Маълумоти умумӣ дар бораи кӯлҳо обанборҳо ва пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

                          Саволҳои таълимӣ:

  1. Маҳал ва сабаби  пайдоиши кӯлҳо;
  2. Сабабҳои эҳтимолии рахнашавии кӯлҳо;
  3. Маълумоти мухтасар дар бораи обанборҳо ва пиряхҳои ҷумҳурӣ;
  4. Чорабиниҳои андешидашуда оид ба ҳифзи аҳолӣ ҳангоми рахнашавии кӯлҳо.

Адабиёт:

  1. Қонуни ҶТ «Дар бораи мудофиаи гражданӣ » Душанбе, 2004с.
  2. Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» Душанбе, 2004с.
  3. «Курси мухтасари МГ» Ғафуров Ф. Г. Малахов Ф. А. Душанбе, 2007с.
  4. «Мудофиаи гражданӣ» нашриёти «Ирфон» Душанбе, 1964с. 5. «Мудофиаи гражданӣ» нашриёти «Ирфон» Душанбе, 1970с       Об хосиятҳои созанда, вайронкунанда, барбоддиҳанда, маҳлулкунанда, ҳомили ҳамагуна моддаҳои ғайриорганикӣ буда такшиншави ҷинсҳо дар он ба вуҷуд меояд.

Яке аз проблеммаҳои муҳими ҷаҳони муосир истифодаи оби тоза аст. Қариб 80% кишвари ҷаҳон дучори ин мушкилот гардидаанд. Мувофиқи маълумотҳои оморӣ, нисфи аҳолии ҷаҳон бо сабаби олуда гаштани об дар шароити зиддисанитарӣ зиндагӣ мекунад.

Ҳарсол дар ҷаҳон бештар аз 5 миллион нафар дар натиҷаи истеъмоли оби ифлос вафот карда зиёда аз 3 миллиард нафар ба бемориҳои гуногун гирифтор мешаванд.

Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об аст. Ба ҳисоби миёна ҳарсол захираҳои обӣ (яху пиряхҳо, кулҳо, обанборҳо, дарёҳо ва шаршараю ва обҳои зеризаминӣ) ҶТ 86, 5 км3-ро ташкил медиҳанд, ки 51,2км3– и дар қаламрави ҶТ сарф мешавад.

Истифодаи нодурусти об сари вақт накардани ҷую захбурҳо қисман ё пурра таъмирталаб будани иншоотҳои гидротехники дар бисёр ноҳияҳо сабабгори баландшавии обҳои зеризамини шуробандии киштзорҳо ва камшавии ҳосилнокии он, хушк гардидани дарахтон, заҳу рутубатнок шудани хонаҳои истиқомати ва боиси пайдо шудани касалиҳо гардид.

Дарёҳо

Мавқеи тиббию ҷуғрофии орография. Шароити иқлимӣ ва бисёр будани захираи пиряху тармаҳо омили асосии пайдоиши дарёю кулҳои Тоҷикистон мебошанд. Тули умумии дарёҳое, ки аз 10 км бештар дарозӣ доранд ба 28500 км мерасад.

Ҳамаи дарёҳои Тоҷикистон ба ҳавзаи баҳри Арал таалуқ доранд. Дарёҳои асосии Тоҷикистон: Аму, Панҷ, Вахш, Сир, Зарафшон ва ғайраҳо мебошанд. Дарёҳо вобаста ба манбаи ғизои низом ва аҳамияти хоҷагӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд.

Дарёҳои Тоҷикистон аз ҷиҳати ғизогирӣ 4 навъ мешаванд: пиряхӣ, барфӣ, боронӣ, ва обҳои зеризаминӣ.

Низоми дарёҳо ба тарзи ғизогири вобаста аст. Аксари онҳо дар тӯли сол ду маротиба- баҳорон вақти об шудани барф ва боронгарӣ ва тобистон дар натиҷаи обшавии пиряхҳо туғён мекунанд.

Дарёи Панҷ ба ҷумлаи яке аз дарёҳои калонтарин мансуб буда 921 км қад –қади сарҳади Ҷанубии ҷумҳурӣ ҷори мешавад. Дарёи Панҷ чандин шохоб дорад: Шохдара, Бартанг, Мурғоб, Оқсу, Язғулом, ғунд, Ванҷ, Кисилсу ва ғайра ҳамаи дарёҳо як ҷо шуда дарёи Амуро ташкил медиҳад, ки 35 км дар қаламрави Тоҷикистон ҷорӣ мешавад. Тӯли дарёи Аму 2315 км мебошад. Вахш бузургтарин шоҳоби Аму мебошад, ки 5 24 км мебошад.

Кӯлҳо

Асосан кӯлҳо дар Тоҷикистони Марказӣ ва Помир ҷойгирфтаанд. Дар ҳамвориҳо кӯлҳо фақат дар дарёбодҳо воқеъ гардидаанд. Вобаста ба пайдоиши ҳавзча кӯлҳо ба пиряхҳи тектоникӣ ва ярчӣ ҷудо мешаванд. 1. Ба кӯлҳои пайдоишашон пиряхи метавонад аксари кӯлҳои Помири

Шимолӣ ва Шарқиро мансуб донист: Қароқӯл, Заркӯл, Шӯр, Кӯлранг, Кӯлва ғайра аз ҷумлаи кӯлҳои калон ва баландкӯҳи ҷаҳон ҳисоб мешаванд.

Ҳамаи онҳо дар баландии зиёда аз 3700- 4000 м ҷойгир шудаанд. Калонтарин кӯли пайдоишаш пиряхию тектоники Тоҷикистон Қароқул аст. Масоҳати он 380 км 2чуқуриаш 236 м оби кӯл шӯр буда ҳаёт нест. 2. Ба кулҳои ярчӣ мансуб: Яшилкӯл ва Сарез мебошад. кули Сарез ва Яшикӯл дар натиҷаи афтиши кӯҳҳо ба вуҷуд омадааст, кӯли Сарез ҷавонтарин кӯл ва чуқуртарин кӯл ба ҳисоб меравад. Дар Тоҷикистон ба ғайр аз кӯлҳои табии боз кӯлҳои сунъи низ мавҷуданд. Ин кӯлҳоро бештар обанбор меноманд. Масалан обанбори Қайроқул, обанбори аз ҳама калон аст, ки онро «Баҳри Тоҷик» низ меноманд масоҳати он 520 км 2 ва ғунҷоишаш 4160 млн м 3мебошад.

Пиряхҳо

Куҳҳои осмонбуси Тоҷикистон манбаи бузурги пиряхҳо мебошад. Масоҳати умумии пиряхҳо тақрибан 8,5 ҳазор км2буда қариб 6 фоизи сарзамини ҷумҳуриямонро ташкил медиҳад.

Чунин ғуншавии миқдори ях дар натиҷаи ғунҷшавии барфҳои бисёрсола, ки тақрибаан дар баландиҳои 3000-3500 метр сар мешаванд, ба вуҷуд омадааст. Пиряхҳо хусусан дар баландиҳои аз 3500 то 5300 метр бештаранд. Пиряхҳои калон мисли дарёҳо ном доранд: Федченко, Грум, Грум- Грамайло, Зарафшон, Гармо, Хирсон ва ғайраҳо.

Пиряхи аз ҳама калони Тоҷикистон пиряхи аз ҳама калон пиряхи Федченко мебошад, ки дар нишебиҳои шарқии қаторкуҳҳои Академияи илмҳо ҷой гирифтааст.дарозиаш 77 м ва бараш 5 км ғафсиаш то 1000 м мебошад. Пиряхҳои захираи бузурги об буда, дар кишоварзии ҷумҳуриҳои осиёи Миёна Аҳамияти бағоят калон дорад. Дар авҷи гармои фасли тобистон, ки барфҳои мавсими ҳама об мешаванд, пиряхҳо ба боғу бустон ва киштзорҳо оби ҳаёт медиҳанд. Бинобар ин, омӯзиши обшавӣ ва ҳаракати пиряхҳо нафақат аҳамияти илмӣ, балки аҳамияти амали низ дорад. Дар пиряхи Федченко баландтарин истгоҳи обуҳавосанҷи сохта шудааст.

