Динҳои ҷайния ва сикхия

Динҳои ҷайния ва сикхия

  1. Заминаҳои пайдоиши ҷайния
  2. Асоси таълимоти ҷайния
  3. Пайдоиши дини Сикхия

1. Заминаҳои пайдоиши ҷайния

Бар муқобили сохти табақотӣ-каставӣ ва тариқати маҳдуди ҳиндуияи аввал ду ҳаракати мазҳабӣ ба вуҷуд пайваст, ки баъдан ба дини алоҳида табдил ёфтанд. Ин ду ҳаракат ҷайния (ҷайнизм) ва буддоия (буддизм) буданд. Ҷайния дар асри У1 то мелодӣ аз ҷониби намояндагони равшанфикри табақаи ашроф, ҳамчун мухолифат ба браҳмания, фишору иддаоҳои ифротии онҳо дар мавриди ҷою мақоми табақаи худ ба миён омад. Асосгузори ҷайния Натапутта Вардҳамана бо лақаби Маҳавира аст. Давраҳои зиндагиаш солҳои 599-527 пеш аз мелод мебошад.

Маҳавира дар синни 31 солагиаш дарборро тарк намуда, ба дарвешон мепайвандад. Пас аз 12 соли гӯшанишинӣ ба ҳолати саодати оромӣ, ҳолати нирвана мерасад. Пас аз ин ӯ лақаби Ҷина («фирӯз» ва

«фотеҳ»)-ро мегирад ва шурӯъ ба таблиғи ақоиди динии хеш менамояд. Маҳавира Ҷина дар 72 солагӣ ин ҷаҳонро падруд мегӯяд ва тибқи эътиқоду боварии пайравонаш Маҳавира Ҷина ҳам акнун дар саодати маҳз ва осоиши мутлақ, дар ҷойгоҳи подоши некон ҷовидон бо хуррамӣ нишастааст, яъне дар нирвана ва аз ранҷи таваллуди нав наҷот ёфтааст.

2. Асоси таълимоти ҷайния

Асли таълимоту ахлоқи ҷайния рӯи пояи ҷустуҷӯи роҳи наҷот аз ранҷи «карма» ва расидан ба сарманзили саодат ва висол, яъне «мокша» асос ёфтааст. Наҷоти рӯҳ «мокша» аз бадиҳо, азобу аламҳо бидуни таҳаммули азобу машаққат ва риёзатҳои сахт имконнопазир аст. Инчунин, поксозии нафс фақат дар пайравӣ аз қоидаи аҳимса (яъне наозурдани ҳеҷ ҷондоре) муяссар мегардад.

Тибқи ақидаи ҷайния тани инсон, ки ҳиҷоби нури ботин аст, бояд бо тарки лаззатҳои ҷисмонӣ мағлуб гардад, то ҷанбаи маънавии мо, ки ҷанбаи ҳақиқии вуҷуди мост, қувват гирад.

Барои ноил шудан ба ин мақсад се асли зеринро инсон бояд пеша кунад: 1) бартараф кардани ҷаҳлу нодонӣ ва маърифат ба нафс; 2) таҳсили имон пас аз тааммул ва дидори Ҳақ; 3) хештандорӣ.

Ин се аслро се гавҳар гӯянд. Гузашта аз ин, пайрави мазҳаби ҷайния бояд панҷ аҳди зеринро риоя кунад:

ба ҳеҷ ҷондоре озор нарасонад;

аз ҳар гуфтору рафторе, ки сабаби ғазаб, ҳирсу хавф ё фараҳ бошад, худдорӣ кунад, дурӯғ нагӯяд ва дигаронро ба дурӯғгӯӣ водор накунад;

аз дуздӣ ва аз худ кардани ҳар чизе, ки моли ӯ нест, дар ҳар ҷо худдорӣ намояд;

лаззатҳои шаҳвонӣ-ҷинсиро ҳаром донад;

аз дилбастагии зиёд ба молу чиз худдорӣ кунад.

Риоя намудани ин панҷ фарз барои нафарони хос буда, на ҳар кас қодир аст, ҳамаи онро риоя кунад. Аз ин рӯ, барои оммаи мардуми оддӣ фарзҳои дар ҳамин асос сабуктаре пешбинӣ мекунад.

Ҳамчунин барои эътиқодмандони ин мазҳаб мувофиқи талаботи ин дин қиморбозӣ, гӯшт хӯрдан, шароб нӯшидан, зино ва шикор, дуздӣ ва дигар навъҳои фисқу фуҷур мамнуъ ва ҳаром аст.

Дар дини ҷайния эътиқод ба худо, ба паёмбар, ба биҳишт ва ба дӯзах нест. Тибқи ақидаи он сарнавишти ҳар шахс натиҷаи амали ӯст, аз ин рӯ, ҳеҷ гуна бахту иқбол ва қисмате вуҷуд надорад. Бадтарин гуноҳ дар дини ҷайния куштан ва озор расонидан (ҳимса) аст ва беҳтарин фазилат беозорӣ (аҳимса) аст. Пайравони ҷайния ба асли «наозурдан» ё

«беозорӣ» хело диққат медиҳанд ва ҳатто ҳар гоҳ кашише аз ин мазҳаб ба ҷое рафтанӣ шавад, як нафар бо ҷорӯби хурде пешо-пеши пояшро доимо мерӯбад, то мабодо он ҳашарот ё кирмеро поймол накунад.

