Оини меҳрпарастӣ (митраизм)

Оини меҳрпарастӣ (митраизм)

  1. Меҳрпарастӣ ё митроия (митраизм)
  2. Моҳияти таълимоти зарвония ва Маздо Ясно
  3. Маросимҳои қадимаи эронӣ-ориёӣ

Меҳрпарастӣ ё митроия (митраизм)

Халқҳои форсзабон дар ибтидо нерӯҳои табиӣ монанди офтоб, моҳ, ситорагон, хок, оташ, об ва бодро мепарастидаанд. Дар ин маврид дар китоби Авесто иттилооти зиёде ҳастанд. Моҳиятан динҳои ин давраро динҳои табиӣ ва аз назари иҷтимоӣ онҳоро қабилавӣ-авлодӣ номидан равост. Эътиқоди эрониён бисёрхудоӣ (полетизм) ва гоҳе санавӣ (дуализм) будааст. Дар байни ориёиёни Эрони Бостон ва Осиёи Марказӣ ҳамчунин эътиқод ва парастиши Хуршед бо номи Меҳр (Митра) роиҷ будааст.

Меҳр худои рӯшноӣ, худои ҳақиқат, танзимкунандаи корҳои олам, ҳомии мазлумон, худои ҷангу набардҳо будааст, ки тамоми қабоил ва тавоифи ориёиҳои бостонӣ дар ҳар ҷо ва ҳар кишваре ӯро мешинохтанд ва месутуданд. Яке аз сурудҳои «Яшт» дар Хурд Авесто Митраро монанди худое, ки подшоҳон қабл аз оғози ҷанг назди ӯ намоз мебурдаанд, ёд кардааст. Номи ин худо дар китоби муқаддаси ҳиндувон – Ригведа низ омадааст.

Оини меҳрпарастӣ (митраизм) таълимоти худро дар асоси фалсафаи наҷоти фардӣ ё инфиродӣ бунёд ниҳода буд. Яъне ҳар фард бояд дар фикри наҷоти худ аз тариқи тай намудани марҳилаҳои муайян бошад. Дар меҳрпарастӣ шахс бояд имтиҳони сахтеро мегузашт, ки он аз иҷро намудани якчанд маросим: 1) ғусли таъмид, 2) маросими пок кардани гуноҳҳо ба воситаи асал (дар маротиби олитар), 3) маросими масрафи об, нон ва шароби муқаддас, 4) маросими ниёиш, 5) риёзат, 6) пок кардани вуҷуди худ аз гуноҳҳо ба воситаи қурбонӣ кардани гов – иборат буд.

Оини меҳрпарастӣ ҳанӯз пеш аз дини зардуштия ба вуҷуд омада бошад ҳам, баъд аз ислоҳи мазҳабии Зардушт низ таъсири зиёде дар Эрони бостон доштааст. Митра аз эзидони маъруфи Эрон буд. Халқҳои сомӣ низ дар Ғарб вайро бо номи «Шамас» мепарастиданд. Ӯ диҳандаи шукӯҳ ва азамат ба шоҳон буд, аз ин рӯ, пас аз Аҳуромаздо, олитарин мақомро дар дарбори шоҳони эронӣ доштааст.

Оини меҳрпарастӣ баъдан бо номи ведоии Митра – «митраизм» дар империяи Рим паҳн шуда, то ҳудуди асри IV мелодӣ дар Осиёи Хурд, Африқо, Аврупо нуфузи зиёд пайдо карда буд. Вай ба оини гностикҳо,

дини монавӣ ва насронӣ, тасаввуфи исломӣ таъсири зиёде расонда, умумияти зиёде дар дини ведоӣ доштааст.

Дар асрҳои нахустини мелодӣ нуфузи оини меҳрпарастӣ дар ҳудуди империяи Рим хеле бузург буд, он пурзӯртарин рақиби дини насронӣ ба шумор мерафт. То замони ба дини ҳукмрон табдил ёфтани насроният, императорҳои Рим ба Митра ҳамчун ба як наҷотбахши башарият, мубаллиғ ва ҳидоятгари ҳаёти абадӣ эътиқод доштанд. Ба андешаи аксарияти муҳаққиқон, дини насронӣ аз ин оини эрониёни бостонӣ унсурҳои зиёдеро аз худ намудааст. Масалан, тибқи андешаи муҳаққиқи таърихи илми нуҷум Павел Глоба, анъанаи ҳар сол дар рӯзи 25-уми декабр ҷашн гирифтани мавлуди Исои Масеҳ дар заминаи пайравӣ ба анъанаи дар байни меҳрпарастон ривоҷдоштаи ҷашни рӯзи мавлуди Митра ба вуҷуд омадааст. Аз ҷумлаи дигар эътиқодоти оини меҳрпарастӣ, ки дар ташаккулёбии низоми эътиқодоту боварҳои дини насронӣ нақш гузоштаанд, устура дар бораи тавлиди худо ва чӯпонҳое, ки ба таъзими ин худои навтавлид шитофтанд, пошидани оби муқаддас, ҳамчун рӯзи худованд пос доштани рӯзи якшанбе, хӯронидани нону оби табаррукӣ ва дигар унсурҳоро зикр кардан мумкин аст. Инчунин, ғояи намирандагии рӯҳ ва ҳаёти пас аз марг низ қабл аз динҳои тавҳидӣ дар оини меҳрпарастӣ вуҷуд дошт.

Умуман, таъсири эътиқодоти меҳрпарастӣ ба ташаккули тасаввурот ва эътиқодоти динҳои яҳудиву насронӣ ва исломӣ хеле фаровон ба назар мерасад. Масалан, меҳрпарастон ба Митра ҳамчун ба худои рӯшноӣ ва наҷотбахши башарият эътиқод доштанд, насрониён бошанд чунин наҷотбахшро дар симои Исои Масеҳ мебинанд. Митра аз батни духтари бокира ба дунё омадааст, Исои Масеҳ низ, тибқи эътиқоди насрониён ва мусулмонон аз батни Марями бокира ба олам омадааст. Ҳам Митра ва ҳам Исои Масеҳ иродаи падархудоро дар рӯи замин татбиқ менамоянд, фарқият фақат дар ҳамин аст, ки ин падархудо дар оини меҳрпарастӣ Аҳурамаздост, аммо дар динҳои яҳудӣ ва насронӣ Яҳво номида шудааст. Чӣ тавре аз ривоятҳои Таврот бармеояд, яҳудиёни қадим Яҳворо бо Аҳурамаздо айният медодаанд. Тибқи як ривояти меҳрпарастӣ, Митра дар ғор таваллуд ёфта ва аввалин шуда аз ин ҳодиса чӯпонҳо бодарак мешаванд ва ба зиёраташ мешитобанд. Ба ривояти дигар бошад, аввалин шуда аз таваллуди Митра муғҳо огоҳӣ ёфта, ӯро зиёрат мекунанд ва барояш туҳфаҳо меоранд. Ин ривоятҳо ба ривоятҳои насронӣ дар бораи тафсилоти таваллуди Исои Масеҳ хеле шабоҳат доранд. Ривояти меҳрпарастӣ дар бораи уруҷи Митра ба назди Аҳурамаздо пас аз анҷом ёфтани рисолаташ дар рӯи замин низ бо таълимоти насронӣ дар бораи эҳёи Исои Масеҳ ва бозгашташ ба сӯи Падархудо хеле ҳамоҳанг аст.

Чунин унсурҳои ба ҳам монанд натанҳо дар ривоятҳо ва таълимоти оини меҳрпарастӣ ва дини насронӣ, балки дар миёни рамзҳо ва нишонаҳои онҳо низ зиёд дучор мешаванд. Масалан, яке аз рамзҳои насронӣ салиб мебошад. Дар байни рамзҳои оини меҳрпарастӣ низ чунин салиб вуҷуд дорад, ки дар дохили доира қарор гирифтааст. Чунин

салиби даврадор қадимтарин рамзи худои офтоб аст, ки натанҳо дар оини меҳрпарастӣ, балки дар бисёр дину оинҳои дигари бостонӣ низ мавриди истифода будааст. Дар ин рамз доира рамзи худи Митра ва салиб рамзи чор нуқтаи асосӣ мебошад, ки онҳоро офтоб дар давоми як сол тай мекунад: ду нуқтаи қиёми офтоб ва ду нуқтаи баробаршавии давомнокии шаб ва рӯз.

Яке аз муҳимтарин хизматҳое, ки Сосониён барои фарҳанг ва тамаддуни башарӣ анҷом додаанд, тадвини Авесто мебошад, ки дар он натанҳо таълимоти дини зардуштӣ, балки маросиму эътиқодоти меҳрпарастӣ ва дигар дину оинҳои қадимаи мардуми эронитабор низ акс ёфта буданд.Эҳё ва рушди бесобиқаи фарҳанг ва дину оинҳои бостонии эрониён дар давраи салтанати Сосониён метавонист дар ҳудуди империяи Рим низ мавҷи эронишавӣ ва эронигароиро ба вуҷуд оварад. Дар ин росто ягона роҳе, ки садди ҳуҷуми фарҳанги эронӣ шуда метавонист – ба вуҷуд овардани як низоми нави динӣ-идеологие буд, ки он мебоист аз таъсири меҳрпарастӣ ва дигар аносири фарҳанги эронӣ комилан озод бошад. Чунин низом дар шакли дини насронӣ тазоҳур намуд.

Бо вуҷуди ин, нақши бузурги оини меҳрпарастӣ дар ташаккули фарҳанг ва тамаддуни аврупоӣ ва умуман, фарҳанги умумибашарӣ муассир ва бузург мебошад. Тавассути ин оин мардуми Аврупо ва дигар манотиқи ҷаҳон бо як қатор ғояҳои муҳими динӣ-ахлоқии эронитаборони бостонӣ, мисли поквиҷдонӣ, вафо ба аҳд, хизмат ба ҳамкешону ҳамватанон, гуфтору пиндор ва рафтори нек ва ғайра аз наздик шинос шуда, аз онҳо дар ислоҳу тарвиҷи фарҳанги худ баҳрабардорӣ намудаанд.

