Ҷавоб: Мувофиқиқисми 1 моддаи 11 Кодекси андоз шахси воқеие, ки дар давоми ҳар давраи 12-моҳаи пай дар пай гузаранда, ки дар ҳамин соли тақвимии ҷорӣ ба охир мерасад, дар ҳақиқат дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 182 рӯз қарордошта бошад, аз рӯзи 183-юм барои соли ҷории тақвимӣ резиденти ҶумҳурииТоҷикистон (минбаъд-резидент) ба ҳисоб меравад. Агар чунин шахси воқеӣ дар соли гузаштаи тақвимӣ резидент баҳисоб рафта бошад, пас он аз 1 январи соли ҷорӣ низ резидент ба ҳисоб меравад ва даромади онҳо мувофиқи моддаи 103 Кодекси андоз андозбандӣ карда мешаванд.