Организмҳои зивда ҳамчун муҳити зист

Дар тамоми рафти давраи ҳаётии худ ё ки як қисми он намудҳои зиёди организмҳои гетеротрофй ба сифати муҳити зист организмҳои дигарро интихоб мекунанд, ки аз дигар муҳитҳо бо хусусиятҳои хоси худ фарқ мекунанд. Интихоб кардани як организм дигар организмро ҳамчун муҳити зисг ҳодисаи хеле кӯҳнаи дар табиат васеъ паҳншуда мебошад. Муайян карда шудаасг, ки организмҳои прокариотй (тоядрой) бактерияҳо, актиномитсетҳо, обсабзҳои кабуду-сабз ҳамманзили худро доранд. Дар қисми зиёди шакли эвкариотҳои якҳуҷайравй (обсабзҳои сурх, сабз ва диатомовй, амёба, радиолария ва ғ.) муфтхурҳои дохилихуҷайравй ва симбионтҳоро мушоҳида кардаанд. Қариб тамоми намудҳои организмҳои бисёрҳуҷайра бошандагони дохилии худро доранд. Олими инглис А. Е. Шитли менависад, ки ҳар як парранда боги ҳайвоноти ҳақиқӣ мебошад (расми 43).

Расми 43. Организмҳои зинда ҳамчун муҳити ҳаётӣ (дар мисоли муфтхурони паррандаҳо), аз рӯи П. Фарбу, 1971

Пари паррандаҳо сарчашмаи ғизоии шабушк, канаҳо, пӯсти онҳо бошад ғизои баъзе пашаҳо, шабушкҳо, кайкҳо, хомӯшакҳо, шулуқҳо ва дигар муфтхӯрҳои хунмаки паррандаҳо дар болои онҳо ҷойгир шуда ҳуҷайраҳои сурхи хунии даруни организмро вайрон мекунанд. Қариб дар ҳамаи узвҳои паррандаҳо кирмҳои муфтхури гуногунро мушоҳида кардан мумкин аст.

Муфтхури ҳодисаи хеле маъмул буда, ягона махлуқҳои зиндае аз таъсири муфтхӯрон эъминанд, муфтхӯрҳое мебошанд, ки дар зинаи хеле дарози гизой аз ҳама охирон ҷойгир мешаванд. Чи қадаре ин ё он гурӯҳ дар зинаи поёнтари такомул ҷойгир аст, дар он ҳамон қадар намудҳои зиёди муфтхӯр ҷойгиранд. Баъзе ҳайвонҳои дараҷаи паст, кирмҳои паҳн, нематодҳо ва баъзе бугумпойҳо бештар аз намудҳои муфтхӯр иборатанд. Дар байни мӯҳрадорон тарзи ҳаёти муфтхӯри хеле кам ба чашм мерасад. Дар олами растаниҳо муфтхури дар байни занбӯруғҳо хеле васеъ паҳн шудааст. Дар байни растаниҳои гулдори дараҷаи олй якчанд намуди муфтхӯрҳо ба монанди павилика (зарпечак), омела () ва ғ. вомеҳӯранд. Мисол, намуди авлоди (КаШегяа) дар ягон узви вегетативӣ ҳамчун риштаи гифҳои занбӯруғ ба дохили бофтаҳои растанй дохил шуда ғизо мегиранд ва дар берун танҳо ғули (диаметраш 1м) калон инкишоф

image49

Расми 44. Растаниҳо аз оилаи КаШег1а – муфтхурони берунаи намуди
дарахтон (аз рӯи А. Карнер, 1896)

тани муфтхӯр дар даруни навда ё ки пояи хӯҷаин ҷойгир шуда аз берун танҳо гул ё ки мева мушоҳида мешавад

Барои растанй ва ҳайвонҳое, ки тарзи ҳаёти муфтхӯри мебаранд, организми онҳо муҳити ҳаётии худро интихоб кардаанд ё ки ҷойгир шудаанд, муҳити зисти хос мебошад. Қисми зиёди муфтхӯрҳо ба муҳити берун кариб, ки алоқа надоранд ва тамоми зинаҳои инкишофи худро дар организми хӯҷаини худ мегузаронанд, мисол, плазмодияи табларза ва ғ.

Дар байни муфтхӯрҳо ва хӯҷаини онҳо дар раванди такомул муносибати хеле мураккаб пайдо шудааст, ки баъзе роҳҳои пайдошавии муфтхӯриро дида мебароем.

Роҳи якӯм- «иҷоранишинии» оддӣ. Дар баъзе ҳолатҳо организмҳои хурд дар хонаи организми калон ё ки дар назди он сокин шуда бо мурури вақт ба бадани хӯҷаин ва баъд ба даруни он дохил шуда аз ҳисоби хуҷаини худ гизо гирифта ба ӯ зарар мерасонад. Иҷоранишини дар охир метавонад ба муфтхӯри мубаддал шавад ва бадани хӯҷаин барои ӯ муҳити зист мегардад.

Роҳи дуюми гузариш ба муфтхӯри- ба воситаи даррандагй амалӣ мешавад. Мисол, дарранда дар вақти ҳуҷум ба тӯъмаи калон онро якбора нест карда ва хурда наметавонад, дар шароити муайян ба дохили бадани хӯҷаини худ дохил шуда муҳити мусоидро пайдо мекунад, ки аз ғизо бой аст ва метавонад ба муфтхӯр мубаддал шавад. Организми хӯҷаин барои муфтхӯр муҳити зист мегардад.

Роҳи сеюм- тасодуфй дохилшавии муфтхӯри оянда ба организми хӯҷаини худ. Мисол, ҳайвонҳои калон бо гизо метавонанд намудҳои хурдро фурӯ баранд, баъзе аз онҳо зинда монда ба муҳити нав мутобиқат пайдо карда ба муфтхӯри мегузаранд. Дар табиат аз иҷоранишинӣ, даррандагӣ ва муфтхӯрии тасодуфи ба муфтхӯрии ҳақиқй гузаштан мисолҳои зиёде ҳастанд. Лекин то ҳол муайян нашудааст, ки маҳз муфтхӯрии аввалин бар рӯи Замин аз кадом гурӯҳи ҳайвонот ё ки растанӣ пайдо шудаанд.

Муфтхӯрҳоро ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: муфтхӯрҳои дарунй ва берунӣ. Муфтхӯрҳои берунӣ-муфтхӯрҳоеро меноманд, ки дар болои бадани хӯҷаин (кана, кайк, шулуқҳо) зист мекунанд. Дар растаниҳо қисми зиёди бадани муфтхӯрҳои беруна-берун аз бадани хӯҷаин ҷойгир шуда, танҳо ба ҳуҷайраҳои зиндаи хӯҷаин бо ёрии узвҳои маканда ё ки гоусторилҳо зарпечаки аврупой- Сшсша еигореа ва ғ.) алоқа пайдо мекунанд.

Муфтхӯрҳои даруни бошанд дар дохили организми хӯҷаини худ ҳаёт ба сар мебаранд ва ба онҳо бактерияҳо, вирусҳо, соддатаринҳои муфтхӯр ва гиҷҷаҳо дохил мешаванд. Дар растаниҳо, муфтхурҳои дохилй, қариб тамоми бадани худро ба дохили бофтаҳои хӯҷаини худ ҷойгир мекунанд ва дар берун танҳо узвҳои афзоишӣ ҷойгир мешаванд (мисол, намудҳои авлоди КаГЯе21а). Бадани занбӯруғҳои муфтхӯр дар фазои байни ҳуҷайравии растаниҳои олӣ ҷойгир шудаанд, ба ҳуҷайра бошад гаустория (узви маканда)-ро дохил кардааст. Бактерияҳо ва занбӯруғҳои дараҷаи пасти муфтхӯр дар дохили ҳуҷайраи растанӣ – хӯҷаин ҳаёт ба сар мебаранд.

Инчунин муфтхӯрҳои доимӣ (статсионарй)-ро фарқ мекунанд, вақте муфтхӯр дуру дароз ё ки тамоми ҳаёти худро бо хуҷаин мепайвандад. Муфтхурҳои доими ба як хуҷаин (доимй)-шабушк, тибитхӯрак ва ғ. Ё ки инкишофи онҳо бо ивазкунии хӯҷаин (даврӣ)- кирмҳои ленташакл, макандаҳо мегузарад. Мисол, плазмодияи табларза

қисми муайяни ҳаётии худро дар кӯрпашаи баамалорандаи табларза- хӯҷаини охирон ва хӯҷаини мобайни одам мебошад. Хӯҷаини охирон организме хизмат мекунад, ки дар он шакли бабалоғатрасидаи муфтхӯр сукунат дорад ва дар хӯҷапни мобайни бошад муфтхӯр зинаи кирмина ва ноболиғи худро мегузаронад.

Ҳамчунин муфтхӯрҳои мувақатиро фарқ мекунанд. Онҳо тамоми ҳаёти худро бо хӯҷаини худ намегузаронанд ва як қисми онро озод мегузаронанд. Ба онҳо ду’болҳои хунмак ва канаҳои зиёде дохил мешаванд.

Муфтхурҳо дар шароити хоси муҳити дохилии хуҷаини худ ҳаёт мегузаронанд. Аз як тараф ин ба онҳо як қатор бартарии экологй дода, аз дигар тараф даври ҳаётии онҳоро назар ба намудҳое озод ҳаёт ба еар мебаранд, махдудтар аст.

Яке аз бартариҳои муҳими муфтхурҳо ин гизои бой аз ҳисоби ҳуҷайра, бофта ва бадани хуҷаини худ мебошад. Ин ба онҳо имконнят медиҳад, ки назар ба хешу таборе озодона ҳаёт мегузаронанд андозаи бештар дошта бошанд. Мисол, кирмҳои аскаридаи одам ва хук. кирми солитерҳо барзагов ва хук дар байни кирмҳои паҳн то 8-12 м андоза доранд.

Дар баъзе ҳолатҳо гузариши муфтхурҳои ҳакиқӣ ба раетаниҳои автотрофӣ мушоҳида мешавад, ки звенои мсбайнии онҳо инммуфтхӯрҳо ё ки «муфтхӯрҳои сабз» ном доранд. Онҳо растаниҳое мебошанд, ки қисман ё ки пурра қобилияти фурӯбарии об ва моддаҳои гизоиро аз хок гум карда, лекин бо сабаби хлорофилл доштанашон қобилияти мустақилона гузаронидани фотосинтезро доранд. Ниммуфтхӯрҳои алафии маргзорӣ хеле зиёд маълуманд. Мисол, богремкаи калон ва хурд (А1ес1ого1орЬш та^ог ва А. ттог), мытник (РесИсгйалз), очанка (ЕирЬго81а) ва ғ. Ба решаи растаниҳои алафӣ онҳо бо ёрии гаусторияҳо мечаспанд. Ҳамаги 1964 намуди ниммуфтхӯрҳо муайян шудаанд.

Барои муфтхӯрҳо баромад ба берун, бо як қатор хатархо рӯ ба рӯ шудан аст, барои ҳамин зинаи инкишофи муайянеро муфтхӯр берун аз хӯҷаин мегузаронад. Як қатор механизмҳои муҳофизатй дар муфтхӯрҳо инкишоф меёбад, ки ин давраи ғайримусоидиро аз сар мегузаронанд (девори ғафс ва серқабати тз’хми гелминтҳо, систаи амёбаи рӯда, ба анабиоз гузаштани кирминаи нематод ва г.).

Мушкилиҳои экологии организмҳои муфтхур дар муҳити организми хуҷаин ба маҳдудияти фазои ҳаётй, таъминот бо О2, мушкилии гузариш аз як фарди организм ба дигараш, ҳамчунин таассурҳои муҳофизатии организми хуҷаин муқобили муфтхур ва ғ. вобаста аст. Ҳамаи ин ба андоза ва шакли муфтхурҳои дохили ҳуҷайравй таъсир мерасонанд. Мисол, норасоии Ог дар системаи ҳозимаи меъда – рӯдаи организми хуҷаин маҷбур месозад, ки муфтхурҳо ба тарзи мубодилавии анаэробӣ гузаранд.

