Ҷавоб: Муқаррароти интиқолӣ дар моддаи 327 Кодекси нави андоз пешбинӣ гардидааст, ки он тартиби гузариш аз як низом ба дигар низоми дахлдори андозбандиро ба танзим медарорад. Яъне, шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии дар соли 2012 амалкунанда, ки пас аз 01.01.2013 фаъолияташон ба низоми андозбандии интихобнамудаашон мутобиқат намекунад, ӯҳдадоранд дар асоси моддаи 327 Кодекси нави андоз то 01.04.2013 ба низоми андозбандии ба фаъолияти худ мутобиқ гузаранд.