Дини зардуштия Авесто – китоби муқаддаси зардуштиён

Дини зардуштия Авесто – китоби муқаддаси зардуштиён

  1. Заминаҳои ақидатӣ-иҷтимоии пайдоиши зардуштия
  2. Зардушт асосгузори зардуштия
  3. Авесто китоби муқаддаси зардуштиён ва масъалаҳои ахлоқии он

Заминаҳои ақидатӣ-иҷтимоии пайдоиши зардуштия

Зардуштия аз маъруфтарин адёни бостонии халқҳои эронинажод мебошад. Он бо номи асосгузораш Зардушт номида шудааст. Дини Зардуштӣ аз лиҳози пайдоиш ва интишор ба гурӯҳи адёни миллию давлатӣ, ба оилаи динҳои ҳиндуориёӣ тааллуқ дошта бошад ҳам, аз лиҳози даъват дар илоҳиёт ва нубуват ба дини ҷаҳонӣ тааллуқ дорад. Аз назари эътиқодӣ зардуштия дар ибтидо тавҳидӣ-яктопарастӣ буда, то ба имрӯз чун дин аз тарафи донишмандон эътироф гардидааст.

Зардушт қадимтарин ҳаким ва мутафаккири шинохташудаи Эрони бостон аст. Тибқи ақидаи баъзе аз муаррихон ва нависандагон ӯ дар ҳудуди 600 ё 700 сол пеш аз мелод зиндагӣ кардааст.

Вале он чӣ аниқ ва мусаллам аст, ин аст, ки зардуштия ҳамчун дини давлатӣ аз асри VII пеш аз мелод то асри VII мелодӣ дар қисмати зиёди Осиёи Наздик, Эрон ва Осиёи Марказӣ ҳукмрон будааст. Арасту менависад, ки ҳикмати муғон (зардуштия) куҳантар аз ҳикмати мисриён аст.

Ба ҳар сурат Зардушт аз деҳқонзодагони ориёӣ буда, падараш Пурушасб (ё Юршасб) аз хонадони Спитамен ва модараш Дағдуя мебошад. Номи Зардушт (Зороастра дар забонҳои аврупоӣ) дар асл Заратуштра аз калимаи мураккаби ориёии куҳан буда, аз ду калима:

«зара» ба маънии «доро» ё баъзе «зард» тарҷума кардаанд, дуввумин

«уштара» ба маънои «уштур», яъне «доро ё соҳиби уштур», «уштурбон» ё

«зардуштур» аст. Замони зуҳури ӯро муаррихон замони салтанати Гуштосб пури Луҳросб (яке аз шоҳони силсилаи каёнӣ) номидаанд.

Ривоятҳои бостонӣ ба он далолат мекунанд, ки Зардушт вақти таваллуд, бар хилофи одати кӯдакон, механдид. Ҳамчунин ривоятҳои дигаре, ки аз ҳамон кӯдакӣ нишонаҳои паёмбарӣ зоҳир кардани ӯро собит

карданианд, зиёданд. Мувофиқи ривоёт чун Зардушт ба сисолагӣ расид, ба ӯ чандин каромат ва мӯъҷизоте даст медиҳад. Табиист, ки бе мӯъҷиза ва каромот исботи паёмбарӣ имкон надошт. Нахустин кашф ва шуҳуде, ки ба Зардушт даст дод, чунин буд: Ногаҳон хаёли шабаҳе, ки қоматбаланд буд, дар баробари назараш намоён мегардад, ки онро фариштаи “Ваҳумана” /Баҳман/, яъне пиндори нек ном додаанд. Он фаришта бо ӯ гуфтушунид карда, фармуд, ки ҷомаи ориятии танро аз ҷон (рӯҳ) дур кунад ва равонро пок созад, он гоҳ сууд карда, яъне ба боло рафта, дар пешгаҳи “Аҳуромаздо” – худои ҳаким ҳузур ёбад. Вай чунин мекунад. Аз чигунагии ҳузури ӯ дар маҳзари илоҳӣ ривоятҳои зиёде ҳаст. Яке, он ки чун Зардушт дар он анҷумани осмонӣ ва ҷойгоҳи барин дарун омад, сояи ӯ маҳв гардид, зеро партави тобиши фариштагон ва шуоҳои дурахшони арвоҳи улвӣ вуҷуди ӯро чунон ғарқи нур сохта буданд, ки сояе боқӣ намонда буд. Пас Аҳурамаздо ба ӯ таълим дод ва ӯро ба паёмбарӣ баргузид ва фармуд, ки ҳақоиқ, аҳком ва таълиму таклифҳои илоҳии ӯро ба оламиён расонад.

