Маросими зардуштия

Маросими зардуштия

  1. Хусусияти ибодат ва маросимҳои асосии зардуштия
  2. Чор нахустунсури муқаддас дар таълимоти дину фалсафаи зардуштия

Хусусияти ибодат ва маросимҳои асосии зардуштия

Яке аз аввалин маросимҳои зардуштия ба ҷамоаи динӣ қабул кардан мебошад. Ин маросим дар синни понздаҳсолагии ҷавонон сурат мегирад ва яке аз муҳимтарин расмияти он бастани «куштӣ» (калимаи авастоӣ Айвёнгаҳан), камарбанди динии хосе, (ки аз ҳафтоду ду нах, аз пашми гӯсфанди сафед аз шаш риштаи дувоздаҳнахӣ) дар се ҳалқа ва бо чаҳор гиреҳ дутогӣ аз пешу ақиб мебошад. Ин ҳама рамзе дорад, аз ҷумла, се бор печонан ё бастани ресмон рамзест аз се зинаи ахлоқии зардуштия /яъне пиндори нек, гуфтори нек, кирдори нек/. Ҷашни куштибандӣ яке аз бузургтарин рӯйдодҳои зиндагии ҳар як зардуштӣ аст.

Халқҳои эронӣ дар давраҳои қабл аз Зардушт се вақт ибодат мекарданд. Зардушт ба ин се вақт ибодат, ки яке саҳар (хаванӣ), баъд аз нисфирӯз (уҷайара) ва шабонгоҳ (авистура) баргузор мешуд, боз ду вақти дигар (рапитва) – нисфирӯзӣ, дигар нисфи шаб (уша)-ро илова кард. Ҳангоме ки саросар ҳамаро торикӣ фаро гирифтааст, пайравони Зардуштия бояд ба оташ сӯзишворӣ гузоранд ва шохаҳои хушбӯй партоянд ва бо намозу ибодати худ олами хайрро истеҳком бахшанд.

Ҳамин тавр, намози панҷвақтаи ҳаррӯза вазифаи ҳатмии ҳар як пайрави Зардушт мебошад. Маросими намоз аввал аз пок кардани худ, яъне таҳорат, шустушӯи дасту рӯй ва пой оғоз ёфта, сипас намозгузор камарбанд (куштӣ)-ро кушода бо ду даст онро дар пеши худ нигаҳ медорад, бо чунин хаёле, ки гӯё дар назди офаридгор аст. Нигоҳи ӯ ба оташ – чун ба рамзи росткорӣ дӯхта шудааст. Диндор дар ҳини намоз Аҳуромаздоро ситоиш ва Аҳриманро лаънат мехонад. Сипас вай боз камарбандашро баста намозро идома медиҳад. Ҳамин тавр, ин амал чанд бор такрор мешавад.

Аз ҷумлаи маросимҳои зардуштия ҳафт иди ӯст. Бузургтарин ид бахшида ба Аҳурамаздо ва шаштои дигар ба Амшоспандон ва ҳафт офаридаҳои онҳо мебошад. Ҳамаи идҳои Зардуштия бо тақвимҳои деҳқонӣ зич алоқаманд аст. Масалан: Маидйой – зарэмайя («мобайни баҳор»), Маизйой – тема («мобайни тобистон»), Паитишахйа («иди

