Шеъру ғазал аз эҷодиёти ҶУНАЙДУЛЛОҲИ ҲОЗИҚ

Помечено: 

Просмотр 7 сообщений - с 1 по 7 (из 7 всего)
  • Автор
    Сообщения
  • #43801
    L-BRO Admin
    Хранитель

    Дар хотирам расад чу хаёли қасидаат,
    Гардад дилам сияҳ зи зуғоли қасидаат.
    Гуфтӣ, ки зода табъи ман ин бикр фикрро,
    Сад шӯр карда духтари золи қасидаат.
    Ай, карда шеъри халқ ба чандин бало дучор,
    Бояд гирист, оҳ ба ҳоли қасидаат.
    Худ равшан аст гавҳари мазмуни дигарон,
    Торику сакта аст зулоли қасидаат.
    Ай рӯбаҳак, ба шери жаён панҷа мезанӣ,
    Даркаш забон, ки нест маҷоли қасидаат.
    Ҳозиқ, чӣ ҳолат аст дарад пардаи туро,
    Нафсат намуда рух зи «камоли» қасидаат.
    \\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\
    Мабош аз шеъри мардум ҳарфгустар,
    Либоси орият то чанд дар бар?
    Бигӯ чу Ҳозиқ, ар дорӣ димоғе,
    Бикун равшан, агар дорӣ чароғе.
    \\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\
    Ба фанни сухан гарчи фарзона аст,
    Валекин аҷаб марди девона аст.
    Каландармизоҷ асту девонахӯст,
    Вале дар фунуни сухан тозагӯст.

    #43802
    L-BRO Admin
    Хранитель

    Расид меҳри тило лек аспи мо нарасид,
    Бигӯ намедиҳамат, то ба кай баҳона кунӣ.
    Муносиби ту ба он шавкату ҷалол ин аст,
    Ки хешро магарам мӯҳраи замона кунӣ.
    Куҷо равос(т), ки худро барои як аспе,
    Миёни халқ ба беҳимматӣ фасона кунӣ…
    ////////////////////////////////
    Даме расид ба хотир, ки сӯи Рум равем,
    Ки шояд ин дили ғамгин шавад нишотпазир.
    Зи сайри шом гаҳе рехт бар дилам савдо,
    Ки субҳи айш дамад шоядам зи шоми замир.
    Шикаст фикри Ҳалаб гоҳ шиша дар роҳам,
    Намуда гоҳ Фарангам дар ойина тасвир.
    Гаҳе зи Ҳинд намак рехт дар дили решам,
    Гаҳе зи Миср шакар ёфт тӯтии тақрир.
    /////////////////////////
    То бувад сулҳ ҷанг натвон кард,
    Ҷанг бошад диранг натвон кард.
    Шоҳ бояд хурад ғами олам,
    На ки з-он олам фитад дар ғам.
    /////////////////////////////////
    Ёди айёме, ки пур аз май сабӯе доштем,
    Шаб ҳама бар сари ғам ҳою ҳуе доштем.
    Шаб ниҳон з-ағёр мову ёр дар базми висол,
    Мо ҳам аз имои абрӯ гуфтугӯе доштем.
    Гардиши даврон гули мору чунин пажмурда сохт
    В-арна дар ин боғ мо ҳам рангӯ бӯе доштем.
    З-инқилоб андеша кун, моро ба чашми кам мабин,
    Дар диёри хеш мо ҳам обрӯе доштем.

    #43803
    L-BRO Admin
    Хранитель

    Маро чун бишкуфад хотир, ки ҳамчун ғунчаву лола
    Дилам хун аст ту бар ту, ҷигар доғ аст то бар то.
    Дар ин айём ҳар кас ҷоми айше мекашад чун гул,
    Ману доғи дилу ҳуни ҷигар чун лолаи ҳумро.
    \\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\
    Халқи оламро на ҳар дун даст бар сар мекашад,
    Ин қадаҳ аз даври гардун меҳри ховар мекашад.
    Бори узви ҷоҳро ҳар сифла натавонад кашид,
    Ҳеҷ тори анкабуте нақди гавҳар мекашад.
    \\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\
    Суханро шеър бахшад зеби дигар,
    Шавад аз назм афзун қадри гавҳар.
    Агар худ шеърро ҳусне набудӣ,
    Ба Ҳассон кай Набӣ эҳсон намудӣ.

    \\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\
    Намуд илҳом дар таърихаш иншо:
    Муфассал қиссаи «Юсуф Зулайхо».
    Шурӯъаш буд аз даври Умаршоҳ,
    Ки зад ба садри ҷаннат хаймаи ҷоҳ.
    Набурдам худсарӣ дар ҷайби анҷом,
    Ки даври салтанат з-ӯ ёфт итмом…

    #43804
    L-BRO Admin
    Хранитель

    Ба дӯши қиссаи Юсуф Зулайхо,
    Мурассаъ хилъати дигар биоро.
    Либоси тозаву ушшоқи тоза,
    Баҳори тозаву авроқи тоза.
    Зи ҳар гул рангу бӯи тоза ҷӯшад,
    Зи ҳар булбул наво дигар хурӯшад.
    \\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\
    Куҷо будӣ, ки ман девона будам,
    Зи хешу ошно бегона будам.
    Бигӯ шаҳрат куҷо, кӯят кадом аст?
    Туро, ай бенишон, охир чӣ ном аст?
    Дар ҷавоб ҷавон мегӯяд:
    Азизи Мисраму дигар ту худ рас,
    Бувад дар хона чун кас, ин сухан бас.

    #43805
    L-BRO Admin
    Хранитель

    Маро дубора бахшад зиндагонӣ,
    Диҳам бозам зи сар ҳусни ҷавонӣ.
    Намояд дидаам равшан зи рӯят,
    Муаттар ҳам димоғи ҷон зи бӯят.
    Зи лаъли ҷонфизоят ком ёбам,
    Дар оғӯшат ҳамин ором ёбам.

    #43806
    L-BRO Admin
    Хранитель

    Малик Рӯён шабе чун чашм пӯшид,
    Ба хобаш ҳафт гови фарбеҳе дид.
    Пас аз вай ҳафт гове дид лоғар,
    Ки хурд ин ҳафт лоғар ҳафти дигар.
    Дар он дам хӯшаҳои сабзу хуррам,
    Намудаш ҳафт буд он хӯшаҳо ҳам.
    Пас он гаҳ ҳафти дигар хӯшаҳо дид,
    Ки ҳар як хушктар будӣ зи хуршед.
    Бар он тарҳо чу печиданд он ҳафт,
    Ҳама гаштанд хушку хуррами рафт.
    \\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\
    Ки аввал ҳафт соли нек ояд,
    Ба рӯи халқ неъмат дар кушоянд.
    Пас аз вай ҳафт соле дур гирад,
    Ки гардад зинда қаҳт, арзон бимирад.
    Аз он ҳафт ин қадар гиранд хӯша,
    Ки бошад дар раҳи ин ҳафт тӯша.
    Ба шаҳ то нархи давлат бошад арзон,
    Вазири шаҳ набояд буд нодон.
    Нигаҳ гар бол накшояд ба ғафлат,
    Расад кай сар ба девори мазаллат.
    \\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\
    Бувад чун бо раъият шоҳро ҷоҳ,
    Раъиятпарварӣ мебояд аз шоҳ.
    Чу бошад бар шукӯҳи шоҳ иллат,
    Ғами худ мехурад, хоҳ аз раъият.
    Раъият гар набошад, бо кӣ шоҳ аст?
    Фалакро рӯзи беахтар сиёҳ аст.
    В-агар бошад туро доно вазире,
    Ки худ дарди сар аз кишвар нагирӣ.

    #43807
    L-BRO Admin
    Хранитель

    Маро ишқе бубин охир чиҳо кард,
    Ватанбегона, ғурбатошно кард.
    Азизи Миср ҷӯён хор гаштам,
    Парӣ гуфтам, ба деве ёр гаштам.
    \\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\
    Зи рӯи хашм он қавми ҷафокор,
    Ба сад хорӣ дар он саҳрои хунхор.
    Зи по бурданд кафш, аз сар кулоҳаш,
    Саропо шуд бараҳна ҳамчу моҳаш.
    Шуд он домони дашти пур зи хоре,
    Зи хуни захми пояш лолазоре.
    \\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\\
    Ки ман ҳарчанд дур аз ақлу ҳушам,
    Наям инсон, аз ҷинси вуҳушам.
    Вале донам, ки ин феъли қабеҳ аст,
    Ба ҳар нодониям қубҳаш сареҳ аст.
    Ҳамин фарзанди худ гумкарда будам,
    Дар ин саҳро суроғаш менамудам.
    Ки шояд ёбам он гумкарда фарзанд,
    Ба доми тӯҳматам карданд побанд.
    Бибастанд инчунин бо ресмонам,
    Биёлуданд ҳам бо хун даҳонам.
    Задандам гаҳ ба чӯбу гоҳ бо санг,
    Биёварданд аз саҳро бад- ин ранг.
    Кашидам бе ҷиноят гарчӣ бедод,
    Вале рӯи ту чун дидам, шуд аз ёд.

Просмотр 7 сообщений - с 1 по 7 (из 7 всего)
  • Для ответа в этой теме необходимо авторизоваться.