Динҳои сомӣ. Дини яҳудия

Динҳои сомӣ. Дини яҳудия

  1. Пайдоиши динии яҳудия
  2. Сарчашмаҳои дини яҳудия
  3. Таълимот оини яҳуд
  4. Пайдоиши фирқаҳои яҳудия

1.Пайдоиш дини яҳудия

Яҳудия яке аз динҳои тавҳидии миллию давлатӣ буда, ба гурӯҳи динҳои сомӣ тааллуқ дорад. Ҳама пайравони ин дин аз миллати яҳуд (онҳоро ибронӣ ва Бани Исроил низ меноманд) мебошанд. Яҳудия аввалин дини тавҳидӣ дар байни динҳои сомӣ аст. Маълум аст, ки дини номбурда ба ин марҳилаи худошиносӣ якбора нарасида, балки як давраи рушду таҳаввули табииро аз марҳилаи политеистӣ то монотеистӣ тай кардааст. Ин роҳи тӯлонӣ чун дар дигар миллатҳо аз парастишу таҷассуми табиат (тотемизм ва фетишизм), парастиши арвоҳ (анимизм) шурӯъ шуда, баъд аз пушти сар кардани ин давраҳо мунтазам ба худои миллӣ ва ниҳоят ба худои ягонаи ҳастӣ меорад. Худо дар дини яҳудия Яҳво ном дорад. Асосҳои таълимотии ин дин ба ташаккулёбии дини насронӣ ва ислом таъсири бевосита расонидаанд. Ҳамчунин, бисёр аносири яҳудия ҳам дар насрония ва ҳам дар ислом ба мушоҳида мерасанд, ки ин чиз аз таъсири байниҳамдигарии динҳо шаҳодат медиҳад.

Яҳудиён аз мардумони сомӣ буда, дар соҳили баҳри Миёназамин, навоҳии шимолии нимҷазираи Арабистон сукунат доштаанд. Мисли ақвоми сомии дигар онҳо низ дар ибтидо зиндагии кӯчӣ ва бодиянишинӣ доштаанд. Мувофиқи манобеи мавҷуда ҳам яҳудиён ва ҳам арабҳо аз авлоди Иброҳим мебошанд. Аз сарчашмаҳои динӣ ва таърихӣ бармеояд, ки яҳудиён чандин маротиб дар пайи омилҳои иҷтимоию таърихӣ аз маҳалли доимии зисти худ ба манотиқи дигар аз қабили Бобул, Миср ва дигар ҷойҳо ҳиҷрати гурӯҳӣ намудаанд ва ё ба асорат бурда шудаанд. Ин кӯчбандиҳо ва ошноию мутаассир шудани онҳо аз дигар дину оинҳо, таъсири худро ба дини яҳудия ва андешаи мазҳабии яҳудиён бараъло гузоштааст.

Тибқи ривоятҳои мазҳабӣ китоби муқаддаси яҳудиён Таврот ё

«Паҷкитоб» ном дорад, ки асосгузораш Мӯсо мебошад. Дар ин китоб пеш аз ҳама дар китоби дуюми он «Хуруҷ-берун омадан» ва сеюм

«Ададҳо» маълумоти муфассал дар бораи зиндагии Мӯсо дода шудааст. Бар асоси онҳо Мӯсо дар муддати ҳамин ҳиҷратҳо дар Миср таваллуд

шудааст ва аз тарафи худои қавми яҳуд рисолати баргардонидан ва озод кардани яҳудиёнро бар ӯҳда доштааст. Ӯ бо ҳамроҳи бародараш Ҳорун ҳама чораҳоро меандешанд, то қавми яҳудро аз асорати Фиръавн наҷот бахшанд. Ин рисолатро, Мӯсо аз худо – Яҳво гирифта, бо ӯ муколама карда, паймон баста буд. Ин аҳдро Мӯсо дар кӯҳи Сино бо Худо анҷом дода буд, ки он бо номи дастури илоҳӣ, дар ду лавҳаи сангин навишта шуда, дар Таврот баъдан бо номи «аҳкоми даҳгона», «фароизи Сино» ва ғайра маъруфанд. Низому таълимоти дини яҳудия дар ҳамин маҷро ва дар рафти ҳамин мубориза ва кӯшишҳои ӯ барои баргардонидани қавми яҳуд рӯи кор омадааст.

Ҳамин тариқ, пас аз тақрибан чиҳил соли берун омадан аз Миср ба Бани Исроил ва пеш аз забти Канъон ва сарзамини Фаластини имрӯза Мӯсо вафот мекунад. Давраи фатҳи Канъон аз тарафи яҳудиён баъди баргаштани онҳо аз Миср тибқи манобеи динӣ дар ҳудуди асрҳои XIII- XII-и то мелодро дар бар мегирад. Ногуфта намонад, ки як қисми олимон ба воқеъият доштани асорати Миср ва бо пешвоии Мӯсо ва берун омадани Бани Исроил аз он шакку шубҳа доранд. Ҳамчунин, аз назари диншиносӣ вуҷуд надоштани таъсири бевосита ва кофии эътиқодоту парастишҳои мисриён ба сарчашмаҳои қадимаи дини яҳудия, алалхусус «Панҷкитоб»-и Мӯсо низ воқеъият доштани асорати Мисрро зери шубҳа мегузорад.

Давраи дуюм, асорати Бобулро пас аз онро дар бар мегирад. Дар ибтидои асри VI пеш аз мелод давлати яҳудиён рӯ ба инқироз ниҳода, мавриди тохтутозҳои қавмҳои ҳамсоя қарор мегирад. Ниҳоят, дар соли 597 то мелод шоҳи Бобул Навухудоносор (Бухтуннаср) ба яҳудиён ҳуҷум мекунад ва баъди аз се моҳи муқовимат Иерусалим таслим мешавад. Бобулиён подшоҳи яҳудиён Яҳвиё-кийамро асир карда, маъбади Сулаймонро ғорат намуда, даҳ ҳазор тан аз наҷибон ва аъёну аҳли касбу ҳунар ва мардони корию ҷанговарро ба асорат мебаранд.

Бобулиён Седекиёро дар хоки Яҳудия подшоҳ таъин намуданд. Ӯ пас аз нӯҳ сол салтанат дар соли 586 то мелод аҳдшиканӣ намуда, бо мисриён ба муқобили шоҳи Бобул аҳду паймон мебандад. Пас аз ин лашкари Навухудоносор дубора ба Яҳудия ҳуҷум карда, баъд аз яку ним соли муҳосира маркази онро фатҳ намуда, ғорат ва оташ зада, ба харобазор табдил доданд. Маъбади Сулаймон хароб мегардад ва

«тобути мисоқ» (хаймае, ки дар он ду лавҳаи сангии аҳду паймони Мӯсо бо Яҳво буд) ба куллӣ аз миён меравад ва ному нишоне аз он намемонад. Тамоми сокинони шаҳри Иерусалимро ба истиснои Ирмиёи набӣ ва як идда бенавоён ва нотавонон ба асорат бурданд. Як қисм ба Миср фирор карда, дар он ҷо иқомат ихтиёр карданд. Ин воқеа дар таърихи миллати Яҳуд зарбаи фаромӯшнашаванда буд.

Баргашти Яҳудиён ба Иерусалим ба шарофати ғалабаи шоҳаншоҳи Эрон Куруши Кабир бар Бобул дар соли 538 то мелод муяссар мегардад. Куруши Кабир баъд аз фатҳи Бобул онро пойтахти империяи паҳновари худ, ки аз водии Синд то шаҳрҳои соҳилии Юнон тӯл кашида буд, қарор медиҳад. Куруш яҳудиёни дар асорати Бобул бударо иҷозати баргашт ба

ватани худ дод. Аксар аз ин барои бозсозии Иерусалим ва маъбади он дасти ёрӣ дароз мекунад ва гурӯҳи махсуси сарбозону одамонро мефиристонад.

Хусусияти муҳими ин давра аз он иборат аст, ки вазъияти табъид ва ғурбат аз ватани аслӣ дар Миср, Бобул ва ғайра нақши канисаҳо (синагогҳо)-ро дар дини яҳудия зиёд мегардонад. Канисаҳо барои ҳама яҳудиёни муҳоҷир ягона восита ва маркази иртиботу пайванд бо забону дину мазҳаб ва ягона омили ҳифзи ҷамъияти яҳудияи берун аз ватанашон буданд.

Хусусияти дигари ин давра дар он аст, ки дар асорати Бобул дини яҳудия аз бисёр ҷиҳат бо таъсири динҳои ин минтақа, алалхусус динҳои эронӣ дучор шуда, рушду такомул ёфт. Баъди асорати Бобул мо дар дини яҳудия як қатор унсурҳо ва тасаввуроти муҳими диниро пайдо мекунем, ки пештар дар шакли комилашон дар «Панҷкитоб»-и Мӯсо вуҷуд надоштанд. Он ҳам бошад, пеш аз ҳама тасаввурот дар бораи қувваи баду зиёнкор–шайтон, ҳаёти пасазмаргӣ, ҷаннат ва дӯзах, тасаввурот оид ба малоик, ақида ба рӯзи доварӣ (явмул-ҳисоб) ва ғайра ҳастанд.

Давраи навин дар таърихи яҳудия аз замони истилои Искандари Мақдунӣ дар с. 332 то мелод оғоз мешавад, ки таъсири тамаддуни юнонӣ

– ҳеллинизмро ба думбол доштааст.

2. Сарчашмаҳои дини яҳудия

Таврот ва асоси таълимоти яҳудия. Чунончи дар ибтидо гуфтем, дини яҳудия дини тавҳидӣ мебошад, яъне таълимоти онро боварӣ ба вуҷуди худои ягона ташкил мекунад. Худои ягона Яҳво (Иегова) ном дорад. Вале дар ибтидо, чунончи аз мазмуну мундариҷаи «Панҷкитоб»-и Мӯсо бармеояд, ҳанӯз эътиқод ба тавҳиди холис вуҷуд надоштааст. Худои яҳудиён дар Таврот дорои фарзандон аст ё худ дар баробари ӯ худоёни дигар низ ҳастанд ва вуҷуди худои миллатҳои дигар рад нашудааст. Вале Яҳво танҳо худои миллати яҳуд аст, ӯ худро чун худои тамоми инсоният, худои олам эълон намекунад. Аз ҳамин сабаб яҳудияро дар баробари тавҳидӣ буданаш, инчунин дини миллӣ медонанд.

Сарчашмаҳои яҳудияро ҳадди ақал метавон ба ду давра тақсим кард. Давраи аввал сарчашмаҳоест, ки дар заминаи соф яҳудӣ, дини мӯсавӣ ба вуҷуд омада, ташаккул ёфтаанд. Навиштаҷоти муқаддас (Сфарим)-и ин давра дар навишти кӯтоҳи ибронӣ чун Танаҳ маълум аст, ба он пеш аз ҳама Таврот («Аҳди Қадим») – «Панҷкитоб»-и Мӯсо: китобҳои «Ҳастӣ», «Хуруҷ», «Левит», «Ададҳо» ва «Такрори шариат» ва

21 китоби анбиё (Невеим), ки хусусияти динию сиёсӣ ва таърихию тақвимӣ-хронологӣ доранд ва 13 китоби (Кэтувим) жанрҳои мухталифи динӣ дошта, шомиланд.

Дигаре аз сарчашмаҳои муҳими дини яҳудия Мирдаш-Галах – тафсирҳои Таврот, Мишна – маҷмӯи қонунҳо ва муқаррароти яҳудия ва Талмуд – шарҳҳои амалӣ ба матни Мишна мебошанд, ки ҳудуди асрҳои V-II то мелод эҷод шудаанд.

Дини яҳудия низ дар тӯли замон ба таҳаввул ва ихтилофҳои дохилӣ мувоҷеҳ гардида, ба фирқаҳо тақсим гардидааст. Фирқаҳои маъруфи он саддуқиён, форисиён, кароим, харудиён ва эссенҳо мебошанд.

Адабиёт

  1. Абдуллозода Ш., Мирзоев Ғ., Зокиров Н., Шоев З. Таърихи динҳо – Душанбе: «Дониш» 2014. 367саҳ.
  2. Абдуллозода Шерзот. Асосҳои диншиносӣ. – Душанбе: «Дониш», 2001.
  3. Мень Александр. История религии. М., 1994.
  4. Народы и религии мира. Энциклопедия. М., 1998.
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.