Моҳияти таълимоти зарвония ва Маздо Ясно

Дар адабиёт боз дар бораи ду оини пеш аз зардуштия, яъне каюмарсия, зарвония ва таълимоти Маздо Ясно маълумот оварда шудааст. Ин оинҳои бостонӣ бар пояи муборизаи нур ва зулмат устувор будаанд. Дар ҳар ду Яздон офарандаи ҳам нур ва ҳам зулмат аст. Дар зарвония омадааст, ки Зарвон интизории таваллуди фарзандаш Ҳурмуздро дошт ва ба шакку шубҳа роҳ дод, аз он дар як шикам нутфаи ҳам Ҳурмузд ва ҳам Аҳриман ба вуҷуд омаданд. Зарвон гуфта буд, ҳар кадоме пеш таваллуд шавад, подшоҳиро бар ӯ хоҳад дод. Аз ин хабар Аҳриман огоҳ шуд ва пеш аз маврид шиками модарро дарида берун омад. Зарвон онро ба даст гирифт, ки хеле зишту бадбӯй буд. Ӯро раҳо карда гуфт, писари ӯ набояд чунин зишту бадбӯй бошад. Пас аз он Ҳурмуз таваллуд шуд. Зарвон ӯро қабул кард ва мехост подшоҳии оламро ба ӯ супорад, вале Аҳриман суханони ӯро ба хотираш оварда, гуфт, «қавлу паймон набояд шикаст». Пас аз ин дар устура омадааст, Зарвон ба Аҳриман 9000 сол иҷозати ҳокимиятро дод ва пас аз он даврони ҳокимияти Ҳурмузд оғоз мешавад. Ин устура мувофиқи таҳқиқи Гео Виденгрен аз навъи устураҳои ҳинду эронист, аз ин рӯ, таърихи пайдоиши зарвония низ на давраи Сосониён, балки дарвоқеъ, чунон ки Шаҳристонӣ оварда, пеш аз ислоҳоти Зардушт бояд бошад.

Ҳамчунин, қавмҳои эронинажод дар он замонҳо ба як қонун, тартиби куллӣ ва интизоми томе дар ҷаҳон қоил буданд, ки он ҳам ба сурати табиӣ ва ҳам ахлоқӣ ҳукмронӣ мекунад. Ва онро бо забони худ «Аша» ё «Арто» меномиданд. Адлу дод ва ростиро аз сифатҳои хосаи ӯ медонистанд. Инчунин гузаштагони мо эътиқод ба худованди мурдагон эймо (дар Веда

«яма») ва ба «Фарох-Ваши» ба маънои равон ё «рӯҳи нахустин» ё худ

«равони маҳбуб ва муқаддаси ниёгон» доштаанд.

Хулоса, ориёиҳои бостон ин қувваҳои илоҳӣ ва баъзеи дигарро, ки номи онҳо аз миён рафта ва фаромӯш шуда, парастиш мекардаанд ва дар пеши онҳо қурбониҳо ва ҳадяҳо мегузоштаанд.

3. Маросимҳои қадимаи эронӣ-ориёӣ

Парастиши Озар ё ибодати оташ аз расму одоби қадими эрониён аст ва дорои аҳамияти хосе будааст. Онро бо ташрифот ва маносику маросими муайяне ба ҷо меовардаанд. Ин ҷо низ қаробати мазҳабию фарҳангӣ бо ориёиҳои Ҳинд аён аст. Ҳарчанд аз худои «Агни», ки дар Ведо ҳамчун худои оташ омадааст, дар одоби эрониён номе бурда нашуда, лекин шак нест, ки ҳам ӯ ва ё ӯ буда, ки дар назди эрониёни қадим маҳали парастиш қарор доштааст ва барои ибодати ӯ маросим меоростанд.

Барои рӯҳу равони аҷдодон ва арвоҳи муқаддаси гузашта аз ҳосили донаву ғалла ва гӯшти ҳайвон қурбониҳо мекардаанд. Расму суннати дигар ин будааст, ки ҷонваре, ки қурбонӣ мекардаанд бо гиёҳе, ки

«барсум» меноманд, ҳамроҳ менамудаанд. «Барсум» иборат будааст аз чанд шохи гиёҳон ва дарахтҳои муқаддасе, ки онро даста карда, дар баробари сурати худ мегирифтаанд ва дар муқобили оташ истода, ба ибодат мепардохтаанд.

Адабиёт

  1. Абдуллозода Ш., Мирзоев Ғ., Зокиров Н., Шоев З. Таърихи динҳо – Душанбе: «Дониш» 2014. 367саҳ.
  2. Абдуллозода Шерзот. Асосҳои диншиносӣ. – Душанбе: «Дониш», 2001.
  3. Мень Александр. История религии. М., 1994.
  4. Народны и религии мира. Энциклопедия. М., 1998.
test

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *