Дини монавия

Дини монавия

  1. Пайдоиши Монавия
  2. Хусусияти паҳншавии ҳаракати динию иҷтимоии Монавия
  3. Нақши инсон дар таълимоти Монӣ

Пайдоиши Монавия

Монавия дини синкретӣ (омехта)-е мебошад, ки дар асри III мелодӣ дар давраи салтанати хонадони сосонӣ, дар заминаи ислоҳи зардуштия ба майдон омадааст. Асосгузори ин дин Монӣ (216-276) буд.

Монӣ яке аз шахсиятҳои маъруфи тоисломии тамаддуни эронист, ки ҳамчун пешвою асосгузори дини монавия ва мусаввири номӣ машҳур аст. Ӯ аз падари эронӣ ва модари портӣ ба дунё омадааст.

Муҳаққиқон падари ӯро аслан аз аҳли Ҳамадон мешуморанд, ки баъдан ба Бобул муҳоҷират карда, дар деҳкадае бо номи «Мардину», воқеъ дар наздикии Тайсафун зиндагӣ кардааст. Монӣ дар ҳамин деҳа ба дунё омада, дар ҷавонӣ таҳти сарпарастии падараш таълим ва таҳсили хуб гирифтааст. Ӯ куллияи илмҳои замонаш, аз ҷумла, фалсафа ва адабиёти юнонӣ, мусиқӣ, наққошиву суратгарӣ, ситорашиносӣ ва тиббро аз худ карда, баъдан дар мадрасаи рӯзгор дарси зиндагӣ омӯхта буд.

Дар синни 25-солагӣ Монӣ худро ҳамчун навовар ва як муслиҳ (реформатор)-и иҷтимоӣ ва мазҳабӣ муаррифӣ мекунад. Таълимоти монавия аз аносири динҳои зардуштия, насрония, гностикаи юнонӣ ва ҳиндуияву буддоия ташаккул ёфта аст. Аз ин рӯ, низоми динии монавия низоми омехта (эклектикӣ) мебошад. Монӣ ақида доштааст, ки динҳои зардуштӣ, насронӣ ва буддоия ҳама ҳамон як дини ростинанд, ки ба иллати нафаҳмидани одамон таҳриф шудаанд.

Таълимоти Монӣ ба зиддияти сахти мӯбадони зардуштия рӯ ба рӯ мешавад ва ниҳоят ӯ маҷбур мешавад аз Эрон гурезад. Ин дар аҳди шоҳ Шопур буд. Ӯ аввал ба Ҳиндустон ва баъдан ба Осиёи Марказӣ (Туркистон)-у Хитой ҳиҷрат карда, чанд соле дар он ҷойҳо монда, ба тарғиби дини худ пардохтааст. Ӯ дар баробари паёмбарӣ, гӯё наққошу суратгари машҳуре низ будааст ва мувофиқи маълумоти сарчашмаҳо суратгарии худро низ бурҳону далели паёмбариаш ироа мекардааст. Аз ҷумла, Ҳаким Фирдавсӣ бо ишорат ба ин таълимоти Монӣ ва назарияи нуру зулмати ӯ гуфтааст:

Куҷо нуру зулмат ба ӯ андар аст,

Зи ҳар гавҳаре гавҳараш бартар аст.

Шабу рӯзу гардонспеҳри баланд, Ки з-ӯят паноҳасту ҳам з-ӯ газанд.

Ба ҳар сурат дар адабиёти форсу тоҷик образи Монӣ ҳамчун

«суратгари зебои Чин» васеъ истифода шудааст.