Зардушт асосгузори зардуштия

Мувофиқи ин ривоят, пас аз он ҳашт соли дигар Зардушт дар олами кашф ва шуҳуд бо шаш фариштаи муқарраб (Амшоспандон ) яко- як гуфтушунид кард ва аз маҷлиси ҳар кадоме баҳравар шуд. Аз “Готҳо”, ки зоҳиран суханони худи Зардушт аст, сарчашмаи пайдоиши ривоёт доир ба ин мукошифотро пайдо кардан мумкин аст. Дар сурудаҳои он ҳуҷҷати боэътимоде, аз замони худи Зардушт боқи монда, гуфта мешавад: “Ман монанди Вахшури пок, эй Аҳуромаздо меситоям, вақте ки “Ваҳмана”, “Пиндори нек” назди ман омад ва аз ман пурсиш кард, кистӣ ва ба кӣ вобастаӣ? Ва нишони ту дар ин рӯзгор чист? Ман бар ӯ гуфтам: “Ман Зардушт – душмани дурӯғ, ки то ғояти тавоноии вуҷуд бо дурӯғ набард мекунам ва пуштибони нерӯманди ростгӯёнам ва саранҷом ба олами бепоён хоҳам расид ва дар он ҷо Туро, эй Маздо, ситоиш хоҳам кард ва нағмаҳо ба ёди Ту хоҳам суруд. Туро эй равони пок ва муқаддас, Туро эй Аҳуромаздо меситоям, ҳангоме ки Ваҳман (пиндори нек) назди ман омад ва аз ман суол фармуд: «Оҳанги чӣ кор дорӣ?» Дар посух гуфтам: «Ҳурмат ва ситоиши оташи Ту оҳанги ман аст ва то тобу тавон дорам дар тариқи Ҳақ кӯшиш мекунам, ростиро ба ман нишон деҳ, то ӯро биталабам!»

Ниҳоят, пас аз касби мақоми паёмбарӣ, мувофиқи ривоятҳо, Зардушт боз даҳ сол ба парастиш ва ибодати Маздо машғул мешавад ва пас аз он мукошифа бедаранг ба таълиму тарғиби мардум иқдом мекунад. Вале дар ибтидо касе ба суханони ӯ эътиборе намедод, пайваста аз мардум ва рӯзгор ҷафо ва озор медид. Оқибат пас аз даҳ сол Зардушт ба мақсад расид ва нахустин касе, ки оини ӯро пазируфт ва ба ӯ гаравид, амакзодааш буд.

Ба ҳар сурат, дар ибтидо таълимоти Зардушт ба мухолифати сахти муғон ва карапанҳо (рӯҳониёни оини оташпарастӣ) дучор мешавад. Ӯ барои интишори таълимоти худ ба дарбори шоҳ Гуштасп (дар Авесто –

Виштасп) роҳ меёбад, пас аз озмоиш ва мубоҳисаҳои илмию мазҳабӣ таваҷҷуҳи шоҳро ба худ ҷалб мекунад, вале дере нагузашта бо иғвои муғон Зардушт ба зиндон меафтад.

Ҳангоми дар зиндон будани Зардушт яке аз аспҳои дӯстдоштаи шоҳ сахт касал мешавад, табибон аз табобати он оҷиз мемонанд. Зардушт бо истифода аз илмҳое, ки дар ҷавонӣ омӯхта буд, тавонист аспро табобат кунад. Баъд аз ин ки дасисаҳову иғвои душманонаш ошкор мегардад, шоҳ ба ӯ аз нав иродатманд мегардад, дар ин байн шаҳбону низ дини Зардуштро қабул мекунад. Пас аз ин дини зардуштӣ –

«дини беҳин» бо дастгирии шоҳ Гуштасп дар қаламрави Эрону Тӯрон аз тариқи тарғибу ташвиқ интишор меёбад. Тибқи ахбори «Шоҳнома» Гуштасп дини Зардуштро ба воситаи Исфандиёр дар Эрону Тӯрон паҳн мекунад. Фирдавсии ҳаким зуҳури Зардуштро аз қавли шоҳи туркони Чин Арҷосп чунин тавсиф кардааст:

«Яке пир пеш омадаст сар-сарӣ, Ба Эрон ба даъвии пайғамбарӣ, Ҳаме гӯяд аз осмон омадам,

Зи назди худои ҷаҳон омадам.

Худовандро дидам андар биҳишт, Мар ин Занду Усто ҳам ӯ навишт…»

Зардушт пас аз интишору ривоҷу равнақи дини худ боз бист сол умр дидааст. Дар ин муддат ду ҷанги калоне байни Эрону Тӯрон шудааст ва аз рӯи ривоятҳо Зардушт дар ҷанги охирин дар Балх, дар баробари меҳроби оташ аз дасти тӯроние ба қатл мерасад. Дар он ҳангом ӯ ҳафтоду ҳафт сол доштааст.

3. Авесто китоби муқаддаси зардуштиён ва масъалаҳои ахлоқии он

Зардуштия аз ҷумлаи динҳои соҳибкитоб мебошад. Авесто китоби муқаддаси зардуштиён ва гузашта аз ин қадимтарин ёдгории таърихӣ ва сарчашмаи хаттӣ-адабӣ, фалсафӣ ва динии халқҳои эронинажод мебошад.

Нусхаи аслии Авесто то ба мо омада нарасидааст. Мувофиқи маълумотҳои таърихӣ ва таҳқиқоти олимон аввалин бор Авесторо Гуштосп ё Доро дар ду нусха бар рӯи 120 ҳазор пӯсти гов ба ранги тиллоӣ навиштааст. Як нусхаи онро дар Гундишопикон ва нусхаи дигарашро дар Истахр гузоштааст. Вақте ки Искандари Мақдунӣ сарзамини Эрону Мовароуннаҳрро тасарруф мекунад, қасри шоҳ, аз ҷумла китобхонаи Истахрро низ оташ мезанад. Нусхаи дар Гундишопикон будаи Авесторо Искандар гирифта, амр кардааст, ки қисматҳои марбут ба тиббу нуҷумро ба юнонӣ тарҷума карда, бақияи онро нобуд созанд.

Умуман Авесто дорои ҳазор фасл ва аз 21 наск (рисола ё китоб) иборат будааст. Аз қавли Плиний-донишманди римӣ Зардушт маҷмӯан

2000000 байт сурудааст. Авестои давраи ҳахоманишӣ 815 фасл дошт. Вале баъди ҳуҷуми Искандар нусхаи аслии он, ки бо оби тилло дар болои чанд ҳазор пӯсти гов навишта шуда буд, ҷамъоварӣ ва сӯзонида шуд. Баъд аз тохтутози Искандар дар давраи Сосониён, вақто ки порчаҳои парокандаи Авесторо ҷамъоварӣ карданд, фақат 348 фасл ба даст омадааст, ки онро низ ба 21 наск тақсим кардаанд. Аз 350 000 калимаи Авесто то ба мо ҳамагӣ 85 ҳазор калима омада расидааст. Он шомили 21 наск буда, 5 китоб – Ясно, Виспарат, Вандидод, Яштҳо ва Хурд Авесторо дар бар мегирад. Қисмати аз ҳама қадимтарини Авесто Готҳо мебошад, ки 17 боби Ясноро дар бар мегиранд.

Адабиёт

  1. Абдуллозода Ш., Мирзоев Ғ., Зокиров Н., Шоев З. Таърихи динҳо – Душанбе: «Дониш» 2014. 367саҳ.
  2. Абдуллозода Шерзот. Асосҳои диншиносӣ. – Душанбе: «Дониш», 2001.
  3. Абдуллозода Шерзот. Муқаддима ба исломшиносӣ.-Душанбе:
  4. «Ирфон» 1998.
  5. Абдуллоев Ш. Маорифпарварва озодфикрӣ. Душанбе: Дониш, 1994.
  6. Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон. ҷ.1,2. Душанбе,1998.
  7. Диноршоев М. Аз таърихи фалсафаи тоҷик. Душанбе: Ирфон, 1988 (бо забони дарӣ).
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.