Заряди атом

Помечено: 

Просмотр 1 сообщения - с 1 по 1 (всего 1)
  • Автор
    Сообщения
  • #39736

    Барқа (заряд)-и ҳастаи атом, ки баробари +Ze аст, тавсифи асосии атом буда, ҳамеша ба бузургии мутлақи барқаи электрон |–e| каратист. Дар ин ҷо Z= 1, 2, 3,… ба адади протонҳои таркиби ҳастаи атом баробар аст ва ра¬қами тартибӣ (ё рақами атомӣ)-и атомро дар ҷадвали Менделеев ифода мекунад. Ҳар як протон барқаи + e-ро дорад. Маҳз ба ҳамин сабаб барқаи ҳаста ба ҷамъи барқаҳои ҳамаи протонҳо +Ze баробар аст. Дар атоми хунсо барқаи +Ze (яъне ҳаста) дар атрофи худ Z электрони барқаи умумиашон –Ze-ро нигоҳ
    медорад. Пас барқаи натиҷавии атом баробари сифр аст. Вале атом дар ҳолати ионӣ (атоме, ки як ё чанд электронашро гум кардааст – иони мусбат; атоме, ки ба худ электрони изофа гирифтааст – иони манфӣ) дорои барқа (заряд)-и мусбат ва манфӣ буда метавонад ва ин гуна атомҳоро ионшуда меноманд. Агар бо ҳарфи k чандияти ионида шудани атомро ифода кунем, метавон гуфт, ки дар иони мусбат Z–k электрон ва дар иони манфӣ Z+k электрон боқӣ мемонад ва барқаи онҳо мувофиқан +ke ё –ke мешавад. Барои ионҳои мусбат k=1,2, 3, …, Z, барои ионҳои манфии озод k=1 ва барои ионҳои алоқаманд k >1 шуда метавонад. Андозаи иони манфӣ аз андозаи атоми хунсо (нейтрал) ҳамеша калонтар мебошад. Э. Резерфорд дар таҷрибаҳои марбут ба пароканиши алфа-зарраҳо (1911) тартиби бузургии Z-и атомҳои гуногунро муайян карда буд. Г. Мозли (1913–1914) дар асоси таҳқиқи тайфҳо (спектрҳо)-и рентгении атомҳо қимати Z-ро барои ҳамаи унсурҳои то он вақт маълум муайян кард.

Просмотр 1 сообщения - с 1 по 1 (всего 1)
  • Для ответа в этой теме необходимо авторизоваться.