ҷамъоварии ғалла»), Айатрима («иди баргаштани чорво аз чарогоҳи тобистонӣ»), Майдйаирйа («мобайни чиллаи зимистон») ва ниҳоят иди номи аслаш номаълуме Хамаспатмаэдайа , зиёрате ба муносибати фаравашӣ – равони ниёгон, ки дар бегоҳи охири пеш аз баробаршавии шабу рӯзи баҳорӣ баргузор мешавад. Бузургтарин ҷашни эрониён, ки онро ҳанӯз пеш аз пайдоиши оини зардуштӣ халқҳои ориёинажод бо тантанаву шукӯҳ ҷашн мегирифтаанд, иди Наврӯз аст. Номи авестоии он то ба мо мутаасифона омада нарасидааст. Зардушт ин идро, ки эрониён чун оғози фасли баҳор қайд мекарданд, қабул намуда, ба он рамзи тозае бахшид. Наврӯз дар зардуштия ҳафтумин ва бузургтарин ҷашнест, ки ба бузургдошти Ашо-Вахишта (беҳтарин ростиву адолат, ки рамзи он оташ аст ва охирин рӯзи олам, ки дар он ашо (ростӣ) ғалаба мекунад ва ҳамин рӯзи охирин дар ҳамон як вақт аввалин рӯзи ҳаёти нави абадист) бахшида шудааст. Мувофиқи сарчашмаҳои дигар инсон маҳз ҳамин рӯз по ба замин мондааст ва Аҳуромаздо – бузургофаридгор, ҷаҳонро дар чунин рӯз офаридааст.

Чор нахустунсури муқаддас дар таълимоти дину фалсафаи зардуштия

Ҳамин тавр, бо ҷорӣ кардани намози панҷвақта ва ҷашнгирии ҳафт ид, Зардушт системаи динии дорои қудрати бузургеро бунёд кард, ки дар тӯли се ҳазор сол побарҷост.

Зардуштия баъдан оҳиста-оҳиста бо унсурҳои хурофотӣ, санавият ва ҳатто бутпарастӣ олуда гардида, ба дини аристократияи деҳконӣ ва дарборӣ табдил ёфт, аз асли худ бегона ва ба ҳомии ҷомеаи наздик ба каставии сосонӣ мубаддал шуд.

Аксар аз ин маросиму оинҳои зардуштия хело печидаву мушкил гардиданд, аз ҷумла, барои поксозии инсон ва ҳифзи он аз шарр ва эмин мондани он аз таъсири авомили баду палид маросиму одоби хеле сангини покиву таҳорат талаб карда мешуд. Мувофиқи дастурҳои китоби Вандидод яке аз сарчашмаҳои наҷосат ва палидӣ тамос бо ҷасади мурдагон аст. Ҳар кас, ки колбуди майитро даст занад ё ба нохост ба ягон ҷои мурда расад, ҳатман бояд чандин маросими таҳорат ва покшавиро гузарад. Ин поксозӣ гоҳе бо об ва гоҳе бо бавли гов тавсия шудааст. Чун назди зардуштиён хок, обу оташ аносири муқаддас буданд ва ҷасади мурдагон мазҳари наҷосат ба шумор мерафт, намегузоштанд, ки он ба ин се унсур тамос ёбад, аз ин рӯ гӯронидан дар хок ё сӯхтан дар оташ ва ё ғарқ кардан дар об мамнӯъ буд. Онҳо барои мурдагон дар доманаи кӯҳе ё ҷое дуртар аз ободӣ «дахма» ё «бурҷи хомӯшон» интихоб ё бино мекарданд ва мурдаҳои худро он ҷо мегузоштанд то паррандагон ё сагҳои махсус гӯшти онро бихуранд, сипас устухонҳоро дар он дахмаҳо ё «осуараҳо» нигоҳ медоштанд.

Адабиёт

  1. Абдуллозода Ш., Мирзоев Ғ., Зокиров Н., Шоев З. Таърихи динҳо – Душанбе: «Дониш» 2014. 367саҳ.
  2. Абдуллозода Шерзот. Асосҳои диншиносӣ. – Душанбе: «Дониш», 2001.
  3. Абдуллозода Шерзот. Муқаддима ба исломшиносӣ.-Душанбе:
  4. «Ирфон» 1998.
  5. Абдуллоев Ш. Маорифпарварва озодфикрӣ. Душанбе: Дониш, 1994.
  6. Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон. ҷ.1,2. Душанбе,1998.
  7. Диноршоев М. Аз таърихи фалсафаи тоҷик. Душанбе: Ирфон, 1988 (бо забони дарӣ).
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.