Мутобиқшавии муфтхурҳо дар муҳити ҳаётии хуҷаини худ хусусиятҳои хоси биокимнёвй дорад ва мо онро дар ҳосил кардани ферментҳое барои дохил шудани муфтхурҳо ба дохили бадани хуҷаин хизмат мекунад, мушоҳида карда метавонем. Дар баъзе ҳолатҳо худи муфтхурҳо муҳити зисти дигар намуди муфтхурҳо, яъне ҳодисаи болотар аз муфтхур ё ки гипермуфтхур мушоҳида мешавад. Мисол, муфтхури сафеди карам савора (Арап1е1ек §1отега1ш) зиёда аз 20 намуди муфтхурони дуюмин аз пардаболҳо муайян шудаанд. Ҳодисаи гипермуфтхури дар байни растаниҳо ҳам дучор мешавад. Дар ҷангалҳои тропикии Ҳиндустон юба қайд гирифта шудааст, ки як намуди омела (У18сит тепШГогте) дар дигараш (V. опепЫе) маскан гирифта ҳаёт мегузаронад.

Дар қисмҳои гуногуни бадани организмҳои бисёрҳуҷайра муҳити якхела нест. Барои бошандагони худ хуҷаии муҳити гуногуншакл ба ҳисоб меравад. Муфтхурҳо дар бофта ва узвҳои муайян ҳаёт гузаронида, ба ҳолати физиологй ва синну солии хӯҷаини худ одат мекунанд. Миеол, дар системаи ҳозимаи заргуш якбора чанд намуди муфтхурҳои намуди коксидияҳо дар қисмҳои гуногуни системаи ҳозима ҷойгир мешаванд: Енпепа тесйа-дар қисмати аввалаи рӯдаи борик, Е. птеаЫиа- дар мобайн, Е. та§па-дар охири рӯда ва Е. ртҒогпгШ-бештар дар кӯррӯда ва ғ.

Организмҳои зинда на танҳо таъсири муфтхурҳоро ҳисс мекунанд балки фаъолона ба онҳо ҷавоб мегардонанд. Муфтхурҳо ҳамчун бошандагони муҳити зинда бояд муқобилияти организм, ҳуҷайраро бартараф кунанд, ки ин муқобилияти муфтхурҳоро иммунитети фаъол меноманд. Мисол, баъзе ҳайвонҳо барои таассури муҳофизатии худ аз муфтхурҳо иммунитети гуногунро кор карда мебароянд, яъне ҳосилшавии модцаи сафедавии хосе, ки дар хун ҳосил шуда, фаъолияти муфтхур мавҳ мешавад.

Устувории дарахтони сузанбаргро аз ҳуҷуми гамбусакҳои зараровар (гамбусакҳои мағзичӯбхур, шофбурут ва г.) маҳз бо ҷудокунии қатрае, ки дар худ пайвастагии заҳрнок барои ҳашаротҳо дорад вобаста аст. Сустшавии иммунитети дарахтон ба ҷойгиршавии зараррасонҳои гуногун (ҳашарот, занбӯруғҳо ва г.) оварда мерасонад.

Дар натиҷаи дурагакуниҳои зиёд навъҳои картошка, ғаллагиҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ ба даст оварда шудаанд, ки ба муфтхурҳо хеле устуворанд. Ба хусусиятҳои хоси муҳофизати ҳамчунин бофтаҳои пӯшонанда, хусусияти таркиби кимиёвии ҳуҷайра, бофтаҳо ва ғ. дохил мешаванд. Мисол, нишон дода шудааст ба муфтхурҳои занбуругӣ растаниҳое устуворанд, ки равғанҳои эфири зиёд, сапонинҳо, алкалоидҳо ва г. ҳосил мекунанд.

test

Добавить комментарий