Диловаров М, ба фаъолияти соҳибкории бозиҳои автомати тавассути компютер машғул мебошад андозбандии бозиҳои компютерӣ чи тавр ба роҳ монда мешавад?

Помечено: 

  • Эта тема пуста.
Просмотр 1 сообщения - с 1 по 1 (всего 1)
  • Автор
    Сообщения
  • #41626
    L-BRO Admin
    Хранитель

    Ҷавоб: Тибқи боби 45 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, ки аз 1 январи соли равон мавриди амал қарор дорад, нисбати андозсупорандагоне, ки тавассути автомати бозӣ(компютер)вадигар объектҳои андозбандии дар моддаи 308 Кодекси андоз муқаррар гардида ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд,        низоми махсуси андозбандӣ барои субъектҳои бизнеси бозӣ пешбини гардидааст.

    Низоми махсуси андозбандӣ барои субъектҳои бизнеси бозӣ низоми махсуси андоз мебошад, ки субъектҳои бизнеси бозӣ, ба истиснои даромадҳои бизнеси бозӣ, ки андозбандии онҳо дар манбаи пардохт амалӣ карда мешавад, ӯҳдадоранд истифода намоянд.

    Тибқи моддаи 309 Кодекси андоз маблағи андоз аз бизнеси бозӣ барои давраи андоз барои ҳар воҳиди объекти андозбандӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо (ноҳияҳо) муқаррар карда мешавад. Дар ҳолате, ки маблағи андоз аз бизнеси бозӣ аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳрҳо (ноҳияҳо) муқаррар нашуда бошад, маблағи андоз аз бизнеси бозӣ тибқи моддаи 327 Кодекси мазкур дар ҳаҷми миёнаи моҳонаи ҳамаи андозҳои аз фаъолияти онҳо дар соли 2012 ҳисоб карда шуда, бо истифодаи коэффисиенти баландкунандаи 1,5 муайян карда мешавад.

    Инчунин, истифодаи низоми махсуси андозбандӣ барои субъектҳои бизнеси бозӣ аз пардохти чунин андозҳо, ба истиснои даромадҳои дар манбаи пардохт андозбандишуда озод мекунад:

    – андоз аз фоида аз бизнесибозӣ;

    – андоз аз даромадбевосита аз даромадҳои бизнеси бозии соҳибкории нфиродӣ, ки тибқи шаҳодатнома фаъолият менамояд;

    – андоз аз истифодабарандагонироҳҳоиавтомобилгард;

    – андози аксизӣ вобаста ба бизнеси бозӣ;

    – низоми соддакардашудаи андозбандӣ барои субъектҳои соҳибкории хурд;

    – андоз аз арзишииловашуда, ба истисноиандоз аз арзиши иловашудаи барои хизматрасониҳои (корҳои) ба ғайрирезидент таҳвил шуда ва марбут ба воридоти молҳо ба ҶумҳурииТоҷикистон.

    Бинобар ин, андозсупорандагоне, ки дорои объектҳои андозбандии бизнеси бозӣ мебошанд, уҳдадоранд аз 1 январи соли ҷорӣ тибқи низоми махсуси андозбандӣ барои субъектҳои бизнеси бозӣфаъолия тнамуда, тибқи талаботҳои Кодекси андоз фаъолияти худро ба роҳ монанд.

Просмотр 1 сообщения - с 1 по 1 (всего 1)
  • Для ответа в этой теме необходимо авторизоваться.