Монӣ баъд аз чанде мусофират боз ба Эрон бармегардад, муддате ҳам дар даврони Шопури I (240-272 м.) зери ҳимояи ӯ қарор мегирад. Вале Шопури I ниҳоят баъди даҳ сол зери фишори мӯбадон, боз ба дини зардуштӣ баргашт ва Монӣ бори дигар маҷбур мешавад аз Эрон ба Кашмир ва аз он ҷо ба Туркистону Чин сафар кунад. Танҳо пас аз вафоти Шопури I, дар замони салтанати Ҳурмузи Аввал ба Эрон муроҷиат мекунад. Пас аз вафоти Ҳурмузи Аввал, ки ба Монӣ мухолифате надошт, Баҳроми Чаҳорум ба ҷояш нишаст. Баҳром бо таҳрику дасисаи мӯбадон ба саркӯбии Монӣ дастур медиҳад. Монӣ дар шаҳри Гундишопур, воқеъ дар шимоли Шуш дастгиру зиндонӣ мегардад. Ӯ дар он ҷо бо шиканҷа ҷон медиҳад. Пас аз он танашро мусла карда, ба пӯсташ коҳ ҷо мекунанд ва ба дарвозаи шаҳр меовезанд.

Хусусияти паҳншавии ҳаракати динию иҷтимоии Монавия

Таълимоти монавия рӯи ду асл ва се «лаҳза» устувор аст. Ду асл иборат аст аз нур ва зулмат ва се «лаҳза» иборатанд аз: гузашта, ҳол, ва оянда. Монӣ мегӯяд, ки дунёи зоҳир натиҷаи омезиши зулмат бо як ҷузъе аз нур аст. Нур ва зулмат ду унсури ҷудогона ҳастанд. Нур дар боло қарор гирифта, зулмат дар поин аст. Иттиҳоди онҳо ғайритабиӣ аст ва ҷудоии онҳо лозим ва зарурист.

Монӣ ақида дошт, ки ҳама ашё аз омехтани ду асли ҷовидон – нур ва зулмат фароҳам меоянд. Нур ва зулмат аз якдигар ҷудо ва мустақиланд. Асли нурро даҳ андеша ё ангор: оромӣ, шинохт, фаҳм, илми хафӣ, басират (биниш), ишқ, иқон (боварӣ) ва имон, некӯхоҳӣ ва хирад ташкил мекунанд. Ба ҳамин шева, асли зулматро панҷ ангори ҷовидон: меғ (туман), гармӣ, оташ, самум (бод) ва торикӣ ташкил мекунанд. Монӣ илова ба ин ду асли нахустин ба ҷовидонии фазо ва замон низ боварӣ дошт.

Ҳамин тавр, мувофиқи таълимоти Монӣ, андаруни зулмат, ки асли модинаи табиат аст, аносири шарр тараққӣ мекунанд ва бо мурури замон марказият меёбанд ва сабаби по ба арсаи вуҷуд ниҳодани шайтон мешаванд. Ин шайтон, ки нахустин парвардаи заҳдони оташини зулмат аст, ибтидои фаъолияти олам ё худ муҳаррики он ба шумор меравад. Шайтон аз лаҳзаи ба вуҷуд омадан, ба қаламрави подшоҳи рӯшноӣ ҳамлавар шуд. Подшоҳи қаламрави рӯшноӣ, барои он ки балогардоне биёбад, нахустинсонро офарид. Пас аз ин байни нахустинсон ва шайтон задухӯрди шадиде ба вуқӯъ мепайвандад ва дар он инсон комилан шикаст мехӯрад ва дар натиҷа шайтон панҷ унсури зулматро бо панҷ унсури нуронӣ меомезад. Инсони нахустин ба хотири он ба вуҷуд омад, ки кори душвори дифоъ аз олами рӯшноӣ ва зафар бар модда (зулмат)-ро анҷом диҳад, вале дар ин талош ӯ мағлуби торикӣ гардид ва дар натиҷа олами рӯшноӣ як бахш аз нури худро аз даст дод ва ин нур дар зулмат ҷазб ё

худ махлут шуд ва боиси пайдоиши ҷаҳон гардид. Ба ҳамин наҳва метавон гуфт, ки зулмат дар натиҷаи тамос гирифтан бо нур ром ва фаъол гардид. Вале аз сӯи дигар нур қисмате аз нури худро аз даст дод ва дучори ташвиш ва изтироб гардид. Мақсади «падари рӯшноӣ» аз таслим кардани як ҳиссаи хурде аз нури худ он буд, ки аз пешрафти бештари зулмат дар қаламрави нур ҷилвагарӣ намуда, батадриҷ нури маҳбусшударо озод намояд.

