Ҷавоб: Муоинаи хронометражӣ дар муносибатҳои андози яке аз шаклҳои назорати андоз буда, аз ҷониби мақомоти андоз бо мақсади муқаррар намудани даромади воқеии андозсупоранда ва хароҷоти воқеии вобаста ба фаъолияти барои гирифтани даромад равонашудаи он дар даврае, ки мавриди муоина қарор мегирад, гузаронида мешавад.
Муоинаи хронометражӣ тибқи тартиби муайяннамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ на зиёда аз як маротиба дар як сол ба мӯҳлати то 3 рӯзи корӣ гузаронида мешавад.
Мақсад аз муоинаи хронометражӣ муайян намудани манбаъҳои воқеии андозбандишавандаи андозсупоранда мебошад.