Главная / Фанни Диншиносӣ / Қуръон ва Суннат чун сарчашмаҳои асосии ислом

Қуръон ва Суннат чун сарчашмаҳои асосии ислом

  1. Қуръон сарчашмаи асосии ислом
  2. Сохтори Қуръон
  3. Илмҳои қуръонӣ

1. Қуръон сарчашмаи асосии ислом

Сарчашмаҳои асосии хаттии ислом Қуръон ва Суннат мебошанд. Вале дар баробари ин сарчашмаҳои дигаре чун тафсирҳо, таъвилҳо, ҳадисҳо ва ғайра низ вуҷуд доранд, ки дар мартаба аз Қуръон ва Суннат поинтар буда, вазифаи шарҳу баёни ин дуро доранд. Дар заминаи ҳамаи инҳо донишҳои динии исломӣ ба вуҷуд омадаанд.

Қуръон. Қуръон, аз калимаи арабии “қараъа”–қироат, хондан ва хониш гирифта шуда, номи китоби муқаддаси мусулмонон мебошад. Онро инчунин “Каломи Шариф”, “Калом-ул-Лоҳ”, “Муcҳаф”, “Умм-ул- Китоб”, “Фурқон” (модари китобҳо) ва ғайра меноманд, ки дар худи Қуръон низ бо чунин номҳо ёд шудааст. Қуръон, мувофиқи эътиқоди мусулмонон, ваҳй (суханон)-и илоҳӣ мебошад, ки Худо ба Муҳаммад пайғамбари ислом (с) ба воситаи “Рӯҳ-ул-қудс” (малоика Ҷабраил) қисм- қисм нозил кардааст, яъне фурӯ овардааст. Мувофиқи ақидаи аксари уламои ислом муъҷизаи асосии Муҳаммад (с) пайғамбари ислом ҳамин Қуръон аст. Қуръон, дар баробари китоби муқаддаси мазҳабӣ будан, як сарчашмаи таърихӣ, адабию бадеӣ, забонӣ ва умуман, яке аз асарҳои нодири тамаддуни башар мебошад.

2. Сохтори Қуръон

Сохтори Қуръон чунин аст: Вай аз 114 сура (боб) иборат буда, ҳар сура ба чандин оят (ҷумла ё порчаҳои хурд) тақсим мешавад. Сураҳо дар Қуръон аз рӯи дарозии онҳо ҷой дода шудаанд. Оятҳои қурониро ҳадди камаш 6204 ва ҳадди зиёдаш 6660 оят тақсим кардаанд ин ихтилоф вобаста ба гуногунии тақсими оятҳо дар ин ё он нашр мебошад, на аз

камию зиёдии мӯҳтавои Қуръон. Фонди луғавии Қуръон иборат аз77934 калима ва 323621 ҳарф (аз ин миқдор каму зиёд ҳам овардаанд) ташкил шудааст. Сураҳои дароз (ба ҷуз сураи якум – Фотиҳа) дар аввал ва сураҳои кӯтоҳ дар охир омадаанд, гарчи аксари сураҳои кӯтоҳ он сураҳое мебошанд, ки аввалтар, дар оғози даъват нозил шудаанд. Сураҳое, ки дар шаҳри Макка баён (нозил) шудаанд маккӣ ва сураҳое, ки дар шаҳри Мадина баён шудаанд, сураҳои мадинагӣ номида мешаванд. Барои маълумоти муфассал нигар ба китоби Мирзоҳусайни Бадалпур “Муқаддимаи қуръоншиносӣ”, мо ва китоби Зиёзода Идибеки Ғозӣ “Қуръоншиносӣ” ҳарду зери таҳрир ва тақризи мо.

Ба Муҳаммад (с) пайғамбари ислом ваҳйи нахустин дар моҳи Рамазон соли 610 м. нозил шудааст ва аз ин рӯ, Рамазон барои мусулмонон моҳи муқаддас ба шумор рафта, дар он рӯза мегиранд. Қуръони Карим тибқи ахбори худи он аз ҳамон асле нозил шудааст, ки Таврот ва Инҷил сарчашма мегиранд. Аввалин сураи нозилшуда «Сураи Алақ» мебошад, ки он бо амри “Бихон -иқраъ” оғоз мешавад.

