Ответ в теме: Шеърхо ва ғазалҳо аз эҷодиёти Соиби Табрезӣ

#43764
Main Aditor
Хранитель

Ба матлаб мерасад ҷӯёи ком оҳиста-оҳиста,

Зи дарё мекашад сайёд дом оҳиста-оҳиста.

Ба Мағриб метавонад рафт дар як рӯз аз Машриқ,
Гузорад ҳар кӣ чун хуршед гом оҳиста-оҳиста.

Ба ҳамворӣ баландӣ ҷӯ, ки теғи кӯҳро орад,

Ба зери пой кабки хушхиром оҳиста-оҳиста.

Зи тадбири ҷунуни пухта кори ақл меояд,

Ки Маҷнун оҳувонро кард ром оҳиста-оҳиста.
Ҳамон маънист бар ҳусни мадори ҳуҷҷати нотиқ,
Ки тӯтӣ мешавад ширинкалом оҳиста-оҳиста.
Агарчи ришта аз тори гуҳар беҷону лоҷар шуд,
Кашид аз мағзи гавҳар интиқом оҳиста-оҳиста.
Машав аз зердасти хеш эмин дар тиҳидастӣ,

Ки хуни шишаро нӯшид ҷом оҳиста-оҳиста.
Дилам аз оҳ, мегуфтам шавад холӣ, надонистам,
Ки печад бар саропоям чу дом оҳиста-оҳиста.

Ба шаккарханд аз он лабҳои хушдашном қонеъ шав,
Ки хоҳад талх гардид ин мудом оҳиста-оҳиста.
Агар номи баланд аз чарх хоҳӣ, сабр кун, Соиб,
Зи пастӣ метавон рафтан ба бом оҳиста-оҳиста.