Ответ в теме: Шеърхо ва ғазалҳо аз эҷодиёти Ҳофизи Шерозӣ

#43434
L-BRO Admin
Хранитель

Биё, то гул барафшонему май дар соғар андозем,
Фалакро сақф бишкофему тарҳе нав дарандозем.
Агарғам лашкар ангезад, ки хуни ошиқон резад,
Манусоқӣ ба ҳам тозему бунёдаш барандозем.
Шаробиарғувониро гулоб андар қадаҳ резем,
Насими атргардонро шакар дар миҷмар андозем.
Чудардаст аст руде хуш, бизан, мутриб, суруде хуш,
Кидастафшон ғазал хонему покўбонсар андозем.
Сабо, хоки вуҷуди мо бад-он олиҷаноб андоз,
Бувад, к-он шоҳи хубонро назар бар манзар андозем.
Якеаз ақл мелофад, яке томот мебофад,
Биё, к-ин довариҳоро ба пеши довар андозем.
Биҳишти адн агар хоҳӣ, биё бо моба майхона,
Киазпои хумат рўзе ба ҳавзи Кавсар андозем.
Сухандонию хушхонӣ намеварзанд дар Шероз,
Биё, Ҳофиз, ки то худро ба мулки дигар андозем
(Ҳофизи Шерозӣ)