Вақте ки Муҳаммад (с) паёмбари ислом вафот кард, Қуръон ҳанӯз ба шакли китоб гирдоварӣ нашуда буд. Вале қисмати зиёди оятҳои Қуръонро котибони Муҳаммад пайғамбар (с) дар рӯи пӯсти дарахт, барги хурмо, сангҳо сабт ва ровиён дар хотир ҳифз карда буданд. Номи ровиён ва котибони Муҳаммад пайғамбар (с), ки то ба мо омада расидаанд, аз қабили Алӣ ибни Абутолиб, Убайа ибни Каъб, Абдуллоҳ ибни Масъуд, Зайд ибни Собит, Абудардо ва Абумӯсои Ашъарӣ мебошанд. Дар солҳои 11-12-уми ҳиҷрӣ, дар давраи хилофати Абубакр бисёре аз саҳобаҳо ва донандагони Қуръон, дар ҷангҳо барои мустаҳкам кардани ислом бо муддаиёни паёмбарӣ ва аз ислом баргаштагон, кушта шуданд. Инчунин, ровиёни боқимонда чизеро фаромӯш карда, чизеро аз худ илова мекарданд, ки дар байни матнҳо ихтилофи мундариҷа ва мазмун пайдо мешуд. Ин ҳодиса Умар ибни Хаттобро водор кард, ки ба Абубакр маслиҳат диҳад, то ҷиҳати аз байн нарафтани оёти Қуръон ба ҷамъоварии он иқдом намоянд. Ин вазифаро ба уҳдаи Зайд ибни Собит месупоранд. Маҷмӯаи аввалини тартибдодаи Қуръон аз тарафи ӯ номи “Суҳуф”-ро гирифта буд ва гирдоварӣ ва таҳрирҳои дигар тавасути саҳобаҳо Убайа ибни Каъб, Абдулло ибни Масъуд, Абумӯсо Абдуллоҳ Ашъарӣ ва Миқдод ибни Асвад низ ба амал бароварда мешаванд. Баъд, дар замони халифа Усмон, дар асоси ҳамаи ин матнҳо гирдоварӣ ва таҳрири охирин боз аз тарафи Зайд ибни Собит бо се нафари дигар ба анҷом расонида мешавад. Дигар нусхаҳо аз байн бурда мешаванд ва аз нусхаи аслӣ чанд нусха бардошта, ба шаҳрҳои дигари мусулмонӣ фиристода мешаванд.

Қайд намудан лозим аст, ки забони Қуръон чун асари динӣ қисман забони символӣ ва рамзӣ аст, ки хоси ҳама динҳои маъруф мебошад. Яъне маъно ва ҳадаф дар он тавассути ташбеҳ ва рамз ифода меёбад. Дар худи Қуръони карим сураи Оли Имрон, ояти 7 ояҳои қурониро ба ду навъ “муҳкамот” ва “муташобеҳот” тақсим кардааст. Муҳкамот оятҳое ҳастанд, ки бе ҳеҷ шарҳу баёни изофӣ равшану фаҳмо-бадеҳӣ мебошанд.

Аммо “муташобиҳот”, яъне оятҳое, ки хусусияти рамзӣ, ташбеҳӣ доранд5 ва зоҳирашон аз ботинашон, яъне маънии аслиашон фарқ мекунад. Таъвил-маънии ботинии ин гуна оётро фақат Худо ва донишманди илм (“росихин фил-илм”) медонанд.

Мундариҷаи Қуръон, гуногунмазмун ва бою ғанӣ аст. Дар он масъалаҳои мухталифи динию мазҳабӣ ва маънавию ахлоқие чун худошиносӣ, пағамбарӣ, ҳаёти пас аз марг, тасвири саҳнаи охират, масоили ҳуқуқӣ, оилавӣ ва ғайраҳо баён шудаанд.

Махсусан, масъалаҳои инсондӯстӣ, бузургдошти инсон, каромати вай, ҳадафу мақсади зиндагии вай, адолатхохӣ, зулмситезӣ, маънавиёт ва ахлоқи ҳамида дар Қуръон ҷои асосиро ташкил медиҳанд.6 Агар Қуръонро ба ду қутби доира тақсим кунам, дар қутби болои он Худошиносӣ, яъне шиносонидани ҳастӣ ва ягонагии Худо ва дар қутби поин масъалаи инсон, пайдоиш-офариниш ва ҳадафи офариниш, мартабаи инсон дар ҳастӣ ва назди Худо, ҳидояту роҳнамоии инсон, амру наҳйи он дар амалу рафтор, тарзи зиндагӣ дар ин дунё ва омодагӣ ба олами боқӣ-абадӣ, шариат-қонуни зиндагии иҷтимоӣ ва ғайра ташкил мекунад. Сураҳои давраи маккӣ бештар хусусияти ахлоқӣ ва даъвати тавҳидӣ доранд, сураҳои мадинагӣ низ дар асли тавҳидӣ аксаран хусусияти танзими зиндагӣ ва ҳаёти иҷтимоии мумулмононро доранд. Онҳо бештар ба муқобили ҳаёти иҷтимоӣ ва маънавию мазҳабии даврони ҷоҳилия ва расму русуми бутпарастон равона шудаанд. Ҳамчунин, ҳаводиси ҷараёни пайдоиши ислом, ғазовот ва муҳорибаҳои садри ислом дар онҳо инъикос ёфтааст.

