Паҳншавии ислом берун аз Арабистон

Паҳншавии ислом берун аз Арабистон

  1. Чор халифаи аввали ислом, “хулафои рошидин”
  2. Паҳншавии ислом дар шимоли нимҷазираи Арабистон

1. Чор халифаи аввали ислом, “хулафои рошидин”

Вақте ки Муҳаммад пайғамбар (с) вафот кард, ҳанӯз ислом аз ҳудуди нимҷазираи Арабистон берун набаромада буд. Густариши ислом дар аҳди “хулафои рошидин” – чор халифи авали ислом Абубакри Сиддиқ (632-634), Умар ибни Хаттоб (634-644), Усмон ибни Аффон (644-656) ва Алӣ ибни Абутолиб (656-661) ба таври васеъ оғоз гардида, дар аҳди хилофати Умавиён асосан ба анҷом расид. Халифаи аввал Абубакр баъд аз Муҳаммад (с) пояи исломро дар нимҷазираи Арабистон мустаҳкам намуд. Ӯ ба муқобили паёмбартарошон, онҳое, ки баъд аз вафоти Муҳаммад пайғамбар (с) иддаои пайғамбаӣ мекарданд, аз қабили Тулейҳ ал-Асвад, Мусайлима, Саҷҷоҳ ва бо он қабилаҳое, ки аз ислом рӯй гардонида буданд ҷангида, онҳоро аз нав таслим ва доманаи исломро густариш дод.

Аммо бояд гуфт, ки дар сарчашмаҳо ва ҳадисҳо, ба ҷуз ҳамон охирин сафари Муҳаммад Пайғамбар ба суйи сарҳади арабу Византия водии сарҳадии Табук ва баъди он интихоби Усома ибн Зайди ҷавон барои анҷоми ин кор, ихтилофҳои рӯйзада дар атрофи он, ҳеҷ амру васияте дар мавриди фатҳ ё истилои сарзаминҳои бегона вуҷуд надорад, аз ин рӯ метавон гуфт, ки оғози истилогарии аъроб бархоста аз ташаббуси худи халифаҳо буда. Халифаи сонӣ Умар ба воситаи сипоҳе, ки Холид ибн Валид роҳбарӣ мекард, сарнавишти мамолики Ховари Наздикро ба куллӣ дигаргун сохт. Шаҳри бостонии Димишқ баъд аз шаш моҳи муҳосира дар соли 635 мелодӣ забт шуд. Масеҳиён аз ин зарба ба ҳуш омада, қувваи худро сафарбар намуда, барои ҷуброни он шикаст, бархостанд. Холид бо зиракӣ ба маҳалли муносибе ақиб нишаст ва дар он ҷо бо сипоҳи мураккаб аз панҷоҳ ҳазор нафар марди ҷангҷӯ, ки Ираклий (қайсари Рими шарқӣ – Византия) барои дарҳам шикастани ӯ фиристода буд, рӯ ба рӯ шуд. Ин муҳориба дар рӯзи гарми ғуборолуд, ки бодиянишинони араб бо ин ҳаво хӯ гирифта буданд, ба вуқӯъ пайваст ва

дар натиҷа Холид римиёнро сахт дарҳам шикаст ва фатҳи қатъӣ насиби ӯ гардид. Ниҳоят, баъд аз ин муҳориба, саросари хоки Шом (Сурия) то доманаи кӯҳҳои Торус аз тарафи аъроб истило карда шуд. Яке аз сабабҳои муҳими муваффақияти аъроб дар он буд, ки мардуми маҳаллии Шом аз фишор ва зулми римиён, задухӯрдҳо ва муҳорибаҳои байни императории византӣ ва сосонӣ ба танг омада буданд ва дар воқеъ муқовимате нишон надоданд.

Забткориҳои араб зери шиорҳои густариши дини ислом сурат мегирифт. Дар ибтидо, дар масъалаи қабули ислом асли фармудаи қуръонии “дар дин маҷбурӣ нест” риоя карда мешуд. Аз ин лиҳоз, масалан дар муоҳида ё паймонае, ки Холид ибни Валид ба аҳолии Димишқ пешниҳод кард, гуфта шудааст, ки агар ӯ ба шаҳр дарояд, дар сурати пардохтани ҷизя ҷону молашон дар амон, калисоҳо, ибодатгоҳҳо ва биноҳои шаҳр аз харобӣ маҳфуз хоҳанд монд ва онҳо ба ҷуз хайр аз аъроб чизе нахоҳанд дид. Хулоса, дар як муддати кӯтоҳ (аз соли 634 то соли 642) арабҳо ба осонӣ Фаластин, Сурия, қисмати шимолии Байнаннаҳрайн ва Мисрро тавассути сипоҳи Амр ибни Ос забт намуданд. Дар аввали асри VIII арабҳо аз се ду қисми қаламрави Византияро ишғол намуда, сарҳади худро хело васеъ намуданд.

