Шоха ва мазҳабҳои таърихии исломӣ

Шоха ва мазҳабҳои таърихии исломӣ

  1. Равияҳои асосии ислом
  2. Мазҳабҳои аҳли суннат ва ҷамоат
  3. Фирқаҳои аҳли шиа

Равияҳои асосии ислом

Ислом ҳам монанди динҳои дигар ба шоха ва равияҳои мухталиф тақсим шудааст. Пас аз вафоти Паёмбари ислом (с) чанде нагузашта буд, ки ихтилоф дар атрофи ҷонишинии ӯ, яъне дар масъалаи интихоби х а л и ф – шахси ҷонишин, идомадиҳандаи кори Паёмбар, пешво ва роҳбари сиёсӣ ва мазҳабии ҷомеаи исломӣ ба вуҷуд омад. Зиддият байни чанд гурӯҳ буд. Яке муҳоҷирон, онҳое ки аз Макка ба Мадина ҳиҷрат карда буданд, дигаре ансор, онҳое ки Муҳаммад пайғамбарро ба Мадина даъват карда, ба ӯ пайвастанд ва барои дифоъ аз ҷону молаш паймон баста буданд, сеюм онҳое, ки тарафдории халиф аз хонадони Муҳаммад пайғамбарро мекарданд, яъне тарафдорони Алӣ ибни Абутолиб – амакбача ва домоди Муҳаммад (с) буданд. Худи Паёмбар (с) (ба ақидаи аҳли суннат ва ҷамоат) бевосита ба тарзи равшану ошкоро пеш аз вафоташ, касеро ба ҷои худ таъйин накарда буд.

2. Мазҳабҳои аҳли суннат ва ҷамоат

Ҳамин тариқ, аслан дар пайи масъалаи номбурда, ки як гурӯҳ ақида дошт, халифа метавонад, ҳар мусулмон аз ёрону ҳамсафони Паёмбар интихоб шавад ва дигар гурӯҳ талаб мекарданд, ки чунин шахс танҳо аз авлоди Паёмбар бошад ва ба ин Алӣ мувофиқ аст, ҷамоаи мусулмонон ба ду равияи калон тақсим шуд. Равия ё шохаи якум с у н н ӣ, аҳли суннат ва ҷамоат, ки онҳоро гоҳе аҳли тасаннун ҳам меноманд ва шохаи дуюмро шиа меноманд.

Аслан, ихтилофи онҳо ихтилофи эътиқодию шаръӣ набуда, як ихтилофи ночиз ва на он қадар муҳим аст. Ҳар ду шоха ба офаридгори ягонаи ислом Аллоҳ, ба рисолати паёмбарии Муҳаммад (с) ва ба китоби осмонии ислом Қуръон эътиқоду имон доранд. Ихтилоф, дар сари масъалаи имомат ва халифагии ҷомеаи мусулмонон баъди Муҳаммад (с) буд. Дар пайи ин аҳли шиа хилофати се халифаи аввалро эътироф

накардааст ва аз ин баъд чанде фарқиятҳои ҷузъии дигар пайдо мешаванд, ки муҳим намебошанд.

Дар навбати худ шохаи суннӣ дар сари масоили шаръиву ҳуқуқӣ ба чор мазҳаб, ё мактабҳои диниву ҳуқуқӣ ҷудо шуд. Инҳо мазҳабҳои ҳанафия, ҳанбалия, моликия ва шофеъия мебошанд, ки аз доираи исломи рошидӣ берун нарафтаанд.

Ҳа н а ф и я, ки мазҳаби пайравони имом Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит (вафоташ 767 мелодӣ)-ро меноманд, яке аз мазҳабҳои калонтарини суннӣ мебошад. Нӯъмон писари Собит писари Марзбон ва кунияи вай Абӯҳанифа аст. Асли ӯ аз Кобул – пойтахти Афғонистони имрӯза мебошад. Бобояш Марзбон дар замони хилофати ҳазрати Умар исломро қабул карда, ба Куфа омадааст ва дар он ҷо иқомат кардааст.

Абӯҳанифа бар асари ошноӣ бо илми калом ва баҳсу мунозира бо намояндагони гуногуни ин мактаб дар фанни ҷадал ва мунозира маҳорати комил ёфта буд. Ӯ ин маҳоратро дар илми фиқҳ ба кор андохт ва бар хилофи асҳоби ҳадис андеша ва истидлолоти ақлиро дар фиқҳ ва ҳадис ба кор бурд ва раъю қиёс ва истеҳсонро вориди фиқҳ кард, то он ҷо ки мактаби фиқҳии Абӯҳанифа ба мактаби раъй ва қиёс машҳур аст.

Мазҳаби Абӯҳанифа демократитарин мазҳаби ислом аст, аз он лиҳоз, ки ӯ илова ба қиёс, истеҳсон ва раъй ба урф низ такя кардааст. Мақсад аз истеҳсон назди ҳанафиён он аст, ки дар сурати вуҷуд доштани ду далели баробар, ҳамонашро қабул медоранд, ки барои муъмин хубтар, осонтар ва ҳасана мебошад. Урф бошад, истифода дар ҳукм бар анъана ва суннатҳои маҳалливу қавмиро, ки бар асосҳои усулии ислом зиддият надоранд, дар назар дорад. Бо сабаби истифода аз раъй, қиёс ва истеҳсону урф ҳанафия аз дигар мактабҳои аҳли суннат васеътар ва ғанитар гардидааст. Пайравони ҳанафия асосан дар Анатолия, Балкан, Кавкази Шимолӣ, Соҳили Баҳри Сиёҳ, Поволже, Осиёи Миёна, Афғонистон, Ҳиндустон, Россия, Хитой, Индонезия ва ғайра зиндагӣ мекунанд. Мардуми мусулмони Тоҷикистон низ аксар пайрави мазҳаби ҳанафӣ мебошанд ва ба намояндагони ҳама дину мазҳабҳои дигар ҳурмату эҳтиром доранд.

М о л и к и я, ки пайравони Имом Молик ибни Анас ал-Асбаҳӣ (732-795) мебошанд, дар нимҷазираи Арабистон ба вуҷуд омада, баъдан дар Миср, Африқои Шимолӣ ва Андалус интишор меёбад. Дар фиқҳ сарчашмаи асосии онҳо китобу суннат буда, дар якҷоягӣ дар истилоҳ “н а с с” номида мешавад. Фатвои саҳобаро ҳамчун ҷузъи суннат медонанд. Яке аз хусусияти ин мазҳаб он аст, ки амали мардуми Мадинаро дар рӯзгори Имом Молик (садаи дуввуми ҳиҷрӣ) низ ҳуҷҷат мешуморанд.

Усули асосии фиқҳи мазҳаби моликия дар китоби Молик ибни Анас “ал-Муватта” ва шарҳу ҳошияҳои он дода шудааст. Тавзеҳу такмилҳои он “ал-Мудавван- ул-кабира” ном дорад. Аз осори баъдии моликия маъруфтаринаш “Ал-қавонин-ул-фиқҳия фит-таҳлис-ил- мазҳабил-моликия” мебошад, ки ба қалами Абулқосим ибни Ҷаззӣ тааллуқ дорад. Инчунин метавон “Ал-Мухтасар”-и Саиди Халилро ном

бурд. Дар ҳоли ҳозир мазҳаби моликия дар Марокаш, Алҷазоир, Тунис, Либия, Кувейт, Баҳрайн амал мекунад.

Шофеъия пайравони Имом Муҳаммад ибни Идрис Шофеъӣ (соли ҳаёташ 767-820 мелодӣ) мебошанд, ки дар фиқҳ тибқи китоб, суннат, иҷмоъ, гуфтаҳо (ақвол)-и саҳоба ва қиёс амал мекунанд. Истеҳсонро қабул надоранд. Китобу суннатро дар як радиф – мусовӣ медонанд. Иҷмоъи асҳоб ва уламои дин низ дар сурати бо санад будан дар асоси далелҳои муътабар назди онҳо ҳуҷҷат аст. Аммо иҷмоъе, ки мухолифи китоб ва суннат бошад, мақбул нест. Назди онҳо иҷтиҳод ба маънии қиёс аст.

Дар ҳақиқат мазҳаби фиқҳии шофеъӣ ҳадди мобайнӣ ва васатие аз тариқаи аҳли қиёс ва аҳли ҳадис, ки зери таъсири мазҳабҳои ҳанафӣ ва моликӣ ташаккул ёфтааст ва хусусияти онҳоро қабул кардааст. Дар амал он як мазҳабе аз усулҳои соддашудаи ҳанафию моликӣ мебошад, аз ин рӯ хеле зуд дар Сурия, Ироқ ва Миср ин ду мазҳабро танг карда, интишор ёфт. Дар ҳоли ҳозир вай дар Сурия, Лубнон, Фаластин ва Урдун мазҳаби асосӣ буда, дар Ироқ, Покистон, Ҳиндустон, Малайзия, Индонезия ва Эрону Яман пайравони зиёд дорад.

