Ответ в теме: Шеърхо аз эҷодиёти Сайидои Насафӣ

#43739
L-BRO Admin
Хранитель

Дар баҳор аз фоқа ранги заъфарон бошад маро,
Пораҳо бар дӯш аз барги хазон бошад маро.
Баҳри рӯзӣ мекунам бофандагӣ чун анкабут,
Хона ҳамчун дорбоз аз ресмон бошад маро.
Гаштаам аз фоқа ҳамчун тири бепар гӯшагир,
Хонаҳои хушку холӣ чун камон бошад маро.