Ҷавоб: Дар Номгӯи намудҳои фаъолияти соҳибкорие, ки дар асоси патент амалӣ карда мешаванд ва боқарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2012 таҳти №451 тасдиқ гардидааст, хизматрасонии компютери пешбинӣ нашудааст. Бинобар ин соҳибкор ӯҳдадор аст, тибқ итартиби муқаррар гардида фаъолияти соҳибкории худро дар асоси Шаҳодатнома ба роҳ монад ва андозбандии он аз рӯи даромаде, ки соҳибкор ба даст меорад ба роҳ монда мешавад.
Ба ғайр аз ин бояд қайд намуд, ки меъёри андози иҷтимоӣ баро исоҳибкори инфиродӣ 1 фоиз аз ҳисоби даромади умумӣ, вале на камтар аз андозаи ҳадди калонтарини андози иҷтимоӣ барои соҳибкори инфиродии тибқи патент фаъолияткунанда муқарраршуда (150 сомонӣ бе назардошти коэффисиенти минтақавӣ), новобаста ба андозаи даромади гирифташуда, баробар мебошад.