Аз назари ниёзҳои башари имрӯза оятҳои зиёде дар Қуръон мавҷӯданд, ки ба корбурди ақлу хирад, тафаккуру андешаи солим, сулҳу мудоро, иҷтиноб аз таассубу бадбинӣ даъват намуда, куштори ноҳақи инсонҳо, мушкилсозии зиндагии муминон, бандагони Худоро маҳкум мекунанд. Мутаассифона дар мо муддати дароз Қуръон табдил ба китоби мурдаҳо, китоби дуову фотиҳа барои мурдагон шуда буд, ҳол онки мусалмон мебоист аз он барои ободии ин ҷаҳон, он чунон ки Худо онро обод офаридааст илҳом мегирифтанд ва олами исломро ба вазъи имрӯзаи ақабафтодагӣ намерасониданд.

Омӯзиш ва шинохти Қуръон барои мардуми мусулмон, сарфи назар аз диндор будан ва набуданаш, алалхусус барои равшанфикрон, зиёиён ва ҳама аҳли қалам ҷиҳати шинохти фарҳанг ва тамаддуни гузаштаи худ хело зарур аст. Чунки Қуръон ҳамчун сарчашмаи динию ақидатӣ ва бадеию фарҳангӣ таърихан ба забон, адабиёти насрию назмӣ, ба фалсафа, ҳуқуқ, ахлоқ, тарзи зиндагӣ, санъат ва умуман ҳама соҳаҳои ҳаёти моддӣ ва маънавии мусулмон таъсири зиёд гузоштааст ва бидуни омӯзиши воқеии он шинохти кофии ин соҳаҳо ғайри имкон аст.

5 Масалан: «Дастони Худо болои дастат», ё «Худо дар арш нишаста»

6 Муфассал дар бораи инсоншиносӣ ва гуманизми қуръонӣ нигар ба китоби Шерзот Абдуллозода «Фалсафаи одамият» Душанбе 2003 ва оид ба қуръоншиносӣ ба китоби ҳамин муаллиф «Маърифати ислом: исломшиносӣ»

.Душанбе 2015 ва сомона(-сайт)-и ҳамин муаллиф: dinshinosi.ru

3. Илмҳои қуръонӣ

УЛУМИ ҚУРЪОНӣ. Қуръон дар таърихи тамаддуни исломӣ ҳамчун омили такондиҳандаи рушди ҳамаи соҳаҳои илм нақши бузурге бозидааст. Аз илми сарфу наҳв, таҷвид- фонетика-забони арабӣ, илми қироат, илми тафсир ва таъвил, илми насх ва мансух, илми асбоби танзил ва ҳатто то ҳайат-ситорашиносӣ дар заминаи ниёзҳои шинохти Қуръон пешрафт карданд. Яке аз чунин илмҳо илми қироат ва тафсиру таъвил мебошад.

ИЛМИ ҚИРОАТ дар натиҷаи ихтилофоте, ки ҳанӯз дар садри ислом дар хондани баъзе оятҳо ва калимаҳои Қуръон ҷой дошт, ба вуҷуд омад. Илми қироат мавзуоти махориҷи ҳуруф- фонетикаи овозҳои ҳуруфи арабӣ ва пайваста хондани калимаю иборот, масоили оҳанги тиловат ва қавоиде ҳастанд, ки васл, идғом, ист ва ғайраро дар бар мегирад, ки онро илми т а ҷ в и д и Қуръон меноманд. Таърихан, ҳамчун маъруфтарин тарзи қироати Қуръон хониши даҳ қории маъруф қабул шудааст.

ИЛМИ ТАФСИР ВА ТАЪВИЛ. Илми тафсир ва таъвил дар заминаи зарурати фаҳмиши амиқ ва шарҳу эзоҳи оятҳои Қуръон ба вуҷуд омад. Интишори ислом дар байни ақвоми дорои расму ойин ва забонҳои мухталиф ва ҳар андоза дур шудани мусалмонон аз замони Паёмбар (с) ва ниҳоят шароит ва муқтазои замон зарурати тафсири оёти Қуръон ва баёни шароити нузул ва маънии ин ё он гуфтаҳои қуръониро ба миён оварданд.

Манбаъҳои тафсир, ки бо кӯмаки онҳо маъониро дар меёбанд чаҳортост: 1- тафсири Қуръон бо худи Қуръон, 2- тафсир ба ақл, яъне бо истифода аз усули ақливу мантиқӣ; 3- тафсир ба нақл бо истифода аз ривоёт, ҳадисҳо ва гуфтаҳои саҳобагон; 4 –тафсир бо исроилиёт, аз тариқи тавзеҳи қиссаҳои қуръонӣ бо истифода аз ахбор ва сарчашмаҳои дини яхудӣ ва насронӣ.

Муфассир \-шахси тафсиркунанда\-ро донистани як зумра улум, аз ҷумла: сарфу наҳви арабӣ, таъриху шароити таърихӣ ва хусусияти адабу шеъри араб, алалхусус давраи ҷоҳилия, мантиқ, илми ҳадис ва маърифати риҷол, фиқҳ, осори динҳои иброҳимӣ (исроилиёт) ва ғайра зарур буд.

Маъруфтарин тафсири Қуръон иборатанд аз: “Ҷомеъул-баён фи тафсирил-Қуръон”, ки мухтасар бо номи “Тафсири Табарӣ” маъруф аст, муаллифи он Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Ҷарир ат-Табарӣ (224-310 ҳ.); дуввумин, тафсири маъруф аҳли суннат «Таҳвилоти аҳли ас-суннат» ё

«Тафсири Мотурудӣ» аз Имом Абумансур Мотурудии Самарқандӣ (233/240-333ҳ), ва сеюмин тафсири маъруф «”Ат-тибён фи тафсир-ил- Қуръон” ном дорад ва онро Абӯҷаъфар Муҳаммад ибни Ҳасан ат-Тӯсӣ (385-460 х.қ.), яке аз бузургони мазҳаби шиъа дар бист ҷилд аст. Баъд аз ин аз тафсирҳои маъруф чун: тафсири “Ал-кашшоф ъан ҳақоиқ-ил- ғавомиз-ит-танзил”, маъруф ба “Тафсири Кашшоф”-и аллома аз- Замахшарӣ; “Кашшоф- ал-асрор ва ъудда-тул- аброр”-и Майбудӣ; “Ғароиб- ул-Қуръон” маъруф бо номи “Тафсири Нишопурӣ”; “Анвор- ут-танзил ва асрор-ут-таъвил” маъруф ба “Тафсири Байзовӣ”, “Тафсири ибн Касир”,

“Тафсири Ҷалолайн”, “Маҷмаъул- баён фи тафсир- ал-Қуръон”-и Шайх Аминуддин Абӯфазл ибни Ҳасан Табарсӣ, “Мифтоҳ-ул-ғайб” ё “Тафсири кабир”-и Имом Фахруддин Розӣ (543-606 х.) ва ғайра ном бурд.

Шумори тафсирҳоро дар маҷмуаи «ҷомеъ-ут-тафосир»-и Маркази мутолиоти компютерии «Нур» 341 унвон додааст ва тарҷумаи Қуръонро ба 25 забони дунё гирд овардааст аз ҷумла 23 тарҷумаи форсӣ. Соли 2011 Президенти кишвар тарҷумаи тоҷикии Қуръони Каримро ба мардуми Тоҷикистон ҳадя кард.

Адабиёт

  1. Абдуллозода Ш., Мирзоев Ғ., Зокиров Н., Шоев З. Таърихи динҳо – Душанбе: «Дониш» 2014. 367саҳ.
  2. Абдурауф Фитрат. Мухтасари таърихи ислом. Ирфон, Душанбе: 1991. Абдуллозода Шерзот. Асосҳои диншиносӣ. – Душанбе: «Дониш», 2001.
  3. Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон. ҷ.1. Душанбе,1985.
  4. Абдуллозода Шерзот. Муқаддима ба исломшиносӣ.-Душанбе: «Ирфон 1998.
  5. Мирзоҳусайни Бадалипур. ДМТ. Муқаддимаи Қуръоншиносӣ. Душанбе: «ЭР-граф», 1976.
  6. Лебон Г. Ислом: давраи пайдоиш (таърих ва маданият). Душанбе, 1992.
  7. Одинаев Я.К. Коран: философство – этическое учения. Душанбе: 1990.
  8. Рочи Фазуллоҳ. Таърихи ислом. Душанбе, нашр хусусӣ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *