Дини насронӣ (масеҳӣ ё христианӣ)

Дини насронӣ (масеҳӣ ё христианӣ)

  1. Вазъи сиёсӣ ва заминаҳои иҷтимоӣ ва маънавии пайдоиши насронӣ 2.
  2. Асосгузори насрония ва фаъолияти таблиғотии он
  3. Сарчашмаҳои динии насронӣ

1. Вазъи сиёсӣ ва заминаҳои иҷтимоӣ ва маънавии пайдоиши насронӣ

Дини насронӣ (масеҳӣ, христианӣ)2 яке аз динҳои ҷаҳонии тавҳидӣ аз ад1. Вазъи сиёсӣ ва заминаҳои иҷтимоӣ ва маънавии пайдоиши насронӣ ёни сомӣ ба шумор меравад. Насронӣ имрӯз аз динҳои сернуфустарини олам буда, пайравонаш дар кишварҳои Аврупо, Америка, Африка, Шарқи Наздик, Россия, Австралия ва дигар кишварҳо зиндагӣ мекунанд. Ин дин дар оғози солшумории мелодӣ ба вуҷуд омадааст. Воқеан, солшумории нав, яъне мелодӣ аз рӯзи таваллуди Исои Масеҳ оғоз мешавад. Дини насронӣ дар ибтидо ҳамчун як фирқа аз дини яҳудия зуҳур кард. Аз ин рӯ, асоси таълимоти яҳудияро, ки дар Тавроти Мӯсо ва дигар китобҳои паёмбарон ва шоҳони яҳудия омадааст, қабул дорад ва худи китоби муқаддаси насрониён – Библия аз ду китоб: «Аҳди қадим» ва

«Аҳди ҷадид» иборат аст.

Дар бораи таърихи пайдоиши насроният ва шахсияти Исои Масеҳ дар сарчашмаҳо ва таҳқиқоти олимони диншинос аз як тараф ва рӯҳонияти насронӣ аз тарафи дигар, ихтилофи назар ҷой доранд. Таърихи диншиносӣ Исои Масеҳро ҳамчун шахси таърихӣ, асосгузори ин дин, ки шарҳи ҳолаш начандон равшан аст, ба қалам медиҳад.

3. Сарчашмаҳои динии насронӣ

Сарчашмаҳои асосӣ барои шарҳи ҳол ва таълимоти Исои Масеҳ чор китоби Инҷил – инҷилҳои Матто, Марқус, Луқо ва Юҳанно мебошанд. Мундариҷаи ин инҷилҳоро асосан шарҳи ҳол ва таълимоти Исои Масеҳ ташкил медиҳад. Замони навишта шудани Инҷилҳо чунин аст: Инҷили Матто ва Марқус ҳудуди с. 62-70-и мелодӣ, Инҷили Луқо ҳудуди с. 75-85 м. ва Инҷили Юҳанно аз ҳама охиртар, дар поёни садаи аввали мелодӣ ё ибтидои садаи дуюм. Яке аз фарқиятҳое, ки мо дар ин Инҷилҳо мушоҳида кардем, он аст, ки ҳар қадар онҳо аз замони зиндагии Исо дуртар навишта шуда бошанд, ҳамон қадар муъҷизаҳои бештарро дар бораи ӯ дарбар гирифтаанд. Таълимоти Исои Масеҳ баъд аз сари ӯ аз тарафи шогирдон ва пайравонаш ҷамъоварӣ ва навишта шудаанд.

2 Дар адабиёти форсию таърихии классикӣ ин ном бо муродифҳои исавӣ ва тарсоӣ низ истифода шудааст.

Аз ин рӯ, табиист, ки бисёр нуктаҳои онҳо дасткорӣ ва таҳриф низ гардидаанд.

Дини насронӣ дар шароите ба вуҷуд меояд, ки Фаластин ва канораҳои баҳри Миёназамин дар таҳти истило ва салтанати римиён қарор дошт. Империяи Рим аз Мисру Байнаннаҳрайн сар карда, то соҳилҳои Британия ва Испанияро дар бар мегирифт. Ин императории азим халқияту миллатҳои гуногунро дар як давлат муттаҳид намуда, роҳҳои соҳили Баҳри Миёназаминро муддатҳои тӯлонӣ дар ихтиёри худ дошт. Аз ҷиҳатҳои муҳими он омехташавӣ ва пайвасташавии унсурҳои гуногуни маданияти Шарқ бо манотиқи Юнону Рим мебошад. Дар ин давлати бузург маданиятҳои мухталиф, сохторҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ҳархела, низомҳои сиёсиву динии гуногун дар муносибатҳои мураккаб бо ҳамдигар қарор доштанд. Ин мураккабӣ дар он зоҳир мешуд, ки аносири он гоҳо ҳамдигарро қабул ва гоҳо дар инкори ҳам қарор доштанд. Зиддияти байни ғуломдорон ва ғуломон, байни сарватмандон ва бечорагон, байни соҳибмулкони соҳибҳуқуқ ва шаҳрвандони беҳуқуқи музофотҳои гуногун, байни табақаҳои гуногун дар сенат ба шикасти низоми ҷумҳуриявӣ ва ташкилёбии империяи мутлақ асос гузошт. Дар ҳамин муҳит дар соли 63 то мелод лашкари Рим пас аз фатҳи Шом (Сурия) аз муборизаҳо ва задухӯрди дохилии яҳудиён истифода намуда, ба кишвари Яҳудия ҳуҷум овард ва Иерусалимро забт намуд. Як қисмати аҳолӣ, ки намехост зери бори ҳокимияти истилогарони Рим дарояд, дар маъбади Иерусалим зарфи се моҳ муқовимат намуд. Вале ниҳоят римиён муқовиматро шикаста, ба маъбад дохил гардида, муқовимонро аз байн бурданд. Дар натиҷа Яҳудия ба ҳайати давлати Рим дохил ва ба ҳокими Шом тобеъ карда мешавад. Ин давра ба яке аз давраҳои мушкилтарини яҳудиён мубаддал мешавад. Акнун тамоми умури сиёсии Фаластин аз тарафи ҳокими римӣ, ки дар Шом менишаст, идора мешуд. Римиҳо ба ҷуз ғорат ва ва бозгаштан ба Рим ҳадафе надоштанд. Волиёни дастнишондаи яҳудӣ аксаран аз чоплусон ва навкароне буданд, ки ҳар гуна сиёсат ва хости мустамликадоронро бе чуну чаро қабул ва иҷро менамуданд. Римиён тамоми соҳаи зиндагии яҳудиён, ҳатто таъйини коҳинону рӯҳониёнро таҳти назорати худ гирифта, ҳар касеро, ки мувофиқи манфиаташон буд, ба ин вазифаҳо мегузоштанд.

Дар замони таваллуди Исо подшоҳи Яҳудия Ҳирод (Ирод)-и Кабир, ки хеле шахси золим буд, аз ҷаҳон чашм пӯшид ва мулки Фаластин байни се писараш тақсим карда шуд. Яке аз ин ноҳияҳо, ки Исо дар он ҷо таваллуд ёфт, Ҷалил ном дошт ва ҳукмронии он ба дасти писари дуввуми ӯ Ҳирод Антипус меафтад. Вазъияту авзои сиёсии Ҷалил чун дар дигар гӯшаҳои империяи Рим дар ин давра хеле муташанниҷ буд. Махсусан боҷу хироҷи зиёду вазнин мардумро ба дод оварда, сабаби шӯришу исёнҳои зиёде мешуданд. Дар соли 6-уми давраи нав ҳокими римӣ Криниюс, ки пойтахташ дар Шом буд, дастур дод, ки мардуми Фаластинро саршуморӣ намоянд, то маъмурони империя беҳтар битавонанд аз онҳо боҷу хироҷ бигиранд. Исо дар ин ҳангом 12-сола буд

ва ин вазъияти мустамликавӣ, аҳволи иҷтимоӣ, норизояти мардум ва туғёну исёни оммаро бо чашми худ медид.

Дар ин давра фирқаҳои мазҳабӣ ва аҳзоби сиёсие барои мубориза бо вазъияти зикршуда ташкил мешуданд. Яке аз чунин фирқаҳои мазҳабӣ, ки тавассути яҳудиён ташкил шуда буд, маъруф бо номи фирқаҳои

«ғайратмандон (зеалот) буд, ки даст ба аслиҳа бурда, бо шиорҳои «Ҳеҷ маъбуде ғайр аз Яҳво нест ва ҳеҷ боҷе ҷуз ба маъбад набояд пардохт» қиём намуданд. Маркази амалиёти ин фирқа шаҳри Сафурияи ноҳияи Ҷалил буд. Онҳо баъд аз тасарруфи анбори аслиҳаи ин шаҳр даст ба шӯриш заданд. Ин шӯриш ба қадре барои римиён хатарнок буд, ки ҳокими Шом Квинтилий Вар барои саркӯбии он маҷбур шуд ду легион сипоҳи римиро ба он шаҳр равона кунад. Дар асари он шаҳри Сафурия хароб ва туъмаи оташ гардид. Зиёда аз ду ҳазор аз тариқи ба салиб кашидан, чун ҳафтод сол пас аз шӯриши Спартак, маҳкум ва ҳалок гардиданд. Бо вуҷуди ин римиён оташи шӯришро тамоман хомӯш карда натавонистанд. Ин вазъияти системаи империяи ғуломдорӣ, ҳолати истибдодию мустамликавӣ, шикасти паёпаи шӯришҳо, қатлу хунрезиҳои зиёд, заминаро барои боварии мардум ба расидани масеҳи наҷотбахш тайёр намуда буд.

Дар ин давра фирқаҳои дигар, аз ҷумла фирқаи мазҳабии саддуқиён, эссенсҳо ва форисиён низ ба вуҷуд омада буданд, онҳо низ баъзе ошкорову баъзе ниҳонӣ бо зулму истибдоди римиён мухолифат мекарданд. Мухолифату эътирози ин фирқаҳо гоҳо дар шакли қиёму ҷунбишҳои оммавӣ, гоҳо дар шакли зуҳду гӯшанишинӣ ва интизории масеҳи наҷотбахш ҷараён мегирифт.

Дар чунин як вазъияти мудҳиши равонӣ мубаллиғони зиёде пайдо шуданд, ки навидҳое аз ба зудӣ расидани масеҳ («машишах»)-и наҷотбахш, фиристодаи худо медоданд, ки мардумро халос мекунад ва

«шоҳи воқеии Яҳудия» мегардад.

Табиист, ки ин ҳама шароити иҷтимоию маънавӣ ва мазҳабӣ заминаро барои пайдоиши дини насронӣ муҳайё менамуд. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки замина ва ангезаи рисолати Исо чун Мӯсо вазъияти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии Фаластин будааст, ки бисёре аз оятҳои Инҷил ба ин далолат мекунанд.

Тибқи манобеи динӣ хусусияти хеле нодири таваллуди Исо он аст, ки модари ӯ Марям, на аз шавҳараш Юсуф, балки аз «Рӯҳулқудс» – рӯҳи муқаддас, гӯё ҳомила мешавад, ки дар ин бора дар Инҷил низ маълумот омадааст. Аз ин лиҳоз дар насрония Исо чун писархудо пазируфта мешавад. Бояд гуфт, ки дар замони пайдоиши дини насронӣ худо ва писари худо номидани инсонҳо (одатан императорон) ва ба тарзи истиора писарони худо хондани ҳамаи инсонҳо ва ҳамчунин боварӣ ба ҳомила шудан ва таваллуд кардан аз худо ҳодисаи ягона набудааст. Ба мо маълум аст, ки императори машҳури Рим Юлий Сезар низ худо эълон шуда буд ва валиаҳди ӯ, писархондаш Октавиан (Август) низ писари

худо дониста мешуд. Дар бораи модари Октавиан Атия овозае паҳн шуда буд, ки вай гӯё то таваллуди Октавиан барои ибодат ба маъбади Аполлон омада, он ҷо дар тахти равони худ хобида аст ва дар он ҳангом ба бағали ӯ море мехазад, ки он худи Аполлон будааст ва пас аз нӯҳ моҳ Атия императори баъдӣ (яъне Октавиан)-ро таваллуд кардааст. Ҳамин тавр, Октавиан писари Аполлон эълон шуда буд. Гузашта аз ин, бисёр маврид дар «Аҳди қадим» ва қисматҳои қадими «Аҳди ҷадид» ҳамаи инсонҳо писари худо номида шудаанд.

Дар таърих нисбат ба овони кӯдакӣ ва ҷавонии Исо маълумоти дақиқ мавҷуд нест. Ҳаминаш маълум аст, ки хонаводаи ӯ аз табақаи миёнаи аҳолӣ буда, хело мӯъмину диндор будаанд. Юсуф ба касби наҷҷорӣ машғул будааст ва Исои Масеҳ низ дар овони ҷавонӣ мисли ӯ наҷҷорӣ карда, бо розигии хонаводааш дар ибодатгоҳ ба мутолиаи китобҳои муқаддас низ машғул мешудаст.

Бар асоси маълумоти адабиёти динӣ ӯ баъдтар аз Ҷалил ба Урдун омада, бо Яҳё ном шахсе ё набии таъмиддиҳанда, ки ҳамчун омурзишдиҳандаи гуноҳон бо об дониста мешуд, вомехӯрад ва ба воситаи ӯ таъмид меёбад ва дар ҳамин ҷо рӯҳи худоӣ ба ӯ нозил мегардад.Исо низ чун дигар паёмбарони сомӣ мавриди озмоишу имтиҳон қарор мегирад. Иблис дар биёбон рӯҳи Исоро дар чанд маврид меозмояд. Аз ҳамин лаҳзаҳо таълимоти Исо оғоз мешавад. Асоси таълимоти Исо рӯҳонӣ-ахлоқиву маънавист ва он гоҳо ошкоро ва гоҳе рамзӣ баён шудааст.

Аз мазмуни бобҳои алоҳидаи Инҷили бармеояд, ки Исо шахсест, ки ҷиҳати ислоҳу тасфияи дини яҳуд ё ҳатто ислоҳи он аз таҳрифоту суиистифодаҳое, ки фирқаҳои фарисиён ва саддуқиён бар он раво дидаанд, зуҳур кардааст.

Ӯ таълимоти худро дар бораи малакути осмон ва аҳкоми худо аксаран дар шакли рамзу истиора ва мисолҳои аёнӣ баён мекунад. Муборизаи ӯ асосан бо рӯҳониёни яҳудия будааст. «Онҳо, – ба қавли ӯ, – кӯроне ҳастанд, ки ба кӯрон раҳнамоӣ мекунанд ва ҳар гоҳ кӯре ба кӯри дигаре роҳнамоӣ кунад, ҳар ду дар чоҳ хоҳанд афтид».

Душмании рӯҳонияти яҳудӣ нисбат ба Исо, ки бар зидди таълимоти онҳо ва ҳатто хилофи баъзе матолиби Таврот баромада буд, шиддат мегирад ва дар ниҳоят сарон ва пирони қавми яҳуд ӯро ба ҳоким Понти Пилати Римӣ таслим мекунанд. Бо исрору дархости онҳо Пилат Исоро ба қатл маҳкум кард. Ӯро аз тариқи маслуб кардан, яъне ба салиб кашидан қатл мекунанд. Мувофиқи аҳкоми насронӣ Исо барои гуноҳи инсонҳо худро қурбон кард, пас аз дафн баъди чанд рӯзе дигар дармеёбанд, ки ӯ дар қабр нест ва фариштаи худо хабар медиҳад, ки ӯ эҳё шудааст. Ниҳоят баъд аз ин ҳодиса Исо дар Ҷалил бо ёздаҳ шогирдонаш-ҳавориён муҷаддадан вомехӯрад ва ба онҳо васият мекунад, ки халқҳоро ба дини ӯ даъват кунанд ва «…ба исми Падар ва Писар ва Рӯҳулқудс таъмид диҳанд».

Ҳамин тариқ, насроният дар ибтидои солшумории мелодӣ дар Рим паҳн шудан мегирад. Аввалин насрониҳо камбағалон ва ғуломон буданд. Дар ҷамъияти насрониҳо роҳбарӣ ба дасти шогирдони Исои Масеҳ-

ҳавориён буд, ки он баъдтар ба дасти рӯҳониҳои касбӣ, кашишҳо ва усқуфҳо мегузарад. Дар ибтидои асри IV насроният дар иператорӣ нуфуз ва мақоми муайян пайдо мекунад ва император Константин дар ин давра онро аввал яке аз динҳои империя ва баъдтар дини расмии он эълон менамояд. Баъдтар ин дин берун аз Империяи Рим низ ба дигар кишварҳо паҳн шуда, ба яке аз динҳои ҷаҳонӣ табдил меёбад.

Адабиёт

  1. Абдуллозода Ш., Мирзоев Ғ., Зокиров Н., Шоев З. Таърихи динҳо – Душанбе: «Дониш» 2014. 367саҳ.
  2. Абдуллозода Шерзот. Асосҳои диншиносӣ. – Душанбе: «Дониш», 2001.
  3. Мень Александр. История религии. М., 1994.
  4. Народы и религии мира. Энциклопедия. М., 1998.
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.