Дар кадом маврид соҳибкори инфиродӣ ӯҳдадор мешавад, ки шакли ташкилию ҳуқуқии худро иваз карда, фаъолияти худро ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ба роҳ монад?

  • Эта тема пуста.
Просмотр 1 сообщения - с 1 по 1 (всего 1)
  • Автор
    Сообщения
  • #41585
    L-BRO Admin
    Хранитель

    Ҷавоб:Мутобиқи қисми 29 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2012, №451 агар дар давоми соли тақвимии 2013 ва солҳои минбаъда даромади умумии соҳибкори инфиродии дар асоси шаҳодатнома фаъолияткунанда аз 500 ҳазор сомонӣ зиёд гардад, ин соҳибкори инфиродӣ вазифадор аст, ки ба мақомоти андози маҳали бақайдгирии худ маълумот пешниҳод намуда, фаъолияти худро ҳамчун соҳибкори инфиродӣ аз санаи 1-уми моҳи минбаъда тибқи тартиби муқарраргардида қатъ намояд ва дар мавриди идома додани амалиёт, фаъолияти худро ҳамчун шахси ҳуқуқӣ бароҳ монад.

    Ҳамзамон, мутобиқи талаботи банди 28 қарори мазкур, намудҳои зерини фаъолият бояд бо ташкили шахси ҳуқуқӣ ба роҳ монда шавад:

    а) истеҳсоли молҳои зераксизӣ (ба истиснои нӯшокиҳои ғайриспиртӣ) ва амалӣ намудани фаъолияти зераксизӣ;

    б) фаъолияти иқтисодии хориҷӣ (ба истиснои воридоти молҳои ниёзи мардум ба маблағи то 500 ҳазор сомонӣ);

    в) фаъолияти бонкӣ ё намудҳои алоҳидаи амалиёти бонкӣ (ба истиснои амалиёти мубодилаи асъор), фаъолияти суғуртавӣ, фаъолият оид ба идоракунии фондҳои сармоягузорӣ, фаъолияти касбӣ дар бозори коғазҳои қиматнок;

    г) фаъолият доир ба истифодабарии қаъри замин;

    д) қабул, коркард ва (ё) таҳвили металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо, дигар металлҳо, консентрат, оҳанпора ва маъданҳо;

    е) фаъолияти савдо ва (ё) хизматрасонӣ, ё фаъолият доир ба хӯроки умумӣ, агар масоҳати ҷойи фаъолият аз 30 м2 зиёд бошад;

    ж) фурӯши сӯзишворӣ, гази моеъ ва табиӣ, таъсиси бозорҳо, меҳмонхонаҳо ва хизматрасониҳои варзишӣ;

    з) ташкили сехҳои оҳангудозӣ.

Просмотр 1 сообщения - с 1 по 1 (всего 1)
  • Для ответа в этой теме необходимо авторизоваться.