Ответ в теме: Шаклҳои идоракунии давлат кадомхоянд?

#26030
Сомон
Гость

Шакли сохти давлатӣ: мафҳум ва намуди онҳо
Таърихи мавҷудияти давлат исбот мекунад, ки дар тӯли қарнҳо давлатҳои гуногун аз ҳамдигар бо сохти дохилӣ фарқ мекарданд, яъне аз рӯи тарзи тақсимоти ҳудудӣ (воҳидҳои маъмурию марзӣ, мухториятҳои сиёсӣ, воҳиди давлатӣ, ки мустақилиятдорад), инчунин аз рӯи дараҷаи марказонидани ҳокимияти давлатӣ (мутамарказ, ғайримутамарказӣ, ки мувофиқи принсипҳои демократӣ ташкил ёфтаанд) аз ҳамдигар тафовут доштанд. Ин ҳолат бо истилоҳи «шакли сохти давлатӣ» ном бурда мешавад, ки маънои аз рӯи ҳудуд ташкил шудани ҳокимияти давлатӣ, таносуби давлат ҳамчун воҳиди ягона бо қисмҳои таркибиашро дорад. Сохти давлатӣ шакли зиёде дошта бошад ҳам, дар байни онҳо ду шакл асосӣ мебошанд: унитарӣ (ягона) ва федеративӣ. Баъзеҳо шакли сеюми сохти давлатӣ ҳам ҳаст, ки он конфедеративӣ мебошад, ки назар ба ду шакли аввала хеле кам дучор мешавад.
Давлати унитарӣ (ягона) ин давлати мутамаркази яклухте мебошад, ки воҳидҳо маъмурию ҳудудии он (вилоятҳо, музофотҳо, ҳавзаҳо ва ҳоказо) вазъи воҳиди давлатиро надоранд, дорои ҳуқуқҳои мустақил нестанд.
Дар давлати унитари мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии барои тамоми мамлакат хос, низоми ягонаи судӣ ва конститутсияи ягона, шаҳрвандии ягона ҷой дорад, ки барои таъсири пурзури ҳокимияти марказии давлат дар тамоми қаламрави мамлакат заминаи ташкилию ҳуқуқӣ барпо мекунад.
Давлати федеративӣ ин давлати мураккаби иттифоқиест, ки қисмҳои он (ҷумҳуриҳо, иёлотҳо, заминҳо, кантонҳо ва монанди онҳо) давлат ё воҳидҳои давлатӣ мебошанд, ки соҳибистиқлоланд.
Федератсия аз якчнд давлат ё ташкилотҳои давлатӣ, ки узви федератсия мебошанд, ташкил шудааст. Дар давлати федеративӣ мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва идоракунии барои тамоми федератсия умумӣ ташкил карда мешавад ва шаҳрвандии умуми вуҷуд дорад.