Мӯҳлати даъво дар муносибатҳои андоз чи тавр ба роҳ монда мешавад?

  • Эта тема пуста.
Просмотр 1 сообщения - с 1 по 1 (всего 1)
  • Автор
    Сообщения
  • #41597
    L-BRO Admin
    Хранитель

    Ҷавоб: Тибқи муқаррароти КА ҶТ дар таҳрири нав мақомоти андоз метавонанд маблағи андози андозсупорандаро ҳисоб намоянд (иловагӣ ҳисоб намоянд), аз нав баррасӣ намоянд (ислоҳ намоянд) ва (ё) маблағи андози ҳисобшударо (иловагӣ хисобшударо, ислоҳшударо) дар давоми 5 соли баъди ба охир расидани соли тақвимӣ, бо дарназардошти давраи андози дахлдор ситонанд.

    Андозсупоранда низ дар навбати худ  ҳуқуқ дорад баргардонидан ё ба ҳисоб гирифтани маблағи андозро дар давоми 5 соли баъди ба охир расидани соли тақвимӣ талаб намояд.

    Нисбат ба андозсупорандагоне, ки низоми андозбандии имтиёзнокро истифода мебаранд, мӯҳлати даъво ба мӯҳлати андозбандии имтиёзноки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянгардида дароз карда мешавад.

    Ҷараёни мӯҳлати даъво дар давраи амали мораторияи санҷиши андозҳо ва мӯҳлати батаъхиргузории пардохти андозҳо боздошта мешавад.

    Ба андозсупоранда дар асои Қонун ҳуқуқ дода шудааст, ки дар мавридҳои муқарраршаванда дар доираи мӯҳлати даъво ба ҳисоботҳои андозии худ тағйиротҳои дахлдор ворид созад ва баргардонидани (баҳисобгирии) маблағи қаблан нодуруст пардохт намудаи худро талаб намояд.

     

Просмотр 1 сообщения - с 1 по 1 (всего 1)
  • Для ответа в этой теме необходимо авторизоваться.