Муҳимтарин омилҳои экологии абиоти ва мутобиқшавии организм ба онҳо

Дар ҳар муҳити зисти муайян маҷмӯъи омилҳои абиотй ба организм таъсир мерасонанд. Омилҳои абиотӣ дар ҳар се муҳити асосии зисти организмҳо (дар об, хок ва хушкй ) ё ки дар дутоаш вазифаи муҳимро иҷро мекунанд. Барои ҳамин ҳар як омили муҳимтарини абиотиро дар алоҳидагй дида мебароем.

Рӯшноӣ яке аз омилҳои экологии муҳит

Аз давраҳои еддим одамон медонистанд, ки сарчашмаи ҳаёт барои тамоми организмхои зиндаи рӯи Замин энергияи рӯшноии Офтоб ба ҳисоб меравад.

Танҳо дар замони ҳозира маълум шуд, ки Офтоб реактори гидрогенй мебошад, ки дар рафти таассурҳои термоядрой аз гидроген, гелий ҳосил мешавад. Дар рафти аз 4 атоми гидроген (Н) ҳосил шудани ҳар як атоми гелий (Не) 0,029 грамм модда ҷудо мешавад (4,032- 4,003=0,029г). Мувофиқи қонуни Эйнштейн Е=тс2 микдори ҳамарзиши энергияи рӯшной ҳосил мешавад. Энергияи ҳосилшуда, дар намуди лапишхои электромагнитй дар кайҳон паҳн мешавад. Як қисми он ба Замин расида растаниҳои сабзи хлорофиллдор онҳоро дар ҷараёни фотосинтез истифода мебаранд, ки баробарии умумии онро бо ин шакл ифода кардан мумкин аст. Қариб 99,8% энергияи дар сайёраи Замин ҳосилшударо энергияи нури офтоб ташкил медиҳад.

рӯшной

6СО2 + 6Н2О ► СбНгзОб + 0| + энергия

хлорофилл

Дар ин ҷараёни беназир аз моддаҳои содцаи гайриузвй СО2 ва Н2О маҳсулоти барқароршудаи узвй қандҳо, сафедаҳо ва чарбҳо ҳосил мешаванд. Ҷараёни фотосинтез дар организмҳои автотрофй, саҳеҳтараш фототрофӣ мегз’зарад. Маҳсулотҳои ҳосилшудаи раванди фотосинтез ба занҷири ғизой дохил шуда растаниҳо, аз тарафи ҳайвонҳои алфхӯр ва онҳоро даррандаҳо ё ки организмҳои муфтхӯр ва баъди мурдани онҳо бошад, сапрофитҳо онҳоро вайрон мекунанд.

Қариб 40-45%-и нурҳои рушноии Офтобе, ки ба болои сатҳи Замин омада мерасанд, қисми дарозии мавҷҳои 380-720 нм-ро ташкил медиҳанд. Дар ин кисми дарозии мавҷҳо рангҳои ба мо маълуми тиру камон мушоҳида мешаванд: бунафш (390-455), кабуд (455-485), нштобй (485-505), зард (575-585), сабз (505-575), норинҷй (585-620), ва сурх (620- 720) (ҷадвали 7). Ин нурҳо аз тарафи пигментҳо фурӯ бурда мешаванд, ки онҳоро нурҳои фаъоли фотосинтетикй (НФФ) меноманд.

Қисми нурҳои аз НФФ кӯтоҳтарро, нурҳои ултрабунафш меноманд, ки онҳо дар ҷараёнҳои тагйирёбиҳои мутатсионй ва ирсият аҳамияти муҳим доранд. Қисми нурҳои аз НФФ дарозтарро бошад инфрасурх меноманд, ки онҳо дар раванди фотосинтез иштирок намекунанд. Лекин дар танзими дигар равандҳои организми растанӣ вазифаи муҳимро иҷро мекунанд. Қариб 19%-и нури рӯшноии Офтобро дар рафти аз атмосфера гузаштан абрҳо, аэрозолҳо, СОг, О2, буғи об ва Оз фурӯ мебаранд. 34%-и он ба фазои кайҳон инъикос карда шуда, танҳо 47%-и он ба болои сатҳи Замин дар намуди нурҳои дароз ва парешон омада мерасанд, ки 24%-и онро нурҳои рост ва 23%-ашро нурҳои парешон ташкил медиҳанд (ин сифрҳо дар сарчашмаҳои гуногун якхела нестанд) (расми 9).

Ҷадвали 7

Спектри рӯшноии офтоб

Нурҳо

Дарозии мавҷҳо бо микрометр (мкм)

Ултрабунафш

0,006-0,39

Бунафш

0,39-0,45

Кабуд

0,45-0,48

Гулобй

0,48-0,50

Сабз

0,50-0,56

Зард

0,56-0,58

Норинҷй

0,58-0,62

Сурх

0,62-0,78

Инфрасурх

0,78-0,то 4мм

Мухимтарин ҷараёнҳо, ки дар организми растаниҳо ва ҳайвонҳо бо иштироки рушноӣ мегузаранд, мнсол раванди фотосинтез, бухоршавй, фотопериодизм ва ғ.

Фотосннтез. Ба ҳисоби миёна аз 1 то 5% рушоноии ба болои барг афтида, дар раванди фотосинтез истифода бурда мешавад. Фотосинтез ягона сарчашмаи асосии знергии барои тамоми организмҳои дигар хизмат мекунад.

Бухоршавӣ. Қариб 75-90% нури рӯшноие, ки ба болои растаниҳо меафтад, дар раванди бухоршавӣ сарф мешавад.

Фотопериодизм. Барои мувозинати мутобиқатии (синхронизатсия) фаъолият ва рафтори растаниҳо ва ҳайвонот (бахусус афзоишкунй) дар мавсимҳои сол муҳим аст.

Ҳаракат. Ҳодисаҳои фотопериодизм ва фотонастия барои он лозиманд, ки растанй нури рушноиро пурра гирифта тавонад. Фототаксис барои ҳайвоноҳо ва организмҳои якҳуҷайрагй барои он лозим аст, ки барои худ муҳити зисти муайянро пайдо кунанд.

Бииои дар хайвонҳо. Рушной ҳамчунин дар биниши ҳайвонҳо, яке аз функсияҳои асосии сенсорикиро иҷро мекунад.

Ҷараёнҳои дигар. Рӯшной дар дигар ҷараёнҳо ҳам иштирок мекунад, мисол, дар ҳосилшавии витамини Д дар организми одам. Таъсири дуру дарози НУБ метавонанд бофтаҳо, бахусус ба организми ҳайвонҳо зарар расонанд. Барои ҳамин онҳо механизмҳои ҳифзкунандаи худро кор карда баромаданд-пигментатсия, таассури рафтории гурехтан ва ғ.

Рӯшпоии Офтоб

Расми 9. Тақсимшавии нурҳои рушноии Офтоб дар системаи «Замин

– атмосфера» (Изменение климта и водные пробл. в ЦА., 2006)

Барои ҳамин ҳам онҳо барои мутобиқишави пигментҳоеро ҳосил кардаанд, ки аз таъсири нурҳои офтоб онҳоро ҳифз намоянд ва г. Ба организмҳои зиндаи рӯи Замин омилҳои кайҳони ҳам таъсир мерасонанд (расми 10).

Энергияи дар як сол ҳосилшудаи фотосинтез қариб 100 маротиба аз энергияе, ки тамоми ҷаҳон аз сӯхтани ангиштсанг дар давоми ҳамин вақт ҳосил мекунанд, зиёдтар аст.

Ҳар сол растаниҳо дар ҷараёни фотосинтез 160-200 млрд. тонна моддаи хушки узвй ҳосил мекунанд, ки барои ин 2,0.1021 Дж энергияи нури рушноиро фурӯ мебаранд. Барои ҳосил карданд микдори зиёди моддаҳои узвй растаниҳо дар давоми сол қариб 200 млрд. тонна СО2 -ро фурӯ бурда, то 130 млрд. тонна обро вайрон карда, аз 200 то 400 млрд.

Расми 10. Омилҳои кайҳоние, ки ба Замин таъсир мерасонанд

тонна Ог-ро ҷудо мекунанд. Моддаҳои ҳосилшудаи узвии хушки растаниҳои рӯи Замин то 110-130.109тонна ва растаниҳои обӣ бошанд то 29-39.10э тоннаро ташкил медиҳанд. Ҳамин тавр, тамоми моддаҳои узвие, ки одамон ва ҳайвонот гизо мегиранд, энергияи дар корхонаҳо, наклиёт ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ истифода мебаранд, маҳсулоти энергияи нури офтоб бошанд, дар барги сабз ба энергияи кимиёвй мубаддал шуда дар намуди ангишт, нефт ва чӯб захира шудаанд. Тамоми оксигени ҳаво (Ог-и ҳаво 21%-ро ташкил медиҳад) дар ҷараёни фотосинтез ҳосил шудааст. 2 млрд. сол пеш бошад, микдори Ог-и атмосфера ҳамаги 1%-ро назар ба микдори имрӯзаи он дар ҳаво ташкил медод, ки ин ба ташаккулёбии шаклҳои аэробии организмҳо мусоидат кард.

Истифодаи СОг дар раванди фотосинтез нишон медиҳанд, ки вай баъди якчанд сол бояд тамом шавад, лекин микдори он аз ҳисоби ҳосилшавии карбонатҳо ва бикарбонатҳои дохили уқёнусҳо, фаъолияти организмҳои хок, нафаскашӣ ва сузиш беист зиёд мешаванд. Ҳисоб карда шудааст, ки гази СОз-и атмосфера дар давоми 4 сол ба воситаи ҷараёни фотосинтез аз барги сабзи растаниҳо пурра мегузарад. Барои гардиши ҳамаи СОг тропосфера ва уқёнусҳо бошад 300 сол лозим аст. Инкишофи босуръати техника ва нақлиёт ба зиёдшавии миқцори он оварда расонидааст, ки имрӯз микдори СОг-и ҳаво аллакай аз 0,03 то 0,045% афзун шудааст. Ин зиёдшавии СОг пеш аз ҳама ба вайрон кардани системаҳои экологй ва партовҳои саноатй алоқаманд аст (буридани ҷангалзорҳо, инкишофи босуърати саноати кимиёвӣ.

партоваҳои зиёди саноатӣ ва ғ.). Зиёдшавии микдори СОг-и ҳаво ба баландшавии ҳарорати миёнаи сайёра оварда мерасонад, ки онро «Самараи гармхонагӣ» меноманд. Баландшавии ҳароратй Замин ба обшавии пиряхҳо ва баланшавии сатҳи Уқёнусҳои Ҷаҳонӣ оварда мерасонад, ки дар натиҷа майдонҳои зиёди кишт зери об монда ба шаҳрҳо ва мамлакатҳое, ки аз сатҳи баҳр пасттар ё ки баробар ҷойгиранд зарари зиёди иқтисодй мерасонад. Тавре мебинем фотосинтез бо муҳофизати муҳити зист ҳам алоқатмандии зич дорад, ки ин на дар миқёси як ноҳия ё давлат, балки дар миқёси тамоми ҷаҳон бояд ҳалли худро ёбад.

Барг ҳамчун системаи оптики. Ба мисли тамоми ҷисмҳои физики барг нурҳои рушноиро инъикос, фурӯ ва аз худ мегузаронад. Вобаста аз баландии ҷойгиршавии офтоб фурӯбари ва гузароннандагии баргҳо гуногун аст. Мисол, дар баландии 60° кунҷи афтишӣ рӯшноӣ нурҳои фаъоли фотосинтетикиро (НФФ) барг то 85% ва нурҳои инфрасурхро (ИС) то ‘а ҳисса фурӯ мебарад, НФФ 5% ва ИС-30% гузаронида мешаванд. Ба фурӯбарй, гузаронандагӣ ва инъикоси рӯшноӣ пеш аз ҳама мутобақшавии онҳо ба шароитҳои мувофиқи экологӣ вобаста аст (ҷадвал 8).

Ҷадвали 8

Фурубарии нури рушноии барги растаниҳо
дар ҳудуди 400-720 нм, ба ҳисоби % аз нурҳои умуми

Растаниҳо ва шароити зиети онҳо

Гузаронандаги

Инъикоскунй

Фурӯбари

Алафй:

   

Дар ҷойҳои кушод

10.8

11,0

78,2

Дар паноҳи ҷангал

13,5

10,0

76,0

Дарахт ва буттаҳо:

   

Дар ҷойҳои кушод

8,0

11,5

80,5

Дар паноҳи ҷангал

10,0

12,5

77,5

Растаниҳой обӣ:

   

Баргҳо дар болои об

8,2

11,9

79,9

Шинокунанда

8,6

12,6

78,8

Зери обӣ

21,2

12,4

66,4

Мезофитҳо

12,0

10.0

78,0

Ксерофитҳо

8,0

11,0

81,0

Суккулентҳо

0,2

10,0

88-91

Рӯшной на ин ки ба сохти анатомӣ (пигментҳо, хлоропластҳо, сохти бофтаҳо), балки ба сохти морфологӣ, андоза ва шакли сафҳаи барг ҳам таъсир мерасонад, ки инро мо метавонем дар мисоли барги сангдавак (лапчатка) мушоҳида кунем. Баъзе ҳолатҳо дар минтакаҳои экологии муайян растаниҳое вомехуранд, ки аз рӯи сохти барги худ ба ин муҳит гӯё, ки мувофиқат намекунанд. Ба фикри баъзе олимон (Шулгин, 1973) ин гуна растаниҳо дар ин минтақаи экологӣ ба наздики пайдо шуда, баъзе хусусиятҳои мутобиқшавии худро аз шароите, ки пештар сукунат доштанд нигоҳ доштаанд. Ба ин гурӯҳ растаниҳои соядустӣ минтақаҳои муътадил ва арзи шимол, гули печак, кабуд-бутта, ҳаланчак (толокнянка) мисол шуда метавонанд, ки баргҳои ғафси ин растаниҳо микдори зиёди пигментҳоро доранд (3-7 мг/дм) ва дар бисёр ҳолатҳо аз шаклҳои рӯшноидӯст микдори пигментҳои барги онҳо бартарй доранд.

