Ҳолати ҳуқуқии огоҳиномаи мақомоти андозро муайян намоед?

  • Эта тема пуста.
Просмотр 1 сообщения - с 1 по 1 (всего 1)
  • Автор
    Сообщения
  • #41614
    L-BRO Admin
    Хранитель

    Ҷавоб: Огоҳиномаи мақомоти андоз  хабари аз ҷониби мақомоти дахлдор ба андозсупоранда (агенти андоз) дар шакли коғазӣ ё бо розигии хаттии андозсупоранда бо усули электронӣ фиристодашуда фаҳмида мешавад.

    Огоҳиномаҳо ба андозсупоранда (агенти андоз) аз ҷониби мақомоти андоз, аз ҷумла бо асосҳои ҳуқуқии зерин  фиристода мешаванд:

    дар бораи маблағи ҳисобкардаи мақомоти андоз;

    дар бораи натиҷаҳои санҷиши андоз;

    дар бораи пешниҳод нагардидани ҳисоботи андоз;

    дар бораи пардохт намудани қарзи андоз;

    дар бораи бартараф намудани қонунвайронкуниҳои дигар, ки мақомоти андоз ошкор намудаанд;

    дар бораи ба номгӯи андозсупорандагони бемасъулият дохил намудани он бо ишораи асосҳо ва талаби бартараф намудани қонунвайронкунии ҷойдошта.

    Огоҳинома бояд ба андозсупоранда (агенти андоз) шахсан бо гирифтани имзояш ё дигар тарзи тасдиқкунандаи далели фиристодан ва гирифтани он супорида шавад.

    Дар ҳолати аз ҷониби мақомоти андоз фиристода шудани огоҳинома, талаботи қонунгузории андоз, ки дар огоҳинома қайд шудааст иҷро карда шавад, дар мавриди  аз ҷониби андозсупоранда (агенти андоз) дар мӯҳлатҳои дар огоҳинома муқарраргардида иҷро нашавад дар ин ҳалат мақомоти андоз ҳуқуқ дорад дигар воситаҳое, ки қонунузории ҷорӣ муқаррар намудааст пешбини намояд.

Просмотр 1 сообщения - с 1 по 1 (всего 1)
  • Для ответа в этой теме необходимо авторизоваться.