Монӣ ин матлабро ба воситаи овардани як тамсиле тавзеҳ медиҳад. Ӯ мегӯяд, ки чуноне ки чӯпон барои наҷоти рамаи худ аз гург чоҳе канд ва дар он бузеро раҳо кард. Вақте ки гург бузро дид, худро ба чоҳ афканд ва шубон ҳам фурсатро ғанимат шуморида, фавран бузро аз чоҳ берун кашид ва гургро дар чоҳ раҳо кард, то дар он ҷой ҷон супорад. Ба ҳамин тариқ, як ҳиссаи хурду ночизе аз нур дар ин чоҳи ҷаҳон раҳо шудааст, то моддаро ба худ ҷазб кунад. Аз ин рӯ, ҳадафи зиндагӣ наҷот додани рӯҳи маҳбус аз шарри модда аст. Монӣ мафҳуми «наҷот»-и масеҳиро густариш дода, ба шеваи мантиқӣ ҷаҳонро зотан бадсиришт медонист ва ин худ заминаи даъвати ӯро ба зуҳд ва риёзат ташкил кардааст.

Нақши инсон дар таълимоти Монӣ

Мувофиқи таълимот Монӣ одам асосан тасвире аст аз як ҳастии бартару болотар. Ӯ олате аст дар дасти падари рӯшноӣ, ки тавассути ӯ нури зиндонишударо озод менамояд. Ӯ олами асғар ва оинаи куллияи қудратҳои замин ва осмон аст. Дар ӯ рӯҳ рӯшноӣ аст ва тан торикӣ. Вақто, ки ҳамаи равонҳо аз куллияи танҳо озод шуданд, ҷаҳон ба поён мерасад.

Мӯбадони зардуштӣ мухолифони сарсахти Монӣ будаанд. Ҳарчанд худи шоҳ Шопури Аввал нисбат ба таълимоти Монӣ таваҷҷуҳ доштааст ва ҳатто бародараш Шоҳзода Парвиз ба монигарӣ гаравида буд, ба хотири мулоҳизаи кишвардорӣ ва барои ин, ки зардуштиёни муттаасибро розӣ карда бошад, ӯ ба Монӣ фармон дод аз Эрон хориҷ шавад. Монӣ бо гурӯҳе аз пайравони худ Эронро тарк ва муддати 25 сол дар Ҳинду Чин ва Туркистони Чин зиндагӣ мекунад. Пас аз ба Эрон баргаштан дар давраи салтанати Баҳроми Аввал, чунон ки гуфтем, ба мудҳиштарин наҳва ба қатл расонида мешавад.

Мазҳаби монавия аз Бобул то Самарқанд, аз Африқо то Туркистони Чин ва аз Ҳинду Тибет то Аврупо интишор ёфта буд ва таъсири зиёде ба масеҳият ва ислом гузоштааст. Чунон ки қаблан гуфтем, оини монавия дар баробари меҳрпарастӣ (митраизм) яке аз оинҳои ҷаҳонии аз байнрафтаи эрониён ба ҳисоб меравад.

Адабиёт

  1. Абдуллозода Ш., Мирзоев Ғ., Зокиров Н., Шоев З. Таърихи динҳо – Душанбе: «Дониш» 2014. 367саҳ.
  2. Абдуллозода Шерзот. Асосҳои диншиносӣ. – Душанбе: «Дониш», 2001.
  3. Абдуллозода Шерзот. Муқаддима ба исломшиносӣ.-Душанбе:
  4. «Ирфон» 1998.
  5. Абдуллоев Ш. Маорифпарварва озодфикрӣ. Душанбе: Дониш, 1994.
  6. Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон. ҷ.1,2. Душанбе,1998.
  7. Диноршоев М. Аз таърихи фалсафаи тоҷик. Душанбе: Ирфон, 1988 (бо забони дарӣ).
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.