Ответ в теме: Шаклҳои идоракунии давлат кадомхоянд?

Шакли идоракунӣ- ин тарзи ташкили ҳокимияти давлатӣ аст. Ин категория чӣ тавр ташкил ёфтани мақомоти олӣ, чиро ифода кардани онҳо ва аз чиҳо иборат будани ҳамкории онҳоро нишон медиҳад. Шакли идоракунӣ инчунин дар бораи мавқеи аҳолӣ дар ташаккули мақомоти олии давлат ба тариқи демократӣ ё ғайридемократӣ ташкил шудани он шаҳодат медиҳад.
Ҳамин тариқ, шакли идоракунӣ тариқи ташкили ҳокимияти олии давлат, тартиби таъсиси мақомоти он, ҳамкории онҳо байни ҳам бо аҳолӣ, дараҷаи иштироки аҳолиро дар ташаккули онҳо ошкор менамояд.
Ду шакли асосии идоракунии давлатӣ: монархия ва ҷумҳурӣ мавҷуд аст. Мақомоти онҳо олии онҳо аз рӯи тартиби ташкилёбӣ, ҳайат ва салоҳият аз ҳам фарқ мекунанд.
Монархия чунин шакли идоракуниест, ки дар он ҳокимияти олии давлатӣ пурра ва ё қисман дар дасти сардори давлат (монарх, шоҳ, амир, император) аст, ки одатан тахтро ё ба тариқи меросӣ мегирад ва ё баъзан интихоб мешавад.
Яъне монархия дорои чунин нишонаҳо мебошад:
1) Мавҷудияти соҳиби шахсии (ягонаи) ҳокимияти олӣ- монарх (фиръавн, шоҳ, император, князи бузург, амир, султон ва ғайра), ки одатан умрбод ҳукмронӣ мекунад;
2) Бо таритиби меросӣ давом кардани соҳибият дар ҳокимияти олӣ, ки онро қонуни валиаҳдӣ ё урфу одатҳо танзим мекунанд;
3) Монарх давлатро аз рӯи хости идора мекунад, ки он аз ҳокимияти халқӣ барнамеояд;
4) Монарх чун сарвар масъулияти ҳуқуқи надорад.
Дар таърих якчанд намудҳои монархия мавҷуд аст: монархияи мутлақ (номаҳдуд), монархияи конститутсионӣ фарқ карда мешаванд.
Дар шароити монархияи мутлақ ҳокимияти шоҳ, монарх номаҳдуд аст. Ба вай ҳокимияти қонунгузор, ваколатҳои муҳим дар соҳаи идоракунӣ ва адолати судӣ тааллуқ доранд. Монархияи мутлақ ҳоло дар кишварҳои Шарқ (аз ҷумла Арабистони Саудӣ) мушоҳида мешавад.
Монархияи маҳдуд (конститутсионӣ)- чунин намуди монархия аст, ки дар он монарх ягона мақоми олӣ ба ҳисоб нарафта, дар баробари ӯ дигар мақомоти олӣ низ амал мекунанд, яъне мувофиқи конститутсияи мамлакат салоҳият ва ҳокимияти монарх маҳдуд карда шудааст.
Инчунин намудҳои дигари монархия аз ҷумла монархияи дуалистӣ ва парламентарӣ мавҷуд мебошанд.
Ҷумҳури бошад чунин шакли идоракунӣ мебошад, ки дар он ҳокимияти давлатӣ ба воситаи мақомоти ба муддати муайян интихоб гардида ба амал бароварда мешавад.
Ҷумҳурӣ- шакли идоракуниест, ки дар он ҳокимият дар асоси принсипи таҷзияи ҳокимиятҳо байни мақомоти қонунгузор, иҷроия ва судӣ тақсим шуда, байни онҳо низоми мутақобилият ва худнигоҳдорӣ таъмин шудааст.
Дар замони муосир ду намуди ҷумҳурӣ вуҷуд дорад: 1) ҷумҳурии президентӣ ва 2) ҷумҳурии парлумонӣ. Аммо баъзе муаллифон инчунин намуди сеюми ҷумҳуриро фар мекунанд, ки ин бошад ҳам ҷумҳурии омехта мебошад.