Ба худ ва ҳамдигар расонидани ёрии аввалин ҳангоми рух додани ҳолатҳои фавқулодда, садама, фалокат ва рафти амалиётҳои оташнишонӣ

Саволҳои таълимӣ:

  1. Расонидани ёрии аввалин ҳангоми сӯхтан, хомӯш намудани оташи либоси дар бадани одамон сӯхтаистода бо ашёҳои мавҷудбуда;
  2. Чорабиниҳои таъхирнопазири оташнишонӣ.

                                             Адабиёт:

  1. Қонуни ҶТ «Дар бораи мудофиаи гражданӣ » Душанбе, 2004с.
  2. Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табӣ ва техногенӣ» Душанбе, 2004с.
  3. «Курси мухтасари МГ» Ғафуров Ф. Г. Малахов Ф. А. Душанбе, 2007с.
  4. «Мудофиаи гражданӣ» нашриёти «Ирфон» Душанбе, 1964с. 5. «Мудофиаи гражданӣ» нашриёти «Ирфон» Душанбе, 1970с

        Барои ташкили муҳофизати тиббӣ аҳолӣ дар вақти ҳамла овардан аз тарафи душман бо яроқҳои ҳозиразамони қатли умум, инчунин дар минтақаҳои зарардида аз офатҳои табиӣ, садамаҳои калони истеҳсолӣ ва фалокатҳо дар системаи Вазорати Тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хадамоти тиббии мудофиаи гражданӣ таъсис дода шудааст. Ин хадамот барои иҷрои вазифаҳои дар назди худ гузошта, ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда дар ҷумҳурӣ ё ноҳияҳои тобеи он ба вуқуъ омада, таъсис дода шудааст.

Ёрии аввалини тиббӣ ҳангоми cap задани ҳолатҳои фавқулоддаи хусусияти табиӣ ва техногенӣ дошта 

     Ёрии аввалин чораҳои соддатарини фаврӣ мебошад, ки барои наҷот додани ҳаёт ва саломатии зарардидагон ва осебдидагон ҳодисаҳои фалокатовар ва касалиҳои ногаҳони равона карда шудаанд. Ин ёрӣ бевосита дар ҷои ҳодиса то расида омадани ёрии таъҷилии тиббӣ ё ин ки расонидани осебдида ба беморхона расонида мешавад.

Ёрии аввалин  саршавии табобат ба ҳисоб меравад, чунки ин амал чунин оқибатҳои вазнинро ба монанди хунравӣ, инкишофи касалиҳои сироятӣ, шикастани узвҳои бадан, (устухонҳо) ва дигар раванҳое, ки ба ҳайёт ва саломатии инсон таҳдид менамоянд, пешгирӣ менамояд.

Қайд кардан зарур аст, ки аз расонидани ёрии аввалини тиббӣ табобати ояндаи касалҳоро ба монанди захм, осебҳо осон мегардонад. Ҳангоми зарари начандон калон ёрии аввалини тиббӣ метавонад зарардидаро аз оқибатҳои вазнини эмин нигоҳ дорад. Лекин ҳангоми зарари ҷиддӣ расонидан (шикасти узвҳои бадан, хунравӣ, зарар дидани узвҳои дарунӣ ва дигарон) ёрии аввалини тиббӣ чорабинии асосии расонидани ёрӣ ба шумор меравад. Ёрии аввалини тиббӣ ҳолати хассостарин ба шумор меравад, лекин дар ягон маврид ёрии пурраи тиббиро иваз карда наметавонад. Ҳангоми расонидани ёрии аввалини тиббӣ дар ягон маврид кушиш накунед, ки осебдидаро ба таври пурра муолиҷа намоед, чунки ин омил кори мутахассисони соҳаи тиб мебошад. Хунравӣ дар натиҷаи гирифтани садама (травма) ва инчунин дар натиҷаи баъзе бемориҳо мушоҳида мешавад. Хунравии давомноку пуршиддат, сироятшавӣ ва беҳолшавӣ сабаби фавтидани бемор мегардад. Вазифаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки новобаста аз намуди хунравӣ тавонем ба шахси осебгирифта ёрии аввалини тиббиро расонем. Дар ҳамаи ҳолат мо дорои тасмаи ёзанда (резинаи кашишхуранда) ва бандинаҳои осептики нестем, барои ин мо бояд аз тамоми имкониятҳое, ки дар зери даст дорем истифода барем. Ба ҷои тасма ёзанда, руймолча, миёнбанд (ремент) ё ин ки бандтоб истифода бурда мешавад.

Беҳушшавӣ – ҳолати яку якбора аз ҳуш рафтани инсон мебошад, ки дар ин маврид кори дил ва роҳҳои нафаскашӣ суст мешаванд. Ҳангоми паст будани фишори хун системаи асаб пайдо мешавад ва аз якчанд сония то 5-10 дақиқа давом мекунад. Нишонаҳо – беҳушшави яку якбора аз чархзадани cap, суст шудани узвҳои бадан, беҳузур шудани дил пайдо мешавад. Ҳангоми беҳушшави рангу руйи инсон сафед шуда, қисмати пусти бадани он хунук мешавад. Кори дил суст шуда нафаскашӣ низ мураккаб мешавад (дар 1 сония кори дил ба 40- 50 зарба баробар мешавад).

Ёрии аввалин: Пеш аз ҳама бояд осебдидаро ба пушт хобонида қисмати сари он поён фароварда шуда пойҳо кат карда шаванд. Барои осон шудани нафаскашӣ гиребони осебдидаро кушодан лозим аст. Осебдидаро бо курпаи гарм пушонида ҳангоми зарурат ба пойҳои он гарми монда шавад. Бо навшотир чакаи сари осебдида молиш дода шуда онро ба бинии осебдида наздик мекунанд. Ба сару руй осебдида оби хунук мепошанд. Ҳангоми дуру дароз давом кардани беҳушӣ ба осебдида нафаси сунъи дода мешавад. Баъде, ки осебдида ба ҳуш омод ба e қаҳваи гарм додан зарур аст. Аксари кудакон даву тозро меписанданд, дар зинаҳо, пешайвон, болои бом, тирезаҳо ва майдончаҳои бози бояд бехатар бошанд, то ин ки кудакон аз афтидан эмин гарданд.

Ёрии аввалин ҳангоми сухтан

Сухта – зарарбинии қисми бадан аз таъсири ҳарорати баланди шуъла, аз таъсири омилҳои физикавӣ, кимиёвӣ, буғ, оби ҷeш, қувваи барқ, оташи кушод, маводҳои гармидиҳанда, хуроки гарм, равғани гарм кардашуда, чароғи керосини, дазмол мебошад.

Ба кудакон набояд иҷозат дод, ки ба оташ, воситаҳои гармидиҳанда, чароғ, гугирд ва дастгоҳҳои барқи наздик шаванд.

Сухтан аз оташ, ё оби ҷуш, яке аз сабабҳои паҳншудани захмҳои вазнини кудакони синни ҷавони ба ҳисоб меравад ва аз ин ру онҳо бояд аз робита бо плитаҳои ошхона, оби ҷeш, хуроки гарм ва дарзмол эҳтиёт карда шаванд. Сухта – аксаран боиси захмҳои вазнин гардида, пай он муддати тулони боқӣ мемонад, баъзе ҷароҳатҳои вазнин сабаби марг мегардад.

Аксари ҳодисаҳои сухтаро метавон пешгирӣ кард, эҳтиёти кудак аз сухта: -оташи кушод, гугирд ва сигоретҳо бояд дар ҷои дастнорас гузошта шаванд;

  • плиткаҳо бояд дар ҷои ҳамвор, дар сатҳи баланд ва барои кудакон дастнорас гузошта шаванд;
  • дастаи дегча дар плита бояд ба тарафе тоб дода шавад, ки барои кудакон дастнорас бошад;
  • бензин, керосин, чароғ, гугирд, шамъ, оташгирон, дарзмоли гарм ва сими барқ бояд барои кудакон дастнорас бошад.

Дараҷаи вазнини ҷароҳатро хаҷм ва чуқурии сухта муайян мекунад. Ёрии аввалин – ба қисми сухтаи бадан оби хунук рехта ё зери оби хунук нигоҳ доред, ки ин каме дардро пас мекунад.

Дар шароити хона мо бояд фурацилини обаки ё ин, ки таблеткаи фурацилин ва крахмал дошта бошем. Тарзи тайёр кардани таблетка оби ҷушонидашударо хунук карда бо таблетка омехта карда ба болои ҷой сухта каме резед. Боз метавонем картошкаро пора карда ба болои сухта монед. Луобчаҳои пайдо шударо то кафиданаш нарасед.

Зарарбинӣ аз неруи барқ ба беҳолшавӣ, сухтани бадан ва сабаби марг шуда метавонад. Кудакон ангушт ё дигар асбобро ба розеткаҳои барқ гузошта, метавонанд зарари ҷидди бинанд ва аз ин ру онҳоро бояд бо сарпуши махсус маҳкам кард. Сими барқ бояд барои кудакон дастнорас бошад. Махсусан симҳои луч ниҳоят хатарноканд.

Ёрии аввалин: неруи барқ хануз таъсир карда истода бошад, таъсири неруи барқро қатъ намоед, яъне симро аз васлак кашед ё умуман интиқоли барқро қатъ намоед. Агар интиқоли барқро қатъ карда натавонед ҷабрдидаро аз манъбаи барқ халос кунед;

– ба болои тагпояи тахтагин, бо пойафзоли резини ва калтаги чубин ё маводи ғайриноқил аз бадани ҷабрдида сими барқро дур кунед. – дар ҳолате, ки нафаси ҷабрдида қатъ гардидааст яъне забон дарун рафтааст, забонро бо қошуқи чубин кашида бароред ва нафаси сунъи диҳед.

Бояд гуфт, ки аз он давре, ки инсоният арзи хасти дорад садама, осеб, латхури буд ҳает ва мемонад.

Сабаби садамагири зиёданд ин пеш аз ҳама аз беэҳтиётии худи шахсе, риоя накардани қойдаҳои бехатарӣ ҳангоми кор бо воситаҳои техникӣ, бе назорат гузоштани кудакону наврасон дар кучаю роҳҳо, ҳангоми бозиҳои варзиши ва ғайраҳо.

Ғайр аз ин дар зиндаги боз ҳолатҳои фавқулоддае ба амал меояд, ки сабаби осебҳои гуногун гирифтани ҷабрдидагон мебошад. Мисол: ҳангоми заминларзаҳо, обхезиҳо, таркишҳо, садамаҳои нақлиёти ва истеҳсолӣ.

Барои ҳамин новобаста аз он, ки садама дар куҷо ва бо кадом сабаб рух додаст мо бояд тавонем, ки ба шахси ҷабрдида ёрии авалини тиббӣ расонем.

Натиҷаи расонидани ёрии аввалини тиббӣ аз дараҷаи тайёрии ҳар яки мо, ки кадом дараҷа ва дар муддати кӯтоҳ, дуруст ба худ ва ба якдигар ёри расонида метавонем, вобастагӣ дорад.

Пешгирии ҷароҳатбардори (осеб)

Ҷароҳатбардорӣ (травматизм) асосии марг ва маъюб шудани инсон ба ҳисоб меравад.

Ҷароҳатҳои нисбатан паҳншуда ин афтидан, сухтор, ғаркшавӣ ва ба ҳодисаҳои роҳу нақлиёт алоқаманданд. Асосан ҷароҳатбардори дар хона ё наздикии он сурат мегирад. Қариб ҳамаи ҷароҳатбардориро метавон пешгирӣ кард. Аксари онҳо он қадар вазнин намебуданд, агар волидайн медонистанд, ки баъди ҳодисаи нохуш чӣ корро бояд анҷом дод. Ин масъала дар Ҷумҳуриии Тоҷикистон низ этибори ҷиддиро талаб менамояд. Аз ин лиҳоз, амалӣ кардани онҳо ниҳоят муҳим мебошад.

Ҳар як оила дар мавриди зайл чиро бояд донад:

  • аксари ҷароҳатҳои вазнинро пешгирӣ кардан мумкин аст, агар волидайн ва мураббиён кудаконро назорат карда, бехатарии муҳити атрофи онҳоро таъмин намоянд.
  • хатари марг ва ё ҷароҳатбардори махсусан байни ноболиғони синни 1,5 – 4 сола хеле зиёд аст. Аксари ҷароҳатҳо дар шароити хона рух медиҳанд ва ҳамаи ҷароҳатҳоро пешгирӣ кардан мумкин аст: Афтидан яке аз сабабҳои нисбатан паҳншудаи зарб, шикаст ва ҷароҳатҳои вазнини cap мебошад. Пешгириро чунин анҷом додан мумкин аст:
  • кудаконро аз ҷойҳои таҳдиди ҳавфи хатари ҳодисаҳои ҳолатҳои фавқулодда таҳдид намудан зарур аст;
  • зинапояҳо, тирезаҳо ва балкон бояд панҷара дошта бошанд; -дар хона тозагӣ ва рушноии хуб таъмин карда шавад.

О MUHAMMAD SALOH

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован.