Омилҳои биоти (зинда)

Омилҳои биотй гуфта ин маҷмӯи таъсири фаъолияти як организмро ба дигар организм меноманд. Омилҳои биотиро ба се гурӯҳ ҷудо мекунанд: 1) таъсири организми ҳайвонот (омилҳои зоогенӣ); 2) таъсири организмҳои растанигй( омилҳои фитогенӣ); 3) таъсири одам ( омилҳои антропогенй).

Таъсири омилҳои биотиро ҳамчун таъсири онҳо ба муҳит, ба организмҳои алоҳидае, ки дар ин муҳит ҷойгиранд ё ки таъсири ин омилҳо ба ҷамоа пурра баҳо медиҳанд.

Тадқиқотҳои экологии таъсири омилҳои биотиро ба организмҳо аз аввал ба мақсади мубориза ба зараррасонҳо, муфтхӯрҳо, барои муйаян кардани ғизои ҳайвонот ва даррандаҳо омӯхта мешуд. Дар замони муосир таъсири омилҳои биотй ба организм, фардҳо ҳам дар шароити лабораторй ва ҳам шароити табий хеле васеъ ба роҳ монда шудааст.

  1. Таассуротҳои гомотипӣ ва гетеротипӣ.

Клементс ва Шелфорд (1939) баҳамтаъсиркунии байни организм- ҳои гуногуни дар муҳити муайян ҷойгирифтаро коаксия номиданд. Коаксияро ба ду тип ҷудо мекунанд.

Гаассурҳои гомотипй ё ки баҳамтаъсиркунии байни фардҳои намудҳои якхела. Таассурҳои ин тип хеле гуногунанд. Ба онҳо асосан самараи гурӯҳӣ ва умумӣ, рақобати дохилинамудй дохил мешаванд.

Таассурҳои гетеротипй, яъне муносибати байни ҳамдигарии фардҳои намудҳои гуногун. Таъсири байниҳамдигарии ду намуде дар як муҳити ҳаёти умр ба сар мебарад, метавонад баробар ё ки сифр, мусоид ё ки ғайримусоид бошад. Аз ин рӯ типи комбинатсияҳои мувофиқатҳо чунин мешавад.

Бетарафй – ҳарду намудҳо мустақиланд ва ба ҳамдигар ягон таъсир намерасонанд.

Рақобат – ҳар як намуд ба дигараш таъсири номусоид мерасонад. Намудҳо дар ҷустуҷӯи ғизо, паноҳгоҳ, ҷои тухм гузоштан ва г. рақобат доранд. Ҳарду намудро рақобаткунанда меноманд.

Мутуализм (ҳамзистӣ) – муносибати симбиозй, вақте ҳарду намуди боҳамзисткунанда аз якдигар фоида мебаранд.

Ҳамкорӣ – ҳарду намуд ҷамоаро ҳосил мекунанд. Ҳаёти якҷояи онҳо ҳатмӣ нест, чунки ҳар як намуд мустақилона, алоҳида ҳаёт ба сар бурда метавонад, лекин ҳаёт дар ҷамоа барои ҳар ду манфиатовар аст.

Комменсализм – тарзи муносибати намудҳо, ки яке аз ҳамроҳон фоида мегирад, вале ба дигараш зарар намерасонад.

Аменсализм – типи муносибати байнинамудй, ки дар муҳити зисти якҷоя як намуд метавонад ҳастии дигар намудро мавҳ карда, аз тарафи вай ба муқобилият дучор нашавад.

Муфтхӯрй – ин шакли муносибати байни намудҳо буда. як намуди организм (муфтхӯр, истеъмолкунанда) аз ҳисоби моддахои ғизой ё ки бофтаҳои организми дигар намуд (хӯҷаин) як вақти муйаян ҳаёт мебарад.

Даррандагӣ – ин намуди муносибате мебошад, ки намояндаи як намуд намояндаи дигар намудро мехӯрад (нест мекунад), яъне организми як намуд барои дигараш ҳамчун гизо истифода бурда мешавад. Типҳои асосии коаксия дар ҷадвали 22 пешниҳод шудаақд.

Ҷадвали 22

Типи коаксияҳое, ки дар байни намудҳои гуногун мавҷуданд

Типи коаксия

Намудҳое, ки якҷоя ҳаёт мегузаронанд

Намудҳое, ки

ҷудо-ҷудо

ҳаёт

мегузаронанд

А

Б

А

Б

Бетараф

0

0

Ҷ)

0

Рақобат

о

0

Мутуализм

+

+

 

Ҳамкорӣ

+

+

0

0

Коменсализм (А – комменсал Б)

+

0

 

0

Аменсализм (А – аменсал Б)

0

0

0

Муфтхури (А – муфтхур , Б – хуҷаин )

+

0

Даррандагй (А – дарранда, Б – тӯъма)

+

0

Эъзоҳ: (0) – муносибати байни намудҳо ба инкишофи онҳо таъсир намерасонад;

(+) – ннкишофи намуд имкошит пайдо мекунад ё ки сабуктар мегардад;

(-) – инкишофи намуд мушкил мешавад ё ки ға^гри имкон мегардад.

Дар байни алоқамандиҳои баҳамфоидаовари (++) байни намудҳо ( популятсияҳо) ба ғайр аз мутуализм. симбиоз ва протокооператсия фарқ карда мешаванд (расми 45).

Симбиоз – алоқамандии баҳамфоидаовари ду намудро меноманд, ки хамзистии организмҳо ҳатмист, дар баъзе ҳолатҳо ҷузҳои муфтхӯрй ба чашм мерасад.

Протокооператсия – типи оддии алоқамандии симбиотикӣ буда, ин шакли ҳамзистӣ барои харду намуд фоидаовар аст. лекин ҳатмӣ нест, яъне барои зинда мондани намудҳо ( популятсияҳо) зарур нест.

Дар типи комменсализм ҳамчун алокамандии фоиданок, бетараф (+,0) иҷоранишинӣ, тайёрахӯрӣ, ҳамтабақӣ мушоҳида мешавад.

Тайёрахӯрӣ – истеъмол кардани боқимондаи ғизои хӯҷаин, мисол, муносибати наҳанг бо моҳиҳои часпанда (прилипали).

Ҳамтабақӣ – истеъмоли мо.лдаҳои гуногун ё ки қисми онҳоро аз захираҳои якхела, мисол, муносибати байни намудҳои гуногуни бактерияҳои сапрофитии хок, ки моддаҳои гуногуни узви боқимондаи

image50
image51
image52

растаниҳоро коркард ва растаниҳои олй, ки намакҳои маъдании ҳосилшударо истифода мекунанд.

Расми 45. Типи асосии алоқамандиҳои экологии организмҳо

Иҷоранишинӣ – истифода бурдани як намуд, намуди дигарро (бадан ё ки хона (лона) ба сифати паноҳгоҳ ё ки хона.

test

Добавить комментарий