Ответ в теме: Шеърхо аз эҷодиёти Халилуллоҳи Халил

#43420
L-BRO Admin
Хранитель

Давлат аз нерўи миллат шуд падид,

Вой азон давлат, ки миллатро надид.

Ҳеҷ давлатро наёбӣ пойдор

Гар набошад пояҳояшустувор.

Чист поя ваҳдатороии қавм,

Такя бар имрўзу бар фардои қавм.

Қавм агар гуфтам муродам миллат аст.

Миллат ар гўям асосаш ваҳдат аст.

Миллати мо андарин сахт озмун

Кардасобит ваҳдати худро ба хун

Миллати имрўз чун дирўз нест,

Шерисангар мурғи дастомўз нест.

Ин уқоби тезчашми хашмгин

Нест дигар дастбини ону ин.
(Халилуллоҳи Халил)