Ответ в теме: Шеърхо ва ғазалҳо аз эҷодиёти Ҳофизи Шерозӣ

#43433
L-BRO Admin
Хранитель

Даме бо ғам ба сар бурдан, ҷаҳон як сар намеарзад,
Ба май бифрўш далқи мо, к-аз ин беҳтар намеарзад.
Ба кўи майфурўшонаш ба ҷоме барнамсгиранд.
Зиҳӣ сад ҷодаи тақво, ки як соғар намеарзад.
Рақибам сарзанишҳо кард, ки аз ин боб рух бартоб
Чӣ афтод ин сари моро, ки хоки дар намеарзад.
Шукӯҳи тоҷи султонӣ, ки бими ҷон дар ў дарҷ аст,
Кулоҳе дилкаш аст, аммо ба тарки сар намеарзад.
Чӣ осон менамуд, аввал, ғами дарё ба бўи суд
Еалат кардам, ки ин тўфон ба сад гавҳар намеарзад.
Туро он беҳ, ки рўи худ зи муштоқон бипўшонӣ

Ки шодии ҷаҳонгирӣ ғами лашкар намеарзад.

Чу Ҳофиз дар қаноат кўш в-аз дунии дун бигзар

Ки як ҷав миннати дунон ду сад ман зар намеарзад.