Дини римиёни қадим

Дини римиёни қадим

  1. Хусусияти динҳои римиёни бостон
  2. Миллию давлатӣ будани динҳои римиён ва юнониён
  3. Аз байн рафтани дини Римиёни Қадим

1. Хусусияти динҳои римиёни бостон

Нимҷазирае дар ҷануби Аврупо, дар ғарби нимҷазираи Балкан қарор дорад, ки онро Апеннин меноманд ва кишваре, ки дар он ҷойгир шудааст ҳоло бо номи Итолиё маъруф аст. Юнониён дар гузашта, вақто ки ба як қисмати хурди ҷанубии ин нимҷазира, ки сарзамини сарсабзу серчорво буд, шинос шуданд, аз таҳайюр дар муқоиса бо сарзамини камалафи худ, ин номро ба ин ноҳия гузоштанд. Баъдан дар ҳудуди асрҳои аввали мелодӣ ин ном ба тамоми нимҷазира тааллуқ гирифт.

Аммо номи Рим дар ибтидо (ва имрӯз низ) номи шаҳрест, ки дар ҳафт теппаи соҳили поёноби дарёи Тибр дар асри VIII пеш аз мелод ба вуҷуд омада буд. Дар яке аз теппаҳои рост баромада қалъаи шаҳр Капитолий бунёд шуда буд, ҳангоми ҳуҷуми душманон мардум дар пушти деворҳои он паноҳ меёфтанд. Баъдҳо дар асри аввали мелодӣ тамоми кишвар Рим ва ҳар шаҳрванди он дар куҷое таваллуд нашавад, римӣ номида мешуд. Аҳолии ин шаҳрро лотинҳои патритсий ташкил мекарданд. Ба тадриҷ дар атрофи шаҳр аз ҷойҳои дигар одамон омада ҷойгир шуданд, ки онҳоро плебейҳо номиданд.

2. Миллию давлатӣ будани динҳои римиён ва юнониён

Римро шоҳ ва сенат (шӯрои мӯйсафедон) идора мекарданд. Ҳафт подшоҳ пай дар пай ба тахти салтанати он такя заданд ва дар замони салтанати охирин – Таркюин Ла Сопербе (534 пеш аз мелод), ки марди золим ва ситампеша буд, мардуми он шаҳр ба исён хеста, давлати ҷумҳуриро дар он шаҳр барпо карданд. Пас аз ин ба тадриҷ шуҳрату нерӯи ин шаҳр рӯ ба афзоиш ниҳод, то тамоми ин нимҷазира ба зери ҳокимияти он даромад. Подшоҳони Рим пас аз ин қадам берун аз хоки Рим гузошта, дар ҳудуди соли 200 т.м. сипоҳи Рим ба сарзамини Шом дохил шуда, бо лашкари Антиюкуси селевкӣ ба ҷанг даромад ва ӯро шикаст дод ва сарзамини Шом ва Осиёи Хурд зери протекторат – ҳимояву назорати он даромад. Нимҷазираи Итолиё низ дар нимаи

ҳазораи дуюми пеш аз милод, чун нимҷазираи Юнон мавриди ҳуҷуми қабилаҳои ориёӣ, махсусан селтҳо қарор мегирад. Онҳо бумиёни ин сарзаминро танг намуда, пойдевори тамаддуни ҷадидро дар он сарзамин гузоштанд. Он қабоили ориёӣ, ки нимҷазираи Итолиёро тасарруф намуданд, лотин ном доштанд. Баъдан нимҷазира боз мавриди ҳуҷуми ду қабилаи дигар аз шарқу шимол гардид. Ҳамин лотинҳо дар асри VI қабл аз милод байни ду қувваи муҳоҷим: атрусканҳо аз шимол ва юнониҳо аз ҷануб қарор гирифтанд. Таҳаввули дини римӣ дар таъсири мутақобилаи ин се тоифа сурат мегирад. Сарчашмаҳои дини римиёни қадим ҳамон аст, ки дар дини юнониён зикр намудем. Дини римиёни бостон низ дини миллию давлатӣ ва эътиқодоташон бисёрхудоии навъи ориёӣ будааст.

Қадимтарин эътиқодҳои мазҳабии онҳо иборат аз як зумра бовариҳои омехта ба хурофот, сеҳру ҷоду, фолбинӣ афсунҳо будааст. Онҳо барои арвоҳ ва худоёни худ ҳеҷ шаклу шамоил, робитаҳои оилавӣ ва ғайра қоил набудаанд.

Римиёни қадим мазҳарҳои парастиши худро нумино «қувваҳои куллӣ ва ғайримушаххас» (шояд наздик бо истилоҳи «ғайб»-и исломӣ) меномидаанд. Дар асарҳои тасвирию ҳунарӣ низ ҳеҷ нишонае аз чунин тасвирҳо ба даст наомадааст.

Ҳамаи тасаввуроти динии римиёнро ба се: оинҳои хонаводагӣ, саҳроӣ (кишоварзӣ) ва дину мазҳаби давлатӣ тақсим кардан мумкин аст. Дар кешу оини саҳроӣ боварӣ ба арвоҳи кишту донпошӣ Сатурн, ба рӯҳи нашъунамои ғалла ва сабзиши тухмӣ – Серес, рӯҳи дарав – Конус ва ғайра мавҷуданд. Умуман ҳар як амали марбут ба зироаткорӣ ва ҳаёти деҳқонӣ арвоҳу худои худро доштанд.

Ҳамчунин дар хона ва хонавода низ римиён ба як силсила арвоҳ, масалан, ба арвоҳи дару дарвоза Ҷонус, худои оташдон ва оташ Весто ва арвоҳи ҳофизу нигоҳбони анбори озуқа Пенотҳо боварию эҳтиром доштаанд.

Дини давлатии римиён худоёну ташрифоти мазҳабии хосе доштааст. Ҳанӯз дар замони сохтори салтанатии Рим подшоҳ худ бисёре аз ташрифоту маросимҳои диниро сарварӣ ва роҳбарӣ мекардааст ва пас аз ташаккул ёфтани империя ва густариши доманаи қаламрави императорӣ ба тадриҷ дини давлатӣ то он ҷо таҳаввул меёбад, ки аз замони Августин ва баъд императорон худо эълон карда мешаванд.

Вале худоёни маъруфе, ки анҷумани худоёни дини давлатии Рими бостонро ташкил мекардаанд, иборат аз худоёни зер будаанд:

-«Юпитер»-худои худоён (ҳамтои юнонии он Зевс);

-«Юнона»-олиҳаи никоҳ, модар – зани Юпитер;

«Минерва» яке аз олиҳаҳои асосии римӣ, ҳомии косибӣ, табобат ва санъат, дар қатори Юпитер ва Юнона таслиси анҷумани худоёни Капитолия ба шумор мерафт;

«Янус»-худои баромадгоҳу даромадгоҳи дарҳо, дар ибтидо худои нур ва офтоб, дарвозаи осмон буда;

«Марс»-худои ҷанг;

«Весто»-худои оташдони хона ва оташ (дар Юнон – Геста);

«Нептун»-худои обҳо ва намӣ (юнонӣ – Посейдон);

«Вулкан»-худои оташи пок ва харобгар(юнонӣ – Гефес); Тсерера-яке аз олиҳаҳои ҳосилот;

Меркурий-худои тиҷорат, фоида ва сарватмандӣ (ҳамтои юнониаш – Гермес);

Диана-олиҳаи наботот, таҷассуми моҳ.

Аз худоёни римӣ Юпитер (яъне падари осмонӣ), яке аз нишонаҳои умумияту алоқамандии дину мазҳаби римиён бо динҳои ориёӣ мебошад.

Чун дар Юнон, дар империяи Рим низ худоён дорои мартабаю мақоми хосе буданд, худои худоён ё «падари худоён», ки таҷассуми ҳашамати он империя буд, Юпитер ба шумор мерафт. Пас аз ӯ Юнона ва Минерва қарор доштанд, ки ба ифтихори онҳо се маъбад дар Капитолий бунёд шуда буд.

3. Аз байн рафтани дини Римиёни Қадим

Дар Рим, замони императории Августус, ҷиҳати берун овардани мардуми Рим аз буҳрони мазҳабӣ ва муттаҳид намудани римиён дар зери як мафкура, ба парастиш ва тақдиси императорон замина гузошта шуд. Аввалан, император Август падари худ Юлий Сезарро ба мартабаи худоӣ бардошта, барои ӯ маъбаде дар Рим сохт ва пас аз он дигар императорон то Нерон худро ба мартабаи худоӣ нишонданд.

Бо таъсири дину оини юнонӣ дар Рим парастиши Аполлон ва Артемида – Диана ривоҷ меёбад. Гузашта аз ин дар натиҷаи бархурд бо Шарқ дар Рим парастиши худоёни Осиёи Хурд низ роиҷ гардид, аз ҷумла, метавон парастиши модари худоён Кибалӣ ва парастиши худои дини ҳинду эронӣ Митраро мисол овард. Дар асри якуми мелодӣ, пас аз пайдоиши дини насронӣ муборизаи шадиди мазҳабие байни дини нав ва куҳани империя то асри чор, то давраи аз тарафи император Константин дини давлатӣ эълон шудани дини насронӣ идома дошт.

Адабиёт

  1. Абдуллозода Ш., Мирзоев Ғ., Зокиров Н., Шоев З. Таърихи динҳо – Душанбе: «Дониш» 2014. 367саҳ.
  2. Абдуллозода Шерзот. Асосҳои диншиносӣ. – Душанбе: «Дониш», 2001.
  3. Абдуллозода Шерзот. Муқаддима ба исломшиносӣ.-Душанбе:
  4. «Ирфон» 1998.
  5. Абдуллоев Ш. Маорифпарварва озодфикрӣ. Душанбе: Дониш, 1994.
  6. Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон. ҷ.1,2. Душанбе,1998.
  7. Диноршоев М. Аз таърихи фалсафаи тоҷик. Душанбе: Ирфон, 1988 (бо забони дарӣ).
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.