Ранги нурҳои рӯшноии Офтобро ҳайвонҳо хеле хуб фарқ мекунанд. Мисол, шабпалакҳо бештар гулҳои сурх ё ки зардро, ҳашаротҳои дуболдор сафед ва гулобиро интихоб мекунанд. Занбӯр бо рангҳои зарду сабз, кабуду бунафш ва нурҳои бунафш бештар фаъолият зоҳир мекунанд, вале ранги сурхро ҳисс намекунанд. Барои одам бошад, нурҳои ба чашм айён дар ҳудуди аз бунафш то сурхи баланд ҷойгиранд.

Ҳар як муҳити знст таркиби муайяни спектри нури рӯшноии Офтобро дорад, яъне таносуби шиддатнокии (қувва) микдор ва сифати рӯшной. Шиддатноки ё ки қувва (тавоноӣ)-и рӯшниоро бо микдори калория ё ки ҷоуле, ки дар 1м2-и сатҳи уфуқй дар як дақиқа омада мерасад, муайян карда мешавад. Барои расиши нурҳои рости Офтоб ин нишодиҳанда вобаста аз арзҳои чуғрофй қариб тагйир намеёбад. Танҳо хусусияти хоси релеф бо он таъсир мерасонад. Мисол дар нишебии ҷанубии кӯҳ шиддатнокии рӯшной ҳама вақт назар ба нишебии шимолии кӯҳ баландтар аст. Микдори умумии рӯшноии Офтоб аз кутбҳо ба тарафи экватор зиёд мешавад. Барои муайян кардани таркиби спектрии Офтоб лозим меояд, ки миқдори рӯшноии инъикосшудаи албедоро ҳам ба назар гирем. Вай бо фоиз аз рӯи ҳисоби радиатсияи умуми муайян шуда, аз кунҷи афтиши нурҳо ва хусусияти инъикоскунии болои сатҳи ҷисмҳо вобаста аст. Мисол, барф 85% энергияи Офтобро, барги сабз (заранг) 10% ва барги зардшудаи тирамоҳӣ 28% нурҳои рушноиро инъикос мекунанд.

Мутобиқшавии растаниҳо ба муҳити зисти худ, маҳз бо мутобиқшавии барг ба рӯшной вобаста аст. Барои ҳамин, вобаста аз муносибат ба рӯшноӣ растаниҳоро ба рӯшноидӯст ва соядӯст ҷудо мекунанд. Вобаста аз муносибаташон ба рӯшной растаниҳоро ба се гуруҳ ҷудо мекунанд:

  1. Рушноидӯст «гелиофитҳо»(санавбар, пахта, коҷ, гандум, зағир ва

г.).

  1. Соядӯст «гелиофитҳои факултативй» (сархасҳо, махимгул, гули печак, кабуд бутта ва ғ.).
  2. Ба соя тобовар «осиофитҳо» (растаниҳое, ки дар зери сояи дарахтҳои ҷангал месабзад).

Ҳайвонҳоро бошад вобаста аз муносибаташон ба рӯшной ду гурӯҳ:

  1. Рушноидӯст (фотофилқо) гурӯҳи ҳайванҳое, ки дар давоми рӯз фаъолона ҳаёт ба сар мебаранд.
  2. Соядӯст (фотофобҳо) гурӯҳи ҳайвонҳое, ки дар ғорҳо ва ҷангалҳое, ки нури рушной кам аст, ҳаёт ба сар мебаранд, ҷудо мекунанд.

Олим В. Н. Любименко қариб 600 намуди растаниро омӯхта нишон дод, ки барги растаниҳои соядуст назар ба растаниҳои рушноидӯст микдори зиёди хлорофилл доранд, гарчанде, ки шидцатнокии фотосинтез аз микдори хлорофиллҳои барг вобастагй надорад. Вобаста аз муҳити экологй микдори хлорофилли расташтҳо тагйир меёбад. Дар бисёр ҳолатҳо микдори хлорофилл баромади энергетикии баргро, яъне захирашавии энергияро дар воҳиди муайяни вақт саҳеҳ мекунад (О. Хитт, 1973). Хусусияти экологии намуди растаниҳо ва мутобиқшавии онҳо ба муҳити зист дар микдори хлоропластҳо ва маҳсулоти фотосинтез ҳам мушоҳида мешавад. Мисол миқдори хлоропластҳо дар 1мм ба 283 ҳазор ва астрагалй хивагй бошад ба 89 млн. мерасад. Дар рафти такомули фототрофҳо маҳсулоти охирини онҳо қариб, ки якхела шудаанд. Мисол, дар бактерияҳо ва обсабзҳо маҳсулотҳои ҳосилшуда назар ба растаниҳои олй хеле гуногунтаркибанд. Таҳлили маҳсулоти фотосинтетшсии гулсангҳо ва растаниҳои олй нишон дод, ки новобаста аз якхела будани маҳсулотҳо мубодилаи моддаҳо гулсангҳо якқатор хусусиятҳои хоси худро дороанд: 1) зиёд шудани микдори магний ва сахароза дар маҳсулотҳои фотосинтез; 2) қобилияти баланди фотосинтетикӣ ба ҳарорат; 3) барқароркунии СОг то қандуспиртҳо ҳатто дар ҳароратӣ аз 15 то 20°С. Мутобиқшавй ба рӯшноӣ на ин ки дар байни гуруҳи растаниҳо, балки дар ҳудуди як гуруҳ ҳам мушоҳида мешавад. Мисол, обсабзхо умуман ба растаниҳои соядӯст дохил мешаванд ва серии фотосинтези онҳо дар шиддатнокии рӯшноии хеле паст ба амал меоянд (мисол, серии фотосинтези обсабзҳои сифонй дар рушноии 10 люкс ва хлорелла бошад 0,2 люкс ба амал меояд).

Мутобиқшавии фотосинтез вобаста аз рӯшной бо як қатор тағйирёбиҳои анатомию-морфологии барг вобастаги дорад, ки дар раванди такомул ба ҳосилшавии намудҳои фотосинтези Сз, С4 ва САМ (сангшиканакҳо) оварда расонд. Намудҳои фотосинтез ҳатто вобаста аз мавсим тағйир меёбад. Мисол, барои растаниҳои яксолаи оилаи шӯрагиҳо баҳорон раванди фотосинтези С4 хос аст, тобистон бошад раванди фотосинтези онҳо омехта буда типи С4 ва САМ-ро дороанд (В. Ю. Любимов, К. Я. Бил, 1986). Мутобиқшавии растаниҳо ба рӯшной ҳатто дар рафти онтогенези растаниҳо ҳам мушоҳида мешавад. Аз рӯи тадқиқотҳои (А. А. Лайск, 1982) дар рафти онтогенез растаниҳо нисбат ба рӯшноӣ се имконияти мутобиқшавй доранд: 1) мутобиқшавии ресепторй (системаи ферментативй ва аппарати омезишй барг), 2-3) тағйирёбии тамоми баргҳо ва хлоропластҳо вобаста аз мавҷуд будани рӯшной ва ғ. Растаниҳо ду имконияти охиронро истифода бурда

қобилияти чандири ва мутобиқшавии худро дар онтогенез баланд мекунанд.

Фогопериодизм. Соли 1920 олимони америкоӣ В. Гарнер ва Г. Аллард муайян карданд, ки дар табиат растаниҳое вомехуранд, фақат дар шароити рӯзи кӯтоҳ ба гулкунӣ мегузаранд, яъне вақте давомнокии рӯз аз шаб кӯтоҳтар аст. Ба ин растаниҳо навъи тамокуи мериленд мамонт, гули довудй, арзан, соя ва ғ. дохил мешаванд.

Агар давомноки давраи рушноӣ аз торикй зиёд бошад, ин гуна растаниҳо узвҳои репродуктивй ҳосил намекунанд. Баъдтар растаниҳое ёфт шуданд, ки танҳо бо таъсири рӯзҳои дароз ба гулкунӣ мегузаранд. Барои ҳамин ҳам фотопериодизм гуфта, таассури ҷавобии растаниҳоро ба тағйирёбии таноссуби давомнокии давраи рӯшной ва торикиро дар рафти як шабонаруза меноманд, ки аз ҳама хубтар ҳодисаи ритмикии гудаштани растаниҳо ба инкишоф омӯхта шудааст. Вобастагии таъсири дарозии рӯз барои гузариши растаниҳо ба гулкунй аллакай дар корҳои К. Линней, И. А. Воейков «Икдими саёраи Замин» (1884), К. А. Тимирязев «Офтоб, ҳаёт ва хлорофилл» (1903) нишон дода шуда буд. Лекин дар омӯзиши таассурҳои фотопериодизми растаниҳои гуруҳи экологии гуногун саҳми олимон В. Н. Любименко, М. X. Чайлахян, Н. В. Разумов, Б. С. Мошков, И. А. Шулгин ва ғ. хеле калон аст.

Аз давраи кашфи ҷараёни фотопериодизм то имрӯз тадқиқотҳои зиёде гузаронида шуда, таассурҳои намудҳои гуногунро ба дарозии рӯз омухтаанд. Лекин то ҳол ҳодисаи фотопериодизм аз нуқтаи назари такомул, генетика ва экология пурра омӯхта нашудааст. Олим В. В. Скирипчинский ду намуд фотопериодизмро чудо мекунанд: табийётй- кимиёвй (ё ки актиноритмикй) ва биологй (шабонарӯзй, моҳтобй ва мавсимй). Ин намудҳои фотопериодизмро танҳо ҷараёни такомули худи растаниҳо инъикос мекунад. Фотопериодизми табииётӣ-кимиёвй танҳо давраи пеш аз биологии ҳаётро дар бар мегирад. Баъди пайдошавии ҳаёт дар зиннаи аввал фотопериодизми шабонарӯзй (ритмҳои сиркадй), баъдар моҳтобӣ (литотрофҳо) ва дар охир мавсимй (растаниҳои олии болои заминӣ) ҳосил шудааст. Таассури фотопериодикӣ на танҳо бо ин омилҳо балки пеш аз ҳама бо ҷойгиршавии растаниҳо вобаста ба арз ва минтақаҳо вобаста аст. Таассури такомули фотопериодикиро В. В. Скрипчинский (1975) дар чунин намуд пешниҳод кардааст:

Типи фотопериодизм Давраи баамалоии таассур

Кембрий,ордовик,силур Силур, девон Девон, карбои, перм Триас, аввали юра

Ғ айрифотопериодикӣ Рӯзҳои кӯтоҳ Рузҳои дароз Бетараф (мобайни)

Аз рӯи таассури давраи рӯшнои ҳамаи растаниҳоро ба се гуруҳ ҷудо мекунанд:

  1. Растаннҳои <бетараф, ки инкишофи онҳо новобаста аз дарозии рӯз, қариб якхела аст (дар ҳудуди 6-24 соат).
  2. Растаниҳои рӯзи кӯтоҳ, ки инкишофашон дар рӯзҳои дароз ва шабҳои кӯтоҳ нигоҳ дошта мешавад (аз 12-14 соат зиёдтар).
  3. Растаниҳои рӯзи дароз, ки инкишофашон дар ҳудуди 22-24 соат хуб мегузарад ва дар рӯзи кӯтоҳ ва шаби дароз нигоҳ дошта мешавад.

Таассури фотопериодикии растаниҳоро узви қабулкунандаи рӯшнои- барг муайян мекунад. Ба акидаи олим М. X. Чайлахян дар барг модцаҳое ҳосил мешаванд, ки ба гулкунӣ гузаштани растаниҳоро таъмин мекунанд, ҳамаи ин бошад дар сатҳи генӣ идора карда мешавад.

  1. Ҳарорат ҳамчун омили экологӣ

Ҳарорат ба тамоми таассурҳои ферментативии биокимиёвӣ ва равандҳои физиологии организмҳои зинда бевосита ва бавосита таъсир мерасонад. Сарчашмаи асосии ҳарорат офтоб мебошад. Ҳароратй баланд (аз 40°С боло) маҷмуи сафедаҳо-липидҳои плазмолеммаро вайрон мекунанд, ки ин ба хусусияти таровишии ҳуҷайра зарар мерасонад. Баъзе растаниҳо ҳатто ба ҳарорати хеле баланд ҳам 55-60°С тобоваранд (сангшиканакҳо, ҷойҷуворӣ, пахта, канадона ва ғ.). Бактерияҳо ва обсабзҳои кабуду сабз бошанд нисбат ба ҳарорат хеле устувортар буда, дар ҳарорати аз +70°С то +90°С ҳаёт ба сар мебаранд.