Сабабҳои эҳтимолии раҳнашавии кӯлҳо ва чорабиниҳои андешидашуда оид ба ҳифзи аҳолӣ ҳангоми роҳнашавии кӯлҳо

Дар ноҳияҳои кӯҳсор ва кӯҳдомани Тоҷикистон дар давраи бисёр об шудани барфу пиряхҳо ва боронгариҳои сахт сел ба вуҷуд меояд. Сел ниҳоят тез ҳаракат карда чизҳои сари роҳашро шӯста мебарад. Сел ба хоҷагии халқ харобиҳои зиёд меорад.

Иншоотҳои обёри, пул, роҳ, маҳҳои мардумнишин, хонаву ҷойро вайрон ва киштзорҳоро зери лойқа мекунад.

Мавзеҳои нисбатан седроҳҳои Тоҷикистон баландкӯҳҳо мебошанд. Дар натиҷаи ярч ва заминларза низ метавонад сел ба вуҷуд ояд. Ба мақсади дар ноҳияҳои селроҳа пешгири кардани зарари сел ва рахнашавии кулу обанборҳо пешгӯии боронҳои сахт, бунёди дарахтзори муҳофизатӣ, сохтани иншоотҳои селгардон ва селбурҳо (обпартоҳҳо) аҳамияти калон дорад.

Аз ҳама асосаш он аст, ки аҳолиро оиди он ҳолатҳои фавқулодда омӯзонданд то ки онҳо роҳҳои пешгириро донанд ва худро ҳимоя карда тавонанд. Сабаби рахнашавии кулу обанборҳо ин аст: зиёд шудани об дар натиҷаи боронҳои сел ва обшавии барфу пиряхҳо, дар натиҷаи заминларза, кандани дамбаҳо мебошад.

Кӯли Сарез ва мушкилоти он

Тоҷикистони мо аз лиҳози манбаи об бисёр ғанӣ буда, дорои беш аз 940 дарё аст. Дарёҳои Тоҷикистон 2800 километр дарозиро ташкил медиҳанд, ки онҳо аз яхистонҳои Помир ва аз саробҳои доманакӯҳҳои Тиёншон сарчашма гирифта ва ҳар қадом мувофиқи мавқеи ҷуғрофии худ ба Сирдарё ва Амударё мерезанд.

Бузургтарини онҳо дарёи Панҷ, Вахш, Зарафшон, Ғунд ва ғайра ба ҳисоб мераванд. Ногуфта намонад, ки Тоҷикистон дар муқоиса бо дигар ҷумҳуриятҳои Осиёи Марказӣ аз нигоҳи теъдоди кӯлҳо низ бой аст. Дар ин сарзамин беш аз 1300 кӯлҳои хурду калон ба назар мерасанд, ки дар маҷмӯъ беш аз 70559 км мураббаъ сатҳи заминро фаро гирифтаанд. Яке аз калонтарин кӯлҳои Осиёи Марказӣ кӯли сиёҳфоми Карокӯл ба шумор меравад ва дар баландии 3914 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад. Кӯлҳои Ранкӯл, Сасиқкӯл ва Шӯркӯл поёнтар аз он қарор доранд, ки онҳо аз таъсири яхбандиҳои қадимӣ пайдо шудаанд.

Кӯли Зоркӯл яке аз калонтарин кӯли Помири Шарқӣ маҳсуб мешавад ва масоҳати бузургеро ишғол кардааст.

Бештарини кӯлҳои Тоҷикистон дар натиҷаи заминларза ва ламбидани афтидани кӯҳпораҳо бар болои маҷрои дарёҳои кӯҳӣ пайдо шудаанд, ки ба онҳо Яшилкӯл, Искандаркӯл, кӯли калон (дар мавзеъи Киштугдарё) ва Сарез мисол шуда метавонанд. Сарез ҷавонтарини онҳо ба шумор меравад.

Дар айни ҳол нигарони ва ташвиши кӯли Сарез пеш аз ҳама дар он мебошад, ки таҳқиқотҳои зилзиласанҷи такрорӣ чунин заминларзаи даҳшатборро, ки дар соли 1911 дар Сарез рух дода буд ва он дар тӯли 80120 сол аз нав такрор хоҳад шуд, пешгӯи мекунанд. Ба ибораи дигар бигӯем, дар айни ҳол эҳтимоли такрор шудани заминларза дар Помир афзун шудааст.

Дар натиҷаи он аввалан сарбанди Усой тахриб ёфта, шикасти харобиовари Сарез ба амал меояд. Дуюм, аз асари заминларза қисми кӯҳи дарзёфтаи соҳили рост фурӯ рехта, дар кӯл мавҷе ба баландии 150 метр пайдо мешавад, ки он шояд ба самти рост пайкори баланд, ки аз сангрезаҳо тартиб ёфтааст, асар бикунад. Дар қисми банд рахна ба амал омада, оби кӯл бо суръат ба поён ҷорӣ мешавад. Дар натиҷа фалокати экологӣ ба вуҷуд меояд, ки аз асари он дар хоки Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Чумҳурии Исломии Афғонистон шояд 5миллион одамон ба талофот дучор оянд.

Барои пешгирӣ кардани таҳдиди рахнашавӣ ва дар ҳолати беҳатарӣ нигоҳ доштани кӯл зарурати корҳои иловагӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва ҷустуҷӯи лозим аст.

Кӯли Сарез дар ҳудуди вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ҳавзаи Амударё дар шохаи рости дарёи Панҷ – дарёи Бартанг дар 143 км резишгоҳи он ҷойгир шудааст. Аз рӯи харитаи сейсмикӣ ин минтақаи зилзилавӣ 9 балл ҳисоб мешавад. Чунин зилзилаҳои 9 балл ҳар 100 сол такрор мешавад. Кӯли Сарез соли 1911 дар натиҷаи _ заминларзаи 9 балл, баъди лағжиши азиме ба вуҷуд омадааст. 18. 02. 1911 соати 18:41 заминларзаи сахте тавонои 9-10 балл бо магнитуда 7,4 балл Помири Марказиро ба ларза овард. Заминҷунбӣ қисми зиёди Помир ва шимоли Афғонистонро фаро гирифт. Дар минтақаҳои деҳаи Усой дар натиҷаи заминҷунбӣ аз баландии 4500 м аз сатҳи баҳр ба водӣ 2 миллиарду 200 миллион кубометр сангу хок фурӯ рехт ва дар як лаҳза сарбанди азимеро ба вуҷуд овард.

Ҳамин водии мазкур зери лағжиш монда, масоҳати то 1,5 км- ро дар бар гирифт. Лағжиш масоҳати 17 км2-ро пахш кард ва якумра кишлоқи Усойро бо боғу даштҳо, хонаҳо ва хайвоноту набобот ва 54 нафар аҳолӣ зери он монд.

Барои хотира ба ин лағжиш номи Усой гузошта шуд. Масоҳати лағжиши азим аз 4,3 то 5,3 км баландии он аз 703 то 799 метрро ташкил дод. Ҷараёни дарёи Мурғоб 4 сол манъ шуд.

Дар охири моҳи октябри соли 1911 оби ҷамъшудаи кӯл қишлоқи Сарезро, ки аз лағжиши дар масофаи 20 км воқеъ буд зери об монд. Ҳамин тавр кӯли нав ташкил шуд, номи Сарезро гирифт. Баъдан баъди 2 сол кӯл кишлоқҳои Нисор – Дашт ва Ирхтро низ зери об монд. Аз ин лиҳоз аҳолии ин қишлоқҳо низ ба водии Бартанг кӯчиданд. То ин дам дарозии кӯл такрибан 30 километр ва чуқурии он 130 метрро ташкил медиҳад.

Аз рӯӣ маълумотҳо ва наворҳои батиметри, ки соли 1976 – 1977 аз тарафи мутахассисони Тоҷиксаргидромет амалӣ шуда буд, майдони кӯли Сарез 79,7 км квадрат, дарозиаш 56 км, паҳноии аслиаш 3,3 км чуқурии аз ҳама зиёдаш 500 м ва ҳаҷми умумии об 16,1 метр куб, ҳангоми ченаки сатҳи об дар кӯл 3263,14 аз сатҳи баҳрро ташкил мекунад. Аз болои сарбаланд об метавонад танҳо ҳангоми 18,7 м куб (метр куб) ҷорӣ шавад. Чӯқурии миёнаи кӯл 201,8 м, дарорзии соҳилҳои он 162 км, гардишҳои соҳили он 1,81 км, дарозии кӯл (нисбат ба паҳнии он) – 36,2 км-ро ташкил мекунад. Лаппиши мнёнаи сатҳи об дар кӯл дар 1 (як) сол 12 м, максималиаш 22 м мебошад.