Ҳ а н б а л и я мазҳаби дигари аҳли суннат буда, пайравони имом Аҳмад ибни Ҳанбали Марвазӣ (вафоташ соли 856 мелодӣ) мебошанд. Ин мазҳаб дар асри IX нахуст ҳамчун ҳаракати динию сиёсӣ ба вуҷуд омада, баъдан ба мазҳаби фиқҳиву ақидавӣ табдил ёфтааст. Ҳанбалиён дар фиқҳ аслан аз рӯи Қуръон ва суннат ҳукм мекунанд. Ҳарчанд ҳанбалия ҳамчун мазҳаби фиқҳӣ дар асри Х ташаккул ёфт, адабиёту осори ҳанбалӣ баъдтар, дар асри Х1 ба вуҷуд омаданд. Маъруфтарини он “Китоб-ул- умда фи аҳком-ил-фиқҳ”-и Муваффақ ад-Дин ибни Кудомӣ (1146-1223) ва “Сиёсат-уш-шаръия” асари алломаи машҳури ҳанбалӣ Ибни Таймия (асри XIII) мебошанд. Мазҳаби ҳанбалӣ байни табақоти поёнӣ ва миёнаи Ироқ, Хуросон, Сурия ва Ҳиҷоз таърихан таъсири зиёде доштааст ва ҳоло он мазҳаби расмии Арабистони Саудӣ мебошад.

3. Фирқаҳои аҳли шиа

Равияи шиа дар навбати худ дар натиҷаи ихтилофоти дохилӣ ба чандин фирқа тақсим гардида аст. Фирқаҳои асосии он: исноашарӣ қайсония, зайдия, имомия ва исмоилия мебошанд.

Гурӯҳи асосии шиаёнро имомияи исноашарӣ (дувоздаҳимома) ташкил мекунанд, ки аз шаҷараи имом Алӣ ибни Абӯтолиб (вафоташ соли 661 мелодӣ) оғоз шуда, то имом Муҳаммад Маҳдии Мунтазирро (ғайбаташ соли 878 мелодӣ) дар бар мегирад. Мувофиқи эътиқоди шиаён имоми дувоздаҳум Маҳдӣ намурдааст, балки ғайб задааст ва дар охирзамон бармегардад ва адолатро пойдор месозад.

Аз фирқаҳои дигари маъруфи шиа исмоилия мебошад, ки дар асри VIII мелодӣ ба вуҷуд омада, дар таърихи мамолики Шарқи Наздик, Шимоли Африқо, Эрону Осиёи Миёна нақши муассире гузоштааст. Ин фирқа номи худро аз номи писари имоми шашуми шиаён Имом Ҷаъфари Содиқ – Исмоил гирифтааст. Исмоил, ки (ба ақидаи фирқаҳои исмоилия)

дар ибтидо вориси имомат буд, аммо бо кадом сабабе аз ин ҳуқуқ маҳрум шуда, Имом Ҷаъфари Содиқ ба ҷои ӯ писари дигараш Мӯсо ал- Козимро ҷонишини худ таъйин мекунад. (Фирқаи шиаи исноашарӣ, яъне дувоздаҳимома баъди Имом Ҷаъфари Содиқ, имоми ҳафтум Мӯсо ал- Козимро қабул доранд). Вале тибқи манобеи дигар сабаби ин дар он буд, ки Исмоил панҷ сол пеш аз падараш соли 760 вафот карда буд. Пайравонаш бошанд, ба ӯ вафодор монда, имомати ӯро қабул доштанд ва боварӣ доштанд, ки ӯ вафот наёфта, балки аз назарҳо ғоиб шудааст. Исмоилия ба тадриҷ аз як фирқаи динию сиёсӣ ба як ҷараён ё мактаби илоҳиётию фалсафӣ табдил меёбад. Дар Тоҷикистон пайравони исмоилия дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиндагӣ мекунанд, ки як ҷузъи бисёр муҳими фазои динӣ ва фарҳангии кишвари моро ташкил медиҳанд. Муносибати мусолиматомез ва таҳаммулпарваронаи мазҳабҳои ҳанафии аҳли суннат ва равияи исмоилия, ҳамчунин ҳурмату эҳтироми байниҳамдигарии онҳо ба дидгоҳҳои мазҳабии якдигар аз дастовардҳои назарраси мардум ва фарҳанги тоҷик мебошад.

Адабиёт

  1. Абдуллозода Ш., Мирзоев Ғ., Зокиров Н., Шоев З. Таърихи динҳо – Душанбе: «Дониш» 2014. 367саҳ.
  2. Абдурауф Фитрат. Мухтасари таърихи ислом. Ирфон, Душанбе: 1991. Абдуллозода Шерзот. Асосҳои диншиносӣ. – Душанбе: «Дониш», 2001.
  3. Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон. ҷ.1. Душанбе,1985.
  4. Абдуллозода Шерзот. Муқаддима ба исломшиносӣ.-Душанбе: «Ирфон 1998.
  5. Додихудоев Х. Очерки философии исмаилизма. Душанбе: Дониш, 1976.
  6. Лебон Г. Ислом: давраи пайдоиш (таърих ва маданият). Душанбе, 1992.
  7. Одинаев Я.К. Коран: философство – этическое учения. Душанбе: 1990.
  8. Рочи Фазуллох. Таърихи ислом. Душанбе, нашр хусусӣ.
test

Добавить комментарий