Ба гармӣ устувор будани ин микроорганизмҳо бо дараҷаи баланди мубодилаи моддаи онҳо ва микдори зиёд ҲРН дар ҳуҷайра вобаста аст. Пайвастшавии сафедаю липидҳо ҳама вақт дар маҷмуъ бо ҲРН дурдабандии онҳоро ба гарми устувор мекунад. Устувории баланди суккулентҳо бошад бо часпакии баланди ситоплазма, микдори обҳои пайвасти зиёд ва паст будани мубодилаи моддаҳо дар ҳуҷайра вобаста мебошад. Як қатор мезофитҳо ва ксерофитҳо ҳорорати баландро хуб аз сар мегузаронанд, ки сабаби ин пуршидцат гузаштани бухоршавии онҳо мебошад. Ҳарорат вабаста аз шабонарӯз, минтақаҳои экологй ва мавсим тагйир меёбад. Барои ҳамин ҳам таъсири ҳарорат ба организмҳо гуногун буда, хатти каҷи ҳарорат дар се нуқта: минималӣ, оптималй ва максималӣ ҷойгир мешавад. Мисол, оҳиста-оҳиста баландшавии ҳарорат ба баландшавии нафаскашӣ мувофиқат мекунад, аммо тез баландшавии ҳарораг бошад, ҳато дар ҳудуди ҳарорати оптималӣ (20-25°С) ҳам аввал баландшавии мувақатии нафаскаширо ба амал оварда, баъд нафаскашй паст мешавад. Ин амал онро нишон медиҳад, ки таассурхои ҷавобии ҳуҷайра, бофта, узвҳо ба омилҳои беруна ду даврагӣ мебошад. Ҳароратӣ болоии организмҳои зинда аз ранги онҳо ҳам вобастагй доранд. Мисол, дар вақти ҳароратй муҳити зисти растании Иван-да-морья 23°С будан, ҳарорати бофтаҳои гули он ба 33°С баробар аст. Ҳарорати гулҳои зард бошанд қариб 6-8°С аз ҳарорати муҳити атроф баландтаранд. Равиши шабонарӯзаи ҳарорати хаво дар экосистемаҳои гуногун вобаста аз типи растаниҳо ва митақаҳои биоиқлимй тагйир меёбад. Агар дар ҷангали булут ҳарорати максималии шабонаруза дар шоху барги дарахтон мушоҳида шавад, дар экосистамаи алафҳои даштӣ ҳарорати максималй дар болои хок ҷойгир аст.

Ҳарорат аз арзи ҷануб ба шимол вобаста ба ҳар як дараҷаи ҷуғрофй 0,5°С паст мешавад. Вобаста аз баландӣ бошад дар тропосфера ҳарорат хеле тағйир меёбад ва ба ҳисоби миёна, бо баландии ҳар 100 метр 0,6°С паст шуда, дар қабатҳои болои тропосфера то -56°С паст мешавад. Дар баландиҳои 50 км бошад ҳарорат 0-10°С-ро ташкил медиҳад ва дар баландиҳои 80 км бошад боз то -90°С паст мешавад. Дар баладиҳои қабати термосфера бошад ҳарорат боз баланд шуда ба 1000- 2000°С мерасад.

Организмҳои зиндаи биосфера вобаста аз ҳарорат дар сайёраи Замин паҳн шудаанд. Вобаста аз ҳарорат сайёраи Заминро ба минтақаҳои зерин ҷудо мекунанд:

  1. Минтақаҳои тропикӣ – ҳарорати миёнаи моҳонаи ин митақа аз 15 то 18°С пастар намешавад ва микдори намнокй, рӯшной барои расиши организмҳои зинда муътадил аст.
  2. Минтақаи суптропикй – ҳароратй аз ҳам паст дар ин минтақа аз + 4°С камтар набуда тобистон ва зимистон барои кишт кардани зироатҳои кишоварзй хеле муносиб аст.
  3. Минтақаҳои гарми муътадил – ҳарорати миёнаи солона дар ин минтақаҳо аз 0°С боло буда, аз + 16°С паст аст. Фаъолияти организмҳо аз 8 то 9 моҳ давом мекунад.
  4. Минтақаи сарди мӯътадил – ҳарорати миёнаи ин минтакаҳо аз О0С камтар буда, организмҳо асосан дар фаслҳои баҳору тобистон фаъолияти худро мегузаронанд.

Дар рафти такомули олами узвӣ организмҳо барои мутобиқат пайдо кардан нисбат ба тағйирёбии ҳарорат механизмҳои гуногунро ҳосил кардаанд, ки инро мо дар тағйирёбиҳои биокимиёвй, ҷараёҳои физиологй ва доимо нигоҳ доштани ҳароратй бадани онҳо новобаста аз муҳити берун мушоҳида мекунем.

Организмҳои зинда, ки новобаста аз ҳароратй муҳити берун. ҳароратй бадани худро доими нигоҳ медоранд ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд:

  1. Организмҳои хунгарм ё ки гомойтермҳо (аз юн. ҳомойос-якхела ва терме-гармй) кобилияти доимо нигоҳ доштани ҳароратӣ баданро доранд (Мисол, паррандаҳо +42,5°С ва ширхӯрҳо +37°С).
  2. Организмҳои хунсард ё ки пойкилотермҳо (аз юн. пойкилос- гуногун, терме-гармй), ҳароратӣ баданашон доимй набуда, аз ҳароратӣ муҳит вобастагӣ доранд (моҳиҳо, хазандаҳо, обхокиҳо). Баъзе организмҳои хунсард ба воситаи шаклҳои рафтори худ ҳарорати бадани худро идора мекунанд. Мисол, бо роҳи хобкунӣ, тағйир додани фаъолнокии шабонарӯзи худ, карахтшавй ва г. Бисёрии онҳо метавонанд ҳароратй бадани худро дар шароитҳои доимй ҳам тагйир диҳанд. Мисол, калтакалосҳо ва тимсоҳ ба туфайли тангнафасӣ метавонанд, ки дуру дароз ҳарорати бадани худро то 2-5гС назар ба муқити берун пасттар нигоҳ доранд.
  3. Гетеротермҳо (гетерос-гуногун, терме-гармӣ). Ба гетеротермҳо як қатор паррандаҳо (колибрҳо) ва ширхӯрҳои зиёд (кӯршапарак, хояндаҳои хурд, ҳайвонҳои халтадор, якмаъқадҳо) дохил мешаванд, ки ҳароратӣ баданашон вобаста ба шароити берун дар ҳудуди хеле васеъ тағйир меёбад.

Вобаста аз мутобиқшавии организмҳо нисбат ба муҳити зист онҳоро ба ду гурӯҳи экологӣ ҷудо мекунанд:

  1. Организмхои сардидуст ё ки криофилҳо (аз юн. криос-хунук, филос-дӯст медорам). Одатан ин гуна организмҳо дар муҳити ҳарораташ паст сукунатдошта (бактерияҳо, гулсангҳо, ушнаҳо, хирси сафед, пингвин, тюлен) дохил мешаванд.
  2. Организмҳои гармидӯст ё ки термофилҳо (аз юн. термос-гармӣ, ҳарорат ва филос-дӯст медорам). Намояндаҳои ин гуна организмҳои зинда дар муҳити зисти ҳарораташ хеле баланд (60-70°С) сукунат доранд (янтоқ, саксаул, обсабзҳои чашмаҳои гарм ва г.).

Ҳайвонҳои ширхуре, ки пашми зиёд доранд ва паррандаҳо бо роҳҳои гуногун микдори фардҳои зиёди худро метавонанд нигоҳ доранд, ки ин аз як қатор дигаргуниҳои таассурҳои биокимиёвӣ ва физиологии онҳо вобаста аст.

Ҳарорат ҳамчун омии экологй барои растаниҳо хеле зарур аст, чунки вай давраи торикии фотосинтезро фаъол мекунад. Ҳарорат фаъолияти ферментҳоро идора карда, суръати кашондани моддаҳои узвиро аз хлоропласт ба барг ва поя метезонад, бо ҳамин ба шидцатнокии фотосинтез таъсир мерасонад. Баландшавии ҳарорат фурӯбарӣ ва барқароршавии СОг-ро метезонад. Вобаста аз шидцатнокии фотосинтези растаниҳои муҳити зисташон гуногун, се нуқтаи хатти каҷи ҳарорат ҷудо карда шудааст: минималӣ, оптималй ва максималй. Ҳароратӣ минималӣ гуфта ҳамон ҳароратеро меноманд, ки дар он раванди фотосинтез оғоз мегардад. Дар растаниҳои минтақаи тропикй ва субтропикй аз +5°С то -7°С, дар бисёр растаниҳои минтақахои муътадил наздики сифр (0°С) ва дар баъзе сузанбаргҳо бошад, дар ҳароратӣ -2-3°С оғоз меёбад. Ҳарорати оптималӣ раванди фотосинтези растаниҳои минтақаҳои муътадилро дар ҳудуди 20-30°С (дар баъзе ҳолатҳо 40°С) ва барои С^-растаниҳои минтақаҳои тропикӣ бошад дар ҳудуди аз 35 то 40°С, дар баъзе ҳолатҳо бошад то +50°С идора мекунад.

Нуқтаи максималӣ ин ҳарорате мебошад, ки баъди он фотосинтез қатъ мегардад. Ҳарорати максималӣ бошад барои Сз- растаниҳо дар ҳудуди 40-50°С ва барои растаниҳои минтақаи тропикй дар худуди 50- 60°С рост меояд. Дар ҳарорати баланд пеш аз ҳама сохтори хлоропласт вайрон мешавад, ки ин бо дурдабандии сафедаҳои мембранавй вобаста аст. Чунки сохтори мембранаҳои хлоропласт аз маҷмӯъи сафедавй ва липидҳо сохта шудаанд. Ҳудуди ҳарорати кайҳон ҳам гуногун аст (чадвали 9).

Растаниҳо ва ҳайвонҳо дар рафти такомули олами узвӣ ба шароити доимии тағйирёбандаи ҳарорати муҳит мутобиқат пайдо карда дар организми худ дар давраҳои гуногуни ҳаётӣ нисбат ба ҳарорат талаботи гуногун доранд. Мисол тухми гандум, ҷав, ҷави русй дар ҳарорати 4-5°С ба амал меояд. Барои растаниҳо дар давраи гулкунӣ, назар ба пуррашавии тухмҳо ва пухтани мева ҳароратй баландтар лозим аст. Пашшаи цеце (сесе) дар ҳарорати аз 8°С пастар беҳаракат аст, дар ҳароратй 10°С бошад ба ҳаракат медарояд, дар ҳароратӣ аз 14°С болотар парвоз мекунад ва дар ҳарорати 21°С бошад ҳамчун дар хоб парвоз мекунад. Инкишофи ҳароратй оптималӣ барои тухми совкаи зимистона 25°С, барои кирминаи он +22°С ва зочааш бошад +19°С мебошад. Ҳамаи ин нишон медиҳад, ки вобаста аз ҳарорат суръати ҷараёнҳои биокимиёвй ва физиологии организмҳои зинда тағйир меёбанд. Одатан барои инкишофи оргаиизмҳои зинда ҳарорати оптималй лозим аст. Ҳарорати минималй ва максималй, пессиммуми поёнй ва болоиро парпи инкишофи поёнй ва болоӣ меноманд, ки ҳудуди онҳо берун аз инкишофи организм ба амал намеояд.

Ҷадвали 9

Таркиби газҳои атмосфера ва ҳарорати сайёраҳо

Микдори газҳо дар атмосфера

Миррих

Зӯҳра ё ки Ноҳид

Дар майдонҳои

растанидоштаи

Замин

Замин

со2

95,0

98,0

98,0

0,045

N

2,7

1,9

1,9

78

о2

0,13

нишонаи он

нишонаи он

21

1°С

-55,0

457

290-50

15

Организмҳои зинда дар рафти ҷараёни такомули олами узвй як қатор шаклҳои механизмҳои мутобиқшавиро нисбат ба ҳарорат кор карда баромадаанд: морфогенетикй, биокимиёвй, физиологй, рафторй ва ғ.

Растаниҳо ҳарорати муайяни танаи худро надоранд, барои ҳамин ҳам нисбат ба ҳарорат қобилияти хосаеро дороанд, ки яке аз онҳо шакли расиши онҳо мебошад. Мисол дар Артика, баландкуҳҳо гармӣ хеле кам аст, барои ҳамин ҳам растаниҳои ба болои замин хобида ва болиштмонанд мушоҳида мешаванд. Таъсири бевоситаи ҳароратро дар ҷараёни геофилизатсияи растаниҳо мушоҳида кардан мумкин аст. Геофилизатсия – фурӯ рафтани қисми поёнии (базалии) растаниҳо дар хок, аввал гипокотил ва баъд эпикотили байнибугуми якум ва ғ. мушоҳида мешавад. Ин бештар ба пӯшидатухмҳо хос аст. Дар организми ҳайвонҳо мутобиқшавй нисбат ба ҳарорат хеле хуб мушоҳида мешавад, ки дар сатҳи болои бадани онҳо ҳосилшавии қабатй пашм ва пар дар паррандаҳо ва дар ширхӯрҳо захиршавии равған мушоҳида мешавад. Бисёр ҳашаротҳои дар Арктика ва баландкӯҳҳо сукунат дошта ранги торик доранд, ки ин қобилияти фурӯбарии нурҳои рӯшноиро баланд мекунад. Ҳайвонҳои гармхунӣ дар муҳити муайяни экологии сард сукунат дошта (хирси сафед, китҳо ва г.) одатан андозаи калон доранд, вале ҳайвонҳо ҷайҳои гарм бошанд (мисол ширхӯрҳои ҳашаротхӯр) андозаи хурд доранд, ки ин ҳодисаро қоидаи Бергман меноманд (ҷадвали 10).

Чддвали 10

Таъғирёбии андозаи бадани ҳайвонҳо вобаста аз арз (аз рӯи Бергман)

Намуд

Ноҳия

Андозаи бадан, см

Масса, кг

Гург

Таймир

то 137

то 49

 

Монголия

то 120

то 40

Рӯбоҳ

Ҳамвориҳои

  
 

Россия

то 90

то 10

 

Туркманистон

то 57

то 3,2

Бо зиёдшавии андоза сатҳи нисбии болои бадан хурд шуда гармиҷудокунй кам мешавад. Ҳатто вобаста аз ҳароратӣ муҳит узвҳои алоҳидаи ҳайвонҳои як намуд метавонанд тағйир ёбанд. Мубодилаи гармй ҳама вақт байни организмҳои зинда ва муҳити зист мушоҳида мешавад (расми 11).

Новобаста аз гуногунии мутобиқшавии организмҳои зинда ба таъсири ҳарорати номусоиди муҳити экологй се роҳи асосӣ: фаъол, ғайрифаъол ва паноҳ бурдан аз таъсири ҳарорати номусоид фарқ карда мешавад.

Роҳи фаъол – инкишофи қобилияти идоракунии функсияи организмхоро новобаста аз тағирёбии ҳарорат устувор мекунад. Ин роҳ дар ҳайвонҳои хунгарм дар баъзе ҳайвонҳои хунсард ва баъзе растаниҳои олй мушоҳида мешавад.

Роҳи ғайрифаъол – ин мутобиқшавии функсияхои ҳаёти организм ба равиши ҳарорати муҳитй мебошад. Ин роҳ ба ҳамаи растаниҳо ва ҳайвонҳои хунсард хос мебошад. Баъзе намудҳои ширхӯрҳо ва паррандаҳо мутобиқшавии роҳи ғайрифаъоли худро бо қобилияти ба хоб рафтан ё ки карахт шудан амалй мекунанд.

Роҳи паноҳ бурдан аз таъсири ҳароратй номусоид бошад, барои ҳамаи организмҳо хос мебошад. Растаниҳо асосан ҷараёнҳои расиши худро вобаста аз омилҳои беруна тағйир медиҳанд, ҳайвонҳо ин амалро бо гуногунии шаклҳои рафтории худ, иҷро мекунанд.

image10

Дарахт

image11

Расми 11. Нақшаи мубодилаи гармӣ байни бадани асп (қарораташ 38″С) ва муҳити зист дар рӯзҳои гарми офтобй дар вақти ҳарорат 30°С будан. Хатти канда ( ) интиқоли гармиро бо роҳи нурпошӣ ифода мекунад.

Замин

Намноки ҳамчун омили экологӣ

Об хамчун сарчашмаи ҳаёти организмҳои зинда, яке аз омилҳои асосии экологй ба ҳисоб меравад. Таркиби асосии ҳар як ҳуҷайраи зинда ва организми бутунро об ташкил медиҳад. Дар баъзе организмҳои зинда микдори об ба 60-80% ва дар баъзе ҳолатҳо то 95%-и ҳамаи моддаҳои организмро ташкил мекунад. Барои ҳамин ҳам, об барои фаъолияти организмҳои зиндаи биосфера хеле муҳим аст.

Дар давраи фаъоли фаъолияти ҳаётии растаниҳо ва ҳайвонҳо миқдори оби организми онҳо хеле баланд мешавад (ҷадвали 11).

Ҷадвали 11

Миқдори об дар организми растаниҳо ва ҳайвонҳо бо % аз массаи бадани (аз рӯи Б. С. Кабансев, 1973)

Растаниҳо

Микдори об

Ҳайвонҳо

Миқцори об

Обсабзҳо

96-98

Исфанҷҳо

84

Решаи зардак

87-91

Нармбаданҳо

80-92

Барги алаф

83-86

Ҳашаротҳо

46-92

Барги дарахт

79-82

Лансетник

87

Лӯндаи картошка

74-80

Обхокиҳо

то 93

Пояи дарахтҳо

40-55

Ширхӯрҳо

68-83

Дар ҳайвонҳо вазифаи асосиро гузаронандагии пӯст ва механизмҳои идоракунандаи мубодилаи обӣ иҷро мекунанд. Барои ҳамин нишондиҳандаҳои асосии намнокиро тавсиф додан ба мақсад хеле мувофиқ аст. Намнокб ин омиле мебошад, ки тавсифи микдори буғи оби ҳаворо ифода мекунад. Намнокии мутлақ ва ва нисбиро фарқ мекунанд. Намнокии мутлақ гуфта миқдори бугй обӣ дар ҳаво бударо меноманд, ки ба воситаи массаи об бо воҳиди массаи ҳаво (мисол бо г/кг ё ки м3 ҳаво) ифода карда мешавад. Намнокии нисбӣ- ин таноссуби миқдори буғй дар ҳаво буда ба миқцори серии буғӣ об дар шароити кунунии ҳарорат ва фишорро меноманд, ки ин таноссуб бо чунин баробари ифода мешавад.

Р

г 100, кидаринҷо г – намнокии нисбй; Р ва Р8 – намнокии

Р8

мутлақ ва серй (максималӣ) дар ҳароратӣ муайян.

Дар тадқиқоти экологй намнокии нисбй тез-тез чен карда мешавад. Барои ҳар як организм норасоии серии буғи обу ҳаво ё ки фарқияти байн намнокии максималй ва мутлақ дар ҳарорати муайян ҳам хеле муҳим аст, ки онро аз рӯи баробари зерин муайян мекунанд.

Б = Р8 – Р

Барои растаниҳо ва фаъолияти мӯътадили онҳо тақсимшавии намнокӣ дар ҳар мавсим, дар давоми сол хеле муҳим аст.

Вобаста аз боришот – резаборон, борони сел, барф ва давомнокӣ онҳо ба организми зинда ҳар хел таъсир мерасонанд. Мисол, резаборон дар тобистон назар ба борони сел хокро хубтар намнок мекунад, ки дар натиҷа растаниҳо обро босамартар истифода мекунанд. Борони сел бошад, он қадар оби зиёдро ба болои хок мерасонад, ки хок онро наметавонад ҷабида гирад, чунки об тез ҷорй шуда бо худ қисми зиёди қабати ҳосилхезӣ хок, растаниҳои решаи кӯтоҳ дошта ва ҳайвонҳои хурдро шуста мебарад. Дуру дароз давом кардани резаборон ҳам метавонад ба фаъолияти ҳайвонҳо таъсири манфй расонад, мисол, ба паррандаҳои ҳашаротхур дар давраи ғизодиҳии ҷӯҷаҳояшон.

Боришоти зимистонй, ки дар намуди барф дар минтақаҳои сард меборад, қабати барфиро ташкил мекунад, ки ҳарорати хокро мӯътадил гардонида бо ҳамин роҳ эхтимолияти зинда мондани растанй ва ҳайвонҳоро баланд мекунад. Баръакс боришоти зимистон дар намуди борон ба растаниҳо ва зинда мондани онҳо таъсири манфй расонида, муриши ҳашаротҳоро зиёд мегардонад.

Дараҷаи намнокии хок ва ҳаво аҳамияти хеле калон дорад, чунки хушкии ҳаво ва гармсел ба муриши зиёди растаниҳо ва ҳайвонҳои дар ҷойхои намнокиаш баланд ҳаёт мегузаронанд оварда мерасонад, барои он ки онҳо механизмҳои идоракунандаи бухоршавй ва бугшавиро надоранд, гарчанде болои сатҳи баданашон обро намегузаронад.

Намнокии ҳаво ба давраи фаъолнокии организмҳо, давомнокии даврии ҳаётӣ, давомнокии инкишоф, наслдиҳи ва мурдан таъсири калон мерасонад. Мисол, баъзе намудҳои растаниҳо вероникаи баҳорй, бурачоки биёбонӣ ва ғ. намнокии баҳориро истифода карда дар фосилаи (12-30 рӯз) нашунаъмои худро гузаронидан тухм медиҳанд, онҳоро эфемерҳо меноманд (аз юнонй ерЬегпегез – якруза). Эфемерҳоро ба баҳорй ва тирамоҳй ҷудо мекунанд. Аз рӯи идоракунии режими обй растаниҳои рӯизаминиро ба ду гурӯҳ- пойкилогидридҳо ва гомеогидридҳо ҷудо мекунанд. Растаниҳои пойкилогидриди қобилияти идоракунии режими обии худро надоранд, чунки онҳо механизмҳои махсус (масома) надоранд. Ба онҳо занбӯруғҳо, гулсангҳо, обсабзҳои рӯизаминй, баъзе ушнаҳо ва аз растаниҳои олй фарнҳои тунукбарги ҷангалҳои тропикй ва ғ. дохил мешаванд.

Растаниҳои гомеогидридӣ ба қадри ҳол қобилияти идора кардани оби организми худро доранд, яъне бо ёрии кушодашавй ва пушидашавии масомаҳои худ. Дар ҷилди ҳуҷайраи онҳо моддаҳое ҳосил мешаванд, ки обро намегузаронанд захира шуда (суберин, кутин), болои баргашон бо кутикула пӯшида шудааст ва ғ. Ба ин гурӯҳ қйсми зиёди растаниҳои олй дохил мешаванд.

Вобаста аз ҷойи зисташон растанҳои рӯизаминиро ба чунин гурӯҳҳои экологй ҷудо мекунанд: гигрофитҳо, гидрофитҳо, мезофитҳо ва ксерофитҳо. Гигрофитҳо (аз юнонй «гигрос»-намнок ва «фитон»- растанй) яъне растаниҳое дар ҷойҳои намнок ҳаёт мегузаронанд, норасоии об дар онҳо мушоҳида намешавад ва қобилияти пасти устувориро нисбат ба хушкй дороанд. Растаниҳои ин гурӯҳ одатан баргҳои калони тунук дошта, микдори начандон зиёди масомахо доранд, ки баъзе ҳолатҳо дар ҳарду тарафи барг ҷойгиранд. Масомаҳо дар бисёр ҳолатҳо кушодаанд, барои ҳамин ҳам бухоршавии онҳо аз буғшавии табиӣётй каме фарқ мекунад. Дар минтақаҳои мӯътадил ва сард аз гигрофитҳо растаниҳои алафии соядӯст, дар ҷойҳои кушод ва хокҳои намнок гигрофитҳои рӯшноидӯст-ғаллагиҳо, аз растаниҳои зироатй гигрофитҳои рӯшноидӯст, шолй мушоҳида мешаванд. Гидрофитҳо (аз юнонӣ гидро- ва фитон) растаниҳои обиеро меноманд, ки дар хок мустаҳкам буда қисми поёнии онҳо дар зери об ҷойгир аст. Онҳо дарлаби дарёҳо, ҳавзҳо, к5’лҳо, баҳрҳо, ботлоқҳо ва маргзорҳои ботлоқшуда мерӯянд (мисол, най, частуха). Назар ба гидатофитҳо системаи решавй, бофтаҳои механики ва рагҳои хуб инкишофёфта доранд.

image12
image13

Мезофитҳо- растаниҳое мебошанд, ки ҷойи зисташон намнокии мӯътадил мебошад. Онҳо системаи решавии хуб инкишофёфта доранд. Барги онҳо андозаи гуногун дошта, бофтаҳои хуб инкишофёфтаи пӯшонанда, гузаронанда, механикй, сутуншакл ва исфанҷӣ доранд. Масомаҳои он дар поёни сафҳаи барг ҷойгирифта дар идоракунии режими обӣ фаъолона иштирок мекунад. Ба мезофитҳо алафҳои марғзорй (себаргаи марғзорӣ, бомус), растаниҳои ҷангалй (ливондар), растаниҳои баргпаҳн (тӯс, фарк, липа ва ғ.) дохил мешаванд. Сарҳади муайяни мезофитҳоро амиқ кардан мушкил аст, чунки онҳо метавонанд ба дигар типии экологии растаниҳо вобаста аз муносибат бо об гузаранд (мисол. сич оддй ва ғр.).

Расми 12. Типҳои гуногуни системаҳои решавӣ

А – янтоқ; Б – гандум

Дар ҷойҳои зисте, ки баъзе вақт ё ки доимо норасоии об мушоҳида мешавад, мезофитҳое вомехӯранд, ки ба хушкй тобоварии хеле баланд доранд. Ин гурӯҳи гузаришй байни мезофитҳо ва ксерофитҳо мебошанд, ки онҳоро ксеромезофитҳо меноманд. Ба онҳо себаргаи сафед, юнучқа, навъҳои ба сарди тобовари гандум ва ғ. дохил мешаванд. Ксерофитҳо (аз юнонй «ксерос»-хушк ва «фитон»-растанй) яъне растаниҳои ҷойҳои хушкро меноманд, ки ба хушкии хокй ва атмосферавй устувории баланд доранд. Ба ин гурӯҳ растаниҳои минтақаҳои биёбон, даштии

image14
image15
image16

намнокиашон паст, саванна, субтропикии баландкӯҳ ва ғ. дохил мешаванд, ки онҳо системаи решавии хеле инкишофефта доранд (расми 12). Узвхои рӯизаминии ксерофитҳо хусусияти хос дошта , системаи хеле инкишофефтаи хуби бофтаҳои гузаронандаро дар барги худ доранд (расми 13). Вобаста аз муносибат ба об растанҳо ва ҳайвонҳо шаклҳои гуногуни мутобиқшавй доранд (ҷадвали 12).

Расми 13-Рагронии гуногун (А), андоза ва микдори масомаҳои (Б)
ксерофитҳо ва мезофитҳо (аз рӯи А.П. Шеникова, 1950):

1-ксерофити биёбонӣ-Рвогака ёгиразеае,

2-мезофити ҷангал-Рап8 чиас1г1ГоНа

Ҷадвали 12

Мутобиқшавии растанӣ ва ҳайвонот нисбат
ба шароити хушкӣ (аз рӯи Н. Грин ва диг., 1993)

Мутобиқшавӣ

Мисолҳо

Роҳҳои кам кардани сарфи об

Баргҳо ба хор ё ки сӯзанак мубадцал шудаанд Масомаҳо дар дарунтари эпидермиси барг ҷойгиранд Баргҳо ба монанди силиндр тоб хӯрдаан

Кутикулаи гафс доранд Пояи ғафс бо таносуби ҳаҷми калони нисбат ба болои саҳфааш Баргҳои овезон

Партофтани барг дар вақти хушкӣ Масомаҳо шабона кушода буда, рузона пӯшидаанд Босамар шабона азхудкунии СОг бо масомаҳои нимкушода

Сас1асеае,ЕирЬогЫасеае(зарбатҳо), дарахтони сӯзанбарг Рзпш, Аттойа,

АтпзоШа

Барги зиёди ксерофитҳо, ҳашаротҳо СасГасеае, ЕирЬогЫасеае (суккулентҳо)

Растаниҳои зиёди алпикӣ Ғои§шепа «ркпйепз

Сга88и1асеае (сангшиканакҳо)

С4-растаниҳо, мисол, 2еа таув

Баъзе эпифитҳои форй ва алафҳои бегул (плаунаҳо), гулсангҳо, осока- Сагех рЫзоШез

ЬишЬгюив [егге81г18 (то 70% ) ва уштур (то 30%) массаашонро талаф медиҳанд.

Эшшохсияи колифорниягй

Баъзе намудҳои савсан

Организмҳои хокй, мисол канна,ки- рми лойхурак,

Кирми лойхурак, моҳиҳои духелна- фасгиранда

Ҷудо кардани -К дар маҳлули ҳомизӣ «мезак»

Бофтаҳояшон ба ҳарорати баланд аз ҳисоби ҷудокунии оби бадан ё ки бухоршави токатоваранд Ҳайвонҳо дар хонаи худ пинҳон мешаванд

Сӯрохии роҳи нафаскашй бо клапанҳо пӯшида шудааст Баландшавии фурубарии об Сатҳи болои системаи решавии зиёд ва ба чуқуриҳои зиёд дохилшавии решаҳо Решаҳои дароз

Кандани сӯрохиҳо ба сӯи сарчашмаи об

Намудҳои захиравӣ Дар ҳуҷайраҳои луобӣ ва девори ҳуҷайра

Шошадони махсус

Дар намуди равғанҳо (об-

махсулоти оксидшуда)

Устувории физиологй ба оби сарфшуда

Дар рафти беобшавии воқеъи фаъолияти ҳаётиашонро нигоҳ медоранд

Талафи қисми зиёди массаи бадан ва тез барқарор кардани он дар ҳузури об

Роҳҳои дигари мутобиқшави ба шароити хушкӣ

Гузаронидани давраи номусоид дар намуди тухм

Гузаронидани давраҳои номусоид дар намуди лӯндашавй ва бехпиёз Таассури рафтори гурехтан

Хобби тобистона дар «пиллаи» л}’обй

Ҳашаротҳо, паррандаҳо ва баъзе обхокиҳо

Растаниҳои биёбонии зиёд, уштур

Як қатор ширхӯрҳои хурди биёбонӣ, мисол, муши биёбонй Як қатор ҳашаротҳо

Баъзе Сас1асеае, мисол Орипйа, ЕирЬогНасеае

Як қатор растаниҳои алпикй, мисол эделвейе (Геоп1оросНит а1рпшт) Термитҳо

Саса1сеае, ЕирЬогЫасеае

Қурбоқаи биёбонй Муши биёбонй

Таъсири якҷояи ҳарорат ва намнокӣ

Омӯзиши алоҳидаи омилҳои муҳит – мақсади асосии тадкиқотҳои экологй набуда, балки тарзи наздик шудан ба масъалаҳои мураккаби экологй мебошад, то ки барои баҳо додан ба омилҳон гуногун дар алоҳидагӣ ва якҷоягй ба экосистемаҳо муяссар шавад.

Ҳарорат ва намнокй омилҳои асосии иқлимй ба ҳисоб рафта бо ҳамдигар алоқаи зич доранд. Мувофиқатии ҳарорат ва намнокй дар паҳншавии олами растаниҳо ва ҳайвонот вазифаи муҳимро иҷро мекунад. Баҳамтаъсиркунии ҳарорат ва намнокй на танҳо аз бузургии нисбй балки аз бузургии мутлақй онҳо ҳам вобастагй дорад. Мисол, ҳарорат дар шароити намнокӣ аз меъёр баланд ё ки паст ба организм таъсири бештар дорад, ки ба нуқтаи ҳассосии организм наздик аст. Намнокӣ ҳам дар ҳарорати баланд таъсири хатарнок дорад. Барои ҳамин як намуди организм дар минтақаҳои гуногуни ҷугрофӣ ҷойи зисти ҳархеларо интихоб мекунанд. Мисол, В. В. Алёхин (1951) қоидаи барои растаниҳои намудҳои ба таври васеъ дар Ҷануб паҳншудае, ки дар нишебиҳои Шимол ҳам мерӯянд ва дар шимол бошад танҳо дар нишебиҳои ҷанубй мушоҳида шударо муайян намуд.

Барои ҳайвонҳо принсипи дигар кардани ҷойи зистро Г. Я. Бей- Биенко (1961) ва принсипи дигар кардани қабатҳоро М. С. Гиляров (1970) пешниҳод кардаанд, ки намудҳои мезофиллй дар марказй ареал, дар шимол ҷойҳои хушктар ва дар ҷануб бошад ҷойҳои намноктарро интихоб мекунанд ё ки аз тарзи ҳаётии болоизаминй ба зеризаминй мегузаранд, мисол, ба монанди ҳашаротҳои зиёди алафхӯр. Ҳар қадаре, ки таъсири иқлим дар ҷойи зисти муайяни намуд интихоб карда сустар намоён шавад, ҳамон қадар қобилияти ҳаётии он дар дигар шароитҳои иқлимй баландтар мешавад.

Алоқамандии ҳарорат ва намнокй дар климодиаграммаи бо тарзи Валтер-Госсен тартиб додашуда хеле хуб нишон дода шудааст, ки дар масштаби муайяни равиши солонаи ҳарорати ҳаво бо равиши боришот нишон дода мешавад (расми 14).

Климодиаграммаро барои солҳои алоҳида, дар як пайдарҳамй ҷойгир карда, климодиаграмма ҳосил кардан мумкин аст. Дар климатограмма бо осони солҳои шароити ғайриоддии хушк ё ки сардро мушоҳида кардан мумкин аст, то ки барои муайян кардани шароити хуби ҳаётй дар ин минтақаҳо ва ҷойгир кардани растаниҳо ё ки ҳайвонҳо нисбати ҳарорат ва намнокй тассавзфот пайдо кунем.

Солҳои охир бо пешрафти илму техника ва саноат олудашавии обҳои нушокй ба чашм мерасад, ки ин аҳамият ва қиммати обро боз ҳам афзунтар мекунад. Ба туфайли мавқеъи хоси ҷугрофй ва иқлимии худ дар ҷумҳурии Тоҷикистон (ҶТ) захирҳои обии зиёд ҷойгир шудаанд, ки ин ҳам аз нуқтаи назари иқтисодй ва сиёсй имрӯз ва фардо хеле муҳим аст. Захираи обии Тоҷикистонро дарёҳои (Сирдарё, Панҷ, Зарафшон, Кофарниҳои, Вахш ва ғ.), кӯлҳои (Сарез, Искандаркул, Зоркул, Яшилкул ва ғ.); обанборҳои (Кайроқум, Норак, Фарҳод), пиряхҳои (Гармо, Грум- Грижимайло, Федченко ва ғ.) ва як қатор дарёчаҳо, кулҳои хурд, пиряхҳои зиёде ташкил медиҳанд (ҷадвали 13, 14, 15).

Расми 14. Климодиаграмма аз рӯи Валтер-Госсен барои шаҳри Одесса (аз рӯи Г. Валтер, 1968)

а-баланди аз сатҳи баҳр; б-миқдори солҳое, ки ба рафти ҳарорат ва боришот мушоҳида бурда мешуд; в-ҳарорати миёнаи солона; г-суммаи миёнаи боришоти солона; д-ҳарорати аз ҳама пасти минималии моҳ; е-минимуми мутлақ; ж- ҳарорати аз ҳама баланди максималии моҳ; з-максимуми мутлақ; и-хатти каҷи ҳарорати миёнаи моҳ; к-хатти каҷи миёнаи сумман боришот(таносуби 10°=20мм); л-ҳамон (10°=30мм); м-давраи хушксоли; н-давраи хушксолиаш камтар; о-давраи намнокии сол; п-моҳое, ки ҳарорати миёна аз 0°С пастар набуданд; р- моҳое, ки ҳарорати миёнаи минимали аз 0°С пастар набуданд; с-давраи на он қадар сардиҳои паст. Дар хатти абсисс- моҳҳо.

Пурсамар истифодабарии захираи обҳои ҶТ барои имрӯз ва фардои инкишофи иктисодиёти мо хеле муҳим аст. Сохтмони нерӯгоҳҳои барқии обии Сангтуда-1, Сангтӯда-2, Роғун ва дигар нерӯгоҳҳои дар оянда ба нақшагирифта ба ҶТ имконият медиҳанд, ки бозори дохилии худро пурра бо энергияи аз лиҳози экологй тоза таъмин намуда, қисми дигари онро ба бозори ҷаҳонӣ бароварда фурӯшад. Имкониятҳои энергетикии обии Тоҷикистонро призиденти ҶТ Э.Ш. Раҳмонов дар сафари худ ба ҷумҳурии исломии Афғонистон (2005) ва дар як қатор баромадҳои дигари худ дар ҳудуди ҷумҳури ва берун аз он хеле хуб баррасӣ кард буд. Агар дар ояндаи наздик ин нақшаҳо амалй шаванд, мо метавонем, ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя обро ҳамчун нафт, газ, ангиштсанг ба фурӯш гузорем ва бо ҳамин роҳ иктисодиёти ҷумҳуриро баландтар бардорем.

Новобаста аз он ки кисми зиёди саёраи Заминро об ташкил диҳад ҳам (уқёнусҳо, баҳрҳо, дарёҳо, кӯлхо, обҳои зеризаминй, обҳои таркиби ҷинсҳои кӯҳй ва хок), лекин солҳои охир бо сабаби олудашавии онҳо дар бисёр мамлакатҳои дунё норасоии обҳои нӯшокй ба чашм мерасад. Мо медонем, ки об дар тамоми таассурҳои биокимиёвй ва равандҳои физиологии организмҳои зинда иштирок мекунад. Об дар ҷараёни фотосинтез иштирок карда гидрогенро барои барқароркунии пайвастагиҳои узвии аз энергия бой сарф мекунад. Сарчашмаи оксигене, ки растаниҳои сабз ба ҳаво ҷудо мекунанд, молекулаи об мебошад. Маҳз ба туфайли гирдгардиши доимии об дар биосфера захираи обхои нушокй доимо аз нав ҳосил мешаванд. Дар рафти буғшавй аз сатхи болои обҳои гидросфера қариб 525 ҳазор км3ҳаҷми об дар як сол ба атмосфера таҳвил меёбад, ки барои ин қариб 20% энергияи Офтоб сарф мешавад.

Ҳамаги 2%-и гидросфераро обҳои нушокй ташкил медиҳанд, ки онҳо доимо аз нав ҳосил мешаванд. Суръати мубодилаи оби хушкй назар ба уқёнусҳо 500 маротиба тезтар аст. Дарёҳо бошанд тахминан баъди ҳар 10-12 шабонарӯз оби худро аз нав мекунанд. Даври гирдгардиши гидросфера хеле мураккаб мебошад (расми 15 ).

Ҷадвали 13

Захираҳои об дар бносфера (аз рӯи Воронтсов ва диг., 1996)

Қисмҳои гидросфера

Ҳаҷм (ҳазор км3)

% аз ҳисоби ҳаҷми умумй дар биосфера

Уқёнусҳо

1 370 323

94

Обҳои зеризаминй

60 000

4,0

Пиряхҳо

24 000

1,6

Кӯлҳо

280

0,02

Таркиби хок

85

0,006

Таркиби ҳаво

14

0.001

Оби дарёҳо

1,2

0,0001

Ҷадвали 14

Кӯлҳо ва обанборҳои калонтарини Тоҷикистон

Кӯлҳо ва обанборҳо

Ҷойгиршави аз сатҳи баҳр (м)

Масоҳат (км)

Сарез

Зоркӯл

4 126

38,9

Искандаркӯл

2 195

3,4

Қароқӯл

3 914

380,0

Яшилкӯл

3 734

35,6

Обанбори Норак

980

106

Обанбори Қайроқум

347

520

Обанбори Фарҳод

300

46,0

Ҷадвали 15

Пиряхҳо ва дарёҳои калонтарини Тоҷнкистон

Пиряхҳо

Дарози (км)

Масоҳат (км2)

Гармо

30,4

114.6

Грум- Гиржимайло

37,0

142,9

Федченко

77.0

649,6

Панҷ

921,0

114000

Сирдарё

2 663

150100

Вахш

524

2070

Зарафшон

877

39100

Кофарниҳон

387

11600

Амударё

2 294

12300

Дарёхо ҳама вақт манбаи асосии обҳо нушокй буданд, вале дар замони ҳозира бо фаъолияти инсон ба онҳо партоваҳои зиёдро интиқол медиҳанд. Новобаста аз усулҳои гуногун тоза кардани об аз он ҷумла биологй кариб 10% моддаҳои узвӣ ва ҳамаи модцаҳои ғайриузвии дар об ҳалшуда боқӣ мемонанд. Ин гуна оби тозакардашуда баъди чандин борҳо бо оби тозаи табиӣ омехта кардан барои нушидан мувофиқ мешавад.

Ҳар сол истифодаи об дар сайёраи Замин зиёд шуда, 2200 км: ташкил медиҳад. Новобаста аз захираи тавоноии зиёд доштани обҳои нушокӣ дар ин ё он минтақаи ҷаҳон бо сабаби олудашавӣ мумкин аст, тамом шаванд. Микдори чунин минтақаҳои ҷуғрофӣ хеле зиёданд (Аврупо, Амрико, Африқо ва г.).

Ҳаҷми обе, ки барои як одам истифода мешавад аз 3 то 700 литро дар як шабонарӯз ташкил мекунад, ин аз минтака ва дараҷаи сатҳи зиндагии одамон вобаста аст. Сарфи об дар саноат ҳам аз инкишофи иқтисодии ноҳияи муайён вобаста аст. Мисол, дар Канада барои саноат 84%-и обро истифода мебаранд, вале дар Ҳиндустон ҳамаги 1%. Сарфи об бештар дар соҳаҳои саноати кимиё, хӯрока, коркарди истеҳсолоти коғаз, гудозишӣ пулод хеле зиёд аст. Қариб 70%-и обе, ки дар саноат сарф мешавад ба ин соҳаҳо рост меоянд. Аз ҳама зиёдгар обҳои нушокй дар хоҷагии кишоварзӣ барои обёрин зироатҳо сарф мешавад, ки он 70- 80%-и оби нӯшокиро ташкил мекунанд.

Фаъолияти инсон барои обёрӣ кардан, резишй дарёҳоро ҳам тағйир додааст. Чунки микдори зиёди об дар бухоршавй, ҳосилшавии массаи растаниҳо ва дар раванди фотосинтез сарф мешавад. Барои идора кардани резиши оби дарёҳо обанборҳо сохта шудаанд, лекин онҳо ҳамаги 9% резишӣ дарёҳоро идора мекунанду халос. Резишӣ бисёр дарёҳо, ба монанди Волга, Дон, Днепр, Терек, Сирдарё ва Амударё хеле кам шуда истодааст. Ин ба он оварда расонид, ки резишй об ба баҳри Азов 23% ва ба баҳри Арал 33% кам шуд. Сатҳи баҳри Арал то 12,5м паст шудааст, ки ин ба экологияи минтақаҳои Осиёи Миёна имрӯз ва дар фардо таъсири ҷиддй хоҳад расонд.

Расми 15. Даври гирдгардиши оби гидросфера
(бузургиқои равиш бо 1012 т дода шудаанд)

Захираҳои оби нушокии як қатор мамлакатҳо бо сабаби олудашавии онҳо хеле кам шуда истодааст. Бисёр моддаҳои узвие, ки ба дарёҳо партофта мешаванд, аз ҳисоби хоҷагии кишоварзӣ ё ки саноат мебошанд. Вайроншавии ин моддаҳои узвӣ бо фаъолияти микроорганизмҳо ба амал меояд, ки барои ин сарфи оксигени дар об ҳалшуда лозим аст. Агар дар об микдори оксиген мувофиқ бошад ва микдори партовҳо зиёд набошанд он гоҳ бактерияҳои аэробӣ онҳоро тез ба боқимондаҳои безарар таҷзия мекунанд. Дар акси ҳол фаъолияти бактерияҳои аэробй суст шуда, миқдори оксиген паст мешавад ва ҷараёни пӯсиш ба амал меояд. Ҳангоми миқдори О2 дар об аз 5 мг дар як литр паст будан бисёр моҳиҳо нобуд мешаванд.

Микрорганизмҳо ва вирусҳо ба воситаи қубурҳо ва партовҳои хоҷагии кишоварзй ба обҳои тоза афтида ҳар гуна бемориҳои сирояткунандаро ба монанди гепатит, салмонелмоз ва ғ. ба амал меоранд. Як қатор моддаҳои ғайриузвй ва узвй (металҳои вазнин, маҳсулотҳои нафтӣ, пестидсидҳо, маҳсулотҳои шӯянда) аз ҳисоби корхонаҳои саноатй, маишӣ ва ғ. ба обанборҳо партофта мешаванд. Имрӯз барои зиёда аз 500 моддаи кимиёвй ҳудуди муайяни назорати муайян карда шудааст, ки таҳти назоратй муассисаҳои давлатй қарор доранд. То имрӯз чунин усулҳои тоза кардани об маълум аст: 1 – механикй, 2 – табииётй, 3 – табииётй – кимиёвй ва 4 – биологй.

Дар рафти бо роҳи чеханикй тоза кардани обҳои қубурӣ, саноатй ва маишии хоҷагиҳо онҳоро ба қисми сахт ва моеъ ҷудо мекунанд. Қисми моеъи онро баъдтар бо усули биологй (табий ё ки сунъӣ) тоза мекунанд. Тозакунии табий биологии обҳои қубурй дар майдонҳои заминҳои кишт бо полоидан ё ки дар ҳавзҳои биологӣ ва ғ. амалӣ мешаванд. Тозакунии сунъӣ бошад дар иншоотҳои махсус (биополоишҳо ва аэродеворҳо) гузаронида мешаванд. Лекин ҳама вақт обҳои қубурй пешаки бо усулҳои механикӣ, кимиёвй ё ки табийётй – кимиёвӣ аз заррачаҳои ҳалношуда ва модцаҳои заҳрнок тоза карда шуда, баъд усулҳои биологиро истифода мебаранд.

Барои тозакунии механикӣ чунин иншоотҳоро истифода мебаранд:

  • Панҷараҳое, ки ҳар гунна заррачаҳои андозаашон аз 5 мм калонтарро нигоҳ медоранд;
  • Ғалбер, ки омехтаҳои андозаашон то 5 мм-ро нигоҳ медорад;
  • Нигохдорандаи рег, ки асосан барои нигоҳ доштани реги оби қубурҳо лозим аст;
  • Нигоҳдорандаҳои равған, чарбҳо, маводи нафтӣ ва қатрон (смола) махсус гардонидашудаанд;
  • Таҳшинкунакҳо барои таҳшин шудани моддаҳое, ки вазни онҳо аз 1г баландтар аст.

Усулҳои кимиёкӣ асосан бо роҳи мобайни (нейтрализатсия) ва оксиду-баркароркуни асос ёфтаанд. Мақсади усули мобайнӣ дар он аст, ки ҷараёни технологӣ дар муҳит гузоштаи ҳомиз (зиёд будани ионҳои Н) ва ишқор (зиёд будани ОН) муҳитро ба мувозина меорад.

Усули оксидшави бошад ба он равона карда шудаааст, ки барои тоза кардани об аз моддаҳои заҳрнок, сианидҳо, сулфидҳо, фенолҳо меркаптанҳо, крезолҳо ва ғ., хлор ва ҳосилаҳои хлорӣ (гипохлоратҳо ва хлоратҳо) Ог, Оз, бихроматҳо ва ШОг-ро ҳамчун реагент истифода мебаранд. Усули барқароркунй бошад барои тоза кардани оби қубурҳо аз нитратҳо, нитритҳо, хроматҳо ва бихроматҳо, хлоратҳо ва сулфатҳо, броматҳо, иодатхо равона карда шудааст, ки дар ин ҷо ба сифати барқароркунандаҳо оксиди элементҳои дар сулфидҳо, сулфитҳо, намакҳои дуоксиди оҳан ва ғ. истифода мешаванд.

Усули табииётӣ – кимиёвӣ ба монанди кимиёвӣ дар тозакунии обҳои саноатӣ ва солхои охир барои тозакунии обҳои маишии шаҳрҳо истифода карда мешаванд. Тозакунй бо ин усул дурдабандии калон кардани заррачаҳои колоидии дар моеъ бо таъсири кувваи статикии барқии таъсири байнимолекулаҳо, ки дар натиҷаи он андозаи бузургии заррачҳо аз 0,001-0,1 мкм то 10 мкм калон мешаванд, яъне андозаеро соҳиб мешаванд, ки бо роҳи механикй онҳоро ҷудо мекунанд. Ба усулҳои табийётй – кимиёвӣ коагулятсия, ҷараёнҳои флокулатсия, флотатсия, сорбсия. экстраксия ва мубодилаи ионй ҳам дохил мешаванд.

Аз ҳама саммаранок усули биокимиёвй мебошад, ки дар рафти он микроорганизмҳое истифода мешаванд, ки тамоми моддаҳои заҳрнокро ба модцаҳои соддаи безаррар мубаддал мекунанд.

Яке аз безарраргардонии обҳои нӯшокӣ ин илова кардани хлор мебошад. Лекин ин усул барои организми одам зарари калон дорад. Чунки илова кардани хлор ба об ба ҳосилшавии пайвастагиҳои зарарноки хлорузвӣ ва диоксинҳо оварда мераеонад. Безараркунии микдори моддаҳои заҳрноки дар об бударо бо роҳи илова кардани озон ё ки таъсири нурҳои ултрабунафш ва ҳамчунин дар охир бо илова кардани ионҳои нуқра ҳам ба даст овардан мумкин аст, ки дар Аврупои Ғарбй, ИМА ва дигар мамлакатҳо хеле васеъ истифода мешавад.

  1. Дигар омилҳои экологй

Атмосфера. Сайёраи Замин аз дигар сайёраҳо бо он фарқ мекунад, ки қабати ҳавои атмосфераи хосаро доро аст. Таркиби ҳавои атмосфера аз сарчашмаи табиӣ ва сунъии газҳои гуногун иборат мебошад. Аҳамияти атмосфера барои организмҳои рӯи Замин хеле калон аст. Атмосфера пеш аз ҳама сарчашмаи Ог барои нафаскашии организмҳои аэробии рӯи Замин (пастшавии Ог дар муҳити зисти организмҳои зинда ба нобудшавии бисёр ширхурҳо оварда мерасонад) ва СОг барои раванди фотосинтези растаниҳо хизмат мекунад. Қабати атмосфера тамоми организмҳои зиндаро аз шуопошиҳои зарарноки кайҳонӣ ҳифз карда, гармии рӯи Заминро мӯътадил нигоҳ медорад,

Атмосфера ҳамчун қисми асосии экосфера дар гирдгардиши моддаҳо-карбон, нитроген, оксиген, об ва г. иштирок мекунад. Маҳз ба туфайли атмосфера омезиш ва ҷойивазкунии буғи об доимо амалй мешавад. Сарчашмаҳои олудакунандаи ҳавои атмосфера хеле гуногун мебошанд, ки баъзе сарчашмаҳои асосии сунъиро дар ҷадвали 16 пешкаш мекунем.

Дар шаҳри Душанбе имрӯз як истгоҳи барқии гармидиҳи фаъолият мекунад, ки ҳар сол як миқдори муайяни сузишвориҳои газӣ ва мазутро истифода мебарад. Партовҳои ба муҳити атмосфера интиқол додаи он 1018 т ва партовҳои сахт 101,9 т дар як солро ташкил медиҳанд. Барои ҳамин ҳам ҳифз кардани тозагии ҳавои атмосфера на танҳо барои саломатии одамон балки барои ҳамаи организмҳои зинда хеле зарур аст.

Топография (тарҳ) ба омилҳои орографӣ дохил мешавад ва бо дигар омилҳои абиотӣ дар алоқамади метавонад таъсир расонад, гарчанде, ки ба монанди дигар омилҳои экологӣ рӯшной, ҳарорат, об, хок таъсири бевосита надорад. Омили асосии топографӣ ин баландӣ мебошад. Бо баланди ҳароратӣ миёна паст шуда, дигаршавии ҳароратй шабонарӯза зиёд мешавад, боришот, суръати шамол, шиддатнокии рӯшноӣ зиёд мешавад, фишори атмоефера ва миқцори газҳо бошад кам мешаванд.

Мисол, бо баландии ҳар 100 метр ҳароратӣ хавои атмосфера тахминан то 0,6°С паст мешавад. Вобаста ба бузургии шаюш топографӣ ё ки тарҳ ба якчанд гуруҳ ҷудо мешаванд: макрорелеф (кӯҳҳо, ҷариҳои байни кӯҳҳӣ, пастхамиҳо), мезорелеф (теппаҳо, ҷариҳо, чукуриҳои фойтунмонанд ва ғ.), микрорелеф (чуқуриҳои хурд, нишебиҳо, сел ва ғ.).

Ҷадвали 16

Сарчашмақои асосии олудакунандаи ҳавои атмосфера
(И. Б. Хомченко, 1997)

Соҳаҳои

саноатй

Аэрозолҳо

Партоваҳои газмонанд

Энергетикаи

гармидиҳи

Хокистари дуда (РЬ, Мо, 1л, №, Си, 8л, Н§ ва ғ.) радионуклидҳо

Бензапирен, алдегид- ҳо.туршиҳои узвй, N02, С02, СО, N0, 803

Нақлиёт

Дуда (РЬ)

Бензапирен, СОг, СО, СХНУ

Саноати кимиёвй

Чангу ғубор. дуда (8Ъ, СО, №, Си, V/, Н§, Сс1)

Хдлкунандаҳо, сулфидҳои паррон, туршиҳо, Н28, С02, Сз2, Со, ИНз

Металургияи сиёҳ ва ранга

Чангу ғубор, оксиди оҳан (Мп, 2п, РЪ, Мо)

Пайвастагиҳои фтор, сианид, моддаҳои узвии бензапирен, Н28, С02, N0*, ЫНз

Саноати маводи сохтмонӣ

Чангу ғубор (2и, В1, Мо, Са, Ва)

Пайвастагиҳои узвй, С02

Ҳамаи онҳо ба растанӣ ва ҳайвонҳо таъсир мерасонанд, ки дар натиҷа ҳодисаи оддй минтақаи амудӣ мушоҳида мешавад (расми 16).

Қаторкӯҳҳо метавонаид ҳамчун монеъа барои омилҳои иқлимй хизмат кунанд. Ҳавои намнок хунук шуда ба болои кӯҳҳо мебарояд ва сабаби боришоти зиёди болои нишебиҳои бодхурдашуда мегардад (расми 17).

Дар тарафи бодхӯрдашудаи теғғаи кӯхдо „соли борони,, ҳосил мешавад. Дар ин ҷо ҳаво хушктар буда, боришот камтар мушоҳида мешавад, ки ин муҳити биёбониро муҳаё месозад, чунки ҳаво поён фаромада хокро гарм мекунад ва оби онро ба худ мегирад. Ин ба организмҳои зинда таъсири манфӣ мерасонад. Барои як қатор ҳайвонҳои мӯҳрадор сарҳади болоии ҳаётӣ то баландии 6,0 км-ро тащкил медиҳад. Пастшавии фишор бо баланди, бе камшавии микдори оксиген ва беобшавии организми ҳайвонҳо аз ҳисоби тез нафас кашидани онҳо ба амал меояд. Аз ҳама устувор ба баланди ҳайвонҳои (буғумпойҳо, кана, тортанак)-хо мебошанд, ки онҳоро дар пиряхҳо ва баландтар аз сарҳади ҳаётии растаниҳо ҳам мушоҳида кардан мумкин аст. Дар баландкӯҳҳо одатан буттаҳо ва нимбуттаҳо хеле қадпастанд ва ҳатто растаниҳое, ки дар рӯи замин хобидаанд. мушоҳида мешаванд, ; мисол болишгҳо, болиштакҳо, ғешаҳо ва ғ. Қисми зиёди растаниҳои баландкӯҳ массаи

Расми 16. Нақшае, ки мувофиқатии пайдарҳамии байни растаниҳои
минтақаҳои амудӣ ва уфуқиро нишон медиҳад:

1 – минтақаи тропикй (минтақаи ҷангалҳои тропикй); 2 – минтақаи мӯътадил (минтақаи ҷангалҳои паҳнбарг ва сӯзанбарг); 3 – минтақаи алпикӣ (минтақаи растаниҳои алафӣ, ушнаҳо ва гулсангҳо); 4 – минтақаи яхӣ (минтақаи барфҳо ва яхҳо).

узвҳои зеризаминиашон назар ба узвҳои болои заминиашон афзунтар аст. Қадпастии растаниҳои баландкуҳ пешаз ҳама бо омилҳои экологй ҳарорати паст ва таъсири баланди нурҳои рӯшноии офтоб, ки аз мавҷҳои кӯтоҳи ултрабунафш бойанд вобастааст. Нурҳои ултрабунафш зиняи тақсимшавии ҳуҷайраро тезонида, зинаи дуюми расиши ҳуайра, кашидашавиро суст мекунад, барои ҳамин ҳам растаниҳои баландкӯҳ қади паст доранд. Дар сохтори анатомии барги растаниҳои баландкӯҳ хусусияти хосе мушоҳида мешавад, ки онҳо бо мубодилаи обӣ ва моддаҳо вобастаанд. Ғафсшавии бофтаҳои пӯшонанда устувории растаниҳоро ба шамоли сахт баланд мекунанд. Растаниҳое, ки дар шахҳо мерӯянд сохтори ксероморфиро мегиранд. Ҳуҷайраҳои онҳо хурд буда, зичии бофтаҳояшон баланд мешавад, микдори масомаҳо дар майдони муайяни болои барг зиёд шуда, андозаи он хурд мешавад.

Намудҳое, ки дар назди чашмаҳо ва ҷойҳои намнок меруянд, хусусияти ксероморфиашон камтар мушоҳида мешавад. Ҳарорати паст ва рушноии баланди Офтоб ҳосилшавии миқдори антосианро зиёд мекунад, барои ҳамин растаниҳо тобиши гуногун медиҳанд, ки барои биёр растаниҳои баландкӯҳ хос аст.

Дигар хусусияти хоси растаниҳои баландкуҳҳро дар дигаршавиҳои таассурҳои биокимиёвӣ ва равандҳои физиологии онҳо, баландшавии ҷараёнҳои оксиду-барқароршавй, баландшавии фаъолнокии ферментҳои дар он иштирок дошта (каталазаҳо, пероксидазаҳо ва ғ.) ва дар ҳарорати паст назар ба растаниҳои водиҳо фаъолияти онҳоро мебинем.

м

image20

Расми 17. Арчаи Туркистони – дар аишебии қаторкуҳҳои
Терекей- Алатау (аз рӯи И.Г. Серебряков, 1955):

А – шакли дарахтмонанд (минтақаи байни марғзору-ҷангал, 2900 м аз сатҳи баҳр баланд); Б – шакли хобрафта (минтақаи субалпткй, 3200 м аз сатҳи баҳр баланд).

Нафаскашии растаниҳои баландкуҳ нисбат ба омилҳои номусоиди муҳити берун устувор буда, чи хеле ки маълум аст шиддатнокии баланди нафаскашӣ доранд, бинобар ҳамин, дар рафти он энерғияи зиёд ҳосил мешавад. Бо баландшави аз сатҳи баҳр инкишофи мавсимии растаниҳо тағйир меёбад, ки онро дар рафти ба болои кӯҳ баромадан хеле хуб мушоҳида намудан мумкин аст. Чунки инкишофи як намуд дар минтақаи пасткӯҳҳо дар давраи гулкун миёнакӯҳҳо дар шохабандй, баландтар дар аввали нашъунамоъ ва боз ҳам баландгар бошад баъди обшавии барфҳо нешзании онҳо мушоҳида мешавад. Тирамоҳ бошад дар кӯҳҳо босуръат гузаштани зинаҳои расиш ва хазонрезӣ мушоҳида мешавад. Бо баландшави аз сатҳи баҳр барои организмҳои зинда экспозитсия ва нишебиҳо аҳамияти калон дорад. Чунки дар қутби Шимол нишебии кӯҳҳои ба ҷануб нигаронида шуда бисёртар нурҳои рушноиро қабул мекунанд ва дар ин чо шиддатнокии рӯшноӣ ва ҳарорат зиёдтар аст. Дар нимкураи ҷануб бошад баръакс, ки ин ба олами растаниҳои ин минтақа таъсири ҷидди мерасонад. Мисол фарохиҳои васеъи байни шахҳои Дунай дар Шарқии Сербия, ки аз шамол ҳифз карда мешавад ва аз ҳисоби таъсири дарё аз намнокй танқисй намекашанд, бисёр намудҳои растаниҳои эндемикии қадима ва нодир боқи мондаанд. Мисол, «чормағзи хирси»-Оогу1н8 со1итпа, дарахти чормағз (1и§1апз ге§1а), ёс (8упп§а уи1§ап8) ва ғ. Дар нишебиҳои кӯҳҳӣ шусташавии хок ба назар мерасад. Ин гуна хокхо камкувват буда, хушк мешаванд ва дар онҳо асосан растаниҳои ксероморфй сукунат доранд. Дар нишебии аз 35° зиёд хок ҳосил намешавад ва растаниҳо намесабзанд.

Дигар омилҳои физики. Ба омилҳои дигари физикии ба организмҳои зиндаи сайёра таъсиррасонанда- зарядҳои барқииатмосфера, оташ, садо, майдони магнитии замин ва шуопошиҳои ионӣ дохил мешаванд.

Зарядҳои барқӣ ба организмҳои зинда ба воситаи дараҷа (разрядҳо) ва ионҳои ҳаво таъсир мерасонанд. Мисол таъсири радду барк метавонад растаниҳои дарахтӣ ва ҳайвонҳоро нобуд созад. Аз растаниҳои дарахтӣ аз ҳама бештар нисбат ба радду барқ ҳассос коч, санавбар мебошанд ва аз ҳама камтар тӯс ва сиёҳбед зарар мебинанд. Радцу барқ ба растаниҳо таъсири механшсй расонида (вайроншавии тана, иайдо шудани таркишҳо, афтидани дарахтони калон ва ғ.), дар бисёр ҳолатҳо сабаби сӯхторхо мегардад. Дар бисёр мамлакатҳои ҷаҳон ин гуна сӯхторҳо ба хоҷагии қишлоқ ва муҳити атроф зарари калон мерасонанд. Бо таъсири радцу барқ аз нитроген ва оксигени ҳаво ҳомизи нитрогенӣ ҳосил мешавад, ки бо боришот ба хок афтида ба бошандагони он таъсири манфй мерасонад. Таъсири ионии ҳаво ба организми одам, ҳайвонот ва растанй хеле кам омӯхта шудааст, лекин аллакай нишон дода шудааст, ки байни ҳассосии одам ва ионҳои сабуки ҳаво алоқамандии бевосита мавҷуд аст.

Сӯхтор (оташ) дар ҳаёти растаниҳо ва ҳайвонҳо хеле кам мушоҳида мешавад, лекин таъсири он ба онҳо хеле зиёд аст. Мисол сӯхтори ҷангалҳо ҳам бо роҳи табиӣ дар рафти раду барқ ва ҳам бо фаъолияти одам ба амал меоянд. Сӯхторҳо на танҳо узвҳои рӯизаминй ва зеризаминии растаниҳоро, балки дар баъзе ҳолатҳо ҳайвонҳоро ҳам нобуд месозанд. Сӯхторҳо муҳити зисти растанӣ ва ҳайвонҳоро тағйир дода, дар ҷангалҳои намнокиашон паст тамоми организмҳои болои хок ва қабати гумусиро пурра нест мекунанд. Барқароршавии растаниҳо дар майдони сухтагй хусусияти хосе дорад. Пеш аз ҳама дар ҷойҳои сӯхтагй спораи ушнаҳо ва баъди 3-6 сол Ғипапа Ьу§гото1пса пайдо мешавад. Аз растаниҳои олй аввал Иван-чой (СЬатаепепоп ап§и8П(о1ит) ва баъдтар растаниҳои дарахтии бед, тӯс, сиёҳбед ва г. маскан мегиранд.

Садо ҳамчун омнли экологй. Садо дар ҳаёти организмҳои зинда он қадар аҳамияти калон надорад, лекин метавонад бо ёрии омилҳои антропогенй (садои нақлиёт, дастгоҳҳои саноатӣ ва хизмати маишй, дастгоҳҳои шамолдиҳй ва газию турбинй ва ғ.) ба организмҳо таъсири манфӣ расонанд. Одам садоҳои гуногунро дар ҳудуди то 150 дб (десибел) қабул мекунад.

Одам дар ҳузури олами садоҳо зист карда ба онҳо мутобиқат пайдо кардааст, лекин садохои баланд ва садоҳои одатнакардашуда ба саломатии одамон зарар мерасонад. Одамоне, ки доимо дар зери таъсири доимии садоҳо зиндаги мекунанд ба бемориҳои системаи маркази асаб ва системаи рагу дилҳо дучор мегарданд. Таъсири доимии тайёраҳои реактивй расиши растаниҳоро суст мекунад ва баъзе аз онҳоро нобуд мекунад. Садои мусиқӣ ҳам ба организмхои зинда таъсир мерасонад. Татқиқотҳо оид ба таъсири мусиқӣ соли 1969 ба мусиқашинос ва сарояндаи амрикой Д. Ретлоэк имконият дод, муайян кунад, ки мусиқии

image21

Бах ва мусиқии мелодияи ҳиндугй ба растаниҳои каду, ҷуворимакка, календула ва г. таъсири мусбат мерасонад (расми 18).

Чунки шамоил ва вазни хушки ин растаниҳо назар ба растаниҳое, ки дар зери таъсири мусиқии рок расиш ёфта буданд афзунтар буд. Яъне растаниҳо ба монанди одам мусиқиро дарк мекунанд. Ба фикри олимон «асабҳои» ҳассоси растаниҳо флоэма ва ҳуҷайраҳои меристемавии баҳаяҷоноранда дар тамоми қисмҳои растанӣ ҷойгиранд, ки онҳо бо равандҳои биоэнергетики алоқаманд мебошанд.

Расми 18. Намуди растаниҳо баъди таъсири мусиқиҳои гуногун: А –
мусиқии ҳиндугӣ (Р. Шанкар); Б – мусиқии И. С. Бах ; В-мусиқии рок
(таҷрибаҳои Д. Ретлоэк, 1969)

Майдони магнитии Замин дар диаметри 200 ва дарозии 4000 км-ро ташкил медиҳад. Вобаста аз вақт майдони магнитии қутбҳо ҳолати худро дигар мекунанд. Муайян карда шудааст, ки майдони магнитии қутби шимолй дар як шабонарӯз ҷойи худро дар рӯи Замин то 20,5 м ё ки 7,5 км дар як сол ва қутби ҷануб то 30 м ё ки 11 км дар як сол тағйир медиҳанд. Аз рӯи ин тағйирёбиҳо майдони магнитии назди Замин магнитосфера ҳосил мешавад.

Магнитосфера тамоми расиши заррачаҳои зарядноки Офтобро нигоҳ медорад, ки онҳоро шамоли Офтоб ё ки плазма меноманд. Щамоли офтоб гӯё ки Заминро ба тарафи шаб гардонда, дар навбати худ хатҳои қувваи магнитиро ҳам ба тарафи худ мекашад. Вайроншавии хаттҳои қувваи магнитӣ бо он алоқаманданд, ки расиши плазмаи Офтоб ҳамроҳи худ майдони магнитии «сардро» бурда бо қабати магнитии Замин ба ҳам таъсир мерасонанд. Дар 600 ҳазор соли охирпалеомагнитологҳо 12 даври майдони геомагнитиро ба қайд гирифтаанд (ҷадвали 17).

Ба ин давра тағйирёбиҳои геологй, иқлимӣ ва биологии Замин рост меоянд. Пастшавии майдони геомагнитии Замин то минималй тахминан дар давоми 2700 сол ва барқароршавии он дар давоми 8700 сол, яъне даври пурраи он 11400 солро дар бар мегирад. Г. Н. Матюшин (1982) тасдиқ мекунад, ки инверсияи 250 ҳаз. сол пеш рух дода, ба пайдошавии неандерталҳо ва нутқи аввал ибтидо гузошт.

Ҷадвали 17

Инверсияи майдони магнитии Замин дар 600 ҳазор соли охир (аз рӯи Е. М.

Филиппов, 1990).

Шкалаи Аврупой (аз рӯи натиҷаи муалифони гуногун), ҳазор сол

Шкалаи Конг Юсуси (аз рӯи таҳлили натиҷаҳои Керн дар соҳили баҳри Зард), ҳазор сол

Номи даври инверсия барои шкалаи Аврупой

2,9-3,2

7-8

10-12

11-13

Г оттерборг

20-24

19-31

Лашали

36-36

41-43

Каргаполова

50-60

106-112

110-130

Блейк (а-зона)

218-268

138-215

Джепр- Чегон

236-346

283-311

У-зона

378

400-420

Уреки

500

500

600

Солҳои. охир бо туфайли инкишофи илм ва техника миқдори энергияҳои электромагнитие, ки ба атмосфера аз ҳисоби истгоҳҳои барқй, радио ва телевизион, хатҳои барқ дохил мешаванд хеле афзудаанд. Аз рӯи тадқиқотҳо соли 2000-ум микдори энергияи электромагнитй қариб 0,01%-и энергияи офтобро ташкил медод. Тадқиқотҳо нишон медиҳанд, ки майдони магнитии сунъй равандҳои гуногуни биокимиёвӣ ва физиологии растаниҳоро тағйир медиҳанд. Олими рус А. Г. Миддендорф соли 1885 нишон дод, ки паррандаҳо аз рӯи майдони геомагнитй самти ҳаракати худро муайян мекунанд, ки баъдтар дар моҳиҳо ҳам мушоҳида карда шуд.

Шуопошиҳои ионӣ. Тамоми организмҳои зиндаи рӯи замин доимо ба худ таъсир шуопошиҳои иониро дарк мекунанд. Шуопошиҳое, ки энергояи зиёдро аз электронҳои як атомро гирифта ба атомҳои дигар модцахо пайваст карда, ионҳои чуфти манфй ва мусбатро ҳосил мекунанд, шуопошихои ионй ном доранд. Ин қобилятро рӯшноӣ ва қисми зиёди шуопошии офтоб надоранд. Изотопҳо элементҳое, ки шуопошии фаъоли радиои доранд ва онҳоро радионуклид меноманд. Аз се намуди шуопошиҳои иони, дутои он шуопошии корпускулярӣ (алфа ва бетта зарраҳо) ва сеюмаш электромагнитй (гамма шуопоши ва шуопошиҳои ба вай наздик рентгенӣ) доранд.

Шуопошиҳои корпускулярӣ аз равиши заррачаҳои атомй ва субатомй ташкил шуда, энергия худро ба ҳар чисме, ки дар роҳи онҳо дучор мегардад медиҳанд.

Шуопоши алфагӣ – ин ядрои атом гелий буда назар ба дигар заррачаҳо андозаи бузургтар дорад. Дарозии равиши онҳо дар ҳаво ба якчанд сантиметр мерасанд ва онро бо ёрии варақи коғаз ё ки қабати болоии пӯсти роговисаи (қарнияи чашм) одам нигоҳ доштан мумкин аст. Дар рафти нигоҳ доштан ионизатияи локалии баландро ба вуҷуд меоранд. Шуопошии беттагӣ ин электронҳои фаъол мебошанд, ки онҳо хурдтар буда дараҷаи равиши онҳо дар ҳаво ба якчанд метр ва дар бофтаҳо бошад ба якчанд сантиметр баробар мешавад.

Шуопошиҳои барқии магнитии ионй бошад ба шуопошии офтоб монанд буда бо кӯтоҳии дарозии мавҷи худ фарқ мекунанд. Онҳо дар ҳаво масофаи дуру дарозро тай карда бо осони ба дохили моддаҳо дохил шуда, дуру дароз энергияи худро ҷудо мекуианд. Шуопошии гаммагй бошад бо осони ба бофтаҳои зинда дохил шуда метавонанд ба онҳо таъсире расонад. Таъсири шуопошии гаммагй аз андозаи сарчашма, энергияи он ва масофа вобаста аст. Хусусияти таъсири алфа, бетта ва гамм-шуопошиҳо дар расм нишон дода шудааст (расми 19).

й*

1

А№А

ыла

№та

 

/

 

ГАММА

/

САРЧАШМАИ ШУОХУРИХОК БЕГУНа!

САРЧАШМАИ ШУОХУРИЗООИ ДА РУНЛ

Расми 19. Се типии шуопошии ионӣ (аз рӯи Ю.Одум, 1966)

Эъзоҳ. Қобилияти додилшавии нисбй
ва самараи хоси шуопошии ионй нишон дода шудааст.

Дар рафти озмоишӣ яроқи ядроӣ ба ҳавои атмосфера миқдори зиёди радионуклидҳо интиқол меёбанд, ки дар оянда дар намуди боришоти радиофаъол ба тамоми биосфера паҳн мешаванд. Истгоҳҳои барқии атомӣ яке аз сарчашмаҳои хатарнокӣ олудакунандаи моддаҳои радионуклидии муҳити табиӣ ба ҳисоб мераванд. Мисол. баъди саддамаи 26 апрели соли 1986 дар Чернобл (Украина) рух дода, ташхисҳои аз 26 апрел то 1 май гирифта нишон доданд, ки аз ҳама зиёд микдори йод-131 (30%) дар муҳит мушоҳида мешавад. Ба ғайр аз йод-131 дар санҷишҳо изотопҳои барий, лантан-140, сезий-137 на 134, рутений- 103, сирконий-95, теллур-132, серия-141, нептун-239 ва дигар изотопҳои модцаҳои кимиёвй мушоҳида шуданд. Радиофаъолнокиро бо воҳидҳои ченакии зерин чен мекунанд- беккерел, кюрй, рентген, грей, зиверт ва ғ.

Дигар намуди шуопошӣ ин шуопошии нейтронӣ мебошад. Нейтронҳо заррчаҳои безаряд буда онҳо худашон шуопошии иониро ба амал намеоранд, лекин атомҳоро аз ҳолати доимиашон бароварда маводҳои ғайрирадиоактивй ва бофтаҳоро ба самти радиоактивӣ майл мекунонанд. Шуопошии нейтрониро дар назди реактроҳои атомӣ ва ҷойҳое, ки таркиши яроқи ядроӣ ба амал омадааст мушоҳида кардан мумкин аст. Шуопошиҳои ионии табиӣро шуопошиҳои кайҳонй (протонҳо, заррачаҳои алфагй, нурҳои гаммагй) шуопошии модцаҳои радиофаъоли дар ҷинсҳои кӯҳӣ, хок ва шуопошиҳои моддаҳои радиофаъоле, ки бо воситаи ҳаво, хӯрок ва об ба организм дохил мешавад, ташкил мекунанд. Шуопошиҳои ионй дар натиҷаи фаъолияти инсон дар муҳити беруна авзун шуда истодаанд (истифодабарии яроқи ядроӣ ва истгоҳҳои барқии атомй) (расми 20).

■СЮРИ

Расми 20. Шуопошй дар маркази таркиши яроқи ядрой ва водороди

Ярок>-! гилрогени Бяьлп 1 соят

Тавоноии шуопошиҳоро дар ин воҳидҳо, бо воҳиди вақт мансуб медонанд (сония, соат, шабонарӯз, ҳафта, ,моҳ, сол). Воҳиди асосии ченакии радиофаъолии моддаҳо кюри (КИ) ба ҳисоб меравад. 1 КИ – ин фаъолнокии миқцори чунин моддаҳои радиофаъоле мебошад, ки дар он 3,7.10 18ҷудошавии (таҷзияи) атомҳо дар як еония, яъне таҷзияи 2,2.10 12 таҷзияи атомҳо дар як дақиқа ба амал меояд.

Аз нуқтаи назари биологӣ ин хеле зиёд аст. Барои ҳамин дар таҷриба воҳидҳои хурдтар миликюри (мК11)=103 КП; микрокюри (мКТГ) = 10б КС; (нКЦ) = 10 КИ; пикокюри (пКТГ) =10 12 КТГ- ро истифода мебаранд.

Шуопошии 1 рентген бошад, ин миқцоре мебошад, ки дар 1 м’ ҳаво 2,08.109 ҷуфти ионҳо (1 г ҳаво 1,61.1012 ҷуфти ионҳо) ҳосил мешавад. Дар таҷриба барои содцатар кардан микдори онро 1000 маротиба бо воҳиди хурди-миллирентген (мР), ё ки миллирад (мрад) барои шуопошиҳои дар муҳити зист мушоҳидашударо чен мекунанд.

Микдори шуопошиҳои дар воҳиди вақт гирифтаи организмро микдори тавоноӣ меноманд. Мисол, агар организм 10 мР дар як соат қабул кунад, он гоҳ миқдори умумии дар 24 соат ба 240 мР ё ки 0,240 Р баробар аст.

Шуопошиҳои ионнй Ьа организмҳои зиндаи дараҷаи олӣ таъсири хеле ҷиддии марговар мерасонанд.

Аз ҳама ҳассостар нисбат ба шуопошйҳби ионнӣ одам ба ҳисоб меравад. Ҳассосии растаниҳои олӣ нисбат ба андозаи ядро (аниқтараш ба ҳаҷми хромосомаҳо ва микдори ТДН) мутаносиби роста мебошад. Дар ҳайвонҳои дараҷаи олӣ байни ҳассоси ва сохтори ҳуҷайра нисбат ба шуопошиҳои ионнй мутаносибият мушоҳида нашуд. Барои онҳо бештар асоси системаҳои гуногуни узвҳо муҳим мебошад. Мисол, шуопошиҳои ионӣ ба устухони мағзи сар, ки босуръат тақсим мешавад таъсир расонида дар устухони мағзи сар ва дигар бофтаҳои нисбат ба ин нурҳо ҳассос, ҳатто баъди чандин солҳо варамиҳои гуногунро ҳосил мекунанд. Дар солҳои 50-60-уми асри ХХ-ум таъсири шуопошиҳои гаммагиро – кобалт – 60 ва сезий – 137 -ро ки фаъолнокии онҳо аз 10000 Ки баландтар аст, дар ҷамоаҳо ва системаҳои экологй омӯхта нишон доданд, ки дар ҳудуди таъсири ин нурҳо ягон растании олӣ ва ҳайвонот зинда намемонад.

add

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *

Этот сайт использует Akismet для борьбы со спамом. Узнайте как обрабатываются ваши данные комментариев.