Ответ в теме: Шеърхо аз эҷодиёти Абуабдулло Рудаки

#43736
L-BRO Admin
Хранитель

Омад баҳори хуррам бо рангу бӯи тиб,
Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб.
Шояд, ки марди пир бад-ин гаҳ шавад ҷавон,
Гетӣ ба дил ёфт шабоб аз пайи машиб”.
Чархи бузургвор яке лашкаре бикард,
Лашкар-ш абри тираву боди сабо нақиб?.
Наффот: барқи равшану тундар-ш таблзан,
Дидам ҳазор хайлу надидам чунин муҳиб:.
Он абр бин, ки гиряд чун марди сӯгвор
В-он раъд бин, ки нолад чун ошиқи каиб?.
Хуршедро зи абр дамад рӯй гоҳ-гоҳ,
Чун он ҳисорие, ки гузар дорад аз рақиб.

Якчанд рӯзгор ҷаҳон дардманд буд,

Беҳ шуд, ки ёфт бӯи суманбодро табиб.

Борони мушкбӯй биборид нав ба нав

В-аз абр баркашид яке ҳуллаи қасибё.

Кунҷе, ки барф пеш ҳамедошт гул гирифт,

Ҳар ҷӯяке, ки хушк ҳамебуд, шуд ратиб”.

Тундар миёни дашт ҳаме бод бардамад,

Барқ аз миёни абр ҳаме баркашад қазиб.

Лола миёни кишт бихандад ҳаме зи дур,

Чун панҷаи арӯс ба ҳино шуда хазиб?.

Булбул ҳаме бихонад дар шохсори бед,

Сор аз дарахти сарв мар ӯро шуда муҷиб!?.

Сулсул ба сарвбун-бар бо наҲмаи кӯҳан,

Булбул ба шохи гул-бар бо лаҳнаки Ҳариб.

Акнун хӯред бодаву акнун зиед шод,

К-акнун барад насиб ҳабиб аз бари ҳабиб.

Соқӣ гузин бодаву май хӯр ба бонги Зер!!,

К-аз кишт сор ноладу аз боҲ андалеб.

Ҳарчанд навбаҳор ҷаҳон ас(т) ба чашм хуб,

Дидори хоҷа хубтар-он меҳтари ҳасиб!?.

Шеби ту бо фарозу фарози ту бо нишеб,

Фарзанди одамӣ ба ту андар ба шебу теб!3.

Дидӣ ту режу” ком бад-ӯ андарун басе,

Бо ридакони” мутриб будӣ ба фарру зеб.