Дини мисриёни қадим

  1. Гузариши динҳои ибтидоӣ-табиӣ то ба динҳои бисёрхудоӣ (политеистӣ)- дар Мисри Қадим
  2. Хусусияти динҳои Мисри Қадим

Гузариши динҳои ибтидоӣ-табиӣ то ба динҳои бисёрхудоӣ (политеистӣ)-

дар Мисри Қадим

Марҳилаи навин дар таърихи таҳаввули маънавию мазҳабии инсоният якҷоя бо ташаккулёбии сохторҳои нави ҷамъиятии инсоният будааст. Нахустқавмҳо ва халқҳои пешрафтаи бостон пас аз он, ки мунтазам дар тӯли таърих аз зинаи ҳаёти қабилавию авлодӣ ва ғорнишинӣ ба сохти давлатию салтанатӣ ва ташкили ҳукуматҳо ва давлатҳо расидаанд, дар тасаввуроти динию мазҳабии онҳо низ тағйироту таҳаввулоти ҷиддие ба вуҷуд омадааст. Чунончи қаблан маълум шуд, ки таҳаввулот дар тасаввуроти динии инсоният, яъне гузаштан аз таҷассуми табиат ба парастиши худоёни зиёд – динҳои бисёрхудоӣ ва пайдоиши динҳои миллию давлатӣ ҳамчун шакли нави таърихии динҳо, ифода ёфтааст.

Аввалин тамаддунҳои бостонӣ, ки ин таҳаввулотро аз сар гузаронидаанд тамаддунҳои мисрӣ, бобулӣ, юнонӣ, эронӣ, ҳиндуию чинӣ мебошанд.

Миср дар қисмати шимолу шарқии Африқо, дар канори Баҳри Миёназамин ва Баҳри Сурх, дар ду тарафи рӯдхонаи бузурги Нил ҷойгир аст. Дар қадим ин кишварро худи мардумаш Кемит, яъне «замини сиёҳ» меномиданд, ин ном ба он сабаб гузошта шуда буд, ки ҳар сол бар асари обхезӣ дар саросари канори рӯдхонаи Нил лойқаи сиёҳранге дар заминҳои кишт боқӣ мемонд.

Миср яке аз қадимтарин гаҳвораи тамаддуни ҷаҳон аст. Пайдоиши тамаддун дар ин сарзамин бо пайдоиши фарҳанг: дин, илм, санъат, хат, адабиёт, шаҳрсозӣ, меъморӣ ва ташкилоти сиёсӣ вобаста буд. Зарурати кишту зироат, муайян кардани мавсими обхезӣ, меъморӣ ва тақвим

барои иҷрои маросимҳои мазҳабӣ ба пайдоиши илмҳои ҳайату ситорашиносӣ, риёзиёту ҳандаса, физика ва ғайра мусоидат ва кӯмак расонд. Пайдоиш ва таҳаввули динҳо низ дар ин кишвар бо таҳаввулоти иҷтимоии он вобаста буд.

Дар Мисри бостонӣ мо намунаи хело рӯшани таҳаввули парастишҳо ва тасаввуротҳои мазҳабии табииро аз «фетишизм»,

«анимизм», «тотемизм» то ба дини бисёрхудоӣ – политеизм ва ҳатто гароишҳои тавҳидӣ мушоҳида мекунем.

Тақрибан ҳудуди 4000 то 3000 сол пеш аз мелод дар соҳили рӯди Нил аввал қария ва рустоҳо ба як марказ, ки «нум» номида мешуданд, муттаҳид шуда, сипас ин нумҳо ба воситаи ҷанг ё дигар роҳҳо ба якдигар тобеъ гардида, дар натиҷа ду марказ, ду салтанат, яке дар қисмати саргаҳ

– болооби рӯди Нил, дигаре дар поёноб – делтаи Нил ташаккул меёбанд. Дар ҳудуди соли 2900 т.м. подшоҳ Менес ин ҳардуро таҳти салтанати худ медарорад ва аввалин сохтори ҳукумати мутамаркази сулолаи Фиръавниёнро поягузорӣ мекунад. Пас аз ин 31 сулолаи Фиръавнӣ дар ин сарзамин ҳокимият намудаанд.

Дар ин давраҳо, чӣ аз назари санъату кишоварзӣ ва чӣ фарҳангию сиёсӣ, Миср ба яке аз марказҳои тамаддуни бостон табдил ёфт.

Аммо дар мавриди эътиқодоти мисриён, бояд гуфт, ки он аз навъи эътиқодоти бисёрхудоӣ (политеистӣ) будааст. Дар ибтидо мисриён худоҳоеро, ки аз давраи тотемпарастӣ мерос монда буд, мепарастиданд. Ҳар як нум (ноҳия)-ро худои хосе, як ҳофизе аз навъи ҷонварон нигоҳбонӣ мекардааст. Масалан, дар ноҳияҳои Абидус ва Тиниис шағолро, дар н. Фаюм тимсоҳ, дар н.Тебес худои Омунро ба сурати қӯчқор мепарастиданд. Шаҳри Мемфисро ду худои муҳофиз будааст, яке Сехмет ба сурати модашер ва дигаре Арис ба сурати гови нар (барзагов). Дар шаҳри Дандера мардум худои Хотурро, ки шакли модаговро доштааст, мепарастиданд. Дар шаҳри Эдфу шаҳбоз ба номи Беҳудет ё хурӯс мавриди ибодати мардум будааст. Ба ҳамин қиёс дар нуқоту ноҳияҳои дигар ҷонварони дигар аз қабили маймун, аспи обӣ, лаклак, муш, мори афъӣ, гурба, қурбоққа ва ҷонварону ҳайвоноти дигар мавриди парастиш ва эътиқод будаанд.

Хусусияти динҳои Мисри Қадим

Хусусияти дигари тасаввуроти мисриёни бостонӣ аз он иборат аст, ки азбаски сифоти худоиро дар инсон ё ҳайвон ба зуҳур расида меҳисобиданд, аз ин рӯ худоёни худро бо тани инсон ва сари ҳайвон ё баръакс тасаввур мекарданд. Зеро дар ин шакл, ки таркибе аз одам ва ҷонвар ё ҳайвон аст, худоён бештар ва беҳтар ҷилвагар мешаванд.

Баъдан, дар ҷараёни таҳаввули иҷтимоию сиёсӣ, дар натиҷаи бо ҳам наздикшавии ноҳияҳо аз тариқи ҷангҳо ва ғайра, худоёни бузургтаре аз таркибёбии якчанд худоён ба вуҷуд меоянд. Масалан, худоёни машҳур Атон Ра ё Патрах-Сукар ва ё Осирис аз таркиби ду худо ё се худо ба вуҷуд омадаанд.

Устурае, ки дар атрофи Изис ва Ҳорус дар байни мисриёни қадим маъруф аст, нишон медиҳад, ки тасаввуроти мисриён дар бораи худоён ва зиндагии онҳо мисли зиндагии одамон аст. Яъне онҳо чунин ақида доштанд, ки худоёни онҳо, зану фарзанд доранд, кинаву буғз мепарваранд, меҷанганд ва ғайра.

Мисриёни бостонро ақида будааст, ки Осирис (ё Озирус) аз Шом, ки дар он ҷо ҳамчун худои зироату кишт парастида мешуд ба Миср омадааст. Вале баъдан мисриён онро худои мустақил дониста, эътиқод доштаанд, ки Осирис аз омезиши худои нарина Ҷеб бо олиҳаи замин (ё худои зан) Нут зоида шуд ва пас аз он Осирис бо хоҳари худ Изис, издивоҷ кард. Изис, ки қаблан низ дар назди мисриён маъруф буда, дар ҳудуди 1500 с. қабл аз мелод мавриди эҳтироми омма қарор мегирад пеш аз шавҳараш Осирис мавриди парастиши ҳамагон шуд. Зиндагии бофароғати Изис ва Осирис вақте тира шуд, ки Осирис мавриди хашму ғазаби бародараш Сет қарор гирифт. Ӯ пас аз як силсила найрангҳо ва ҳилаҳо Осирисро мекушад ва ҷасадашро дар тобуте аз чӯб дар рӯди Нил меафканад. Занаш Изис ба ҷустуҷӯи ҷасади шавҳараш мебарояд ва пас аз кӯшиши бисёр тобутро пайдо карда, ба Миср бозмегардонад.

Зани Осирис пас аз ба Миср овардани тобут, ҷасади шавҳарашро пинҳон кард. Дар ҳамин муддат аз вай писаре таваллуд мешавад, бо номи Ҳорус. Дар ин байн Сет бори дигар ҷасади бародараш Осирисро пайдо карда, онро аз рӯи қаҳр ва ғазаб пора-пора карда, ҳар қитъаашро бо яке аз чаҳордаҳ қитъаи кишвари Миср пароканда намуд ва ҳар қитъаро дар яке аз навоҳии он кишвар мадфун карданд. Мисриён аз ин ҷиҳат муътақид буданд, ки сабаби рӯидани донаҳои ғаллот аз хок ва борвар шудани онҳо дар асари ҳамин қитъаҳо мебошад.

Ҳамин ки фарзанди Осирис бузург шуд, ба талаби хуни падар ва интиқоми вай баромад ва бо амаки худ биҷангид ва дар як муҳорибаи ҳамосӣ ӯро мағлуб сохт ва дастбаста назди модараш овард. Модараш аз хуни шавҳараш гузашт ва Сетро бахшид.

Пас аз ин Ҳорус дар фикри ҷамъ овардани қитъаҳои ҷасади падараш ва зинда кардани он мешавад, ба ин кор ба ӯ худои ҳикмат Тот (Thoth) кӯмак мекунад ва ӯ ба ин мақсадаш ноил мешавад. Аз қазо як чашми Ҳорус дар ҳангоми муҳориба бо Сет кӯр шуда буд. Падарашро, ки зинда сохт, падараш (яъне Осирис) ба ӯ биноӣ бахшид. Аз ин ҷост, ки чун Ҳорис худои Офтоб аст, чашми ӯ равшан шуд.

Ин ҷо мо аввалин мазҳари офтобпарастиро мебинем. Ибодати Офтоб дар Мисри бостонӣ хело ривоҷ доштааст.

Адабиёт

  1. Абдуллозода Ш., Мирзоев Ғ., Зокиров Н., Шоев З. Таърихи динҳо – Душанбе: «Дониш» 2014. 367саҳ.
  2. Абдуллозода Шерзот. Асосҳои диншиносӣ. – Душанбе: «Дониш», 2001.
  3. Абдуллозода Шерзот. Муқаддима ба исломшиносӣ.-Душанбе:
  4. «Ирфон» 1998.
  5. Абдуллоев Ш. Маорифпарварва озодфикрӣ. Душанбе: Дониш, 1994.
  6. Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон. ҷ.1,2. Душанбе,1998.
  7. Диноршоев М. Аз таърихи фалсафаи тоҷик. Душанбе: Ирфон, 1988 (бо забони дарӣ).
test

Добавить комментарий