- Эта тема пуста.
- АвторСообщения
- 16/10/2020 в 20:40 #41606
Main Aditor
ХранительҶавоб: Тибқи муқаррароти КА ҶТ дар таҳрири нав соҳибкори инфиродӣ ӯҳдадоранд, ки дар давоми 5 рӯзи корӣ аз рӯзи қабули қарор дар бораи қатъ намудани фаъолияташ ба таври хаттӣ ба мақомоти андози маҳалли ҷойгиршавиаш хабар диҳад.
Ҳисоботи андозии барҳамдиҳӣ аз рӯи намудҳои андозҳое тартиб дода мешавад, ки соҳибкори инфиродии фаъолияташро қатъкунанда андозсупорандаи онҳо мебошад.
Андозҳое, ки дар ҳисоботи андозии барҳамдиҳӣ дарҷ гардидаанд, аз ҷониби соҳибкори инфиродии фаъолияташро қатъкунанда ҳамзамон бо пешниҳоди ҳисоботи андозии барҳамдиҳӣ ба мақомоти андоз пардохта мешаванд.
Санҷиши андоз бояд на дертар аз 3 рӯзи корӣ баъд аз ҷониби мақомоти андоз гирифтани аризаи соҳибкори инфиродии фаъолияташро қатъкунанда оғоз мегардад.
Нисбати соҳибкори инфиродии тибқи патент амалкунанда ба ҷои санҷиши андоз аз ҷониби мақомоти андози дахлдор муқоисаи маблағҳои пардохташудаи андоз анҷом дода мешавад.
Бояд қайд намуд, ки бо назардошти тағйироту иловаҳои воридгардидаба Кодекси андоз тартиби қатъ намудани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ мукаммал карда шудааст, ки ин бо мақсади пешгирии гуногунфаҳмиҳо ва дастгирии соҳибкорон мебошад.
- АвторСообщения
- Для ответа в этой теме необходимо авторизоваться.