Гузаришҳои ғайриоптикӣ

Помечено: 

Просмотр 1 сообщения - с 1 по 1 (всего 1)
  • Автор
    Сообщения
  • #39740
    L-BRO Administrator
    Хранитель

    Гузаришҳои ғайриоптикӣ.
    Дар гузаришҳои ғайриоптикӣ мубодилаи энергиявӣ дар натиҷаи бар-хӯр¬ди атом бо зарраҳои муҳит сурат мегирад. Агар ин бархӯрд чандир бошад, энергияи дохилии атом тағйир намеёбад. Дар бархӯрди ғайричандир атом аз як савия ба савияи дигари энергиявӣ мегузарад. Маҷмӯи силсилаҳои тайфӣ ё ҳолатҳо (савияҳо)-и энергиявӣ тавсифи фардии ҳар як атом мебошад. Усулҳои тайфии таҳлили сифатӣ ва миқдории таркиби моддаҳо бар ҳамин хусусияти атом асос ёфтаанд. Танҳо дар ҳолатҳои барангехта (n→∞) атом хусусиятҳои фардии худро гум мекунад. Ин гуна атомҳоро «Атомҳои ҳидрогенмонанд» ё «Атомҳои ридбергӣ» (ба исми Й. Ридберг) меноманд. Энергияи ҳолатҳои ридбергӣ бо тайфи бефосилаи атоме ҳамсарҳад аст, ки он як электрони худро гумкарда мебошад. Энергияи иониши атоми ноангехта тартиби 10 эВ-ро дорад. Ин энергия барои атомҳои филиззҳои ишқорӣ қимати камтарини 5,39 (Li); 5,14 (Nа); 4,34 (К); 4,17 (Rb); 3,89 (Сs) эВ дораду барои атомҳои газҳои инертӣ – қимати зиёдтарин 24, 59 (Не); 21,56 (Ne); 15,76 (Ar); 13,9 (Kr); 12,1 (Хе) эВ.

Просмотр 1 сообщения - с 1 по 1 (всего 1)
  • Для ответа в этой теме необходимо авторизоваться.