Дини юнониёни қадим

  1. Эътиқодоти юнониёни бостон
  2. Рисолати анҷумани худоёни юнонӣ
  3. Робитаи динҳои юнонӣ бо парастишҳои ориёӣ

1. Эътиқодоти юнониёни бостон

Кишваре, ки шарқиён онро Юнон ва ғарбиён ба пайравии римиён Грек (Greece) ё Гретсия меноманд, дар гузашта худро Ҳеленес ва сарзамини худро Ҳеллас (Эллада) номидаанд. Дар Юнон то ҳуҷуми халқҳои ориёӣ ва ташаккули тамаддуни ориёӣ осори тамаддуни куҳани “минову микенӣ” дар ҷазираи Крит дар асари ҳафриётҳои бостоншиносон кашф шуда аст. Воридшавии мардуми ориёӣ-ҳеленҳо аз шимолу шарқи нимҷазираи Балкан дар ҳазораи дуввуми т.м. будааст. Ҳеленҳо бо аҷдоди ориёнии эрониён ва ҳинду аврупоӣ ҳама аз як решаву бун баромада аз ҷумла номи чаҳор қабилаи ниёгони ориёнии юнониён дар ашъори Ҳомер зикр шудааст. Яке аз он чаҳор қабила Ашёнҳо (Achaeans), дуввумин Ионианҳо (Ionians), саввумин Дуриёҳо (Dorians) ва чаҳорумин Аеолиёнҳо (Aeolians) будаанд. Аз ин қабоил яке ионианҳо аз нимҷазираи Балкан гузашта, дар соҳилҳои ғарбии Осиёи Хурд маскан гирифтанд ва шарқиён бо номи ҳамин қабила (Аюниён) ин сарзаминро баъдан Юнон ном гузоштаанд.

Сарчашмаҳо барои омӯхтани ақоиди динию мазҳабӣ ва маросимҳои Юнони бостон (асри классикӣ) хеле фаровонанд. Бозёфтҳо ва ёдгориҳои археологӣ, боқимондаҳои маъбадҳо, қурбонгоҳҳо, тасвир ва муҷассамаи худоён аз ҷумлаи он сарчашмаҳо мебошанд. Дар баробари ин номгӯи зиёде аз ёдгориҳои хаттӣ, тадқиқотҳои таърихӣ, фалсафӣ ва асарҳои асотириву бадеии он давра то ба мо омада расидааст.

Ҳамин тавр, ақоиди динии юнониёни бостон бисёрхудоии навъи ориёӣ мебошад. Чунончи дар боло зикр шуд, таърих дар мавриди ҳуҷум ва сукунат ихтиёр кардани қабилаҳои ориёӣ дар сарзамини Юнон ва таъсири онҳо ба тамаддун ва дину парастишҳои юнониён далелҳои зиёде дорад. Системаи динию мазҳабии юнониён марҳилаи рушди динҳои табиӣ (фетишизм, тотемизм, анимизм)-ро пушти сар карда, як давраи

рушди тӯлонии таърихро гузаштааст. Чун дигар халқҳои ориёӣ дар мавриди эътиқодҳои ибтидоӣ (табиӣ)-и юнониён нишонаи зиёде боқӣ намондааст. Чунки тасаввуроти динӣ ва асотирии нисбатан пешрафтаи ҷамъияти синфӣ, тасаввуроти мазҳабии қабилавию авлодиро тамоман аз байн набурда бошад ҳам, онҳоро камарзиш сохтаанд.

2. Робитаи динҳои юнонӣ бо парастишҳои ориёӣ

Дини юнониён бисёрхудоии ташаккулёфта дар шакли «анҷумани худоён» будааст. Ба ҳар сурат тасаввуроти динии классикии юнониён бо тасаввуроти дигар халқҳои ориёӣ, алалхусус бо ҳинду эрониён қаробат дорад. Ҳамчунон ки дар динҳои ҳинду эронӣ парастиши Девпитер (ё Девпедер)-падари осмон ва Деметер – худои модар-замин машҳур будааст, юнониён низ Зевус (ҳамон Деваси ҳинду ориёӣ) ва Деметерро парастиш мекарданд. Дар байни юнониёни аҳди классикӣ инчунин одати дигари умумиориёӣ нӯшидани нӯшобаи сархушкунанда пеш ва баъд аз маросими қурбонӣ ба ифтихори худоён вуҷуд дошта аст. Яке аз нишонаҳои дигари алоқамандии эътиқоди юнониёни аҳди классик бо парастишҳои ориёӣ вуҷуди парастиши гов ё барзагов мебошад. Дар ин бора тасвирҳои зиёди барзагов ва саҳнаҳои ҷанги барзаговҳо шаҳодат медиҳанд.

Ғайр аз ин дар байни юнониёни қадим парастишҳои тотемистӣ: асотир оид ба алоқаи авлодӣ бо мӯрча, мор ва нишонаҳои тотемистӣ дар худоёни антропоморфӣ мушоҳида мешаванд. Юнониён инчунин маросимҳои касбӣ, соҳириҳои музирр ва табобатӣ, нишонаҳои иттиҳодҳои мазҳабии маҳрамона, ба монанди маросимҳои соф мардона ва соф занона доштаанд.

Юнониён, асосан, бар акси ориёиҳои ҳинду эронии қадим, мурдаҳои худро дар хок ё бо тобут ё бе тобут, мегӯрониданд ва ба вуҷуди рӯҳи инсон пас аз марг дар зери замин дар қаламрави Аида ва доварии аъмоли одамон дар он ҷо боварӣ доштанд. Барои юнониёни аҳди классик мудҳиштарин гуноҳ бо обрӯ гӯр накардани мурда будааст. Ин яке аз нишонаҳои эҳтиром ва парастиши аҷдодон ба шумор мерафт.

Инчунин дар байни юнониён парастиши қаҳрамонон, ба дараҷаи худоён қудсият пайдо кардани онҳо, парастишҳои маҳаллӣ дар симои қаҳрамон, худоёни авлодӣ, қабилавӣ ва дар ниҳоят, ҳомиёни шаҳр- давлат (полис)-ҳо ривоҷ доштанд.

Дар давраи ташаккул ёфтани худоёни ҳомии шаҳрдавлатҳо дини юнониён хусусияти динҳои миллию давлатиро касб мекунад. Динҳои давлатии юнонӣ ҳеҷ гуна озодфикриро таҳаммул надоштанд, шаҳрвандон маҷбур буданд қонуну қавоид ва маросимҳои мазҳабии умумидавлатиро риоя кунанд, дар ҳолати акс сахт муҷозот мешуданд. Мисоли он ба бединӣ муттаҳам намудани Суқрот ва қатли ӯ аз тариқи нӯшонидани ҷоми пурзаҳр мебошад.

Зевс – худои бузург, худои худоёни анҷумани худоёни юнонӣ. Крон аз тарси он ки писаронаш ҳокимиятро чунон ки худи ӯ аз падараш Уран гирифта буд, ба занаш Рея (духтари Уран) фармуд, ки фарзандони таваллудшударо ба ӯ биоварад ва онҳоро бераҳмона фурӯ мебурд.

Ҳамин тавр, ӯ панҷ фарзандаш: Гестия, Деметр, Геру, Аида (Гедас) ва Посейдонро фурӯ бурд.

Рея фарзанди охиринаш Зевсро аз ӯ дар ҷазираи Крит дар ғоре пинҳон кард ва ба ҷои ӯ сангеро печонида ба Крон медиҳад ва ӯ нафаҳмида фурӯ мебарад.

Чунин аст қиссаи таваллуди Зевс, ки баъдан ӯ дар мубориза бо фарзандони азимҷусса ва ғӯли Замин (титанҳо) ғалаба ба даст меорад. Зевс – худои Осмон, фармондеҳи раъду барқ дар кӯҳи Олимп ба тахти тиллоии салтанат менишинад, дар атрофи ӯ худоёни дигар: Гера – хоҳар ва зани сеюми ӯ ( пас аз Метида ва Фемида) – олиҳаи ҳомии зоймон ва никоҳ – паҳлӯяш нишаста. Духтараш Геба низ онҷо ҳузур дорад. Хулоса дар силсиламаротиби маъбади анҷумани худоёни Юнони бостон пас аз хонаводаи Зевс ду бародараш: Посейдон – худои баҳрҳо ва уқёнус ва Аид

– худои салтанати рӯҳи мурдагон дар зери замин қарор доранд. Пас аз онҳо дар мартабаи сеюм худоён Аполлон – худои офтоб, ҳомии манзилгоҳҳо, шаҳрҳо ва рамаҳо; Артемида – духтари Зевс, худои моҳ, ҳосилхезӣ, ҳомии таваллуди кӯдакон ва табобат ва Афина – худои ҳомии шаҳрҳо қарор доранд. Дар зинаи поёнтар аз онҳо Гесеф – писари Зевс – худои оташ ва оҳангарӣ; Дионис – худои майкашӣ, Гермес – худои ҳомии мусофирон, қарор доранд. Ҳамчунин худоёни дигар: Арес – худои ҷанг, Афродита – худои муҳаббату ишқ, Деметри – худои ҳосилхезӣ ва худоёни дигаре ба ин анҷуман дохиланд.

Зиндагӣ ва рафтору кирдор, сурату андоми худоёни юнонӣ ҳама шабеҳи одамонанд, онҳо натанҳо хислатҳои хуби инсон, балки хислатҳои баду разилаи онҳоро низ доранд.

Дар асотири юнонӣ мақоми қаҳрамонхудоён Прометей, Геракл ва дигарон низ хело баланд аст. Алалхусус, нақши Прометей – рабояндаи оташ аз боргоҳи худоён барои одамон, оварандаи нуру рӯшноӣ ва дониш ба инсон дар тамаддуни юнонӣ ва ҷаҳонӣ бузург аст.

Адабиёт

  1. Абдуллозода Ш., Мирзоев Ғ., Зокиров Н., Шоев З. Таърихи динҳо – Душанбе: «Дониш» 2014. 367саҳ.
  2. Абдуллозода Шерзот. Асосҳои диншиносӣ. – Душанбе: «Дониш», 2001.
  3. Абдуллозода Шерзот. Муқаддима ба исломшиносӣ.-Душанбе:
  4. «Ирфон» 1998.
  5. Абдуллоев Ш. Маорифпарварва озодфикрӣ. Душанбе: Дониш, 1994.
  6. Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон. ҷ.1,2. Душанбе,1998.
test

Добавить комментарий