Мавзуҳои тоҷикӣ

Номаи фарзанде, ки модарашро гум кардааст

        Салом. Салом, ай модари ман. Салом, ай модаре, ки маро танҳо гузаштиву худ ба дуриҳои дур рафтӣ. Модарљон, ёдат ҳаст ваќте ки ман хурд будам ту аз хандаҳои тифлонаи ман меболидӣ? Оё гуфта метавонӣ, ки ман дар тифлиам туро чӣ ќадар дӯст медоштам? Агар муҳаббати нисбати ту доштаамро ман рӯи вараќ орам ҳазорҳо китоб рӯйи чоп меояд, зеро ту баъди Худо ягонаӣ. Ту ягонаӣ, очаљон. Чи орзуҳое дар дили хеш мепарваридам…, доимо дар хаёлам давр мезаниву давр мезанӣ, модар. Медонам, ки кӯдакиам дар домони поки ту гузаштааст ва ин туйи, ки дасти маро гирифта по ба по бурди, модарљон. Афсӯс, ки дилу орзуҳои туро фаҳмида наметавонистам, зеро кӯдаки хурд будам, ба бозиҳои тифлона овора будам, хокбозиву харсаворӣ мекардам ва баъзан ваќт туро гӯш намекардам, маро бубахш.

         Ёдам омад. Он шабе, ки рафти маро ёд омад. Намедонистам гиребони киро бигирам. Киро ба сӯи худ кашаму киро тела диҳам, аммо дар он лаҳзаҳо тамоман нотавон будам, тавоноиву мадор љисми хурдамро тарк карда буданд. Хаёл мекардам, ки тамоми кӯҳу дашту биёбон баробари ман ашк мерезанд, хаёлам сиришки талхи паррандаю чарранда ва хазандаву дарранда ҳама барои модари азизи ман буд. Диди, ки фарзандат барои ту худро ба кадом даре набошад мезад, бидон, ай модари азиз, ки љигарбандат бе болу пар монд, меваат ночору ҳайрон дар кӯча фитодаву зери пойи мазлуму золимон аст.

         Медонистам,ятим зистан кори осон нест. Ту худ бароям мегуфти, аз рӯзгори худ афсонаҳо мехондӣ. Ёдам омад, ваќте суханеро муќаддима мебахшидӣ ашк дар чашмонат ҳалќа мезад, дастони нозанинат меларзиданд. Ман ҳис мекардам, ки љаҳон меларзад, мани кучак ба чашмони ту нигариста хобам мебурд. Дар оғӯши ту ғунӯдан орзӯи ҳамешагии ман буд. Оғӯши меҳрборат офтоберо мемонд, ки аз нураш ҳаловат мебурдам. Намедонам боз чӣ гӯям, гиря гулӯгирам мекунад, ќалам аз дастам меларзаду ғалтиданист. Ашки чашмонро мегӯӣ?! Маро ҳаргиз гӯш намекунанд, беихтиёр рӯи саҳфаро тар мекунанд. Мисли ќатраи борон аз рӯй ба вараќ таќќос зада меғалтанду худро рӯи калимаи «модар» парешон мекунанд, очаљони азизам:

         Охир, ба гӯши ман нарасад хандаҳои ту,

         Охир, ба гӯши ту нарасад нолаҳои ман.

         Бедор намешавӣ, ки дар оғӯш гирамат,

         Эй модари љафокашу бемуттакои ман.

         Ба хотири номи поки туст ва поси муҳаббатҳои беподош, љашни туст, модар, шоми хотираест руйи хоксори мазори туст. Хумори оғӯши гармат  ва дастони нармат гирифтааст. Чӣ кунам, ки ту нестӣ, модар? Ту нестӣ, ту аз ман дуриву дур. Вале бо он ки нестӣ ҳамеша бо манӣ. То он даме, ки дом ҳасту дона, парранда ҳасту лона, замин  ҳасту осмон, ситора ҳасту Каҳкашон номи ту, модар, љории лаб дар ќалби ман хоҳад буд. Ёдат ба хайр модар.

Main Aditor

Здравствуйте! Если у Вас возникнут вопросы, напишите нам на почту help@allinweb.ru

Похожие статьи

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *