Ҷавоб: Санҷиши андоз танҳо аз ҷониби мақомоти андоз амалӣ карда мешавад, зеро мақомоти андоз, дар айни замон Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи назорати давлатии пардохти пурра ва саривақтии андозҳо ба ҳисоб мераванд.
Санҷишҳои андоз ба намудҳои зерин тақсим мешаванд:
1) санҷиши ҳуҷҷатӣ;
2) санҷиши амалиётӣ.
Асос барои гузаронидани санҷиши андоз амрнома мебошад.
Дар асоси як амрнома, ба истиснои санҷиши амалиётӣ, танҳояк санҷиши андоз гузаронида мешавад.