Ответ в теме: Шеърхо аз эҷодиёти Бадриддин Ҳилолӣ

#43425
L-BRO Admin
Хранитель

Хушон маҷлис, ки чун рухсораш аз май лолагун бинам,
Туро пеши назар биншонаму пеши ту биншинам.
Сухан чун бар забон ронӣ, забони манзи кор афтад,
Забон чун барлаб орӣ, барлаб ояд ҷони ширинам.
Кашиди ханҷару гуфтӣ, ки: «Хоҳам куштанат рўзе»,
Мароинваъда ҳоҷат нест, ман худ куштаи инам.

Қадам чун ранҷа фармудӣ, биё осуда шав бо ман,

Ба чашми худзи пои нозукат озор барчинам

Маро, эй тифли бадхў, аз дари мактаб марон дигар,

Киҷон барлаб расида, гўш бар овози оминам,

Хароб афтодаам барбистари марг аз шаби ҳиҷрон,

Агар хоҳӣ, ки бархезам, биё, биншин ба болинам,

Маро гуфтӣ: «Ҳилолӣ кист, саргардон ба кўи мо?»

Гадои мустамандам в-аз дуогўёни мискинам.
(Бадриддин Ҳилолӣ)