Акваторияи кӯл ба ду қисм тақсим мешавад, ғарбии чуқур бо чуқурии миёнаи 250 м ва шарқи бо чуқурии миёнаи то 50 м. Сатҳи чуқурии умумӣ беш аз 400 м танҳо масоҳати 4 км квадрат-ро ташкил мекунад. Чуқурии беш аз 300 метр бошад майдони 15 км квадрат, то 100 м майдони 59 км квадрат мебошад. Аз ҳама чуқурии зиёд дар 1,3 км аз лағжиш мебошад, ки 500 метрро ташкил мекунад.

Дар кӯл 2 (ду) ҷазира ҷойгир шудааст. Ҷазираи 1-ум рӯ ба рӯи каличи Катта-Марҷон дар масофаи 450 м аз соҳили шимолии кӯл ҷойгир шудааст. Дарозии он 150 м, паҳноиаш 80-100 м. Ҷазираи 2-юм дар Ирхт тақрибан 1 км дур аз сароби дарёи Лангар дар масофаи 150 метр аз соҳили якум ҷойгир шудааст. Дарозии ҷазира 80 м буда дар моҳҳои июлавгуст зери об монда танҳо дар моҳҳои октябр – ноябр намудор мегардад. Дар кӯли Сарез мунтазам лағжишҳо рух медиҳанд ва дар рӯзҳои мо низ онҳо ба назар мерасанд. Масалан: 21-23 августи соли 1987дар км 11-уми лағжиши Усой аз соҳили якуми кӯл лағжиш мушоҳида гардид, ки ҳаҷми ӯ 18 млн (миллион) м куб (кубометр) буда ҳангоми афтидан мавҷҳои баландиаш то 15 метрро ба вуҷуд овард. Дар солҳои амал кардани кӯли Сарез тариқи дарёҳо ва ба вуҷуд омадани сел ба кӯл беш аз 300 миллион метр куб сангу хок ворид шудааст. Дар сароби дарёи Мурғоб бошад аз лойқа пур шудани кӯл ба масофаи 5 км мерасад. Дар сароби дарёи Катта-Марҷон ва Лангар бошад бо лойқа пур шудани кӯл масоҳати 1 км-ро дар бар мегирад. Дар қисми сарбанд тарафи чапи кӯли Сарез кӯли Шадау ҳамсарҳад аст. Ин кӯлҳо як вақт пайдо шудаанд, лағжиш натанҳо пеши дарёи Мурғоб балки шохаи калонтарини ӯ Шадау-ро низ баcт.

Сатҳи миёнаи солонаи кӯли Сарез мунтазам афзоиш ёфта истодааст ва ба ҳисоби миёна 18 см-ро ташкил мекунад. Аз ҳама зиёд ҷамъшавии об дар 1 (як) сол 79 метрро ташкил карда ва чунин болоравӣ аз соли 1911 то 1914 ба қайд гирифта шудааст. Сатҳи максималии об дар кӯл, соли 1978 ба қайд гирифта шудааст.

Айни замон ҷамъшавии об дар кӯл 1492 миллион кубометрро (м/км куб) ташкил мекунад. Чунин ҷамъшавӣ – нақши манфӣ дорад яъне минуси 13 млн км куб (миллион кубометр). Айни замон дар кӯли Сарез чунин нишондиҳандаҳоро дар бар мегирад: – Нишонаи баландтарини об – 3 265м;

  • Масоҳати захираи оби ҷамъшаванда – 16506км (квадрат);
  • Масоҳати вусъати кӯл – 80 км (квадрат);
  • Дарозӣ – 60,2 км;
  • Бари аз ҳама васеъ – 3,3 км;
  • Бари мутавассит – 1,44 км; (миёна)
  • Чуқурии аз ҳама бештари он – 500 м;
  • Чуқурии миёна – 202 м;
  • Ҳаҷми захираи об – 17 км (куб);
  • Дарозии хати соҳилӣ – 162 км.

О Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.