Ҷавоб: Мувофиқи сархати шашуми қисми 6 моддаи 128 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон – даромадҳои ғайрирезидент дар шакли музди меҳнат, ки моддаи 99 Кодекси андоз пешбинӣ намудааст ва аз манбаъҳои воқеъ дар ҶумҳурииТоҷикистон, новобаста ба шакл ва маҳалли пардохти даромадҳо пардохт мешаванд, – тибқи муқаррароти қисми 3 моддаи 103 Кодекси андоз бо меъёри 25 фоиз андозбандӣ карда мешаванд.