Ҷавоб: Мутобиқи қисми 3 моддаи 291 Кодекси нави андоз агар дар давоми соли тақвимии гузашта даромади умумии андозсупорандаи истифодабарандаи низоми соддакардашуда аз 500 ҳазор сомонӣ зиёд гардад, ин андозсупоранда ӯҳдадор аст на дертар аз 10-уми январи соли ҷорӣ бо тариқи хаттӣ мақомоти андози маҳалли баҳисобгириашро оид ба ҳаҷми даромади умумии худ хабардор намуда, ба низоми умумии андозбандӣ гузарад ва ҳамзамон ҳамчун супорандаи ААИ ба қайд гирифта шавад.