Онҳо соли 633 ба Байнаннаҳрайн – қаламрави Эрон дохил гардида, шаҳри Ҳира, собиқ пойтахти Лаҳмидиёнро ишғол карданд. Соли 634 арабҳо дар соҳили Фурот байни шаҳри Ҳира ва Мадоин аз тарафи сарлашкари эрониён Рустам шикаст дода мешаванд. Вале ду сол пас дар муҳорибаи Қодисия пойтахти қисмати ғарбии Империяи сосонӣ Мадоин ба дасти мусулмонон мегузарад. Шаҳр аз тарафи арабҳо ғорат гардида, қисмате аз аҳолии он қатл ва қисмати дигар ба ғуломӣ бурда мешаванд. Сарчашмаҳо ғанимати аз ин шаҳр ба даст овардаи арабҳоро ба 900 миллион дирҳам баробар кардаанд. Соли 637 тамоми Байнаннаҳрайн (Ироқи имрӯза) аз тарафи арабҳо забт карда мешавад. Соли 640 онҳо ба сӯи маркази Эрон ҳаракат карда, то соли 644 Ҳамадон, Қум, Кошон ва Исфаҳонро забт мекунанд. Ҳамин тавр, арабҳо аз соли 640 то соли 652 тақрибан тамоми Эронро забт карда, соли 651 ба салтанати сосонӣ хотима гузоштанд. Ҳарчанд аъроб дар ин марҳила тавонистанд то дарёи Ому расанд, аммо дар дохили ин кишвар эрониён муқовимати шадид карданд ва забткориҳои аъроб ба кундӣ пеш мерафт, чунки мардуми ориёии он кишвар ба дини зардуштии худ вафодор буданд ва ба осонӣ таслим намешуданд. Ин аст, ки ҷангҳо бо эрониён дувоздаҳ сол тӯл кашид.

2. Паҳншавии ислом дар шимоли нимҷазираи Арабистон

Давраи дуввуми забткории бузурги аъроб ба давраи хилофати Умавиён (661-750) рост омад. Ҳамин тавр, арабҳо дар шимолу шарқ то пушти кӯҳи Ҳимолой ва то сарҳади Чин, Туркистон ва Муғулистон, аз сӯи дигар дар ҷануб то Ҳиндустон, дар ғарб то Испониё ва дохили Африқо пеш рафтанд.

Қабули ислом дар сарзаминҳои ишғолгардида, аз ҷумла дар Осиёи Миёна, ба кундӣ ва мушкилӣ пеш мерафт. Дар марҳилаи аввал, бо вуҷуди ишғоли манотиқи гуногун берун аз нимҷазираи Арабистон худи фотеҳон он қадар кӯшиш накарданд, ки халқҳои забтгардида дини исломро қабул кунанд. Ҷангҳо ва кӯшишҳои онҳо бештар хусусияти забткорӣ ва товонситонии ҷангро дошт. Зеро, қабули ислом аз тарафи оммаи васеи мардум чандон ба фоидаи онҳо анҷом намегирифт, чун мардуми мусулмоншуда аз андози саронаи “ҷизя” озод мешуданд ва ин барои сарварон, сарлашкарон ва хазинаи хилофат маънои маҳрум мондан аз даромадро дошт. Ҳамин тариқ, бо ҳар гуна шева дар тамоми қаламрави хилофати араб намояндагони динҳои дигар, аз қабили насрониён, яҳудиён, зардуштиён ва дигарон ба шарти риояи маҳдудиятҳои ҷузъии муайян бо пардохти ҷизя бемалол зиндагӣ мекарданд. Ин гуна одамонро з и м м ӣ ва шахсони ғайриарабро, ки исломро қабул кардаанд, м а в о л ӣ меномиданд. Маволӣ бояд зери ҳимояи яке аз намояндаи ягон қабилаи араб қарор мегирифт. Баъдан ислом дар як қатор кишварҳои Осиё ва Африқои Ҷанубӣ ба воситаи савдогарону тоҷирон ва инчунин мубаллиғони ин дин интишор меёбад. Масалан, намуна барои ин дар Осиёи Ҷанубу Шарқӣ, паҳншавии ислом дар Индонезия ва Филиппин мебошад.

Адабиёт

  1. Абдуллозода Ш., Мирзоев Ғ., Зокиров Н., Шоев З. Таърихи динҳо – Душанбе: «Дониш» 2014. 367саҳ.
  2. Абдуллозода Шерзот. Асосҳои диншиносӣ. – Душанбе: «Дониш», 2001.
  3. Абдуллозода Шерзот. Муқаддима ба исломшиносӣ.-Душанбе: «Ирфон 1998.
  4. Абдурауф Фитрат. Мухтасари таърихи ислом. Ирфон, Душанбе: 1991.
  5. Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон. ҷ.1. Душанбе,1985.
  6. Лебон Г. Ислом: давраи пайдоиш (таърих ва маданият). Душанбе, 1992.
add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.