Ё худ барои он ки мабодо ҳашароте дохили даҳонаш наравад, бисёр вақт пайравони ҷайния ба даҳонашон порча ё докае мебанданд. Ҷайниҳо ҳеҷ гоҳ дар торикии шаб об намехӯранд, бо бодбезак худро бод намезананд, то ки ҷондореро озор надиҳанд.

Ҷайния, мисли буддоия, зиндагиро азоби доимӣ медонад, ки бо марг хотима намеёбад, балки инсоният ва ҳар махлуқи дигар доимо ба таваллуд шудану мурдан маҳкум аст. Инсон метавонад танҳо ба воситаи ҷаҳд ва тарбияи нафс аз мартабаи паст ба мартабаи олии илоҳӣ бирасад ва мисли худоён ба зиндагии беранҷ мушарраф гардад. Таълимоти ҷайния дар китобе бо номи «Агамас», ки ба забони санскрит аст, гирдоварӣ шудааст.

3. Пайдоиши дини Сикхия

Сикхия. Сикхия яке аз динҳои миллии Ҳиндустон аст, ки дар асри XV мелодӣ ба вуҷуд омадааст. Он аввал ҳамчун як фирқаи ислоҳталаби ҳиндуия зуҳур карда, баъдтар чун дини алоҳида шинохта шудааст. Дини сикхия аз ҷавонтарин динҳои суннатӣ буда, аз тарафи гуру (пешво, нахустмуаллим) Нанак (1469-1538), ки дар оилаи тоҷир, дар минтақаи Панҷоби Ҳиндустон таваллуд ёфтааст, поягузорӣ шудааст. Ӯ дар ибтидо

ба бисёре аз марказҳои динию мазҳабии Шарқи Наздик сафар карда, динҳои дигарро омӯхта буд.

Мувофиқи таълимоти Нанак низ худои воҳид – Ҳаққ метавонад ба суратҳои гуногун, дар афкор ва эътиқодоти мухталиф зуҳур кунад. Худо дар саросари олами ҳастӣ ҳаст ва дар дили инсон ҷо дорад ва аз суханони ӯст, ки гуфтааст: «Худоро дар хориҷ аз дили худ ҷустуҷӯ накун, ӯ дар ҳама дилҳо мавҷуд аст ва ба василаи таълими муаллим ба ӯ роҳ тавон ёфт». Вай ибодат ва маросимҳои зоҳирие, ки мӯъминони ҳинду ва мусулмон дар маъбадҳо ва масҷидҳо ба ҷо меоранд, муҳим надониста арз медорад, ки бидуни андеша ва фурӯ рафтан дар ёди худо маросим ва одоби он аҳамияте надорад.

Сикхҳо панҷ усул ё фаризаи мазҳабиро бе чуну чаро риоя мекунанд. Ин панҷ фариза, ки ҳама бо ҳарфи «к» шурӯъ мешавад иборатанд: 1) Кес, яъне натарошидани мӯй ва риш; 2) Кангҳа, яъне шона;

3) Кочк, яъне шалвори кӯтоҳ; 4) Кара, яъне дастбанди оҳанӣ; 5) Кандо, яъне шамшер ё ханҷари пулодӣ.

Сикхия баъд аз вафоти Нанак дар замони шашумин халифаи ӯ Ҳар- Гувинд, писари панҷумин халифа Гуру Арҷан (1586-1606-и мелодӣ) асли таслим ва ризоро канор гузошта, ба фирқаи ҷангҷӯ ва дини сиёсии фаъол даромад. Сабаби ин тағйирот дар ин равия, кушта шудани Гуру Арҷан аз тарафи Ҷаҳонгир, писари шоҳ Акбар ибни Ҳумоюн ва шиддат гирифтани зиддият бо мусулмонон ва мавриди таъқибу фишор қарор гирифтани ин тоифа буд. Сикхҳо дар асри ХУ11 тавассути Ҳар-Гувинд давлати муқтадири низомӣ ташкил доданд. Сикхҳо дар ҳоли ҳозир асосан дар ноҳияҳои шимолу ғарби Ҳиндустон (Панҷоб) ва дар аксари кишварҳои осиёии Шарқи Дур ва Осиёи Хурд ва Африқову Аврупо зиндагӣ доранд. Шумораи умумии сикҳҳо дар Ҳиндустон 10 миллион мебошад.

Адабиёт

  1. Абдуллозода Ш., Мирзоев Ғ., Зокиров Н., Шоев З. Таърихи динҳо – Душанбе: «Дониш» 2014. 367саҳ.
  2. Абдуллозода Шерзот. Асосҳои диншиносӣ. – Душанбе: «Дониш», 2001.
  3. Буддизм. Словарь. Под ред. Жуковской Н.Л., Игнатовича А.Н., Корнева В.И. М., 1992.
  4. Мень Александр. История религии. М., 1994.
  5. Филонов С.В. Ранний даосизм: поиск методологической целосности
  6. //Религиоведение (журнал). – 2009. – №3. – С. 56-69.
  7. Народныи религии мира. Энциклопедия. М., 1998.
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.