мерасонадШахсе, ки дар омода сохтани кирдори терористӣ иштирок дорад, агар мақомоти давлатиро сари вақт огоҳ созад ё бо роҳи дигар содир гаштани кирдори террористиро пешгирӣ кунад ва агар дар ҳаракатҳои ин шахс дигар таркиби ҷиноят мавҷуд набошад, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда мешавад. 

     Экстремизм – зуҳуроти идеология ва сиёсат дар сатҳи ҷомеа ва сиёсати давлатӣ, ки усули ба мақсад ноилшавӣ бо роҳи зӯроварӣ ва терроризм мебошад. Зӯроварӣ, зулм, фишороварӣ, таъҳқир ва паст задании шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ аз ҷониби ҷомеа ва давлат эътирозро ба вуҷуд меорад. 

Терроризм –  ба чунин гурӯҳҳо ҷудо карда мешавад:

  1. Мувофики аломатхои ҳудуди:

а) байналмиллалӣ;

б) дохилидавлатӣ;

  • Вобаста ба хадафхои ҷинои:

а) сиёсӣ;

б) миллӣ:

в) динӣ;

  а)  Терроризми сиёси – (асосан дар Европа) даврае аз ҳама баланд буд, лекин давлатҳо бо  он мубориза бурда тавонистанд. Ин намуди терроризм самти дутарафа дорад. Аз як тараф, ин муборизаи гурӯҳҳои гуногун бар зидди Ҳукуматхои фаъолияткунанда ( «Бригадаҳои сурх» дар Италия, «Армияи муттахидаи сурх» дар Япония, «Гурӯҳҳои инкилоби» дар Германия) ва ғайра. Аз дигар тараф, ин терроризми давлатӣ, ки аз тарафи хадамотхои махсус барои фоидаи давлатҳо амали карда мешавад. Ин гуна усулхо аз тарафи   хадамотҳои махсус барои нобуд сохтани душманони давлати истифода бурда мешаванд . Инро Кумитаи амнияти СССР, ЦРУ (ИМА), МассаД (Изроил) истифода бурдааст. Лекин ин хел аксияҳои террористи камшумор ҳастанд ва дар зери фишори ҷамъияти кам карда мешаванд.

Б) Терроризми милли – ин усули муборизаи халкхо барои ташкил кардани давлати мустақил, дар вакте ки халқҳое, давлати мустақили худро надоранд, истиклолиятро талаб мекунанд ва ярокро ба даст мегиранд. Масалан муборизаи курдхо барои давлати мустакил,  ки бо Туркия, Эрон, Ирок ва Сурия  мубориза мебарад.Инчунин муборизаи баскхо, ки 1млн дар Испания ва 250000 нафар дар Франсия зиндаги мекунанд, мехоханд аз Испания чудо шуда давлати мустақил созанд. Ё муборизаи Армияи ҷумхуриявии Ирландия , ки мехоҳад аз ҳайати Великобритания (Ирландияи шимолӣ, Шотландия, Уэльс) баромада  давлати мустақили худро барпо кунад.

 В) Терроризми динӣ – аз хама намуди хатарноки терроризм , ки ба фанатизми дини асос ёфтааст. Хамчун мисол, муборизаи давлати Фаластин бо Исроил, Дар ин мубориза  тарафи Фаластинро хамаи давлатхои араб дастгири менамоянд. Яке аз асоситарин дастгирандагони он ин Усама бини Ладан буд, ки  ташкилоти «Ал-Коида» ро ташкил  намуд , ки максади он ташкил кардани давлати ягонаи чахонии исломи, ва бар зидди кофирон, хусусан Америкаю Исроил , давлатхои Аврупо амалхои террористиро анчом медихад Мисол, амали террористии 11сентябри соли 2001 дар Нью-Йорк дар Маркази  савдои умумичахони,  аз 110 ошёна иборат буд, ки дар натича одамон ба халокат расиданд. 

Инчунин дар давраи хозира намудхои зерини терроризмро низ чудо мекунанд: терроризми ядрои, терроризми экологи, терроризми биологи, терроризми психологи,  кибертерроризм (терроризми компьютери, электрони). Кибертерроризм ҳуҷуми максадноки ба иттилоот, ки компютер коркард менамуд, системаи компютери ё шабакаи компютери, ки хатарро ба  хаёт ва саломатии одамон    ба вуҷуд меорад, агар ин амалҳо бо мақсади халалдор намудани амнияти ҷамъияти, тарсонидани аҳолӣ, фитнаи низоъи ҳарбӣ ташкил шуда бошанд.

 3. Сабабхои терроризм: 

1. Иҷтимои-иқтисодӣ; 2. Сиёсӣ; 3. Динӣ.

Сабабхои иҷтимои-иктисодӣ :

  1. Паст шудани сатҳи зиндагӣ бо дифференциацияи(тақсимкунӣ, ҷудокунӣ) зиёди иҷтимои, ки сабаби пайдо шудани чунин омилҳои ичтимоӣ-психологӣ мегарданд, ба монанди кина, бахилӣ, нотавонбинӣ, ҳасрати давраҳои гузашта;
  2. болоравии нарху наво, бухрони иктисоди ва энергетики;бекурбшавии пул;
  3. зиёдшавии бекорӣ, ки проблемахои муҳоҷират, оворагӣ, ва носозгориро дар давраи иқтисодӣ бозоргони ба амал меорад.
  4. пахншавии яроқ  дар байни аҳолӣ, ҷалбкунии кадрҳои ҳарбии бекормонда дар сохторхои ҷинои, дастрасии зиёд ба яроқ ва шумораи зиёди харбиёни коркобанда;
  5. пахнкуни ба воситаи ВАО ғояхо ва акидахое, ки ба зиёдшавии хушунат, нобаробари, дар майнаи одамон чойгиркуни акидаи пуркудратии  террористон;

 Сабабхои сиёсӣ:

1. Таъкибкуни аз ҷониби гурӯҳи хукмрон хизбҳои мухолифин;

2.Маҷбуран ворид намудани навоварихои сиёси-ичтимои барои ин чамъият номаъмул  аз тарафи гурухи хукмрон;

3.Хуручи низоъхои сиёсии дохили дар дохили худи давлат;

  • Мукобилоии хадафхои ду давлат дар ягон минтака;
  • Тафрикаандозии миллии максаднок аз тарафи шахсони алохида, гуруххо,хизбхо;

6.Хавасмандкунии терроризм дар сатхи сиёсати давлати (Лубнон,Ирок,

Афгонистон)

Сабабҳои динӣ:

  1. Фанатизм- Чиход – террористон – шахидон;
  2. «Харакати Толибон» дар Афгонистон, «Ал-Коида», Чеченистон,

Догистон, Ингушения, «Бародарони мусулмон» «Харакати исломии Узбекистон –Партияи исломии Туркистон»

      15.01.1995с. – якчанд таркиш – Донишгохи давлатии омузгории Москва, Мехмонхонаи «Метрополь», мактаби физико-математикавии №354,  курбони нест;

    14.06.1995с. Буденовск (Ставропол. Кр.) – Шамил Басаев- ба беморхонаи шахри хучум кард. Курбониён -136 ахоли, 18 корманди милиса, 18 харбиён.

     11сентябри соли 2001 амали террористи дар Нью-Йорк дар Маркази  савдои умумичахони, ки  аз 110 ошёна иборат буд, анҷом дода шуд, ки  ки дар натича одамони зиёде  ба халокат расиданд.  

     Бояд кайд намуд, ки барои амалӣ намудани амалҳои террористӣ бисёр вакт аз террористҳо-камикадзе – террористони худкуш низ истифода карда мешавад. Барои мисол, бори аввал соли 1981 дар сафоратхонаи Ирок дар Бейрут  террористи худкуш  ин амалро ба ҷо овард, ки дар натиҷа 27 нафар ба ҳалокат расида садҳо нафар ярадор шуданд.   Маҳз террористони худкуш таркишҳоро дар  сафоратхонаи ИМА да Танзания  ва Кения амалӣ намуданд. Ташкилоти сепаратистии «Палангони озодибахши Тамил Илама» аз ин усул бисёр истифода бурдааст. Чунончи , соли 1991 террористзани худкуш бо хамроҳии Сарвазири Ҳиндустон Раҷив Ганди тарконду дар соли 1993 бошад, президенти Шри Ланка Прендеса дар таркиши террористи худкуш ба ҳалокат расида буд. Дар давраи ҳозира барои иҷрои ин амалҳои террористи аз занҳо истифода мебаранд. Аввалин занони террористи худкуш дар Фаластину Исроил дар аввалҳои соли 2012 пайдо шуданд. 

     Ҳамин тавр, терроризм стратегия ва усули мубориза аст,ки сабаби ҳалокати одамони зиёд мегардад.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.